Главная / Илм / МАФХУМИ МОЛИКИЯТИ ЗЕХНИ ВА ХУКУКИ МОЛИКИЯТИ ЗЕХНИ

МАФХУМИ МОЛИКИЯТИ ЗЕХНИ ВА ХУКУКИ МОЛИКИЯТИ ЗЕХНИ

Мувофики Конститутсияи ЧТ сарватхои фарханги ва маънавиро давлат хифз менамояд ва моликияти зехни дар химояи конун карор дорад (м. 40). Мукаррароти конститут- сионии мазкур дар конунгузории сохавии ЧТ, алалхусус конунгузории граждани инъикос ва инкишоф дода шудааст. КГ дар низоми муносибатхое, ки конунгузории граждани танзим менамоянд, хукук ба натичахои фаъолияти зехниро махсус мукаррар намуда (м. 1 КГ), дар низоми объектхои хукуки граждани, натичахои фаъолияти зехниро мустакиман мукаррар кардааст(м. 140 КГ). Хамзамон, бо максади таъмини мукаррароти хукуки асоси, дар конунгузории граждании ЧТ натичахои фаъолияти зехни бо мафхуми уму- мии «моликияти зехни» ифода мешавад (ф. V КГ).

Мохияти моликияти зехни ба таври умуми дар м. 152 КГ мукаррар гардида, тибки он дар холатхо ва мувофики тар- тиби мукаррарнамудаи КГ ва конунхои дигар, хукуки истис- ноии шахрванд ё шахси хукуки ба натичахои ба таври вокеи зохиргардидаи фаъолияти зехни ва воситахои ба он ба- робаршудаи фардикунонии шахси хукуки, молхои шахси вокеи ё хукуки, корхои ичрокарда ё хизматхои онхо (номи фирмави, тамгаи моли, тамгаи хизматрасони ва гайра) эъти- роф карда мешаванд.

Мафхуми моликияти зехни дар м. 1125 КГ мукаррар гардидааст. Мувофики он, моликияти зехни ин хукукхои ам- воли ва (ё) гайриамволии шахси нисбат ба натичахои фаъолияти зехни, воситахои фардикунонин иштирокчиёни муомилоти граждани, фардикунонии махсулот, корхо ё хиз- матрасонихо (воситахои фардикунони) ва объектхои дигари ба онхо баробаркардашуда мебошанд. Бо назардошти ма-

Дар адабиётхои хукуки мафхуми назариявии моликияти зехни низ пешниход шудааст. Масалан, ба андешаи В. О. Ка- лятин моликияти зехни гуфта хукуки истисноиро ба объект- хои гайримодди мефахманд, ки арзиши иктисоди дошта, бо назардошти махдудиятхои ба хотири хифзи хукукхои шах- сии офарандагони чунин неъматхо ва манфиатхои оммави мукарраршуда, озодона бегона карда мешаванд. Дар робита ба чунин мафхуми пешниходшуда, мухаккик моликияти зех- ниро мачмуи хукукхои амволи мехисобад.[1]

Ба акидаи А. П. Сергеев тахти мафхуми моликияти зехни мачмуи хукукхои истиснои ба натичахои фаъолияти зехни, пеш аз хама эчоди, инчунин объектхои ба онхо ба- робаршуда фахмида мешавад, ки хусусияти шахси ва амволи дошта, номгуи мушаххаси онхоро конунгузории хар як давлат дар шакли алохида муайян менамояд.[2]

Моликияти зехни натичаи фаъолияти зехнии инсон ме- бошад, ки ба монанди мехнати чисмонии у, намуди фаъоли- яти мехнати, хизмати ва гайра. Дар натичаи фаъолияти зехни чахонбинии шахсии офарандаи асар ё дигар натичаи зехни ифодаи худро меёбад. Бинобар ин, моликияти зехни махсули навгонию эчоди мебошад ва дар натичаи истифодаи он каноатмандии маънави ва истеъмолии офаранда ва исти- фодабарандагони онро таъмин карда мешавад.

