Тафсир дар доираи маорифи исломи ва тамаддуни чахони накшу макоми муътабаре дорад ва номи як катор муфассирони Куръонро бешак дар катори бузургони тамаддуни умумибашарк метавон ном бурд. Хушбахтона осор ва номи муфассирони Куръони мачид ва тафсирхои маъруф то ба мо омада расидаанд. Одатан, муфассирони Куръонро хадди акал ба се гурух таксим кардаанд: сахобахо, тобиъон (онхое, ки пас аз сахобахо омадаанд) ва донишмандоне, ки дар илми тафсир китоб навиштаанд. Ногуфта намонад, ки дар тафсири Куръон, чун дар дигар илмхои исломк накши халкцои эронк дар мукоиса бо дигар халку миллатцои мусалмон барчастатар аст.
Саид Махмуд Таботабоии Ардакони мефармояд, ки бештари донишмандони улуми куръони бар онанд, ки нахустин шорех ва муфассири Куръони карим, худи Паёмбари ислом (с) будааст.[1] Табиист, ки Паёмбар (с) хар гох барои мусалмонон ва ё аъроби тозаворид ба Ислом хар чоеро, ки аз Куръон фахмо набуда шарху тавзех медода, мазмуну гояи он оятро равшан мекарда ва ин гуна тафсирхо бештар хусусияти саволу чавобро доштаанд.
Баъд аз Паёмбар (с) ба тафсири Куръон сахобахо ва ёрони наздики Паёмбар (с) даст задаанд ва аз миёни онхо номхое чун: Алй ибни Абатолиб (ваф. 40 х.к.), Абдуллох ибни Аббос (ваф.с. 68/688), Убайня ибни Каъб, Абдуллох ибни Масъуд, (ваф.с. 32.х.к.) Зайд ибни Собит (дар баъзе адабиёт Зайд ибни Хорис ёд шуда), Абумусо Ашъарй, Абдуллох ибни Зубаёр, Анас ибни Молик, Абдуллох ибни Амру ибналос- Чарир ибни Абдуллохи Ансорй бештар аз дигарон ёдоварй шудаанд. Инчунин дар катори Алк ибн Абитолиб хабархо оид ба се халифи рошидин дигар: Абубакр, Умар ва Усмон низ дар мавриди тафсир шудани Куръон аз тарафи онхо, мавчуданд.
Аз байни сахобахои номбурда бештар аз хама дар мавриди Ибни Аббос, амакбачаи пайгамбар, асосгузори сулолаи аббосиён хамчун муфассири Куръон сухан рафтааст. Уро «Тарчумонулкуръон» ва «Раисулмуфассирин»- лакаб додаанд. Инчунин гуянд, ки Паёмбари акрам (с) дар хакки у дуъо карда фармудааст: «Худоё дар ин дин факехаш кун ва таъвили Куръонро фаро ёдаш дех».[2] Гуфта шудааст, чун аз сардафтарони хонадони аббосиён буд, баъдан дар даврони хилофати аббосй бисёрхо аз руи маслихату манфиати шахсй ва сиёсй ба у истинод кардаанд. Аз ин сабаб дар мавриди сахех будан ё набудани бисёре аз тафсирхое, ки ба калами у нисбат медиханд шубха низ мавчуд аст. Ба хар сурат Ибни Аббос яке аз нахустин ва бузургтарин муфассирони сохибкитобии Куръон ба шумор меравад.
Пас аз сахобагон даврони тобиъон, яъне он касоне, ки сахоба ва ёрони пайгамбарро дар замони зиндаги дарёфтаанд ва аз онхо бахраманд шудаанд, мерасад. Ин муфассиронро ба ду гурух чудо кардаанд «асхоби Ибни Аббос» ва «асхоби Ибни Масъуд». Асхоби ибни Аббос бештар аз ахли Макка хастанд, ки аз чумла номхои: Мучохид ибни Чабри Макки (ваф. 105/721), Товус ибни Кисони Ямани (ваф. 106/729) ва Ато ибни Абераббохи Макки (ваф. 104/732) ёд шудаанд. Инчунин ба сифати шогирдони Ибни Аббос Саид ибни Чубайр? (ваф. 713), Икримо (ваф. 724), Абусолих? 5 адам (ваф. 719) ёд кардаанд.
