То солхои наздик олимон акида доштанд, ки мавчудоти зин- да аз гайризинда бо мубодилаи моддахо, харакат, барангезиш, инкишоф, мутобикат фарк менамоянд, вале тадкикотхои минбаъ- да нишон доданд, ки чунин хосиятхо дар алохидаги дар табиати гайризинда низ вомехуранд, бинобар ин, онхо хосиятхои махсуси хаёт шуда наметавонанд.
Мувофики маълумоти илмии хозира табиати зинда аз табиа- ти гайризинда бо 12 хосият фарк мекунад:
- Таркиби махсуси химияви. Дар таркиби организмхои зинда хамон элементхоеро дидан мумкин аст, ки онхо дар табиати гай- ризинда низ вомехуранд. Бо вучуди он, таносуби элементхо дар табиати зинда ва гайризинда як хел нест.
Элементхои таркиби ашёи гайризинда, асосан аз оксиген, си- литсий, охан, магний, алюминий ва гайрахо иборатанд. Такрибан 98 фоизи таркиби организмхои зинда аз чахор элемент – карбон, оксиген, нитроген ва хидроген иборат аст. Онхо дар чисми ор- ганизмхои зинда дар шакли молекулахои мураккаби органики вучуд доранд. Пахншавии онхо дар табиати гайризинда микдо- ран ва сифатан фарк мекунад. Аксарияти молекулахои органикии мухити беруна махсули фаъолияти хаётии организмхои зинда ме- бошанд.
Дар организмхои зинда чанд гурухи асосии молекулахои орга- ники мавчуданд. Онхо вазифахои махсус дошта, аксарияташон по- лимерхои танзимкунанда мебошанд. Дар чойи аввал кислотахои нуклеинат – КДН ва КРН карор доранд. Онхо кобилияти аз насл ба насл гузаронидани аломату хусусиятхои организмро дошта, дар раванди тагйирпазири ширкат меварзанд. Кислотахои нукле- инат метавонанд худ аз худ хосил шаванд. Чойи дуюмро сафедахо мегиранд. Онхо сохтори асосии организми зинда ё биокатали- затор мебошанд. Дар чойи севум ангиштобхо ва чарбхоянд, ки кисми таркибии мембранаи биологи ва девори хучайраро ташкил дода, манбаи асосии энергия ва фаъолияти хаётии организмхои зинда мебошанд. Дар охир, дар чойи чахорум гурухи калон ва гу- ногуншакли «молекулахои хурд» меистанд, ки дар раванди мубо- дилаи моддахои организмхои зинда иштирок менамоянд.