Хамон тавре, ки дар боло ишорат шуд, Хусайн Воизи Кошифи донишманди мумтоз ва нависандаи маъруфи адабиёти точику форс махсуб меёбад ва зиёда аз 40 асари илмию адаби офарида- аст, ки дар зер мухимтарин асархои Кошифиро зикр хохем кард:
- «Сабъаи Кошифи». Ин асар соли 1473 – 1504 навишта шуда, дар бораи илми нучум бахс мекунад. Дар ин асар мухаккик дар бораи хафт ситора маълумот дода, хусусиятхои хоси онхоро баён кардааст. Хамин тавр, хонанда мувофики инкишофи илми онруза дар бораи ситорахои хафтдодарон маълумоти муфассали илми ва амали мегирад. Умуман, дар асри XV илми нучум хеле пеш рафт. Дар расадхонаи Мирзо Улугбек бисёр донишмандо- ни сохибном, чун Алии Кушчи, Козизодаи Руми ва Хусайн Вои- зи Кошифи кор карда, вазъи чирмхои осмониро муайян менаму- данд ва пасон мисли Кошифи андешахои худро дар асархояшон чамъбаст мекарданд.
- Метавон бо камоли бовари зикр кард, ки Кошифи дар пе- шаи тафсири «Куръон» камназир будааст. «Тафсири Хусайни» яке аз шохкорихои ин донишманд буда, тайи беш аз 500 сол аст, ки дар кишвархои ислом дар байни муслимин даст ба даст мегар- дад ва маълуму машхур аст. «Тафсири Хусайни» дар байни солхои 1492 -1494 иншо шудааст. «Куръон»-ро тафсир намудан кори хар кас нест. Бояд тафсиргар дониши комил дошта бошад ва боз аз илмхои дигар, фархангу адаби халкхои мухталифи кишвархои ис- лом вукуфи тамом дошта бошад. Кошифи аз ин илмхо бархурдор буд ва тавонист ин асари бузургро офарад
- Хусайн Воизи Кошифи соли 1470, яъне дар 50- солагиаш ба тафсиркорию тарчумаи асархои ахлокию дини даст задааст. У чил хадиси Расули Акрамро аз забони араби ба точики ба назму наср баргардонида, онхоро бо далелу бурхонхои котеъ шарх дода- аст. Хадисхои пайгамбар Мухаммади Мустафо, ки дар мавзуъхои ахлоки будаанд, аз тарафи Кошифи бо абёти адибони бузурги гу- зашта ва муосираш ба хонандагон фахмонда шудаанд. Ин рисо- ла бо номи «Рисолатулилмия фи аходисиннабавия» машхур ме- бошад. Мазмун ва мухтавои ходисахои он ин аст, ки Расули Худо дарёфти дониш ва амали гардондани онро зарур медонад.
- Номанависи ё иншонигори яке аз илмхои мухимми асрхои миёна буд. Вале дар бораи хусусиятхои илми ва назарии ин фан маълумот хеле кам буд ва ахли калам ба чунин асархои назарияви ниёзи сахт доштаанд. Кошифи ин камбудиро дарк кард ва доир ба хамин илм «Махзанулиншо»-ро офарид. Асари мазкур хам чанбаи назари ва хам амали дорад. Муаллиф аз нигохи назари хусусиятхои иншонигори, номанависи, сабку усули хоссаи ин фан- ро баён намуда, пасон доир ба хар як навъи он мисолхои мушах- хас меорад, ки бисёр андешахои мутафаккир имруз хам кобили кабуланд ва ахамияти калони назари ва амалиро доро мебошанд.
- «Бадоеъулафкор фи саноеъулашъор». Ин асар чанбаи назари ва хам амали дорад. Мусаллам аст, ки доир ба илми адабиётшиноси хануз дар асрхои Х-Х1 асархои пурарзиш офари- да шуда буданд. Ин анъана дар асри XV хам давом ёфт. Асари «Бадоеъулафкор» махз ба хамин мавзуъ бахшида шудааст. Аз ни- горишоти Кошифи равшан мегардад, ки у ин мавзуи мураккаби адабиро хеле хуб медонистааст. Кошифи андешахои мухаккикони асрхои пешинро омухта, онхоро аз нигохи нав, аз нуктаи назари танкиди халлу фасл намудааст. Кошифи дар бораи 300 санъати бадеи маълумот дода, хар як санъати бадеиро бо мисолхои му- шаххас ба хонанда мефахмонад. Хусайн Воиз ин асарро соли 1489 иншо намудааст.