Аз асхоби Ибни Масъуд, ки голибон уламои Куфа хастанд – Алкама ибни Кайс (ваф. 102), Асвад ибни Язид (ваф. 75 х.к.), Иброхим Нахъи (ваф.95) ва Шаъби (ваф.104) бештар шухрат доранд. Ба гайр аз гуруххои номбурда муфассироне аз атбоъ (пайрави тобиъин низ хастанд, ки асомии онхо чандон машхур нест, вале дастае низ будаанд, ки ба чамъоварии гуфтахои сахобагон ва тобеъин машгул шудаанд, аз он чумла Суфиён ибни Айани, Вакиъ ибни ал- Чаррох ва Шабъа ибни ал-Хаччоч мебошанд.[3]
Маълумоти муфассале дар мавриди сахобагон ва тобеъин ва донишмандоне, ки дар илми тафсир китоб навиштаанд дар сарчашмахое чун «Фехрист»–и Ибн Надим, «ал-Иткон фи улумил-Куръон»-и Суюти ва «Кашфуззунун» мундарич аст, алокамандони маълумоти бештар метавонанд ба ин маъхазхо мурочиат кунанд. Аммо ба шумори маъруфтарин тафсирхо метавон аз тафосири зер ном бурд:
- Тафсири Табари . Агар кадимтарин тафсири мудаввани Ибни Аббосро истисно кунем, нахуст тафсири комилтарин ва муътабартарин, дар асри дувуми хилофати аббосиён (аз с. 232 то 334 х.к. ), «Тафсири Табари» аст бо номи «Чомеъулбаён фи тафсирал Куръон».[4] «Тафсири Табари» дар вокеъ аз бузургтарин ва пурарзиштарин тафсирхои Куръон аст. Муаллифи ин тафсир, Абучаъфар Мухаммад ибни Чарир Табари (224 х.к. 310 х.к./923 м.) муаррих ва мухаддис ва факехи машхур аст. Дар бисёре аз илмхои замони худ пешво шуморида шудааст. Дар сохаи фикх мактаби фикхии худро бо номи «Чаририя» доштааст. Табари аз ахли шахри Омули Мозандарон аст. Давраи кудаки ва навчавониро дар хамин чо гузаронида таълимоти ибтидок ва мукаддимаи илмхоро назди падараш, ки марди донишманде буда, фаро гирифтааст. Сипас муддате дар Куфа, Басра, Шом ва Миср сафар ва икомат кардааст. Вале асосан дар Багдод то охири умр зиндаги мекунад. «Тафсири Табарк» ба амри Нух ибни Мансури Сомони дар замони салтанати у ба василаи вазири маъруфаш Абулфазли Балъами ба форси тарчума мешавад.
Тафсири «Чомеъулбаён» маъсур-наклк аст, аммо назар ба ин ки шомили мубоцисоти назарк ва истинботии бисжре аст дар асри худ аз чумлаи тафосири аклк ба шумор рафтааст. Аммо баъдцо пас аз он ки тафосири аклии муцимме нигошта шуд аз ацамияти назарии он коста шудааст.[5]
Алиасгари Халаби бо иснод ба гузаштагон фармуда, ки «эътибор ва ахамияти «Тафсири Табари» чунон бузург буд, ки хамвора муфассирони баъди хам шиъи ва сунни онро «манбаи илм» ва «санади устувори тафсир ва таъвил» мешуморанд. Сипас у аз кавли Имом Фаргонии Ханафк (ваф.569/1173 м) яке аз бузургони ахли суннат дар ситоиши ин тафсир матлаби зерро овардааст. «Хар кас бихохад Куръонро чунонки нозил гашта, бишнавад, бояд ин китоб, яъне Тафсири Табариро; бишнавад». Ва хамчунин аз Ибни Хузаймаи Нишопури оварда, ки «Ман руи замин касеро донотар аз Абучаъфар намешиносам ва ханобила бар вай ситам кардаанд».[6]
Табари вокеъан бо ду китоби калонхачми худ «Чомеъулбаён фи тафсирил – Куръон» ва «Таърихаррусул вал мулук» дар катори нобигагони чахон чой дорад. Тафсири Табари гузашта аз ахамияти он хамчун сарчашмаи мазхаби дорои фоидаи зиёде хамчун сарчашмаи таърихи, фикхи, лугави (забонк) ва адаби низ мебошад.
