Главная / Чугрофия / МАМЛАКАТХОИ СОБИК ШУРАВИ (ИДМ) ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

МАМЛАКАТХОИ СОБИК ШУРАВИ (ИДМ) ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Чойгир будани Русия дар материки Авруосиё барои он чи манфиат дорад? Накши Русия дар таркиби хочагии чахони чи гуна аст? Оё он дар солхои наздик тагйир ёфтааст? Барои чи?

Русия яке аз мамлакатхои бузурги чахон буда, дар ду китъа Аврупо ва Осиё чойгир шудааст, ки кариб 1/3 масохаташ ба Аврупо ва 2/3 ба Осиё рост меояд. Кисми шимоли онро бахрхои Укёнуси Яхбастаи Шимоли, кисми шимолу шаркиашро обхои Укёнуси Ором ихота карда, дар чануб ва шимолу гарб ба бахрхои укёнуси Атлантик, бахрхои Сиёх, Азов ва Балтик рохи баромад дорад. Бандархои ин бахрхо Русияро бо мамлакатхои хорича ва Иттиходи Давлатхои Мустакил пайваст мекунанд. Вай нисбат ба дигар давлатхои ИДМ мавкеи маркази дорад ва кариб хамаи ин давлатхо ба воситаи Русия байни хамдигар алока мекунанд.

Русия аз се каламрави фарох – Аврупои Шарки, Сибири Гарби ва пахнкухи Сибири Миёна иборат аст. Хамвории Аврупои Шаркиро аз Сибири Гарби куххои Урал, ки аз шимол ба чануб дар масофаи 2,4 хазор километр тул кашидаанд, чудо мекунанд.

Иклими Русия хеле гуногун буда, минтакахои иклимиаш аз шимол ба чануб чунинанд: минтакаи иклими арктики, субарктики, муътадил ва субтропики. Дар давоми сол дар тамоми каламрави он хавои континенталии арзхои муътадил хукмрон буда, зимистон дар зери таъсири хавои арктики, атлантики ва антисиклони Сибири Шарки мебошад.

Дар каламрави Русия микдори зиёди дарёхо чори мешаванд, ки онхо ахамияти энергетики, обёри, киштигарди ва мохигири доранд. Калонтарини онхо Лена, Об, Иртиш, Волга, Енисей буда, дарозии хар кадоми онхо аз 3500 то 4416 километр мерасад.

Русияро кишвари чангалзори чахон меноманд. Чангалхо бештар аз 60% масохати онро ишгол кардаанд.

Захирахои табиии Русия хеле зиёд ва гуногун буда, барои тараккиёти бисёр сохахои хочаги мусоидат мекунанд. Захирахои зеризаминии он сохахои мухимми саноатро бо ашёи хому сузишвори таъмин мекунанд.

Аз руйи захира ва истихрочи маъдани охан ва маъдани металхои ранга, аз чумла тилло Русия дар байни дигар давлатхо мавкеи пешсафиро ишгол мекунад. Ин мамлакат аз захирахои гайримаъдани: газ, нафт, ангишт, намакхои ошу калий, алмос, графит, асбест низ бой буда, яке аз чойхои аввалро ишгол мекунад. Вай талаботи худро бо нафту газ таъмин карда, микдори зиёди онхоро ба бозори чахони мебарорад. Бо хам мувофик омадани захирахои гуногуни минерали ва сузишвори дар як катор нохияхои мамлакат боиси пайдоиши нохияхо ва минтакахои калони саноати шудааст.

Русия аз чихати захираи газ Дар чахон Дар зинаи аввал меистаД.

Захирахои обии Русия барои таъмини талаботи ахоли ва инкишофи хочагии халк накши бузург мебозанд. Захирахои обию энергетикии мамлакат зиёданд, вале онхо дар каламрави мамлакат нобаробар чойгир шудаанд.

Русия хамчунин аз захираи замин низ бой аст ва ба хисоби миёна ба хар сар ахоли 11,5 га рост меояд. Майдонхои кишоварзи 13% майдони умумии замин ва заминхои кишт 133,5 млн га ё 8% майдони умумии каламрави онро ташкил медихад. Заминхои шудгор асосан дар хамвории Аврупои Шарки, Сибири Гарби, дар минтакаи дашту бешадашт ва чануби минтакаи беша чой гирифтаанд. Шароити агроиклимии Русия барои парвариши зироатхои гуногун мусоид аст.

Захирахои биологи, чангал, хайвоноти шикори ва мохи хеле васеъ пахн шудаанд. Чангалзор 766,6 млн га масохатро ташкил медихад, ки захираи чуби он 82 млрд м3 мебошад.

Барои ташкили истирохат ва табобати одамон захирахои рекреатсионии табии ахамияти бузург доранд. Ба он чашмахои минерали, лойхои табобати, шароити иклими, истирохатгоххои сохили дохил мешаванд.

