Главная / Чугрофия / МАВКЕИ ГЕОГРАФИ, ХУДУД ВА ТАКСИМОТИ МАЪМУРИ

МАВКЕИ ГЕОГРАФИ, ХУДУД ВА ТАКСИМОТИ МАЪМУРИ

 МАВКЕИ ГЕОГРАФИ, ХУДУД ВА
ТАКСИМОТИ МАЪМУРИ

Агар ба харита назар андозед, нуктахои канории Точикистон дар байни арзхои 36°-40′ ва 41°-05′ -и шимоли ва тулхои 67°-31′ ва 75°-14′-и шарки, дар кисми чануби шаркии кухсо- ри Осиёи Миёна вокеъ гардидаанд. Точикистон яке аз чумху- рихои чанубии Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) мебо- шад (факат баъзе нохияхои Туркманистон аз он чанубтар чой гирифтаанд).

Нуктахои канории чумхури: шимоли – дар каторкухи Курама, чануби дар водии дарёи Панч, гарби – дар каторкуххои Зарафшон, шарки – дар каторкухои Сарикул. Точикистон дар минтакаи муътадил, дур аз бахру укёнусхо чой гирифтааст; дар хамворихои он шароити биёбон хукмфармост. Дар Гарб ба худуди чумхури биёбону нимбиёбонхои пастии Турон даро- мадаанд, ки тадричан ба талу кухдоманхо мубаддал мешаванд. Дар Шарк худуди он ба куххои осмонбус ва пуштакуххои Оси- ёи Маркази мувофик омада, аз Гарб ба Шарк 680 км тул каши- дааст; дар кисми маркази он нисбатан борик (то 100км) буда, дар шимоли гарб барчастагии дарозруя дорад.

Масохати Точикистон 142,1 хаз. км2 аст. Ин аз масохати якчояи Юнон, Португалия ва Австрия барин давлатхо зиёд ме- бошад. Аз чихати масохат Точикистон дар байни чумхурихои Осиёи Миёна (11 дарсади масохат) чойи чорумро ишгол меку- над.

Каламрави Точикистон бисёр печ дар печ буда, дар тули чан- дин асрхо ташаккул ёфтааст. Дар шимол ва гарб Точикистон бо Узбекистон, дар шимоли шарки бо Киргизистон хаммарз аст. Точикистон дар чануб ба масофаи 1356 км бо Чумхурии Исломии Афгонистон хамсархад мебошад. Сархади Точикис- тон бо Афгонистон соли 1885 мукаррар карда шудааст ва он аз дарёхои Панч ва Ому мегузарад. Дар шарк Точикистон ба масофаи 519 км бо Чумхурии мардумии Чин хамсархад аст. Сархади давлатии сарзамини Точикистон дар кисми чануби шарки сархади Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) низ ба шумор меравад. Дар чануби шарк Точикистонро аз Хиндустон ва Покистон китъаи бараш аз 15 то 65 км чудо мекунад.

Навъхои вакт. Дар тамоми минтакахо, аз чумла дар Точи- кистон се намуди вакт фарк карда мешавад: вакти махалли, минтакави ва декрети. Асоси тагйироти вактро гардиши За- мин дар гирди Офтоб ташкил менамояд. Хангоми аз гарб ба тарафи шарк дар як шабонаруз дар атрофи мехвари худ пурра харакат намудани Замин, Офтоб пай дар хам сатхи онро рав- шан мекунад. Дар ин сурат хама нуктахое, ки дар як мериди- ан аз кутби Шимол то кутби Чануб вокеъ гардидаанд, сохиби вакти якхелаи шабонарузи мешаванд, ки онро вакти мериди- ани, ё ки махалли меноманд. Вакти махалли ба тули географии махал вобаста мебошад. Агар аз меридиани Гринвич (сифри) сар карда баъди хар 15° хати тули гузаронем, дар он сурат вакт дар хар як меридиан аз меридиани шафат як соат фарк меку- над, вале барои хамаи нуктахои як меридиан такрибан фарк намекунад. Аммо баробари афзудани масофаи байни нуктахои дур аз руйи тул ин фаркият меафзояд. Чунин холат барои рушд додани хочаги ва хаёти одамон душвори ба миён меоварад. Ба- рои бартараф намудани ин номусоиди дар хамаи мамлакатхои чахон вакти минтакавиро кабул намуданд. Барои ин дар асоси карордоди байналмилали сатхи кураи Заминро аз руйи мери- дианхо ба 24 минтакаи (тули хар як минтака ба 15° баробар аст) соат шартан чудо намуданд ва ба карор омаданд, ки дар доираи хар як минтака вактро аз руйи меридиане, ки он аз байни минтака мегузарад, хисоб намоянд. Вакти минтакавии минтакахои гуногун мувофики тартиби мукарраргардида аз гарб ба шарк фарк мекунад. Масалан, вакти махаллии шахри Душанбе вакти минтакавии 5-ум мебошад, ки онро аз руйи ха- ритаи минтакахои соати муайян кардан мумкин аст. Ин тартиб нишон медихад, ки вакти махаллии Душанбе аз вакти махал- лии меридиани сифри 5 соат ва аз вакти махаллии минтакаи сеюм 3 соат (шахри Маскав) фарк мекунад. Бояд донист, ки барои бартараф намудани баъзе норасоихо худуди минтакахо на хама вакт аз руйи меридианхо кашида шудаанд (ба харита нигаред). Худуди минтакахои соати баъзан аз пахлуи шахрхо, худуди нохия, вилоят, дарёхо ва гайра гузаронида мешаванд.

Дар чумхурии мо барои дар рузи кори пурра истифода бурда- ни равшани ва кувваи барк аз соли 1930 инчониб вакти декрети низ амал мекунад, ки мувофики он дар каламрави чумхурии мо вакти минтакави як соат ба пеш гузаронида шудааст.

Харитаи минтакдхои соати.

1

Инчунин кобед

Ахолии Куба

Ахолии Куба 11,7 млн буда, зичии миёнаи он дар 1 километри мураббаъ ба 99,7 нафар …