- Дувумин тафсири маъруф «Алкашшоф ъанхакоики аттанзил ва ъюнунилаковил фи вучухиттаъвил», таълифи аллома Чоруллох Абулкосим Махмуд ибни Умар ибни Ахмад Замахшарии Хоразмк (467-5384/1075-1144 м) мебошад. «Кашшоф Замахшари» аз тафсирхои бисёр машхур ва дорои тамоили фалсафию бадеи мебошад. Замахшари дар илмхои зиёде, аз чумла дар илми калом, сарфу нахви араб, адабиёт ва санъати бадеъ хеле шухрат пайдо карда буд. Аз у инчунин як асари хеле гаронбацо «Фарцанги забони хоразмк», оид ба лугати забони хоразми ки аз оилаи забонцои эронк точикк-форск мебошад, то ба мо омада расидааст.
Замахшари дар 27-уми мохи рачаби соли 467 х.к. (1075м. ) дар Хоразм ба дунё омад. Пас аз хатми тахсилоти ибтидок назди падар ва зодгохи худ ба мусофироти кишвархои араби пардохт. Муддати зиёде дар Макка тайи ду сафараш зиндаги кардааст, аз ин ру, лакаби Чоруллох («хамсояи Худо») ба у додаанд. Вале пас аз хар сафар боз ба зодгохаш мешитофтааст ва дар он чо вафот ва мадфун аст. Дар ин мусофиратхо у назди уламои маъруфи замонаш таълим гирифтааст. Аз чумла, дар Багдод назди олими маъруфи алави Абусаъодат Хуббатулло ибни Шачарк (ваф. 542 х. к.) ва дар Макка назди Ибни Ваххос. У инчунин бо шахсиятхои маъруфи замонаш чун Дамгони ва Чаволаки мулокот намуда. Замахшарк шогирдони зиёде чИ дар сохаи илмхои филологИ ва чИ дар сохаи фикх ва илохиёту калом дошт.
Чоруллохи ЗамахшарИ аз худ осори гаронбахое ба чо гузоштааст. Номгуи осори у то ба 50 мерасад. Осори то ба мо расидаи уро (наздик ба 20 номгуй) аксарият асархои бахшида ба забону бадеъиётро ташкил мекунанд ва танхо асари каломию илохии у «Тафсири Кашшоф» аст. «Вижагии ин тафсир баёни вучухи эчозу зебоии назм ва балогати куръонк аст».[7] «Тафсири Кашшоф» асарест, ки дар давраи камолоти илмии у навишта шудааст. Ин тафсир аввалин тафсирест, ки ба равиши аклонИ навишта шуда, дар он масоили каломию фалсафИ зимни тафсири оёти Куръон баён шудаанд. ЗамахшарИ чун гароиши муътазилИ дошта, кушидааст назариёти онхоро дар тафсири худ баён кунад. У низ чун муътазилиён Куръонро махлук медонист ва маъруф аст, ки тафсири худро мувофики акидаи муътазила бо чумлаи: яъне «Сипос мар худоеро, ки Куръонро офарид…» огоз карда, вале чун ацли суннат ва ашъария бар он эътиное накарданд, ин чумларо ба , ки дар он калимаи «чаъала»-низ хам ба маънии «карор додан» ва хам ба маънои халк кардан аст.
Гароишхои муътазилонаи ЗамахшарИ дар «Тафсири Кашшоф», тибки тадкикоти олимон, хадди акал дар баёни масоили тавхид, адли илохИ, баёни сифоти Худо, ваъдаву ваъид, казову кадар, манзил байни манзилатайн, амри маъруф ва нахй аз мункар ифода шудааст. Тафсири забонии (лингвисти)-и Куръон низ бо хадафи исботи акоиди муътазила мебошад.
Бо вучуди ихтилофоти зиёд ва душманИ доштани ахли суннат ва ашъария бо гароишхои муътазила «Тафсири Кашшоф» барои аксари мусалмонон яке аз тафсирхои бо эътибор ва маъруф ба шумор мерафтааст. Аз ин тафсир сарфи назар аз мазхабу акида хамаи уламо ва муфассирони маъруфи баъдк истифода ва такдир кардаанд. Хатто мухолифони Замахшари ба истеъдоди у бахои баланд додаанд.
Замахшари харчанд аз нажоди холиси эрони ва забони у порси буда, нисбат ба забон ва адаби араби таваччухи зиёде дошта, дар бойгонии забоншиноси, фарханги луготи хоразми, ки ба калами Замахшари тааллук дорад махфуз аст ва забони хоразми аз оилаи забонхои эронист.
