Шумораи ахолии ин давлат чи кадар аст? Барои чи давлат суръати афзоиши табиии ахолиро паст кард? Чаро нишондихандахои мукоисавии мутлак ва миёнаи рушди иктисодии ин мамлакат ба сари ахоли як хел нест?
Мавкеи иктисодию географи. Чин (онро Хитой хам меноманд) яке аз давлатхои бузург буда, кариб 7% сатхи хушкии сайёраро ишгол кардааст. Каламрави он аз шарк ба гарб ба масофаи 5700 км ва аз шимол ба чануб ба масофаи 3650 км тул кашидааст.
Чин дар хушки бо давлатхои Точикистон, Русия, Мугулистон, Казокистон, Киргизистон, Афгонистон, Хиндустон, Непал, Бутан, Мянма, Лаос ва Ветнам хамсархад аст. Дар Чин 13 музофот, 8 нохи- яи худмухтор, 4 шахри тобеи марказ (Пекин, Шанхай, Тантсзини, Чунтсин) мавчуд аст.
Мавкеи чойгиршавии географии мамлакат сарвати бебахои он ба шумор меравад ва он имконият додааст, ки тавассути наклиёти бахри бо дигар давлатхои чахон алокахои иктисоди баркарор кунад. Дар охири асри ХХ давлати Чин мустакилияти идоракунии худро дар чануб бо худудхои пешинааш Сянган (Гонконг), Аомин (Макао) баркарор кард. Ин худудхо пеш мустамликаи Британияи Кабир ва
Португалия буданд. Дар худуди бахри Зард, бахри Шарки Чин ва бахри Чануби Чин зиёда аз 5 хазор чазира мавчуд аст, ки онхо дорои захирахои бузурги сайёхию истирохати мебошанд.
Табиати саховатманди ин сарзамин аз сарватхои гуногуни зери- замини ва захирахои бузурги оби бой аст.
Чин дорои захирахои бузурги обию гидроэнергетики буда, аз ин чихат дар байни давлатхои чахон чойи чорумро ишгол мекунад. Иктидори энергетикии дарёхо хеле зиёд буда, бо истифодаи технологияи нав метавонад дар як сол то 300 млн квт/с неруи барк истехсол кунад.
Калонтарин дарёхои Чин Янсзи, Хуанхэ, Сисзян, Чжутсзян, Ляохе буда, ба хавзаи укёнуси Ором мансуб мебошанд. Дарёхои ин сарзамин ахамияти калони наклиёти оби доранд: ба ин дарёхо Сисзян, Амур, Сунгори, Ялутсзян, Хуанхэ дохил мешаванд, ки барои обёрии заминхо низ ахамияти бузург доранд. Янсзи яке аз дарёхои калонтарини Чин буда, дарозиаш 5980 км аст.
Сарватхои табиии зеризамини. Чин аз маъданхои табии бой буда, аз чихати захираи баъзе аз сарватхои табии дар чахон чойи аввалро ишгол мекунад. Сарватхои сузишвори-энергетики, маъдани ва гайримаъдании он ба сохти мураккаби геологиаш алокаманд аст. Чин аз хисоби сарватхои гуногун яке аз давлатхои бойи дунё ба шумор рафта, аз руйи захирахои маъдани ангишт, охан, марганес, боксит, сурма, калъаги, волфрам, молибден, симоб; маъданхои камёфт, титан, намаки оши чойи намоёнро ишгол мекунад. Дар худуди Чин захирахои калони маъдани уран, берил ва тилло чойгир шудаанд. Захираи сарватхои зеризаминии кисми гарбии Чин то хол пурра омухта нашудааст.
Дар минтакахои саноатии Шимол ва Шимолу Шарки каламрави он хавзахои калони захираи ангиштсанг мавчуд аст. Вале хавзахои ангишти саноати дар Шаней, Шенси, Кайлуан, Фушун, Фусин чойгир шудаанд. Хавзахои ангиштсанги перспективи дар кисмати шимолии Мугулистони дохили Чин чойгир буда, ахамияти бузурги иктисоди доранд.
Хавзахои нисбатан калони газу нафт ба кисми шимолии Чин (сохили Халичи Дотсин, Чунгар, пастхамии Сайдам ва хавзахои гази пастхамии Сигуан) рост меоянд. Захираи умумии геологии нафт ба 3 млрд тонна ва газ ба 200 млрд м3 мерасад. Дар солхои охир дар тунукобихои сохилхои бахрхои Зард ва Чануби Чин хавзахои газу нафт кашф карда шудаанд.
Чин аз маъдани охан низ бой буда, захираи он ба 5 млрд тонна мерасад ва аз ин чихат дар чахон чойи сеюмро ишгол кардааст. 18
Ин хавзахо дар Аншан, Баян-Обо (Мугулистони дохили Чин), Дае, Мааншан (кисми Шарки) чойгир буда, ахамияти калони саноати доранд. Филизхои (металхои) ранга дар кисми чануби ва марказии Чин чойгир шудаанд.
Географияи ахоли ва захирахои кори. Чин аз руйи шумораи ахоли дар чахон чойи аввал (1 млрд 4 хазор)-ро ишгол мекунад. Хар панчумин сокини кураи Замин шахрванди Чин мебошад.
Шумораи зиёди ахоли ва кувваи кории арзон ба сатхи даромади ахоли мутобик набуда, масъалахои таъминот бо манзил, хуроквори, чойи корро ба миён меорад, ки халли онхо хеле мушкил аст.
Аз нуктаи назари этники халки Чин дар асри 1-уми пеш аз мелод дар кисми хамвории миёнаи Чин ташаккул ёфта, фаъолияти асосии он зироатчигии обёришаванда ва шоликори ба шумор мерафт.
Аз нигохи пайдоиши антропологи чинихо ба гурухи мугулхои Осиёи Шарки дохил мешаванд. Забони давлатии онхо путунхуа буда, ба забони гуфтугуии пекини шабохат дорад.
Халкиятхои гайричини чуанхо дар нохияи мухтори Гуанси-Чуан, Хуэй (Нисия-Хуэй), уйгурхо (Шинчону Уйгур), тибетихо (дар вилояти Тибет), мугулхо (дар вилояти Мугулистони дохили) зиндаги мекунанд.
Расми 3. Географияи чойгиршавии сарватхои зеризамини ва марказхои саноатии Чин
Дар кисми шимолу шарк кореягихо, манчурхо ва дар нохияхои кухи халкиятхои исзу, мяо, яо, туэзня, буи, дунхо зиндаги мекунанд.
Дар Чин асосан се дин ва таълимоти динии давлати амал мекунад: конфутсия, даосизм ва буддоия. Кисми зиёди ахоли пайрави таълимоти конфутсия мебошад.
Барои кохиш додани афзоиши табиии ахоли дар Чин барномаи миллии идоракунии таваллуди фарзанд кабул шудааст, ки шиори он «Як оила – як фарзанд» мебошад. Ин сиёсати демографи чихатхои иктисодию ичтимои дорад ва натичаи хуб ба бор овардааст.
Дар сохтори дохилии ахоли одамони кобили кор хеле зиёд буда, кариб 850 млн нафарро ташкил мекунанд. Ахоли дар кишвар нобаробар чойгир шудааст: дар кисми шаркии мамлакат, ки шароити хуби табиию иктисоди дорад, кариб 90%-и ахоли зиндаги мекунад.
Дар кишвар 32 шахр хаст, ки хар кадоми он зиёда аз 1 млн нафар ахоли дорад. Шахрхои калонтарини Чин: Шанхай (14,2 млн нафар), Пекин (12,7 млн нафар), Тянсзин (9,5 млн нафар), Шенян (5,5 млн нафар) мебошанд.
Пекин (Тези) пойтахти имрузаи Чин соли 1121-и то мелод таъсис шудааст, ки маънояш «пойтахти шимоли» мебошад.
Халки Чин дорои захирахои бузурги зехни, рухию равони ва ичтимои мебошад.
Чинихо мардуми хайрхох, чобук, бамулохиза ва кордуст буда, дарозии умри миёнаи онхо ба 70 сол мерасад (соли 1949 – 35 сол).
