Мавзуи 6. МЕХНАТ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ
ИНСОН ВА ШАХРВАНД
Айб аст, ки дар хунар накуши,
Сад айб ба як хунар напуши.
Сохибхунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Мегуянд, ки мехнат одамро аз се мушкилии бузург ме- рахонад: дармондаги, фиск ва эхтиёч. Агар кас пешаи ду- рустро интихоб карда кор кунад, пас у хамеша хама гуна дарду ранчро аз сари худ дур карда, ба зиндагии шоиста ме- расад.Бояд донист, ки касбу хунари хуб давлати поянда ва чашмаи афзоянда буда, ба шахс рохату манфиат, хушбахти ва ободиву нур меорад.
Кор (мехнат) – воситаи асосии инкишофи хамачонибаи шахсият мебошад. Мехнат инсонро чун шахси баркамол му- аррифи карда, махз тавассути кушишу гайрат ва талошхои шабонарузи уро ба куллаи баланди максуд мерасонад, яъне инсон дар чараёни кор мавкеи худро дар чомеа пайдо карда, ташаккул меёбад.
Аз бар кардани илм ва хунар барои хар як инсон зарур аст. Хануз классикони адабиёти точик барои аз бар кардани касбу хунар ва илм таъкидхо кардаанд. Масалан, таргиби аз худ кардани илму хунар, аз чанбахои асосии афкори педа- гогии мутафаккири точик Саъдии Шерози мебошад. Ба ан- дешаи Саъди, олимон дорои неруе мебошанд, ки тавассути он инкишофи чамъият ва ташаккули симои маънавии инсон таъмин мешавад. Илму хунар зимни таълиму тарбия ба даст оварда мешавад. Илмро назди устоди комил омухтан зарур аст. Устоди сахтгиру серталаб шогирдро ба максуд мерасо- над, мегуяд Саъди.
Дар айни замон Саъдии Шерози талкин мекунад, ки илмро туфайли бахс метавон инкишофу такмил бахшид, зеро се чиз бе се чиз пойдор намемонад: «мол бе тичорат, илм бе бахс ва мулк бе сиёсат».
Хунарро Саъдии Шерози аз хама молу бойигари боло до- ниста мегуяд, ки «Туро пурсанд, ки хунарат чист, нагуянд, ки падарат кист?». Бинобар ин, масъалаи касбинтихобкуни аз пахлухои дигари андешахои педагогии мутафаккир ба хи- соб меравад. Ба кавли у, хамаи касбу хунархо хубанду шари- фанд ва шахс бояд пешаи худро дошта бошаду бо лаёкаташ мувофикат кунад, зеро касе, ки ба кори намедонистааш даст мезанад, хатман зиён ба худ ва хам ба атрофиён меоварад.
Абдурахмони Чоми таъкид кардааст, барои он ки инсон хор нагардад ва дар рохи зиндаги ба сарсонихову нобасомо- нихо дучор нашавад, бояд касб ё хунар дошта бошад. Воке- ан касб ё хунар инсонро хамеша сарбаланд мегардонад ва ба касе мухточу мунтазир намекунад.
Хануз дар замони худ Низомии Ганчави таъкид карда буд, ки махз тавассути донишомузи сатхи олами маънави ва хулку одоби инсон ташаккул ёфта, обру ва эътибори вай дар рафти тарзхои муоширати ичтимои ба зинаи баланд мебарояд. Ба фикри Низомии Ганчави, хар кадаре ки хо- нанда дар зинаи мактаби сохиби илму маърифат гардад ва дар айни замон ба у дар интихоби касбу хунар ёри расонда шавад, хамон кадар зудтар у ба мартабаи баландтар мера- сад, вале барои сохибилму сохибхунар шудан бештар илм омухтан, саъю кушиши зиёд кардан лозим аст. Барои он ки шахс сазовори хурмату эхтироми мардум гардад, бояд вакташро бехуда нагузаронида, бештар ба омузиши илму хунар машгул шавад.Ва у ин гуфтахояшро ба риштаи назм кашидааст:
Он руз, ки хафтсола буди,
Чун гул ба чаман хавола буди
В-акнун, ки ба чордах расиди,
Чун сарв бар авч сар кашиди.