- Сеюмин тафсири маъруф «Мафотихулгайб» ё «Тафсири Кабир» навиштаи Абуабдуллох Мухаммад ибни Умар ибни Хусайни Рози (543-41/ 1149 м. 606 х. к. \ 1209 м.) мебошад. Рози як чанд лакаб чун: «Ибн алхатиб», «Фахри Рози» ва «Имом Фахри Рози» ва «Фахруддини Рози» ва «Имоми мушаккикин» маъруф аст. Имом Фахри Рози аз Мозандарони Эрон буда дар шахри Рай таваллуд шудааст ва суннимазхаб буд. У аз худ осори зиёде ба мерос гузоштааст. Падараш Зиёуддин Умар дар улуми исломи-фикх, усул ва калом ошно ва алалхусус дар хитоба чиразабон буд. Ба хамин сабаб Фахри Розиро «Ибни Хатиб» хам мегуфтаанд. Тахсилоти ибтидоиро дар сохаи фикхи шофеъи, усул ва калом назди падари худ гирифтааст.
Алиасгари Халаби менависад, ки «Фахри Рози дар усули дин ва калом мазхаби ашъари ва дар фуруъи дин мазхаби шофеъи дошт».[8] Яъне дар масоили акидавк пайрави мактаби ашъари буд вале дар масоили шаръию фикхи пайрави мазхаби шофеъи. Устоди у дар фалсафа ва калом Мачдуддини Чилк (ваф. худ. 590 х.к. ) будааст. Имом Фахри Рози чихати тахсил, тадрис ва баёни хитоба ба чандин шахрхои Осиёи Миёна, аз чумла ба Хоразм, Бухоро, Самарканд, Хучанд сафархо карда, бо уламову факехони он чо аз чумла бо Разиуддини Нишопури, Нуруддини Сабуни, Рукнуддини Казвини, Шарифуддини Масъуди ва Фариди Гайлони мунозирахо карда, ба хамаи онхо голиб омадааст.[9] Фахри Рози ба интикоди гузаштагон ва мубохиса ба намояндагони мазхабхои мухолиф: муътазила, ханбалия ва исмоилия хассосияти зиёд доштанд. Алиасгари Халаби дар ин маврид мефармояд: «Аз хулкиёти (хислатхо)- и илмии Имом Фахр ин буд, ки гуфтахои пешиниёнро интикод мекард ва хар масъалаеро, ки бузургон матрах мекарданд, бар он хурда мегирифт. Ва харчанд дар эрод ва эътироз кушо буд, ба исботи \казоё\ чандон алокае надошт ва ба хамин чихат машхур шуда буд, ки мегуфтанд: «Эътирозоти Имом накд ва посуххои у насия аст». Ва азбаски бисёр шаковари ва эътироз мекард, уро «Имом-ал- мушаккикин» (пешвои шубхагарон, шаккунандагон) лакаб доданд.
Ногуфта намонад, ки ин шаккокк ( ба истилоци фалсафк скептизм)-и Имом Фахри Розк мисли скептизми Р. Декарт шаккокии созандаву бунёдк дар масоили фалсафию каломк ва илмк буд, на дар масоили акоиди исломк ва на дар тафсири Куръон. Розк дар осораш хама чо аз Ислом ва акоиди ахли суннат дифоъ кардааст. Исботи он васиятномаи у мебошад, ки дар он омадааст: «цар далеле, ки бар исботи ягонагии Худо ва танзеци Худованд мавчуд аст< онро пазирад, ва дар масоили гомиз ва дакики динк пайрави Куръон ва ацодиси сацец ва ичмоъи муслимин аст»[10]
«Тафсири кабир» яке аз муътабартарин тафсирхо аст. Ин тафсир аз навъи тафсирхои акли (ё тафсир ба райъ) аст, ки дар он Имом Фахри Рози хамаи донишу огохихои динию фалсафии худ ва замони худро баён кардааст. Баъд аз «Тафсири кабир» тафсире, ки масоили фалсафиро ба ин густардаги фаро гирифта бошанд дар асрхои миёна дида нашудаанд. Имом Фахр Рози масоили дини-фалсафи ва гайраро хар чо ки бо оёти куръонк мувофик мебинад, ба сурати масъала матрах намуда, чавоби онро ба тафсил додааст. Гузашта аз ин Имом Фахри Рози, бар хилофи бисёре аз муфассирони собик кушидааст ба шеваи мантики алокаи оятеро, ки тафсир мекунад бо оят ва ё оятхои пешинаву баъдина баён кунад. Хамчунин барои равшан намудани хар масъалае, ки ба миён мегузорад акидаи муфассирони пешгузашта ва далелу бурхонхои мухталифи онхоро низ зикр мекунад.
