Главная / Гуногун / МОЛИКИЯ

МОЛИКИЯ

Моликия ки пайравони Имом Молик ибни Анас ал-Асбахи (732-795) буда, дар нимчазираи Арабистон ба вучуд омада,баъдан дар Миср, Африкои Шимоли ва Андалус интишор меёбад. Дар фикх сарчашмаи асосии онхо Китобу Суннат буда, дар якчояги дар истилох “Ан-н а с с” номида мешавад. Фатвои сахобаро хамчун чузъи суннат медонанд. Яке аз хусусияти ин мазхаб он аст, ки амали мардуми Мадинаро дар рузгори Имом Молик (саддаи дуввуми хичри) низ хуччат мешуморанд. Далелашон ин аст, ки мегуянд: амали мардуми Мадина дар он замон мумкин нест, ки тибки феълу кавли Паёмбари ислом(с) набошад. Пас аз инхо ба киёс, истехсон, масолихи мурсала мурочиат мекунанд.

Истехсон хукми афзалиятнок, ба маъни афзал донистани истислох ба киёс аст, яъне агар имконияти интихоб кардан вучуд дошта бошад, дар сурати шубха вучуд доштан, ба истислох (ё масолихи мурсала), яъне мухокимаи мустакили аклони руй бояд овард. Ба хамин усул усули хукми аклони (ратсионалисти)-и а з -з а р о ъ и- яъне хукм оид ба ичозат ва ё манъ кардан, ки маъниаш он аст,ки хамаи он чизе, ки дар охири охирон ба харом меорад манъ бояд кард ва хар он чизе, ки ба халол меорад ичозат бояд дод.

Усули асосии фикхи мазхаби моликия дар китоби Молик ибни Анас “ал-Муватта” ва шарху хошияхои он дода шудааст. Тавзеху такмилхои он “ал-Мудаванна ал-кабира” ном дорад. Аз осори баъдии моликия маъруфтаринаш “Ал- Кавонин ал фикхия фи тахлисил- мазхабил-моликия” мебошад, ки ба калами Абулкосим ибни Чаззи (ваф.1340- 1341) тааллук дорад. Инчунин метавон “Ал-Мухтасар”-и Саиди Халил (ваф. 1365-1366)-ро ном бурд.

Дар холи хозир мазхаби моликия дар Марокаш ,Алчазоир, Тунис, Либия, Кувайт, Ба храйн амал мекунад.

Инчунин кобед

Маъод ва фалсафаи хаёту марг дар ислом

Масъалаи марг ва хаётро метавон хамчун масъалаи асосии бахси маъод талакки кард. Чунон, ки таърихи …