Гофил манишин, на вакти бозист,
Вакти хунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузурги омуз,
То бех нигаранд рузат аз руз.
Агар ба ашъори адибони классику муосир назар андозем, мебинем, ки хар кадоме аз онхо одамро барои аз пайи як лукмаи нони халол шудану мехнатро барои худ шараф до- нистан таъкид кардаанд.
Аз ин ру, хеле мухим аст, ки шумо дар синну соли навраси ва ибтидои чавони харчи бештар фаъол шавед, то мавкеи чамъиятиатон тагйир ёбад. Бо ин максад, иштироки шумо дар корхои чамъияти боиси фаъолшавии бештар ва рушди чахонбиниатон хохад гардид. Аз тарафи дигар, ин гуна фаъ- олият мавкеи ичтимоии шуморо дар коллектив барчастатар мекунад.
Дар синну соли навраси ва ибтидои чавони дар баробари тахсили хубу аъло, дар хаёти шумо интихоби касбу хунар мавкеи мухимро ишгол мекунад, чунки кисме аз шумо пас аз хатми синфи 9-ум ба омузишгоххои касби-техники ё ба истехсолот ба кор меравед.
Бояд бидонед, ки пешравии чомеа, рушди самтхои мухталифи он низ аз кадрхо ва мутахассисони босалохи- ят вобастагии ногусастани дорад, яъне бо ибораи дигар, сарбаландии хар як кавму миллат натичаи кору захмат ва дастовардхои шахрвандони уст. Вале мутаассифона, баъзе наврасону чавонон баъди хатми мактаби миёна барои идо- маи тахсил ва сохиби касбу ихтисос шудан кушиш намеку- нанд, ва дар натича бе шугл мемонанд, ки ин омилхо боиси пайвастани онхо ба равияхои бегона мегардад. Аз тахли- лу мушохидахо маълум мешавад, ки баъзе хатмкардагони муассисахои тахсилоти оли ва ибтидоиву миёнаи касбии мамлакат дар пайдо кардани чойи кори мувофик ва шугли сазовор душвори мекашанд.
Чавононро зарур аст, ки оид ба касбхои бозори мехнат дар дохил ва хоричи кишвар маълумот дошта бошанд. Имрузу ояндаи худро ба фаъолиятхои муайян равона со- занд, зеро махз тасаввури ояндаи наздику дури худ ба инсон имконият медихад, ки дар зиндагии шахси макомеро пай- до кунад. Камолоти ичтимоии инсонро метавон бар асоси муносибати у ба ояндааш муайян кард. Бидуни муносибати бошуурона ба оянда, дарки баланди масъулияти касби ба даст овардани муваффакият мушкил аст. Инсон махз тавас- сути шинохти ояндаи наздику дур метавонад ба комёбиву пешрафт дар зиндаги ноил гардад.
Истиклолияти давлати хамон вакт устувору пойдор ме- гардад, ки хар як фарди чомеа ба кадри он расад ва онро хамчун дастоварди бузурги таърихи хифз карда, озодиву сохибихтиёрии миллиро асоси хушбахтии худ ва наслхои ояндаи миллат шуморад.Имрузу ояндаи худро ба фаъолиятхои муайян равона со- занд, зеро махз тасаввури ояндаи наздику дури худ ба инсон имконият медихад, ки дар зиндагии шахси макомеро пай- до кунад. Камолоти ичтимоии инсонро метавон бар асоси муносибати у ба ояндааш муайян кард. Бидуни муносибати бошуурона ба оянда, дарки баланди масъулияти касби ба даст овардани муваффакият мушкил аст. Инсон махз тавас- сути шинохти ояндаи наздику дур метавонад ба комёбиву пешрафт дар зиндаги ноил гардад.