- «Саргузашти Хотам». Ин асар дар байни мардум машхур аст. Дар бораи Хотами Тай дар байни халкхои Арабу Ачам наклу ривоятхои зиёд мавчуд аст. Хотам хамчун шахси таърихи дар асри VII дар Арабистон зиндаги мекард. У марди саховатпеша ва накукор буд. Вале ба ин дарачае, ки дар бораи у ровиёну нокилон, адибону таърихнигорон нигоштаанд, набудааст. Яъне дар масъ- алаи чуду саховат нигорандагони асрхои пешин ба муболига рох додаанд ва бехтарин андешахои хешро доир ба мавзуи чуду сахо дар накши Хотам ба калам додаанд ва уро ба як шахси афсонави монанд кардаанд.
Ин асари Хусайн Воизи Кошифи бо чанд ном зикр шудааст. Онро гох «Хотамия», «Саргузашти Хотам» ва «Хотами Тай» ном мебаранд. Шояд дурусттараш «Саргузашти Хотами Тай» бошад. Дурустии ин ном аз он хотир аст, ки вокеан Хотам хамчун шах- си таърихи ба кабилаи Тайи араб мансуб аст. Хотам шоир буду марди саховатпеша, ана хамин чиз уро дар дунё машхур кард. У пеш аз вуруди ислом рузгор дошт. Пас аз маргаш дар байни мар- думи араб дар бораи саховатмандии Хотам наклу ривоёт пайдо шудаанд. Баъд, бо омадани ислом ба сарзамини Мовароуннахру Хуросон, дар байни ахолй наклу ривоятхо дар бораи Хотам пахн шуд ва хамин тавр то асри XV, то замони Хусайн Воизи Кошифи омада расидаанд. Бештари ин наклу ривоятхо бо забони араби буданд. Кошифи онхоро гирд овард, омухт ва ба забони точики тарчума намуд. Хамин тавр, дар натичаи саъю талошхои зиёд, мехнату захмати нависанда китоби хондание бо номи « Саргу- зашти Хотами Тай» ба вучуд омад.
Аз нигохи сабки нигориш «Саргузашти Хотами Тай» мисли асархои насри ривояти кисса андар кисса ё хикояти андар хикоят аст. Барои фахмидани мазмуну мохияти як хикояти аввал чандин хикояти дигарро бояд мутолиа кард. Онхо ба хам чун лаълпорахои ба як ришта кашидашуда ё донахои тасбех шабех хастанд. Аммо як фарки назарраси асари Кошифи аз онхо дар он аст, ки хамаи хикояту ривоят дар гирду атрофи як шахси таърихи – Хотам шо- мил гардидаанд. Бисёр навоварию тозакорихо аз лихози забон ва тарзи гуфтор ба сабки баёни Хусайн Воизи Кошифи хос аст. Ме- тавон асари Кошифиро аз нигохи забону тарзи баён дар байни насри ривояти ва насри адаби ба як шохпул монанд кард. Баъзе киссахои он ба повесту романхои имруза монанд мебошанд. Чу- нин асархо дар рузгори пешин барои мардуми оди, камсавод даст- рас буд ва суди беш хам меовард. Дар маъракаву чамъомадхо, дар масчиду бозорчойхо бозори киссахонон хеле гарм буд, ки яке аз асархои хондани хамин «Саргузашти Хотами Тай» махсуб шуд. Бештари адибони бузурги мо аз ин файз бахра бурда бурданд ва пасон бо камоли ифтихор он рузхоро ба ёд меоварданд.
«Саргузашти Хотами Тай» аз хафт боб иборат аст. Хар як кисм мустакил буда, дар онхо кору рафтори Хотам инъикос ёф- тааст. Агарчи ин хафт боб мустакиланд, боз бо хам аз нигохи мавзуъ, максади ягона доштанашон ва кахрамони асоси Хотам буданашон пайванданд.