Моликияти зехни хамчун натичаи фаъолияти зехни дар киёс бо дигар объектхои хукуки граждани нисбатан дертар бо танзими хукуки воридшуда, хифзи хукукии он таърихи бештар аз 200 сола дорад.

Дар низоми хукуки инкишофёфтаи рими кадим натичаи фаъолияти зехни боиси ба вучуд омадани хукуки субъекти- вии офарандаи махсули зехни нагардида ва мавриди хифзи хукуки карор намегирифт.[3] Аз ин лихоз, хак ба чониби В. А. Дозорцев хаст, ки ин мухлатро дар киёс бо таърихи 3000 со- лаи низоми хукуки ба «сини кудаки дар чараёни инкишоф- буда» шабохат медихад.[4]

То замони мукаррар гардидани хифзи хукукии натича- хои фаъолияти зехни, манфиатхои эчодкор, сараввал, тавас- сути махкумкунии чамъиятии асардуздон ва баъдан дар ша- кли ба муаллифон додани имтиёзу афзалиятхои хокимияти шохи таъмин мегардиданд. Чунин афзалиятхои хокимияти шохи аввалин маротиба дар Итолиё, Британияи Кабир ва Фаронса дода шудаанд, ки манфиатхои муаллифони навова- рихои техники, китобфурушон, инчунин истехсоли инхисо- рии молро таъмин менамуданд.

Аввалин маротиба дар сатхи конун хукуки муаллиф ба натичаи фаъолияти эчоди дар Британияи Кабир аз чониби давлат хифз карда шуд. Нахустин конун бо номи «Вазъи инхисорихо» ба хукуки патенти дахл дошта, с. 1623 дар даврони хукмронии шох Яков Стюарт кабул гардида буд. Дар ин санади таърихи, хукуки истиснои ба хар нафари эчодкор, новобаста ба иродаи шох, мукаррар гардида, им- конияти дар давоми 14 сол аз имтиёзхо ва бартариятхои чу- нин навовари истифода намудани муаллиф таъмин гардида буд. Баъдтар, с. 1710 нахустин конуни ба хукуки муаллифи вобаста, ки «Вазъи Малика Анна» ном дошт, кабул гардид. Санади мазкур, хукуки истисноии офарандаи асарро барои нашри он таъмин намуд. Аммо санадхои ишорашуда хоки- мияти мутлаки муаллифро ба натичаи фаъолияти эчодии худ пурра таъмин карда натавонистанд.

Дар ташаккулёбии моликияти зехни накши назарияхои гуногуни хукук ба натичахои фаъолияти зехни, ки дар дав- рахои таърихии муайян пешниход шуда буданд, таъсирбахш мебошад. Хукуки муаллиф хамчун хукуки моликият ба асар эътироф шуд. Олимони маъруф Иеринг, Дернбург, Пуйе ва Питан чунин андешаро чонибдори намуданд, ки дар Фа- ронса тарафдорони зиёд пайдо намуд. Аммо хукуки муал- лифи чабхаи маънави низ дошт ва мавриди тадкикоти мухаккикон гардида буд. Аз ин лихоз, дар як вакт бо наза- рияи проприетарии хукуки муаллифи, назарияи хукуки муа- ллифии шахси низ инкишоф ёфт (Кант, Гирке, Берто, Блюнчли, Гарайс). Зери эродхо ба назарияхои баёнгардида, назарияи хукуки молумулки ба объекти гайримодди, ки бо хукукхои шахси алокаманданд (назарияи «ду хукук») ба миён омад ва инкишоф ёфт (Колер, Пикар, Регелсбергер, Клостерман).[5] Намояндагони он хукуки амволии муаллифро махсус хисобида ва ба хукуки моликият ба ашё шабохат ме- доданд.