Имом Фахри Рози дар тафсири баъзе кисматхои Куръон (масалан сураи аввал Фотиха) суханро дароз кардааст. Сабаби ин, чунонки худи у дар огози тафсири ин сура баён карда, иборат аз он буда, ки баъзехо як матлаби боре баён кардаи уро дар мавриди он, ки «метавон аз сураи Фотиха дах хазор масъала истинбот кард» рад ё тамасхур кардаанд, аз ин ру, Имом сураи Фотихаро ба тафсил тафсир намуда.
«Тафсири кабир»-и Рози аз тарафи мухолифони фалсафа ва калом нахуст идеологи ваххобия, гуфта ки «дар ин китоб хама чиз хаст магар тафсир.» Аммо дар баробари ин хаводорони Рози аз чумла Салохуддин Сафдо (ваф. 764 х.к.) гуфта: «Дар ин китоб хама чиз хаст, хатто тафсир».
«Тафсири кабир» нахуст дар Булок дар шаш чилд (1279-1289 х.к.) баъд аз он дар Кохира дар хашт чилд (1310 х.к.ва нашри дигар с.1237х.к.) ва нихоят ба эхтимоми Мухаммад Мухиддин /дар 32 чузъ соли 1352 х.к./ 1933 м.) чоп шудааст.[11]
Тафсири кабир дар таърихи афкори динию фалсафии Ислом таъсири босазое гузоштааст ва то имруз усули тафсир ба раъй, ки яке аз поягузорони асоси у буда, ахамияти худро гум накардааст. Алалхусус, муфассирони давраи нав ба шеваи тафсири Имом Фахри Рози бештар такя кардаанд, аз чумла Рашид Ризо, ки худ ханбали ва аз тарафдоронии Ибни Таймия буд, дар тафсири худ «Алманор» аз шеваи истидлол ва мухтавои «Тафсири Кабир» бисёр истифода кардааст. Мисли хамин Шайх Тантовк дар тафсири бузурги худ «Алчавохир» аз шеваи тафсири Фахри Рози истифода кардааст. Баъд аз ин метавон гуфт, ки «Тафсири Кабир» чавобгу ба ниёзхои имрузаи тафсири Куръон мебошад.
- «Гаройибалкуръон» маъруф ба «Тафсири Нишопурй» яке дигар аз тафсирхои Куръони мачид мебошад. Ин тафсир низ дар катори тафсирхои дарачаи аввали ахли суннат ба шумор меравад. Муаллифи ин тафсир Хасан ибни Мухаммад ибниХусейнмаъруф ба НизомиНишопуриё Низоми Аърач аст. Вафоти у дар худуди соли 730х.к. аст. Тафсири Нишопурк дар заминаи «Тафсири Кабир»-и Имом Фахри Розк ва «Кашшоф»-и Замахшарк навишта шудааст, вале дар нигориши он равиши хоси худро ба кор бурдааст ва дар такмили ислоци ихтилофоти ин ду тафсири ждшуда кушидааст.
- «Анвораттанзил ва асроруттаъвил» маъруф ба «Тафсири Байзови» яке дигар аз тафсирхои Куръони мачид аст. Муаллифи ин тафсир Абдуллох бинни Умар бинниАхмад маъруф ба козии Байзови аст, ки муосири аллома Хдлли ва Мухаккик ва Хоча Насири Туси будааст.[12] Падараш Байзови козиюл–куззоти музофоти Форси Эрон дар замони хукумати Атобак Абубакр ибни Саъди Занги (613-658 х./ 1226-1260 м) буда ва худи у низ хамин макомро дар шахри Шероз доштааст. Вале баъдан ба шахри Табрез мекучида, то охири умр (691–1291) дар он чо икомат намудааст.
Хусусияти тафсири Байзови дар омехта будани он аз тафсири наклк (манкул) ва тафсир ба раъй (акли) мебошад. Муртазо Мутахаррк онро «хулоса ва зубдаест аз аз «Кашшоф» ва «Мифтоцулгайб» номида.[13] Байзови хам аз Тафсири Кашшоф (он чи марбут ба эъроб, маънию баён ва кироат аст) ва хам аз Тафсири Кабири Имом Фахри Рози (он чи марбут ба хикмат, калом ва усули дин аст) истифода кардааст. Бо истифода аз ин ду тафсири маъруф ва тафсирхои дигар тафсири худро нигоштааст.