Ахоли. Таркиби ахолии Русия гуногун буда, аз чор се хиссаи онро русхо ташкил медиханд. Халкхои сокини Русия ба гуруххои гуногуни забонхо мансубанд ва сершумортаринашон гурухи забонхои славяни (русу украинхо, белорусу полякхо); турки (тотору бошкирдхо, чувашу тувинхо, хакасу олтоихо, ёкутхо, балкархо, карочаихо, озарихо); фину угори (карелхо, удмурту мордовхо, комихо, ненетсхо) мебошанд. Гайр аз ин осетинхо, эвенкхо, корякхо, чукчахо бо забони худ гап мезананд.

Дини аз хама пахншудатарин дар Русия насрони ва ислом мебошанд. Афзоиши табиии ахоли дар мамлакат баланд нест. Ба хар 1000 нафар 12,64 нафар таваллуд рост меояд. Ба ибораи дигар хар сол такрибан 2,1 млн нафар таваллуд мешавад. Ба хар 1000 нафар 11,6 фавт рост меояд. Таркиби чинсии ахоли низ нобаробар аст (мардхо – 47%, занхо – 53%). Хисоби миёнаи умри мардхо ба 64 ва занхо ба 74 сол баробар аст.

Ахолии кобили кор дар мамлакат 57%-ро ташкил медихад. 48%-и ахоли дар сохахои хочагии халк машгул аст.

Чойгиршавии ахоли дар каламрави мамлакат нобаробар буда, хисоби миёнаи он дар як километри мураббаъ 8,5 нафар аст, аз чумла дар дехот – 2,2 нафар, дар кисми аврупои – 27,1 нафар ва дар кисми осиёи – 2,5 нафарро ташкил медихад. Мавзеи серахоли нохияхои аврупоии мамлакат буда, аз он чо ба самти шимол, чануб ва шарк зичии ахоли кам мешавад.

Шумораи умумии шахрхо аз 1000 адад зиёд аст. Хиссаи ахолии шахр 74% ва дехот 26%-ро ташкил медихад. Шумораи шахрхое, ки беш аз 1 млн нафар ахоли доранд ба 13-то ва шахрхое, ки аз 500 то 1 млн нуфус доранд, ба 200 адад расидааст. Агломератсияхои калони шахри: Маскав, Санкт-Петербург, Нижний Новгород, Екатеринбург, Самара, Новосибирск мебошанд.

Хочаги. Русияи имруза дорои кариб тамоми сохахои хочагии халки хозиразамон аст. Аз чумла дар таркиби саноат 26% махсулот ба комплекси сузишвори-энергетики, 25% ба саноати сабук, 16% ба мошонсози, 14% ба саноати хуроквори ва 13% ба саноати металлургия рост меояд. Дар хочагии чахони Русия истехсолкунандаи бузурги ашёи хоми минерали ба хисоб меравад. Аз чумла ба он 28% истихрочи чахонии газ, 14% ангишт, 11% нафт рост меояд. Гайр аз ин дар ин чо ба микдори зиёд алмос, алюмин, тилло, платина, неруи барк, металхои сиёх, чуб, матоъхои пахтаги, галла, нурихои маъдани, мошину тачхизот истехсол мешавад.

Мачмуи сузишворию энергетикии он аз электроэнергетика ва тамоми сохахои сузишвори иборат буда, системаи асосии энергетикаи дар нохияхои Маркази, Шимолу Гарби, Волга, Урал, Сибир ташкил медиханд. Русия эхтиёчоти худро пурра бо сузишвори таъмин карда, газу нафт содир мекунад.

Дар мамлакат сохахои металлургияи сиёх ва ранга инкишоф ёфтааст, ки заминаи рушди сохаи мошинсози ба хисоб мераванд. Корхонахои калони металлургияи сиёху ранга дар Урал, Сибири Гарби ва аномалияи магнитии Курск вокеанд. Корхонахои мошинсози кариб дар тамоми шахрхои калону миёна чойгир шудаанд ва дар онхо мошинхои барои хочагии халк зарур истехсол карда мешаванд. Аз чихати тараккиёти саноати коркарди чуб дар чахон Русия яке аз давлатхои асоси ба шумор меравад.

Дар сохаи кишоварзии мамлакат 13% ахолии кобили кор шугл дорад ва кисми зиёди онхо ба зироаткори машгуланд. Дар сохаи зироаткори мавкеи асосиро рустанихои галладона ташкил мекунанд. 55%-и заминхои кишти галладонаро гандум, чавдор, чав, арзан ва чуворимакка ташкил медихад. Аз зироатхои техники лаблабуи канд, загир, офтобпараст кишт карда мешавад, ки он 5%-и замини киштро дар бар мегирад. Кишти картошка, сабзавоту полезихо 3,5%, рустанихои хуроки чорво 1,3%-и майдони киштро дар бар мегиранд. Кисми зиёди махсулоти кишоварзи дар дашт ва бешадашти кисми аврупоии мамлакат истехсол карда мешавад.