Географияи хочагии халк. Хочагии халкии Чин дар микёси чахон яке аз тараккикардатаринхо ба шумор меравад, ки он дар натичаи амали гардонидани чунин омилхо ба хадафхои асоси расидааст:
- гузаронидани ислохоти бузурги сиёси, иктисодию ичтимои ва илмию фарханги;
- афзалият додан ба мархалаи ислохот дар сохахое, ки маблаг- гузории давлати ба рушди он замина гузошт (саноати сабук ва хурок- вори);
- додани замин барои истифода ба хочагихои инфироди дар асоси шартнома;
- сиёсати хирадмандона бо додани имтиёзхои зиёд ба хокимияти махалли барои рушди иктисодиёти махал;
- хидоят ба мехнатдусти.
Дар баробари ин соли 1978 накшаи азнавтарбиякунии чомеа огоз шуд, ки аз руйи дурнамои он кишвар то соли 2049 бояд ба яке аз давлатхои абаркудрат ва тараккикардаи чахон табдил ёбад.
Чин соли 1980 ба ислохоти бузурги иктисоди шуруъ кард, ки афзоиши солонаи он зиёда аз 10 баробар афзуд. Дар ин давра миллионхо нафар ахолии дехот барои кор ба корхонахои саноати, сохтмон, сохахои хидматрасони чалб карда шуданд. Сифати кувваи кори боло рафта, дарачаи маърифати мардум баланд, даромади ахоли зиёд шуд ва барои некуахволии халк заминаи мусоид фарохам омад.
Сохаи асосии саноатро рушди энергетикаи сузишвори ташкил медихад. Хар сол дар Чин зиёда аз 1,4 млрд тонна ангишт истехсол карда мешавад, ки кариб 60% онро дар нохияхои иктисодии Шимолу Шарк ва Шимоли мамлакат дар хавзахои ангишти Фу-Син, Фушун, Датун истехсол мекунанд.
Дар махалхои зисти ахоли хамчун сузишвории иловаги – поруи чорво, баргу шох, навдаи рустани ва партовхои саноати чубкоркуни истифода мешавад.
Саноати нафт ва корхонахои истихрочи он дар Датсин чойгир шудаанд, ки зиёда аз хазор кон ва чохи нафтро дар бар мегирад. Дар мавзеъхои географии Шэнян, Пекин, Далян, Шанхай корхонахои бузурги коркарди нафт ва нафту химия ташаккул ёфтаанд.
Неруи баркро аз ду манбаъ истехсол мекунанд:
1) НБА – неругоххои барк бо ангишт;
2) НБО – неругоххои барк дар дарёхои калон, дарёхои миёнаю хурд. Иктидори неругохи баркии обии Гэчоуба, ки дар дарёи Янсзи сохта шудааст, 2,7 млн квт/с буда, калонтарин ба шумор меравад. Дар ин дарё сохтмони бузургтарин неругохи баркии обии «Се води» давом дорад, ки он дорои 26 агрегат буда, иктидори хар кадомаш 700 хазор квт/с ва иктидори умумии неругох ба 18,2 млн квт/с-ро ташкил медихад. Дарозии обанбори он 632 м, баландии сарбанди он ба 185 м мерасад, ки ахамияти калони гидротехники ва истифодаи комплексиро дорад. Дар заминаи захираи устувори маъдани охан ва ангишти коксшаванда корхонахои бузурги филизот (металлургия)-и сиёх бунёд карда шудааст, ки Чин дар ин соха дар чахон дар чойи аввал меистад. Марказхои чойгиршавии корхонахои металлургияи сиёх – нохияхои Шимолу Шарки (комбинатхои металлургии Аншан, Бэнси, Душун, Далян), Шимол (Пекин, Тянтезин), Мугулистони дохили (Баоту, Шанхай, Баошан), Марказ (Ухан) мебошанд.
Саноати металлургияи рангаи Чин дар солхои охир рушд карда, ба истехсоли алюмин, мис, сурб, рух, калъаги, нукра, висмут ва дигар металхо равона карда шудааст. Ин корхонахо дар кисми шимолу шаркии мамлакат дар махалли истехсолоти баркталаб ва сузишвории баландсифат чойгир шудаанд.