Тафсири Байзови дар миёни ахли суннат эътибори бисёре дорад ва дар мадрасахо дар муддати чандин аср хамчун китоби дарси омухта мешуд.[14]
6- «Тафсири Ибни Касир», муаллифи ин тафсир Абулфидо Исмоъил ибни Умар ибни Касир хамон муаллифи китоби таърихи маъруф ба «Албидоия ваннихоя» аст. У сокини Шом ва аз шогирди Ибни Таймия буда. Тафсираш дар Кохира чоп шуда ва худаш соли 774 дар Димишк, вафот кардааст.[15]
7- «Тафсири Чалолайн», ин тафсирро ду нафар навиштаанд. Аз сураи «Хамд» (Фотиха -1) то сураи «Кахф»- 18 -ро Чалолуддин Мухаммад ибни Ахмад, ибни Иброхим Махалли (номи дехае дар Яман) навишта, соли 864 вафот кардааст. Пас аз у тафсири уро, ки ба тавфики итмоми он нарасид, аз сураи «Кахф» то сураи охири Куръон Чалолуддин Суюти, муаллифи тафсири дигар ба номи «Аддуррулмансур» ба хамон сабки Чалолуддин Мухаммад, сабки кисмати аввал ба охир расонида. Аз ин ру, онро тафсири Чалолайн, яъне ду Чалол номиданд.
Тафсири Чалолайн борхо дар Эрон, Миср ва Хинд чоп шудааст.
Аммо дар мавриди «Аддуррул-мансур» бояд гуфт, ки он бо равиши манкул, яъне оятхоро бо ахбор ва ривоятхоро, ки дар хадисхо омадаанд тафсир карда, аз ин ру, он хамчунин мачмуъаи оятхои марбут ба Куръон низ хаст. Худи Чалолуддин Суюти (ваф. 910 ё 911) ахли Миср буд. Гуянд дар хафтсолаги Куръонро хифз карда, дар «Райхонулараб» шояд «Ройхонатуладаб»бошад. Аз хафтоду нух таълифоти у ном бурда шудааст.
- «Тафсири Киртаби» муаллифи ин тафсир Абубакр Сойинуддин ибни Саъдуни Андалуск аст, ки дар илмхои хадис, нахв аз бузургони замонаш будааст. Чун у аз шахри Киртабаи Испониё буда, тафсири у бо кунияаш машхур шуда аст.
- «Кашфуласрор» ин тафсир ба форсист ва дар дах чилд аст. Муаллифи он Абулфазл Рашидуддин Майбудии Язди (дар охирхои асри панчум ва аввалхои асри шаши хичри зиндаги кардааст). Ин тафсир дар Техрон чоп шуда.
- «Иршод алаклуссалим ило мазоё ал- Куръоналкарим» – «Рахнамоии акли солим ба мазоё (имтиёзоти) Куръони карим» маъруф ба «Тафсири Абусаъуд» муаллифаш Абусаъуд (ваф.982) аз уламои усмони буда.
- «Рухулбаён», ин тафсир ба форсию араби махлут аст. Муаллифи он Шайх Исмоил Хакки аз уламои усмони. Ашъори форсии ирфонии зиёде дар он гунчонида шудааст.[16]
12- «Рухулмаъони» – ин тафсир таълифи Сайид Махмуд ибни Абдуллох Багдодии Хуснии Хусайни маъруф ба Олуси (ваф.1270) аст. Олуси шофеъимазхаб буда, аммо дар бисёре аз масоил аз фикхи ханафи пайрави мекардааст. У аз ахли Ирок буд.
13- «Фатхулкодир»- ин тафсир ба калами Мухаммад Шавконии Али бинни Мухаммад ибни Абдуллох Шавконии Ямани таалук дорад. У дар соли 1250 дар шахри Санъои Яман вафот карда.