Дар Русия парвариши кариб тамоми намудхои чорво ба рох монда шудааст.

Дар каламрави мамлакат хамаи намудхои наклиёт истифода мешавад. Дар байни онхо наклиёти рохи охан афзалият дорад. Вай алокахои дохили ва хоричаи дуру наздикро таъмин мекунад. Ба наклиёти рохи охан 60%-и боркашони ва 50%-и мусофиркашони рост меояд. Наклиёти дарёи дар хаёти мамлакат накши бузург дорад. Тавассути он нохияхои шимоли ва чануби робитахои худро амали мекунанд. Рохи асосии обии кисми аврупои дар дарёхои Волгаю Балтика мебошад. Ба воситаи он Русия ба бахри Балтик рохи баромад дорад. Ба воситаи рохи бахри Шимоли ба нохияхои шимол бор кашонда мешавад. Асосан наклиёти бахри вазифаи боркашонии берунаро ичро мекунад. Бандархои калони бахри Санкт-Петербург, Калининград, Архангелск, Мурманск, Владивосток, Находка, Магадан, Петропавловски Камчатка мебошанд.

Наклиёти кубури низ хуб таракки кардааст. Кисман бо воситаи ин намуди наклиёт ба хорича нафту газ бароварда мешавад. Барои боркашони, мусофиркашонии дохили ва кисман берунии мамлакат наклиёти автомобили ва хавои ахамияти калон дорад.

Молхои асосии содироти ва воридотии Русия (2010)

Содирот Воридот
Мол Хисса

бо %

Молхо Хисса

бо%

Ашёи хоми минерали ва сузишвори 65 Мошин ва дастгоххо 44

Филиз (метал) 10 Ашёи хоми кишоварзи ва озука 15
Мошин ва дастгоххо 5 Махсулоти химияви 16

Шарикони асосии савдои берунии Русия давлатхои ИДМ, Аврупои Гарби, ИМА, Чин ва Хиндустон мебошанд.

Хусусияти хоси Русия мавкеи мувофики географи, захираи бузурги сарватхои табии ва иктидори бузурги иктисодии он мебошад.

Савол ва супориши.

  1. Ба мавкеи географи ва шароиту захирахои табиии Русия бахо дихед. Инро ман медонам.
  2. Афзоиши табиии ахолии Русия бо кадом хусусияти худ фарк мекунад?
  3. Русия кадом хусусиятхои фарккунандаи географи дорад?
  4. Сохахои асосии хочагии халки Русия кадомхоянд?
  5. Русия бо кадом давлатхо муносибатхои иктисоди дорад?
  6. Точикистон бо Русия чи гуна робитахо дорад? Дар кадом созмонхои минтакави ва чахони онхо шарикони стратегианд?

Инро ман метавонам.

  1. Дар харитаи контури нохияхои саноати ва кишоварзии Русияро тасвир кунед.
  2. Аз атлас истифода бурда, дар бораи маъданхои табиии Русия маълумот дихед.
  3. Ба акидаи шумо Русия мавкеи пештараи худро дар худуди ИДМ баркарор карда метавонад ё не?
  4. Кадом чихатхои Русия аз мамлакати тараккикарда будани он гувохи медихад.
  5. Солхои минбаъда махсулоти саноати ва кишоварзии Русия ба ракобати бозори чахони тоб оварда метавонад ё не?
  6. Пешомадхои инкишофи хамкорихои Точикистон бо Русия чи гуна аст? Оё медонед?
  7. Дар Русия ба 1000 мард 1147 зан рост меояд.
  8. Русия бо 16 давлат хамсархад аст. Дарозии умумии хатти сархади мамлакат 60 хазор км аст, зиёда аз 20%-и он дар хушки чойгир аст.
  9. Русияро кишвари аврупои меноманд, аммо 2/3 хиссаи каламрави он дар Осиё чойгир аст.

Хулоса. Русия яке аз кишвархои кудратманди дунё буда, дорои захирахои бузурги табии, харбию иктисоди ва фарханги аст. Мавкеи чойгиршавии географии онхо дар таърихи ташаккули мамлакат накши мухим бозидааст. Аз хама хусусияти мухимми он чойгир будан дар сархади Аврупо ва Осиё мебошад. Аз хамин сабаб Русияро кишвари Авруосиё меноманд. Русия ба гурухи кишвархои бузург ва пешсафони геополитикии дунё дохил мешавад, ки дар сиёсати чахон накши мухим бозида, дар таркиби хочагии чахони мавкеи махсус дорад.

Инчунин кобед

МАМЛАКЛТХОЕ, КИ ЗАХИРАХОИ БУЗУРГТАРИНИ НАФТ ДОРАНД

МАМЛАКЛТХОЕ, КИ ЗАХИРАХОИ БУЗУРГТАРИНИ НАФТ ДОРАНД Мамлакат Захирахои тадкикшуда (млрд т.) Мамлакат Захирахои тадкикшуда (млрд …