Географияи саноати мошинсозии Чин. Саноати мошинсозии Чин яке аз сохахои тараккикардаи саноати вазнин ба шумор меравад. Кишвар дар истехсоли мошин ва тачхизоти кухи, тракторхо, автомобил, саноати электроника чойи аввалро ишгол кардааст. Корхонахои саноати вазнин ба базахои ашёи хом наздик чойгир карда шудаанд. Сохахои истехсоли тачхизоти саноати маъдани металлургияи кухи, рохи охан, дастгоххо, тачхизоти электрики, воситаи наклиёт, мошинхои хочагии кишлок дар нохияхои иктисодии Шимолу Шарк, дар марказхои Шэнян, Нангу, Харбин, Лоян, Далян чойгир шудаанд. Дар асоси ашёи хоми саноати нафту газ, чангал ва дигар партовхои саноати сохахои саноати химияи пешрафта рушд меёбад, ки он инчунин ба сохахои саноати сабук ва хуроквори замина гузоштааст.
Географияи кишоварзи. Вобаста ба зиёдшавии ахолии мамлакат ин сохаи кадима босуръат рушд меёбад, то ки талаботи ахолиро бо махсулоти гуногуни кишоварзи таъмин карда тавонад.
Чин бузургтарин истехсолкунандаи галла, пахта, зироати полези ва тамоку буда, аз чихати саршумори хук, асп, паранда низ дар чахон чойи намоёнро ишгол мекунад.
Дар сохаи кишоварзи кисми зиёди ахолии кобили кор фаъолият доранд. Хамвории Бузурги Чин дар истехсоли аксари зироатхо дар мамлакат чойи аввалро ишгол мекунад. Пахтаро дар водии дарёхои
Хэйлунтсзян(?) ШИМОЛУ-ШАРКИ
- Грин (Тсзилин)
- Ляонин
(н) шимоли
- Мугулистони дохили
- Шанси
- Хэбэй (Ш) ШАРКИ
- Шандун
- Тсзянсу
- Анхой
- Чжэтсзян
- Тсзянси
- Футсзян @ МАРКАЗИЮ ЧАНУБИ
- Хэан
- Хубэй
- Хуан
- Гуанси Чуан
- нохияи худмухтори Гуандун
- Хайнан
(V) ШИМОЛУ ГАРБ
- Нохияи худмухтори Шинчону Уигур
- Нохияи худмухтори Нинся-Хуэй
- Шенси
(VI) ЧАНУБУ-ГАРБ
1 Нохияи худмухтори Тибет
Хуанхе ва Янсзи парвариш мекунанд. Дар доманакуххои чанубу шарки ва шаркии мамлакат яке аз зироатхои нодири чахон – чой парвариш мекунанд. Чин аз чихати истехсоли он дар дунё чойи намоёнро ишгол кардааст. Мавзеи Сичуан, ки бо куххо ихота шудааст, маркази асосии парвариши зироатхои субтропикии Чин ба шумор меравад. Ин мавзеъро чинихо мавзеи хамешасабзи кишвар ном мебаранд. Он аз руйи хусусиятхои табии аз дигар музофотхои Чин фарк дорад ва макони шоликори, парвариши найшакар, мевахои тропикию субтропикии мамлакат ба шумор меравад.
Дар минтакахои дашт, биёбону нимбиёбонхои шимолию чануби ва Мугулистони дохили ахоли ба парвариш ва нигохубини чорво машгул аст. Пахнкухи васеи Тибет ба чорводории чарогохи махсус гардонида шудааст.
Географияи наклиёт. Дар Чин кариб хамаи намуди наклиёт босуръат таракки мекунад ва пешрафти иктисодиёти мамлакат ба рушди он алокаманд мебошад. Шабакаи роххои охан тамоми кисматхои шаркии кишварро фаро гирифтааст ва кариб хамаи музофотхои серахоли ва тараккикардаи саноатиро бо хам пайваст мекунад. Маркази бузурги шабакаи рохи охан шахри Пекин аст, ки нихоят таракки карда, ба бандархои бахри ва марказхои саноати, мавзеъхои Паси Байкал ва наздибахрии Русия, рохи охани Мугулистон ва Ветнам пайваст аст.
Мутобики накшаи давлат то соли 2020 дар ин сарзамин 1500 фурудгохи иловаги сохта мешавад, ки дар байни онхо бандархои хавоии Шанхай, Пекин, Чуанчжоу, Урумчи дар чойи аввал меистанд. Чин алокахои иктисодии худро бо тамоми давлатхои чахон мунтазам густариш медихад.