Мухаккикон ба дах то чахордах тафсирхои машхури ахли суннат то охири асри XIV хичри (ё охири асри XIX м.) ишора кардаанд, ки мо дар боло маълумоти мухтасаре додем. Вале гайр аз инхо тафсирхои, хеле зиёданд низ, аз чумла байни сунниёни Осиёи Маркази боз «Тафсири Хусайнй» муаллифаш Хусайн Воизи Кошифи ва «Тафсири Чархи» муаллифаш Мавлоно Яъкуби Чархи маъруф аст. Дар давраи нав, яъне дар аз асри XIX ба баъд низ илми тафсир ва тафсирнависи идома ёфт ва тафсирхои маъруфе низ навишта шудаанд, ки аз чумлаи онхо:
- «Тафсирулманор»– ин тафсир мачмуъаи дарсхое аст, ки Шайх Мухаммад Абдо, (1849–1905) муфтии диёри Миср муддати панч сол барои шогирдонаш мегуфт, он гох Сайид Мухаммад Рашид Ризо (1865–1935) онро истифода карда кори устоди худро идома дод ва дар мачаллаи «Алманор» чоп кард ва сипас дар 14 чилд интишор намудааст. Шайх Мухаммад Рашид Ризо аслан аз мардуми Тароблуск Сурия буд. У яке аз пайравони Сайид Чамолиддин Афгонк (12541314) ва шайх Мухаммад Абдо буд. Афкори ин ду нафар муслихи Ислом ба у таъсири зиёд гузоштанд. У соли 1315 х. к. /1897 ба Миср меояд ва дар ин чо мачаллаи «ал-Манор»- ро бунёд гузошт ва дар сахифахои он ба тафсири Куръон камари химмат мебандад. Тафсири Манор аз огози Куръон то сураи Юсуф (11) аст. Шеваи тафсири он чунон ки каблан ишора шуд ба раъй бо истифола аз аклу мантик аст.
- 2. Дигаре аз тафсирхои чадиди Куръон «Алчавохир фи
тафсирил Куръонилкарим» аст, навиштаи Шайх Тантови у яке аз донишмандони мисрист, дар соли 1287/1870 таваллуд ва дар соли 1358 х.к./1940 м. ин оламро падруд гуфтааст. Тантови «Дорулулум»и Кохираро хатм ва баъдхо дар чомиъаи «Алазхар» ва «Дорулулум» ба таълиму тадрис машгул шудааст. У аз зумраи он шахсиятхои охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ аст, ки кушидааст Куръонро аз дидгохи илми чадид тафсир намояд. Тафсири у мисли «Тафсири Кабир»-и Имом Фахри Рози ховии масоили илми ва фалсафи мебошад. Хадафи нихоияш он буда, ки зарурати омухтани илмхои навро аз тарики тафсири Куръон ва оятхои марбут ба илми он, ки худуди болиг аз 750 оят шуморидааст, исбот намояд. Тафсири у дар Эрон, Хиндустон ва бархе аз кишвархои дигари исломи ба истикболи гарм дучор шуд. Мухолифони ин тафсир низ дар мамолики исломи кам набуданд, аз чумла ин тафсирро дар Арабистони Саъуди мусодира кардаанд.
3.«Тафсиралмароги» – ин тафсир навиштаи Ахмад Мустафо Алмароги устоди донишгохи, «Алазхар» -и Миср аст. Он низ аз дидгохи асри чадид аст. Он, ба кавли Зайнулобидин Курбони, -«барои мардуме, ки дар асри мошин зиндаги мекунанд ва фурсати хондани кутуби муфассал ва масбутро надоранд, навишта шудааст».
- «Физалолилкуръон» – ин тафсир навиштаи Сайид Кутб, яке аз идеологхои машхури созмони «Ихвонулмуслимин» аст. Он низ дар заминаи ниёзхои ичтимоию сиёсии кишвархои мусалмони навишта шудааст.
Хулоса, чунон ки гуфта шуд, теъдоди тафсирхое, ки ба Куръони мачид навишта шудаанд хеле зиёданд. Ин тафсирхо ё тафсирхои комил, яъне сартсарии куръонанд ва ё тафсири кисмате ё якчанд сураи он. Табиист, ки баёни хамаи онхо аз имкон берун аст ва чунонки мегуянд «Маснави хафтод ман когаз хохад шуд».
Тафсирхои ахли шиъа низ кам нестанд. Муфассирони асри гайбат,яъне ба муфассироне, ки дар давраи хаёти дувоздах имоми шиъа ва муфассироне, ки пас аз гайбати имоми дувоздахум имом Махди зиндаги кардаанд. Аз чумла асхоби айима, ки тафсир навиштаанд: Абухамза Самоли, Абубасир Асади, Юнус бинни Абдурахмон, Хусейн ибни Саъди Ахвози, Али ибни Махзиёри Ахвози, Мухаммад бинни Холиди Баркии Куми, Фазл ибни Шочони Нишопури мебошанд.