Накши мухимро дар муайян намудани мохияти хукук ба натачахои фаъолияти зехни, охирхои асри XVIII олимони Фаронса, ба монанди Волтер, Дидро, Гелветсий, Голбах, Руссо гузоштанд. Ба назарияи дар он давра хукмрони хукуки табии дар бораи хукуки моликият пайрави намуда, онхо эълон намуданд, ки муаллиф ба натичаи фаъолияти зехнии худ хукуки моликият дорад ва он новобаста аз эътирофи давлат ба вучуд омада ва амали мешавад (назарияи проприе- тари). Назарияи мазкур хамчун чахонбинии муосир то охи- рхои асри XIX ахамияти мухим дошт.

Баъдтар илми хукуки граждани назарияи хукуки истис- нои ба натичаи фаъолияти зехниро кашф намуд, ки чои назарияи проприетариро ишгол намуд. Ин назария чунин хусусиятхои мухим дорад. Якум, зарурияти дар таркиби хукуки субъективии муаллиф фарк намудани ду хукуки ба хам алокаманд, яъне хукуки шахсии гайриамволии бегона- нашаванда ва хукуки амволи, ки объекти мустакили муоми- лоти граждани буда метавонад. Дуюм, хукуки истиснои ба конун асосёфта ва аз чониби давлат мукаррар карда меша- вад.

Назарияи хукуки истисной имруз дар давлатхои мута- раккии чахон (ИМА, Олмон, Фаронса ва гайра), ЧТ ва ки- швархои дигари аъзои ИДМ чонибдорони зиёд пайдо наму- да ва татбикшаванда мебошад. Бояд тазаккур дод, ки истилохи хукуки моликияти зех- ни, ки дар конунгузории граждании ЧТ ва кишвархои дигар истифода шудаасг, дар худ андешахои назарияхои алохидаи мавчударо омехта намудааст. Чунин омехтагиро дар м. 1128 КГ мушохида намудан мумкин аст, ки мазмуни хукуки моли- кияти зехниро иборат аз хукуки истиснои ба натичаи фаъолияти зехни ё воситахои фардикунони, ки ваколатхои амволи ва гайриамволии шахсиро дар бар мегиранд, мукар- рар менамояд.

Дар адабиётхои хукуки, аз охирхои асри XIX инчониб истилохи «моликияти зехни» мавзуи бахси мухаккикон ме- бошад. Тарафдорони истилохи моликияти зехни истифодаи онро дуруст мехисобанд. Ба андешаи мукобилон бошад, ис- тилохи моликияти зехни нодуруст ва гайриилми аст, зеро монанд намудани речаи хукукии ашёхо ва объектхои итти- лооти галат аст. Ба назари онхо хукукхои муаллифони асар ва ихтироъ дар замон ва макон махдуд буда, бо истифодаи тарзхои махсус хифз мегарданд. Тарафдорон, ин гуна эродхои мукобилонро ба инобат гирифта, кайд менамоянд, ки моликияти зехни бо падидаи моликият ба ашё ягон роби- тае надошта, бинобар бо неъматхои гайримодди иртибот доштани он, бо коидахои махсус ва алохида танзим карда мешаванд.

Ин гуна бахсхо дар атрофи назарияи моликияти зехни, дар афкори хукуки, назарияи хукуки зехниро ба миён овард, ки мувофики он хукук ба натичаи фаъолияти зехни, хукуки субъективии махсус мебошад.1 Назарияи мазкур дар рушди хозираи конунгузории граждании Русия таъсири зиёд расо- нид.[6] [7]

Новобаста аз он, ки конунгузории граждании кишвар- хои мухталиф хукук ба натичаи фаьолияти зехниро хамчун хукуки моликияти зехни ё хукуки зехни мукаррар менамо- янд, мазмуни фарогири ду хукук будани онхо, якранг эъти- роф мегардад. Сохиби хукук ба натичахои фаьолияти зехни, аз як тараф хукуки шахсии гайриамволи ва аз тарафи дигар хукуки амволи дорад. Харчанд, ки ин хукукхо табиатан мазмуни гуногун доранд, бинобар табиати маънавию итти- лооти доштани фаъолияти зехни, накши муайянкунанда ва халкунанда доштани хукукхои шахсии гайриамволи, алокаи мутакобилаи ин хукукхо, онхо аз чониби конунгузор тахти хукуки субъективии вохид муттахид гардидаанд.

