Ко- нунгузории хифзи ишорахои чугрофи дар давлатхои дигар дар асоси консепсияхои гуногун ба рох монда шудааст. Агар истифодаи бардуруги ишорахои чугрофиро хамчун гумрох- кунандаи истеъмолкунандагон барраси намоем, онро конун- гузории химояи хукуки истеъмолкунандагон хифз мекунад. Хамчун ракобати носолим барраси намоем, пас он тахти танзими конунгузори оид ба ракобат мегардад. Масалан, дар Мачористон конунгузории пешгирии ракобати носолим масъалаи мазкурро танзим кардааст. Дар баъзе давлатхо но- ми махалли истехсоли мол дар доираи конунгузории махсус (ё худ дар доираи КГ) хифз мегардад, вале дигар ишорахои чугрофи зери амали конунгузории ракобат ва химояи хукуки истеъмолкунандагон меафтад. Масалан, Русия. Давлатхое хастанд, ки дар доираи конунгузории тамгахои моли, ихти- роот ва гайра хифзи хукукии номи махалли истехсоли молро ба рох мондаанд. Масалан, дар Булгория номи махалли ис- техсоли мол аз чумла мавзуи танзими Конун «Дар бораи тамгахои моли ва намунахои саноати» мебошад.
Хусусияти конунгузории ЧТ дар он аст, ки хифзи ишо- рахои чугрофиро дар асоси конунгузории химояи хукуки ис- теъмолкунандагон, конунгузории ракобат ва хам конунгузо- рии махсус ба рох мондааст. Санади марказие, ки имруз му- носибатхоро вобаста ба хифзи хукуки ва истифодаи ишора- хои чугрофиро танзим мекунад, ин Конуни ЧТ «Дар бораи ишорахои чугрофи» мебошад. Конуни мазкур аз 5 марти с. 2007 кабул шуда, аз 6 боб ва 24 модда иборат аст. Инчунин дар Точикистон як катор санадхои зерконуни ва санадхои хукукии байналмилали дар ин соха амал мекунанд, ки ЧТ онхоро эътироф кардааст ва онхо кисми мухими низоми хукуки милли махсуб мешаванд. Масалан, дар фазои ИДМ Созишнома дар хусуси тадбирхои огохкуни ва пешгирии ис- тифодаи тамгахои моли ва ишорахои чугрофии бардуруг (Созишнома дар хусуси тадбирхои огохкуни ва пешгирии истифодаи тамгахои калбакии мол ва аломатхои чугрофи) аз 4 июни с. 1999, дар Минск имзо шуда, бо карори Хукумати ЧТ аз 3 феврали с. 2000, № 38 тасдик гардидааст, мавчуд аст.
Вобаста ба аломати тахлилшаванда (яъне каламраве, ки шароити чугрофии он боиси пайдоиши номи махалли истех- соли мол гардидааст) номи махалли истехсоли молро ба милли ва байналмилали чудо мекунанд.
Бояд шароити вучуддоштаи барои ин объекти чугрофи хос ва ё омилхои дигар ба хусусияти мол таъсир расонанд. Конун дарачаи ин таъсирро мутлак ва ё бартаридошта пешбини мекунад. Чунин омилхо бояд хусусияти устувор ва муайян дошта бошанд. Вобаста ба ин аломат номи махалли истехсоли мол ба табии, классики ва тахти таъсири танхо, ба омилхои этнографи чудо мешаванд. Танхо баъд аз бакайдгирии номи кишвар, махалли ахолинишин, махал ва ё дигар объекти чугрофиро хамчун номи махалли истехсоли мол эътироф кардан мумкин аст.
Конун пештар «маъруфияти» номи махалли истехсоли молро низ пешбини мекард. Ин аломат бевосита аз мазмуни Созишномаи Лиссабон бармеояд. Хосияти молхое, ки бо номи махалли истехсоли мол тафовут гузошта мешаванд, тахти таъсири омилхои табии ва инсони ташаккул ёфтаанд. Онхо дар раванди тулонии таърихи ташаккул ёфта, нисбатан устуворанд. Аз ин ру, хусусиятхое, ки дар дигар объектхои моликияти зехни чой дорад, нисбат ба номи махалли ис- техсоли мол татбикнашаванда мебошанд. Масалан, ало- матхои нав будан, аввалият, мухлатноки ба ишорахои чугрофи хос нест. Дар натича нисбат ба ишорахои чугрофи хукуки истисноие, ки нисбат ба дигар объектхои моликияти зехни чой дошта метавонанд, пайдо намешавад. Нисбат ба он якчанд шахс хукук пайдо карда метавонанд, сохибхукук наметавонад истифодаи онро аз чониби дигарон манъ созад. Хукуки истиснои нисбат ба ишорахои чугрофи танхо дар истифодаи он ифода ёфта ва онро бегона кардан мумкин нест.
Мувофики Конуни ЧТ «Дар бораи ишорахои чугрофи», номи махалли истехсоли мол метавонад ба номи як ё якчанд шахси вокеи ё хукуки ба кайд гирифта шавад. Шахсе, ки но- ми махалли истехсоли молро кайд кардааст, хукуки истифо- да бурдани онро сохиб мешавад, ба шарте моли истехсолша- ванда ба талаботи мукаррарнамудаи конуни мазкур чавоб- гуй бошад. Хукуки истифода бурдани худи хамон номи махалли истехсоли молро ба хама гуна шахси вокеи ё хукуки, ки дар худуди худи хамон объекти чугрофи моли до- рои айнан хамон хосиятхои асосиро истехсол менамояд, до- дан мумкин аст. Бакайдгирии номи махалли истехсоли мол бемухлат эътибор дорад (м. 6). Дорандаи шаходатнома дар пахлуи номи махалли истехсоли мол аломати огохкунандаро дар шакли харфи лотинии “К” (ё К дар дохили давра ®) ва ё аломати вожавиеро, ки ба номи дар ЧТ бакайдгирифта.Дар тафовут аз он хифзи хукукии нишондоди истехсоли мол дар асоси истифодабарии он амалй карда мешавад. Хи- фзи хукукии нишондоди истехсоли мол аз рох надодан ба истифодабарии ишорахои калбакии истехсоли мол, инчунин ишорахое, ки истеъмолкунандаро оид ба чои вокеии баро- мади мол ба иштибох меандозанд, иборат аст. Нишондоди истехсоли мол ба кайди давлати гирифта намешавад (м. 7).