Алокахои иктисоди, сиёси ва фархангии Чин бо Точикистон сол аз сол мустахкам мешавад. Роххо, иншооти саноати, неругоххо, корхонахои хурду калон, системахои барктаъминкунии Точикистон, ки бо ёрии Чумхурии Мардумии Чин сохта шудаанд, шохиди ин гуфта мебошанд.
Чин ба яке аз кишвархои пуриктидори саноатию аграри табдил ёфт ва аз чихати баъзе нишондихандахо бо ИМА ракобат мекунад.
Инро бояд дар хотир дошт!
Чин – кишвари серахолии дунё; Хамвории Бузурги Чин – бузургтарин истехсолкунандаи галла, пахта, зироатхои полези, тамоку ва саршумори хук, асп, паранда.
Савол ва супориш.
- Бо истифодаи харита хусусияти хоси чойгиршавии иктисоди-географии Чинро муайян кунед. Инро ман медонам.
- Харитахои табии ва иктисодиро истифода бурда нохияхои кишоварзи ва саноатии мамлакатро муайян кунед.
- Ахамияти геополитики ва иктисодии хамсархадии Точикистон бо Чин дар чист?
- Хусусиятхои хоси ахолии Чин кадомхоянд?
- Дарачаи баланди афзоиши ахоли барои Чин кадом мушкилотро пеш меорад?
- Сабабхои бо суръати баланд рушд ёфтани иктисодиёти Чин кадомхоянд? Чавоби дурустро интихоб кунед:
- Чин аз чихати аксар нишондихандахои иктисоди дар дунё пешсаф аст.
- Дар Чин танхо саноати маъдани кухи ва сабук рушд ёфтааст.
- Дар Чин чахиши босуръати иктисодиёт дида мешавад.
- Чин равияи иктисодии аграрию истехсоли ашёи хом дорад.
- Чин дар самти рушди иктисодию ичтимои дастовардхои бузургро сохиб шудааст, аммо аз чихати нишондихандахои асоси ба сари хар як нафар ахоли аз аксар давлатхои мутаракки кафо мондааст.
Мувофикатро нишон бидихед:
1). Аомин (Макао); 2) Шанхай, Харбин; 3) Ухан, Баотоу; 4) Лоян, Чанчун. А) шахри миллионер; Б) маркази металлургияи сиёх; В) мустамликаи собики Португалия; Г) маркази мошинсози.
Инро ман метавонам.
- Дар харитаи контури сархади давлати, пойтахт, инчунин калонтарин нохияхои саноатии Чинро тасвир кунед.
- Дар асоси матни китоб, атлас ва харита, мавоДи иловаги – варакаи боздиди (визитка) Чинро тартиб дихед.
Оё медонед?
- Когази хочатхонаро соли 1300 дар Чин ихтироъ кардаанд. Онро танхо аъзои хонаводаи император истифода мебурданд.
- Накшаи «Як фарзанд» дар Чин сабаби марги духтарони навзод шуд ва ин кишварро ба сатхи нобаробарии чинси расонд. Имруз дар Чин шумораи духтархо нисбат ба писархо 32 млн кам аст, ки дар оянда миллионхо нафар мардхо хамсари худро ёфта наметавонанд.
- Канали Гранди Чин (Сшпак Огапй Сапа1) – кадимтарин ва дарозтарин канали чахон мебошад, ки тули он ба 1795 км мерасад. Кад-кади сохили он 24 калъа ва 60 пул сохта шудааст.
- Соли 25-уми то мелод дар Чин пулхои овезон сохта шуданд, ки дар Аврупо чунин конструксияро 1800 сол пас истифода карданд.
- Куллаи баландтарини дунё (8848 м) ба номи мухаккики англис Чорч Эверест, ки геодезисти асосии Хиндустон буд, гузошта шудааст. Чинихо куллаи Эверестро Чомолунгма меноманд, ки дар забони чини «Модархудои Замин» тарчума мешавад.
Хулоса. Иктидори бузурги сарватхои табии ва захирахои кори, натичаи ислохоти иктисоди, вазъи ороми сиёси боиси руш- ди босуръати иктисоди Чин ва вусъати сохахои хочагии мамлакат шуд. Аммо дарачаи суръати тараккиёти саноату кишоварзи ва мушкилоти ичтимои-иктисоди дар хама минтакахои мамлакат баробар нест.