Дар ташаккулёбии падидаи моликияти зехни накши са- надхои хукуки байналмиллалии эътироф намудаи ЧТ назаррас мебошад. ЧТ дар ин кор натичаи босамар дорад. Мафхуми моликияти зехни, ки конунгузории граждании ЧТ мукаррар шудааст, аз онхо сарчашма мегирад. Алалхусус, моликияти зехни хамчун хукук ба натичахои муайяни фаьо- лияти зехни дар Конвенсияи таьсисдихандаи СУМЗ (Сток- голм, 14 июли с. 1967), Созишнома дар бораи чабхахои тичоратии моликияти зехни (ТК1Р8) (с.1994) мукаррар гар- дидааст.

Хамин тарик, бо назардошти гуфтахои боло, мафхуми хукуки моликияти зехниро ба маънои субъективй ва объекти- вй муайян намудан мумкин аст.

Ба маънои субъективй, тахти хукуки моликияти зехнй, хукуки истиснои ба натичахои фаъолияти зехнй, воситахои фардикунонй ё дигар объектхои ба онхо баробар, ки аз хукукхои амволи ва шахсии тайриамволи иборат аст. фахми- да мешавад.

Ба маънои объективи, хукуки моликияти зехнй, зерсохаи хукуки гражданиро мемонад, ки аз мачмуи меъёрхои хукуки иборат буда, асосхои ба вучуд омадан, татйир ёфтан, катъ гардидан, тартиби ба амал баровардан ва хифзи хукуки субъ- ективи ба натичаи фаъолияти зехниро танзим менамояд.

Хукуки моликияти зехни хамчун хукуки субъективи та- биатан мутлак, истиснои, мухлатнок буда, макони амалаш махдуд аст.

Мувофики м. 1126 КГ ба сифати объектхои хукуки мо- ликияти зехни эътироф мешаванд: 1) натичахои фаъолияти эчодии зехни: асархои илми, санъат ва адабиёт, аз чумла бар- номахо барои МЭХ, барномахои компютери ва мачмуи маълумот; ичро намудан, фонограммахо, ташкили намоиши эфири ё намоиши кабели; ихтироот, моделхои муфид, наму- нахои саноати; дастовардхои селексиони; топологияхои мик- росхемахои ннтеграли; маълумоти дорои сирри хизмати ё тичорати; 2) воситахои фардикунонии иштирокчиёни муоми- лоти граждани, молхо, корхо ва хизматрасонихо: номи фирмави; тамтаи моли ва тамтаи хизматрасони; номи махал- ли истехсоли мол ва нишондоди истехсоли; 3) натичахон ди- гари фаъолияти зехни ва воситахои фардикунонии ба онхо баробаркардашуда, ки мутобики конунхо ва санадхои хукукии байналмилалии эътироф намудаи ЧТ хифз карда мешаванд.

Чунин мукаррароти КГ, ба мазмуни санадхои хукукии байналмилалии мухим, ки номгуи объектхои хукуки моли- кияти зехниро мукаррар менамоянд, мувофик буда, барои дар фазои хукукии ЧТ хифз гардидани баъзе объектхои бо КГ пешбининашуда мусоидат менамоянд. Масалан, ишораи тичорати, ки хамчун объекти моликияти зехни дар м. 2 Кон- венсияи таъсисдихандаи СУМЗ пешбини шудааст, бинобар барои ЧТ эътибори хукуки доштани санади мазкур, дар худуди ЧТ низ хифз карда мешавад.

