Бо камоли боварй метавон гуфт, ки девони Камол пурра то замони мо омада расидааст, ки он шомили 14 хазор байт мебо- шад. Эчодиёти шоир дар жанрхои хурди лирики: газал, рубой, китъа ва касида суруда шудаанд. Дар ин маъни Абдурахмони Чоми дар боби хафтуми «Бахористон» чунин мегуяд: «Вай дар ла- тофати сухан ва диккати маъни ба мартабаест, ки беш аз он мута- саввир[1] нест». Худи Камол ба хамин маъни ишорат намуда, дар як газалаш мегуяд:
Чу девони Камол афтад ба дастат,
Навис аз шеъри у чанДон, ки хохи.
Хаёлоти гарибу лутфи харфаш
Агар хохи, ки дарёби камохи,[2]
Зи хар лафзаш равон магзар, чу хома,
Ба хар харфаш фуру рав чун сиёхи.
Девони Камол бештар аз газал иборат аст. 95 фоизи шеърхои девонро газал ташкил медихад. Дар девон 977 газал, 101 китъа, 37 рубои, 11 муаммо, 1 мустазод ва 4 касида дохил гардидаанд.
Мусаллам гардид, ки Камол дар сурудани касида чандон майлу хохиш надошт. Сабаби ин дар чист? Ва ин суолро хануз Давлатшохи Самарканди чавоби неку дода: «Шайхро илтифо- те ба мадхи мулук… набуда». Бинобар ин, ба ин жанр чандон таваччух накард ва пас аз газал ба сурудани китъаот бештар майл намуд. Боз ин фикрро худи шоир таквият медихад:
Дасти султонон намебусад Камол,
Нест султонро ба дарвеш эхтиёч.
Камоли Хучанди аз адибони бузурги гузашта хунари шоири, балогату фасохати каломи бадеиро омухт ва хифз намуд. Шоир пеши бузургони адаб чун устод Рудаки, Фирдавсию Носи- ри Хусрав, Фаррухию Манучехри, Саноию Аттори Нишопури, Чалолиддини Балхию (Руми) Амир Хусрав, Саъдии Шерози сари таъзим фуруд овард. Эчодиёти онон барояш мактаби омузиш. Камол бухусус ба Саъди ва Хоча Хофиз мухаббати хосса дошт. У дар як газалаш Саъдиро ба Рустами Дастон ташбех намуда, хеш- ро хамоварди тавонояш ба калам додаст:
Гуфтем чавобе на кам аз гуфтаи СаъДи,
Балк-ин Ду газал хубтар аз якДигар афтоД.
Ин лоф на дархурди Камол аст, валекин
Бо Рустами Дастон бизанаД, хар ки ДарафтоД.
Шоир ба бисёр газалиёти Саъдй ва Хофизи Шерозй на- зира гуфтааст. Ин амали шоиста ду сабаб дорад. Нахуст, шоир ба газале чавоб мегуяд, ки чи аз лихози мазмун ва чи аз лихози шаклу санъати бадеи оли бошад. Дигар шоир ба ин восита ба сохиби газал хусни таваччух ва махбубияти хосса доштани хеш- ро таъкид менамояд. Аз хамин нигох Саъди ва Хофиз ба Камол наздик буданд ва ба онхо мехр дошту эшонро кутби газал медо- нист. Таваччух кунед:
Камол:
Биё, сохи, ки бехи гам ба Даври гул баранДозем,
Махе гулгун талаб Дорему гул Дар согар анДозем.
Хофиз:
Биё, то гул барафшонему май Дар согар андозем,
Фалакро сакф бишкофему тархе нав ДаранДозем.
Шоистаи гуфтан аст, ки ин ду шоири бузург на танхо дар су- хан, балки дар амал бо хам наздик буданд, гоибона ба хам их- лос ва мехру мухаббат доштанд. Ба воситаи нома аз холу ахволи якдигар огох мешуданд, газалхои тару тозаи хешро ба воситаи номахо хадяи якдигар мекарданд.
- Ёр гуфт: «Аз гайри мо пушон назар!». Гуфтам: «Ба чашм», «В-он гах,е ДузДиДа Дар мо менигар». Гуфтам: «Ба чашм»
- Гуфт: «Агар ёби нишони пойи мо бар хокирох, Барфишон он чо ба Доманхо гухар!» Гуфтам: «Ба чашм».
- Гуфт: «Агар сар Дар биёбони гамам хохи нихоД, Ташнагонро муждае аз мо бибар!» Гуфтам: «Ба чашм».
- Гуфт: «Агар гарДаД лабат хушк аз Дами сузони мо,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар!» Гуфтам: «Ба чашм».
- Гуфт: «Агар бар остонам об хохи заД зи ашк,
Хам ба мижгонат бируб он хоки Дар».Гуфтам: «Ба чашм».
- Гуфт: «Агар гарДи шабе аз руи чун мохам чуДо,
То сакаргокон ситора мешумар». Гуфтам: «Ба чашм».
- Гуфт: «Агар дори хаёли дурри васли мо, Камол,
Каъри ин Дарё бипаймо сарбасар». Гуфтам: «Ба чашм».
Тазкиранигорон, аз чумла Давлатшохи Самарканди ёд меку- нанд, ки чун Хоча Хофиз байти сеюмро хонд, об дар чашмонаш халка зад ва гуфт: «Вокеан, пояи ин мард бисёр баланд аст».
Оре, газали «Ба чашм» дар фасохату балогат олист. Ба хамин хотир, дар асрхои пасин ин газал дар байни адибон маъруф гашт ва чандин шоирон ба он назира гуфтанд.
[1] Мутасаввир – кобили дарк, тасаввуршаванда.
[2] Камохи – хакикат, вокеият, хамин тавре ки хаст.