Равандхои синтезие, ки дар мухити абиогени-бехаёт худ ба худ мегузаштанд, дар мавриди хамрох шудан ба дигар модда та- вонотар шуда метавонистанд. Масалан, дар тачриба бо коатсер- ватхо – катрахои бо модда сершуда (Соасегуайо – калимаи лотини маънояш чамъшави) нишон дода шудааст, ки аз чой кардани онхо дар махлули глюкоза-1 фосфат (Г-1-Ф) кобилият доранд бо шид- дат крахмалро синтез кунанд (агар ба шарте пешаки ба коатсерват фосфорилаза гузаронида шуда бошад). Баъди якбора воридсозии фосфорилаза ва амилаза ба коатсерватхо ва чойгиркунонии онхо дар махлули Г-1-Ф аввал крахмал ва баъд малтоза синтез шуд.
Тахмин мешавад, ки дар мархалаи аввали эволютсияи тобио- логи коатсерватхое, ки дар онхо консентратсияи муайяни мачмуи 17
металхо ва моддахои содаи органики ба вучуд омад, барои гуза- риш ба синтези биогени асос гузоштаанд. Ин синтезхо пуршиддатар хамон вакте шуданд, ки дар коатсерватхо АТФ пайдо шуд, ки он вазифаи танзим карданро ичро мекард. АТФ бошад аввалан бо рохи абиогени синтез шуда буд. Хатто аввалин мавчудоти зинда АТФ-ро аз мухити атрофашон гирифта метавонистанд.
Аз чониби дигар фаъолияти каталикии коатсерватхо тибки пайдошавии мачмаахои металхо ва пайвастахои органики пуркувват шуда метавонист. Масалан, аз дохил кардани ионхои охан бо халкаи порфирин фаъолияти каталитикии он дар мукои- са бо иони охан дар махлул 100 маротиба зиёд мешавад. Эхтимол дар натичаи фарохам омадани хамин таносуб, дар коатсерватхо кофермент ва баъдтар ферментхои нисбати субстрат таъсирдошта пайдо шуда, ба синтези биогени мусоидат намудаанд. Барои пай- доиши ферментхо мачмуи пептидхои сода бо ионхои металхо ис- тифода шуда метавонистанд.
То пайдоиши мавчудоти хакикии зинда шарт набуд, ки ко- билияти худтакроркуни бо редупликатсияи аники кислотахои нуклеини алокаманд бошад, чунки он хеле суст амали мешуд. Худдучандшавии онхо натичаи доими будани таносуби суръа- ти реаксияхои мухталифи мубодилаи моддахо, бо иштироки ко- ферментхо – катализаторхои табиати сафедаги надошта гузашта метавонист. Дар оянда эхтимол интихоби пеш аз биологии коат- серватхо аз руйи кобилияти пайдо кардани полимерхои махсуси сафедамонанди чавобгуйи тезонидани суръати реаксияи химияви идома ёфта аст (А. И. Опарин).Натичахои ин гуна интихоб дар сохтори кислотахои нуклеини бо рохи бартари пайдо кардани системахое, ки дучандашавии кислотахои нуклеиниашон бо иштироки ферментхо амали мешуд, сабт шуда метавонист. Хамаи ин тагйирот ба пайдоиши мубодилаи халкавии моддахо, ки барои мавчудоти зинда хос аст, оварда расонид.
Метаболизми энергетики
Синтезхои полимери
(Хосилшавии системахои
мономолекуляри)
Редупликатсияи кислотахои нуклеини
Аз эхтимол дур нест, ки дар системаи коатсерватхо интихоби худи кислотахои нуклеини аз руйи тарзи намоиши харчи бехтари мазмуни пайдархамии нуклеотидхо, яъне интихоб аз руйи генхо рафта бошад. Якумин интихоби худдучандшавии молекулаи КРН бояд аз руйи суръат ва аникии дучандшави мерафт, зеро барои сохтани нусха захираи нуклеотидхо лозим буд ( ба монанди рако- бати организмхо барои захираи хурок). Системахое (мавчудиёте), ки кислотахои нуклеиниашон дорои пайдархами нуклеотидхои (мачмуаи) хуб фаъолияткунандаро доранд, хамчун мавчудоти зинда ном бурда метавонем.
Саволхо барои санчиш:
- Коатсерват чист?
- Дар шароити тачриба коатсерватхо кадом вакт крахмалро тезтар синтез карда метавонанд?
- Кадом коатсерватхо барои синтези биогени асос гузоштанд?
- Фаъолияти каталикии коатсерватхо кадом вакт пуркувват мешуд?
- Кадом тагйирот ба пайдоиши мубодилаи доимии моддахо оварда расонд?
- Кадом системахоро хамчун мавчудоти зинда гуфта метавонем?
Дигар фарзияхри пайДоиши хаёт Дар руйи Замин
Якумин обанборхо ва якумин чинсхои такшон (маъданхои ги- лин) 3,8-4 млрд. сол пеш пайдо шуд. Фарзияи Ч.Бернал накши так- шонхои гилинро дар консентронии моддахои органикии пайдоиши абиогенидошта ва инчунин, ахамияти моддахои байни сайёраро (сианиди гидроген, оксиди карбон, формалдегид ва гайрахо), ки ба болои Замин тавассути ситораи думдор (камета) ва шихобпора (метиоритхо) оварда шудаанд, хеле мухим мешуморад.
Замин дар давоми 105-106 сол бо хамрохии чанги кайхони 1081010 тонна маводди органикиро гирифта метавонист, ки аз нигохи микдор аз биомассаи муосири сайёраи мо зиёд аст. Моддахои орга- никии замин аз хисоби фаворазании вулконхо низ зиёд мешуданд. Масалан, хисоб карда шудааст, ки аз фавора задани як вулкон ба Замин 1000 тонна моддахои органики партофта мешавад. Бо сабаби дар ягон сатх нишастани чангхои нихоят хурди (ултра- микроскопии) чузъхои гуногуни коиноти ё моддахои органикии вулкони байни худ бо таъсири нурхои ултробунафш ба реаксия дохил шуда, пардаи ба худ хоси аз аминокислотахо, мочевина ва дигар моддахо иборат бударо хосил карда метавонистанд. Ин гуна равандхо консентратсияи лозимии моддахоро дар ягон сатх мухайё сохта, воситаи тез пайдо шудани мавчудоти зинда дар укёнуси аввалин шуда метавонистанд. Аз чихати назарияви роххои дигари пайдоиши хаётро низ тасаввур кардан мумкин аст. Масалан, дар вакти дар болои ягон мухити гарм (обанборхои хурд) афтидани обе, ки дар он аминокислотахо хал шудааст, ра- ванди полимеризатсия бо хосилшавии заррачахои протеноиди анчом ёфта метавонист (тачрибахои К.Фолс ва Р.Фокс). Худи аминокислотахо хангоми хосил шудани полипептидхо накши катализаториро ичро карда метавонистанд. Хамин гуна накши катализаториро дар пайдоиши протобионтхо молекулахои КРН ва полипептидхо ичро карда метавонистанд. Ба чунин равандхо «худсозии» макромолекулахо хангоми муттахидшавии онхо дар мачмуахои боз хам мураккабтар мусоидат карда метавонист.
Дар протобионтхо хар як кисм ё молекулаи КРН бояд аз сари нав аз молекулахои дар об дисперсияшуда синтез мешуд. Эраи эволютсияи биологи хамон вакте шуруъ шуд, ки бо кадом як рохе генхо пайдо шуданд.