Чи тавре, ки аз к. 3. м. 1126 КГ бармеояд, номгуи объ- ектхои хукуки моликияти зехни бо КГ, конунхои махсуси граждани ва санадхои хукукии байналмилалии эътироф- намудаи ЧТ пурра шуда метавонанд. Мавриди хифзи хукуки карордоштани хамаи махсули фаъолияти зехни, ки чой дош- та метавонанд, бинобар сабаби аз як тараф, набуданн чунин имконияти хукуки ва аз тарафи дигар мувофики максад набудани хифзи хамаи натичахои фаъолияти зехни гайриим- кон аст.

Вобаста аз сатхи вохид ва нотакрори, объектхои хукуки моликияти зехниро ба эчоди ва гайриэчоди чудо намудан мумкин аст. Объектхои хукуки моликиятн зехни, ки натичаи Хусусиятхои эчоди нав, вохид ва нотакрор доштани натичаи фаъолияти зехни мухим мебошанд. Ба натичахои фаъолияти зехнии гайриэчоди дар адабиётхои хукуки[8] ва конунгузории ЧТ воситахои фардикунониро мансуб мехисо- банд.

Хамин тарик, хукуки моликияти зехни ва хукуки моли- кият ба ашё танхо шабохати зохири дошта, объектхои фарккунанда буда ва мазмунан мустакиланд. Аз ин лихоз, дар м. 1129 КГ пешбини шудааст, ки хукуки моликияти зехни ба хукуки моликият ё хукуки ашёи, дигар ба хомили модди, ки дар он объекти моликияти зехни тачассум ёфтааст, вобаста намебошад.

Аз чониби молик ё хар як шахси дигар ба амал баровар- дани хукук нисбат ба хомили модди, ки дар он объекти мо- ликияти зехни тачассум ёфтааст, набояд хукук ва манфиат- хои субъектони хукуки амволи ва хукуки гайриамволиро ба харгуна объект, ки конун хифз менамояд, вайрон намояд.

Хамзамон бояд кайд намуд, ки мазмуни муосири хукуки моликияти зехни бо назарияи моликияти зехнии охири асри XVIII алокаманди надорад. Аз ин лихоз, барои дар конун- гузории ЧТ истифода намудани истилохи шинохтаи“хукуки моликияти зехни” монеахо чой надоранд. Чанбахои азбар- куни, таълим ва химояи он бояд доимо такмил дода шаванд.

[1] Калягин В.О. Интеллектуадьная собственность (исключительные права): учебник для вузов.- М., 2000.- С. 11.

[2]  Гражданское право: учебник. Т. 3.// под ред. А.П. Сергеева, Ю.К. Тол- стого. -М., 2000.- С. 91.

[3] Покровский И.А. Основные проблемы гражданского права.- М., 1998.- С. 133.

[4]Дозорцев В.А. Доклад на международной научно-теоретической конфе- ренции // Проблемы интеллектуальной собственности в ГК России: Мате- риалы межд. научно-теорет. конф.- М. ИМПЕ, 26 марта 1999г. //Труды по интеллектуальной собственности. – М., 1999. – Т.1. – С.7.

[5]Флейшиц Е.А. Личные права в гражданском праве Союза ССР и капита- листических стран Ученые труды. Выпуск 6. Юридическое издательство НКЮ СССР.- М., 1941- С. 153-160.

‘Дозорцев В.А Творческий результат: система правообладателей // Вест- ник ВАС РФ- 2002. – № 11.- С.89.

[7]Гражданское право: учебник: часть 3 // отв. ред В П. Мозолин. -М. Юристъ, 2007.- С18-19.

[8] Интеллектуальная собственность (исключительные права): учебное посо- бие // под ред. Н. М. Коршунова. – М.: Эксмо, 2006. – С. 26.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …