Главная / Илм / Конференсияи байналмилалии Техрон

Конференсияи байналмилалии Техрон

Тагйироти кулли дар раф- ти Чанги дуюми чахони дар назди иттиходи давлатхои зиддифашисти масъалахои мухимми халталаб мегузошт. Торумори катъии Олмони фашисти ва иттифокчиёни он ва такдири баъдичангии чахон аз чумлаи ин масъалахо буданд. Дар мархалаи нимаи аввали чанг рохбарони Ан- глия ва ИМА, одатан, вохурихои дучониба гузаронида, баъд дар бо- раи карорхои кабулкардаашон рохбари Иттиходи Шуравиро хабар- дор мекарданд. Яке аз чунин вохурихои Рузвелт ва Черчилл, мохи авгу- сти соли 1943, дар шахри Квебеки Канада баргузор гардида буд. Дар он вакти ба Аврупои Гарби дохил кардани артиши иттифокчиён соли 1944 мукаррар карда шуд.

Кашолкори дар масъалаи кушода шудани Чабхаи дуюм дар Ав- рупо Иёлоти Муттахидаи Америка ва Англияро дар холати ногу- вор гузошт. Масъалахои анчоми чанг, такдири баъдичангии Олмонву иттифокчиёни он ва масъалахои зиёди дигарро на танхо ду давлат, бал- ки хамаи давлатхои иттиходи зиддифашисти якчоя халлу фасл карда ме- тавонистанд. Барои тайёрй ба чунин вохури дар шахри Москва аз 19 то 30 октябри соли 1943 Конференсияи вазирони корхои хоричии ИЧШС, Англия ва ИМА баргузор гардид. Конференсияи Москва нишон дод, ки иттиходи давлатхои зиддифашисти торафт мустахкамтар шуда исто- дааст. Хулосаи мухимтарини Конференсияи вазирони корхои хоричии ИЧШС, Англия ва ИМА он буд, ки рохбарони ин се давлат бояд дар конференсияи байналмилали чамъ оянд.

Конференсияи байналмилалии сардорони се давлати бузург – ИЧШС (И. Сталин), ИМА (Ф. Рузвелт) ва Англия (У. Черчилл) дар Техрон аз 28 ноябр то 1 декабри соли 1943 баргузор гардид. Дар он оид ба масъалахои мухимтарини доги руз мувофика хосил карда шуд.

Дар маркази диккати ширкаткунандагони нишасти Техрон масъа- лаи торумори Олмон меистод. Дар ин масъала мувофика ба даст овар- да шуд. Масъулияти асосии ичрои ин казия ба ухдаи давлатхои бузурги иттиходи зиддифашисти вогузор гардид.

Конференсияи Техрон карор кард, ки 35 дивизияи Англия ва ИМА мохи майи соли 1944 дар кисматхои Гарби ва Чануби Фаронса фуровар- да шаванд. Дар баробари ин дар назар дошта шуда буд, ки то ин вакт ар- тиши Иттиходи Шурави ба хучуми густурда гузашта, амалиёти харбии артиши иттифокчиёнро осонтар мегардонад.

Дар Конференсияи Техрон масъалахои сархадхои байни ИЧШС ва Полша, ба ИЧШС додани як кисми Пруссияи Шарки ва баъзе масъалахои дигари байналмилали мавриди барраси карор гирифтанд.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …