Аз нуктаи назари иктисод истехсолоти хонаги истехсолоти майдаю дасти аст. Иктисоди оила бояд шиори зеринро дошта бошад: «Лутфан, маданияти мехнатро риоя кунед».
Менечмент ин илм дар бораи идоракуни аст. Менечер мудир мебошад. Фаъолияти менечер аз максад, вазифа, накшагири, ташкил, хавасмандгардони, назорат ва тасхех иборат аст.
Дар мехнати хонаги низ бояд сохтори менечмент амал кунанд:
- оила бояд максадхое дошта бошад, ки онхоро хамаи аъзои оила дарк кунанд;
- гурухбандии вазифахо барои муайян кардани намудхои кор бояд чунон сурат гирад, ки ба хар кор як нафар масъул бошад;
- ваколатхо бояд байни хамаи аъзои оила таксим карда шаванд. Тамоми бори оила набояд танхо ба души мард ё зан гузошта шавад.
- фарохам овардани шароите, ки коргаронро ба гузоштани хадди аксари сахм дар рохи ба даст овардани максад водор созад. Дар ин бобат сухани хушу мулоим воситаи хеле хуб аст.
- муносибатхои оилави бояд самарабахшии кабули карорхо, назорат ва мутобиккуниро таъмин кунанд. Дар ин бобат шурои оила, накшакашии якчоя, тахияву мухокимаи бучаи оила, чадвали кор ва гайра накши калон доранд.
Тахкики муфассали мукоисавии менечменти истехсоли, ки ба корхонаи оилави марбутанд, нишон медиханд, ки онхо умумиятхои зиёд доранд. Дар оила идоракуние амали мегардад, ки асосашро принсипхои зерин ташкил мекунанд:
- таксими мехнат, ки максади он бо назардошти кобилият, саломати ва тачриба аз чониби узви алохидаи оила ичро кардани намудхои мушаххаси кор аст;
- ваколат ва масъулият. Хар узви оила бояд ваколатхои худро дошта бошад ва масъулияти муайян низ ба зимаи у гузошта шуда бошад.
- интизом;
- ягонагии самт. Барои ба максадхои оила ноил шудан бояд хама ахлона мехнат кунанд.
- ба манфиати умум тобеъ сохтани манфиати хусусй;
- адолат. Арзёбии айнии фаъолияти хар узви оила. Тавъам сохтани некбинию хайрхохй ва муносибати танкиди дар арзёбии фаъолияти хар узви оила;
- ташаббускори ва эчодкори.
Вазифахои асосии менечмент дар иктисоди оила аз инхо иборат аст:
кушода додани иктидори эчодии хар корманд;
ташаккули оилаи муттахиду ахл;
конеъ гардонидани талаботи аъзои оила;
Дар иктисоди оила пудрати оилави амал мекунад. Ташкили мехнат, дар хона ба чадвали кор аз руйи пудрати (ичораи) оилави вобаста аст.
Сохтор ва харакати хонаводагиро аз бисёр чихат шумораи аъзои оила, сатхи даромади пулию натурали, шумораи кудакон, микроиклими оила, тамоилхои хаёти, хачми манзил, дарачаи таъмин будан бо техникаи рузгор, синну соли оила, мавчудияти нафакахурону беморон, шугли касби, талаботу пешниходи мол ва гайра муайян мекунанд.
Дар оила бояд ташкили илмии мехнат (ТИМ) амал кунад. Барои ташкили окилонаи мехнат банакшагири, омодагии чидди, тозагию тартибот дар чойи кор, речаи кор, сабру тахаммул зарур аст. Ташкили илмии мехнат банакшагириро такозо мекунад. Накшагири се намуд мешавад: дарозмухлат (гилемафшони, таъмири манзил, хонабардори); хархафтаина (чомашуйи, дарзмолкуни, таъмири чории либос ва гайра), харруза (зарфшуйи, хонаруби ва гайра).
Накшаро маъмулан барои давраи муайян тартиб медиханд. Руз, хафта, мох, сол. Хар узви оила бояд накшаи худро дошта бошад. Накшаи умумиро низ тахия кардан мумкин аст. Онро ба девор овехта мондан бехтар аст. Накшаро дар шакли чадвалхои хонаруби, чомашуйи ва гайра тартиб додан мумкин аст. Намуди накша ва таксими корхои асоси ба анъанахои оила вобаста аст.
Ба диккати хонандагон якчанд коидаи ташкили мехнатро пешниход мекунем.
- Пеш аз огози хонабарори, хамаи корхоро чунон фикр кардан лозим аст, ки дар майнаатон амсилаи корхои тайёр ва тамоми тартиби амалиёти мехнатталаб акс ёбад.
- Ба кор танхо пас аз омода сохтани асбобу ускуна ва анчоми ёрирасон огоз кунед.
- Дар чойи кор ягон чизи нодаркор набояд бошад.
- Хамаи асбобу анчом бояд тибки тартиби муайян чобачо гузошта шаванд.
- Корро тадричан огоз кардан лозим аст, зеро якбораю саросема сар кардан натичаи матлуб намедихад.
- Кор бояд якнавохту ботадрич бе болою пойин ё бе мадду чазр гузарад.
- Дар рафти кор хатман истирохат кардан лозим аст.
- Дар вакти кор хурок хурдан, чой нушидан лозим нест. Нушокихоро факат барои шикастани ташнаги истеъмол кардан мумкин аст.
- Агар кор пеш наравад, тезу тунд нашуда, танаффус кардан лозим аст.
- Кори бомуваффакиятро якбора нишон додан лозим нест. Каме сабр карда, ба комёби одат кардан даркор аст.
- Дар мавриди нокоми андухгин нашуда, корро идома додан ба манфиат аст.
- Баъди ба охир расидани кор хама чизро гундоштан зарур аст.
Баъзе маслихатхо оид ба ташкили хонаводаги:
бо рухияю кайфияти бехтар ба кор шуруъ кунед;
суруд гуш карда, кор кунед, кор тезтару бофарахтар пеш меравад;
якчанд корхои хонаро андар якдигар ичро кардан лозим аст. Як кисми либоси чиркинро ба мошини чомашуйи андохта, чангкашакро гирифта, хонаро тоза кардан ё чихози ношустаро шустан мумкин аст;
сухани нагзро аз наздиконатон дарег надоред, махсусан агар онхо корашонро хуб ичро кунанд;
корхои хонаро чамъ карда намонед. Хамаи корхо бояд дар вакти худаш ичро шавад.
Боре яке аз бонкхои амрикои ба мардони пасандозгузор чунин пешниход кард. Хисоб кунед, ки завчаатон дар рузгордори чи кадар пулро сарфа мекунад. Маълум гардид, ки агар ба онхо л
аз руйи мохонаи фаррош, ошпаз, чомашуй музди кор дихем, маблаги умуми аз маоши шавхар хеле зиёд мешавад.
Хар як узви «бригадаи комплекси»-и оилави омода аст дар хамаи китьае, ки мехнати у зарур ва мувофики максад аст, кор кунад. Ягон кори махз ба як узви оила вобасташуда вучуд надорад. Бинобар ин, кори хона шавковар буда, он дар одамон малакаю чолокиро ба вучуд меорад. Гайр аз ин ба натичаи кор – ба тозаю озода будани хона хамаи аьзои оила манфиатдор ва шавкманданд.
Албатта, майли хар як узви оиларо ба назар гирифтан лозим аст. Кореро, ки кас дуст намедорад, мачбуран фармудан лозим нест. Аз огоз бояд принсипи зарурат ва дорои ахамият будани хамаи корхои хона эьлон карда шавад. Масьулияти дастачамьона нихоят бори хеле вазнини занонро сабук мекунад ва ба зиммаи онхо танхо вазифаи ташкилоти, сарвари бригадаи ахлу тифоки оилави вогузор мегардад.
Саволхо барои санчиш:
- Менечмент чист?
- Унсурхои менечментро номбар кунед.
- Принсипхои асосии идораро гуед.
- Ба вазифахои асосии менечмент дар иктисоди оила кадом вазифахо мансубанд?
- «Ташкили илмии мехнат» гуфта, чиро мефахмед?
- Барои ташкили илмии мехнат чи лозим аст?
- Чи тавр кори хонаро мувофики максад ташкил кардан мумкин аст?