Главная / Илм / МАЗМУН ВА МУНДАРИЧАИ ГОЯВИИ ГАЗАЛИЁТИ ХУСРАВ

МАЗМУН ВА МУНДАРИЧАИ ГОЯВИИ ГАЗАЛИЁТИ ХУСРАВ

Мусаллам аст, ки то асри XIV доираи мавзуъоти газал махдуд буд. Асосан дар ин жанр мавзуи ишку ошики, тавсифи табиат, маю мутриб, истигнои маъшук, нолаю шевани ошик макоми шои- ста дошт. Амир Хусрав хам дар газалиёти хеш хамин мавзуъотро интихоб карда буд. Мухимаш хамин буд, ки газалиёти шоир бо сабки сода эчод шуда, дар онхо фасохату балогати сухан, самими- ят ва охангнокии газалиёт ба дарачаи камол расиданд. Метавон таъкид намуд, ки дар сурудани газал ба Саъдии Шерози пайрави карда, уро пири хеш медонад ва бо ифтихор мегуяд:

Хусрави сармаст анДар согари маъни бирехт Шира аз хумхонаи масти, ки Дар Шероз буД.

Дуруст аст, ки Хусрав бо СаъдИ хамзамон буданд. Вале СаъдИ аз Хусрав солортар махсуб меёфт. Агар СаъдИ соли 1292 аз дунё гузашта бошад, Хусрав соли 1325 вафот кардааст, яъне 33 сол баъдтар. Хусрав аз эчодиёти СаъдИ вукуфи комил дошт. Ба хар хол ин ду бузургвор ба якдигар гоибона шинос буданд ва як- дигарро эхтиром мекарданду аз эчодиёти якдигар огох буданд. Бахусус Хусрав асархои назмию насрии Саъдиро хонда, аз онхо бахра бардошта ба газалиёташ пайравИ кардааст. Хамон ширинИ ва содагии газалиёти Саъдиро дар газалиёти Хусрав метавон ба хубИ мушохида кард. Дар байте, ки дар боло ёд шуд, Хусрав таъ- кид менамояд, ки аз маънии газалиёти СаъдИ маст шуд ва махз аз хумхонаи мастИ, ки дар Шероз буд, шираашро бигрифт Хамин тавр, сарчашмаи илхом ва мазмунофарии Амир Хусрав асосан газалиёти шурангезу оламгири Саъдии Шерозист.

Газалиёти Амир Хусрав мисли газалиёти СаъдИ ба эчодиёти асрхои пасин, аз чумла XV ва XVI таъсири калон расонданд. Маса- лан, Зайниддин Махмуди ВосифИ дар асари ёддоштиаш «Бадоеъ- ул-вакоеъ» базму нишотхои ахли фазлу адабро, ки дар хузури ами- рону шохон, вазирону хокимон баргузор мегардиданд, тавсиф на- муда, ёд мекунад, ки ахли нишот ба газалиёти Саъдию Амир Хус- рав, Мавлоною Хофизи ШерозИ бештар таваччух доштанд.

Амир Хусрав дар газали «Дил чавон хануз» айёми чавониашро дар поёни умраш ёд карда, таъкид менамояд, ки хануз ёди бутон аз ёд нарафта, хануз дар банди зулфи ёр гирифтор аст. Агар сад таънаю маломат аз халк шунавам ва нафринам кунанд, парвое надорам:

  1. Тан пир гашту орзуи Дил чавон хануз,
  2. Дил хун шуДу хаДиси бутон бар забон хануз.
  3. Умрам ба охир омаДу рузам ба шаб расиД,
  4. Мастию бутпарастии ман хамчунон хануз.
  1. Оханг карДа суйи бурун чони гумрахам,
  2. КофирДилони хусн Дар он сузи чон хануз.
  3. Олам тамом пур зи шахиДони фитна гашт,
  4. Турки маро хаДанги бало Дар камон хануз.
  5. БеДор монД шаб кама халк аз нафири ман,
  6. В-он чашми ниммаст ба хоби гарон хануз.
  7. Хар Дам карашмакои вай афзуну он гаке
  8. Хусрав зи банДи у ба умеДи амон хануз.

Шоир дар ин газал ишки поки инсони, ишки заминиро ёд кардаасту тавсиф хам. Дар байти аввал пирию чавонии умр ба хам мукобил гузошта шудаанд ва адиб аз санъати тазоду мукобила ба- маврид истифода бурдааст ва дар байти дуюм рузу шаб тазоди як- дигар омадаанд ва хамон фикри болоро кудрат бахшидаанд. Дар байти сеюм дар зимни ибрози «кофирдилон» шоир ракибони хеш, яъне агёрро мазаммат менамояд. Дар ин маврид санъати киноя ва истиора (кофирдилон – агёр) максади кахрамони лирикиро хеле ба чо инъикос намудаанд. Хамин тавр, газали «Хануз» шоирона, дар айёми пиронсолагии Амир Хусрав иншо шуда, маъни бо ан- вои санъати воло ифшо гардидааст.

Бештари газалиёти Хусрав ирфони буда, дар онхо ишки илохиро ситудааст. Хатто дар достонхои «Хамса» чо-чо газал овардааст. Яъне як тозагие дар сабку услуби достоннигори во- рид намудааст ва адибони асрхои оянда ин сабку услубро инки- шоф додаанд.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …