Главная / Илм / МАЪЛУМОТИ УМУМИ ДАР БОРАИ ЗАБОН

МАЪЛУМОТИ УМУМИ ДАР БОРАИ ЗАБОН

Хонандагони арчманд! Шумо аз синфи якуми мактаби тахсилоти умуми забони модарии худ, яъне забони точикиро, омухтаед. Оё медонед, ки худи забон чист, барои чи вай хиз- мат мекунад? Шумо гайр аз забони модарии худ боз кадом забонхоро медонед ва шумораи онхо дар дунё чи кадар аст? Шумо оё медонед, ки забони точики ба кадом оилаи забонхои дунё дохил мешавад ва забонро кадом илм меомузад?

Забон ба катори ходисахое дохил мешавад, ки ба хаёти чомеаи инсони алокаманд мебошанд. Ягон чомеа бе забон арзи хасти накардааст. Одамон хамеша бо хам дар робитаю иртибот1 хастанд. Робитаи тарафайни инсон тавассути за- бон амали мешавад. Инсон максаду маром ва андешахои худро ба воситаи забон иброз[1] [2] медорад, пас забон ба тафак- кури инсон дар иртибот аст. Забон одамонро хамдаму му- нис мегардонад, забон одамонро ба сулху салох хидоят ме- кунад. Аз ин чост, ки дар бораи суду зиёни забон, сахми он дар чомеаи инсони донишмандони олам, ба хусус, олимону адибони форсу точик андешахои муфиде ба ёдгор мондаанд. Чунончи, Саъдии бузург гуфтааст:

Забон дар дахон, эй хирадманд, чист?

Калиди дари ганчи сохибхунар.

Вокеан, забон калидест, ки куфли бисёр муаммою муш- килоти хаётро мекушояд ва дари ганчи маърифату донишро ба руйи одамон боз мекунад.

Забон мисли шуури инсон кадими аст. Забон аз даврахои хеле кадим хамчун воситаи муомилаи одамон хизмат кар- дааст. Инкишофи тадричии забон ба одамон имкон дод, ки тачрибахои хосилкардаашонро сайкал диханд. Онро аз насл ба насл ба ёдгор бимонанд. Забон ба инсон шароит фарохам овард, ки сатхи зиндаги, илму фарханги башариро баланд бардорад. Халкхои ба хам хешу наздике, ки баромади онхо ягона аст, забонашон низ ба хам хеш мебошад ва онхо як оиларо ташкил менамоянд. Чунин оилаи забонхо аз чихати таркиби лугави ва сохти грамматики умумият доранд. Ма- салан, хамаи эроннажодон бо забони умумии ба хам хеш гап мезананд.

Забонхои имрузаи форси, точики ва дари аз як забони умуми пайдо шудаанд. Вокеан, тахлилу тахкики даврахои инкишофи забонхои форси, точики ва дари нишон медихад, ки забонхои шохаи эрони бисёр хусусиятхои муштараку ягона доранд.

Дар дунё зиёда аз 3600 забон аст, ки онхо ба оилахои бо хам хеш чудо мешаванд.

Тамоми забонхои дунё ба 24 оилаи калон гурухбанди мешаванд. Яке аз ин оилаи забонхо гурухи забонхои хиндуаврупои аст, ки он дар худ 12 шохаи забонхоро муттахид мекунад. Забонхои гурухи эрони яке аз шохахои оилаи забонхои хиндуаврупои ба шумор мераванд. Ба гурухи забонхои эрони ин забонхо дохил мешаванд: форси, дари, пашту, точики, курди, осети, балучи, тоти, талиши, мозандарони, забонхои помири, ягноби; забонхои мурдаи форсии кадим; авестои, пахлави, миди, парфяни, бохтари, сугди, хоразми, скифи, саки.

Забони милли баробари ташаккули миллат пайдо меша- вад ва яке аз нишонахои мухимми миллат забони уст.

Забон, ки воситаи мухимму асосии мубодилаи афко- ри одамон аст, ба хаёти чомеа алокаи хамешаги дорад. Тагйироту дигаргунихои чомеа дар забон низ асари худ- ро мегузоранд. Аз хама кисматхои забон дида таъсиру дигаргунихои хаёти чамъияти бештару бехтар дар таркиби лугавии забон дида мешавад. Аз хаёти ин ё он халку мил- лат баробари аз байн рафтани мафхумхои алохида, ашёхо номи онхо низ охиста-охиста аз истеъмол мемонад, ё ин ки ба гурухи лугатхои гайрифаъол мегузарад. Вале кисми фа- ъоли лугати хар як забон, номи ашё ва мафхумхои хаётан за- рур дар давоми асрхои зиёд дар забон боки мемонад. Маса- лан, калимахои ифодакунандаи номи ашёхо: об, нон, замин, хаво, кух, дарахт, оташ, хок, дарё, рох; номи мафхумхои хешу табори: падар, модар, бародар, хохар; номи амалхо: гуфтан, рафтан, хондан; номи ададхо: як, дах, сад, хазор; чонишинхо: ман, ту, вай, мо, шумо, онхо ва гайра калимахои хаётан заруру решагии забони точикианд.

Дар забони точики ин вожахо дар тули асрхои зиёде чун лугатхои хаётан мухим хизмат кардаанд ва имруз хам ба катори лугатхои фаъол дохил мешаванд.

Тагйиротхо дар дигар кисматхои забон: фонетика, калимасози, грамматика хам мушохида мешаванд.

Дар солхои Хукумати Шурави тагйирот дар хамаи бахшхои забон: лексика, фразеология, фонетика, грамма- тика руй дод. Вобаста ба дигаргунихои ичтимои, сиёсию мадани ва тараккиёти илму техника ва сохахои гуногуни хочагии халк ба таркиби лугавии забони точики калимаю иборахои фаровоне ворид гардиданд, ки имруз хам дар ис- теъмоланд.

[1]  Иртибот – алока, робита, бастани чизе ба чизе

[2]  Иброз – ошкор кардан, нишон додан

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …