Главная / Илм / МЕРОСИ АДАБИИ ХОФИЗ

МЕРОСИ АДАБИИ ХОФИЗ

Шамсиддин Мухаммад Хофизи Шерози пас аз марг ба оянда- гон мероси пурарзише боки гузоштааст. Албатта, бузургии асар, бузургии осор дар микдор нест. У мисли баъзе адибони классик сад – дусад хазор байт нагуфтааст, камтар гуфтааст, вале хуб- тар гуфтааст. Адиб метавонад бо як асар чахонгир гардад ва ё машхури дунё шавад ва наслхои оянда уро чу пайгамбари су- хан бишносанд. Хофиз хамин гуна шоир буд.Аз газал ва танхо аз газал дар тамаддуни башари кохи бегазанд афрошт. Оре, ин кохи бегазандро пас аз си соли марги шоир дусти мехрубон, шогирди кадрдонаш Мухаммади Гуландом мураттаб сохта, ба шакли де- вон даровард. Девон аз 495 газал, 5 касида, 43 рубои 34 китъа, «Сокинома» иборат аст. Микдори абёти девони Хофиз 4650 байт- ро ташкил медихад.

Хонандагони азиз, шоиста он бошад, ки мову шумо бо чунин бузургонамон ифтихор кунему ифтихор дошта бошем. Аммо иф- тихор хануз кам аст. Мо бояд саъй бикунем, ки худшинос бошем, забони худ, халки худ, ватани худро эхтиром кунем ва фарзандо- ни фарзонаашро мисли Хоча Хофиз кадрдони ва эхтиром намоем.

Акнун бармегардем ба сари мероси адабии Хофиз. Дар бо- раи мазмуну мухтавои газалиёти шоир андактар таваккуф хохем кард. Алхол бубинем, ки касидаю рубоиёти Хофиз чи мазмуну мухтаво доранд. Шоир дар онхо ба кадом масъалахои зиндаги панча задааст.

Рубоиёти шоир дорои мазмунхои гуногун мебошанд. Пеш аз хама, шоир дар рубоихояш ишки поки инсониро хеле чозибанок васф кардааст:

Он турки паричехра, ки хасДи чон Дошт,

МонанДи пари чехра зи ман пинкон Дошт.

Гуфтам: «Дахани танги ту гуйи кеч аст?!»

Гуфто, ки «Аз ин кеч тамаъ натвон Дошт».

Дар рубоии зер Хофиз аз зиндаги бахра бурдан, бо гулан- доме нишастан ва аз дасти у чоме гирифтанро сармояи хуши ва рузгори босаодати хеш медонад:

То кукми казои осмони бошаД,

Кори ту камеша шоДмони бошаД.

Гар чоми майе зи Дасти ту нуш кунам,

Сармояи умри човидони бошад.

Хофиз дар баъзе рубоиёташ инсонхои баду бадкирдорро ма- заммат намуда, панд медихад, ки аз ин рох баргарданд, ба некон бадию ноодами накунанд ва мисли деву дад нашаванд, магрур, мутакаббир набошанд ва фурутану хоксор бошанд:

Бо мардуми нек бад намебояд буд,

Дар бодия деву дад намебояд буд.

Мафтуни маоши худ намебояд шуд,

Магрур ба акли хуД намебояД буД.

Дар содагию равони рубоиёти Хоча рубоию дубайтихои халкиро ба хотир меоранд, ки бисёр равон ва фахмою дастрасанд:

Аз халк:

Дури зи ману зи ман саломат боДо!

Чону Дили ман фиДои номат боДо!

Ман бе ту нафас намекашам дар олам,

Бе ман ту нафас каши, харомат боДо!

Аз Хофиз:

Рузе, ки фирох аз ту Дурам созад,

Дар хачри рухи ту носабурам созад,

Гар чашм ба руи Дигаре боз кунам,

Хакки намаки кусни ту курам созаД!

Аз Хоча Хофиз то замони мо се касида омада расидааст, ки онхо мадхй мебошанд. Дар ин касидахо кору амали Шох Шучоъ таърифу тавсиф шудаанд. Дар касидаи сеюм вазири Шох Шучоъ – Кавомуддини Мухаммад мадху ситоиш ёфтааст. Касидахои Хоча Хофиз аз нигохи шаклу сохт, яъне тарзи кофиябанди, матлаъу мактаъ ва риоя шудани кисматхои насиб, ташбиб, таъриф, талаб ва хотима ба касидахои шоирони пешина монанд бошанд хам, аз нигохи мазмун ва мундаричаи гояви то андозае фарк дошта, бештар ба касидахои Шайх Саъди монанди доранд. Ин монанди дар чист? Ин монанди дар он зохир мегардад, ки Хофиз хам Шох Шучоъ ва Кавомуддини Мухаммадро ситоиш карда бошад хам, онхоро ба адлу дод, ба фукаропарвари даъват кардааст. Албатта, дар гузориши ин масъала ба дарачаи Саъди нарасида бошад хам, ба хар хол иззати нафс ва кудрати хешро дар назди шоху вазир нигох дошта тавонистааст.

Инчунин кобед

565

Назарияи харочот: тахкик ва тавсифи он аз нигохи мактабхои мухталифи иктисоди

Захирахо (омилхо)-и иктисоди ба сифати унсури асосии харочоти истехсоли сурат гирифта, вобаста ба сатх ва …