Муфасирони давраи гайбат зиёданд, мо ин чо танхо ба зикри имоми маъруфтарини онхо мепардозем.
- Тафсири Али ибни Иброхими Куми, ин тафсир аз маъруфтарин тафсирхои шиъа аст.
- Тафсири Айёши, муаллифи ин тафсир Мухаммад ибни Масъуди Самарканди аст. У аввал дар мазхаби сунни буда ва баъд ба шиъа гаравидааст, муосири шайх Кулайни аст. Айёшк аз падар сесад хазор динор ба мерос мебарад ва хамаи онро сарфи чамъоварии китоб ва ташкили маркази илмк ва китобхона, ки ба шакли як мадрасае буд намудааст. Айёшк илова ба тафсир, дар хадис ва фикх дар тиббу нучум низ махорат доштааст. Айёшк дар асри сеюми хичри зиндаги карда аз худ ба гувохии «Алфехрасти»-и ибни Надим осори зиёде ба мерос гузоштааст.
- Тафсири Нуъмони, навиштаи Абуабдулло Мухаммад ибни Иброхим аст.
4.Тафсири Таббиён, навиштаи Шайхултойифа Абучаъфар Мухаммад ибни Алхасан, ибни Али Аттуси аст. У дар адабиёт, калом, фикх, тафсир, хадис имом ва пешво будааст. Дар соли 380 х.к. таваллуд ва соли 460 х.к. вафот кардааст. Ахли Хуросон буд ва дар 23-солаги ба Ирок омада тахсили илм мекунад. У асосгузори Хавзаи илмии Начаф низ ба шумор меравад.
5.«Мачмаъул- баён» – навиштаи Фазл ибни Хасани Табаси аст. Дар соли 536 х.к. ин тафсирро ба итмом расонидааст. Ба кавли Муртазо Мутаххари «Мачмаъулбаён» аз назари адаби ва хусни таълиф бехтарин тафсир аст. Шиъа ва сунни барои ин тафсир ахамияти фаровон коиланд. Он борхо дар Эрон, Миср ва Бейрут чоп шудааст.
Тайр аз ин Табарси тафсири мухтасаре дорад ба номи “Чавомеъулчомеъ”, ки тибки маълумотхо Табарси пас аз ба итмом расонидани “Мачмаъулбаён” аз “Тафсири кашшоф”- и Чоруллохи Замашхари хамасри худ огох мешавад ва онро писандид, дар он чизхое аз нигохи адаби пайдо кард, ки дар тафсири худаш набуд ва Тафсири “Чавомеъулчомеъ”-ро бо таваччух ба латоифи “Кашшоф” навишт.
- “Рувазулчинон”-маъруф ба Тафсири Абдулфутухи Рози. Тафсири “Рувазулчинон” ба забони форси буда, аз маъруфтарину ганитарин тафсирхои шиъа аст. Фахруддини Рози ва ба иддаъо баъзехо Табарси, низ аз ин тафсир зиёд истифода кардаанд. Мувофики маълумоти устод Муртазо Мутаххари, ин тафсир дар чихил соли охир мукаррар дар Эрон чоп шудааст. Муаллифи он Абдулфутух Нишопуриюласл буда, вале дар Рай мезистааст. У муосири Табарсиву Замахшари буда, назди шогирдони шайх Туси тахсил кардааст.
- “Тафсири Софи”, навиштаи хаким, ориф, мухаддис ва муфассири маъруф Мулло Мухсини Файзи Кошони аст. Файзи Кошони дар асри дувоздахи хичри мезист ва аз уламои машхури шиъа мебошад. Аз худ таълифоти зиёде гузоштааст. Ба номи у дар шахри Кум, ки у аввал дар он чо мезиста, мадрасае ба номи мадрасаи “Файзия” то имруз вучуд дорад. У аз Кум ба Шероз сафар карда дар он чо илми хадисро назди хаким ва орифи машхур Садрулмутаалихин (ё Мулло Садро) омухта ба духтари у хонадор шуда, соли вафоташ 1091 х дар Кошон аст.
- “Тафсири Мулло Садро”. Навиштаи Садру лмутаалихин ё Мулло Садро, яке аз фалосифа ва урафои машхур ва сохибмактаби ибтидои асри Х1 хичри аст. Тафсири Мулло Садро, тафсири “комили Куръон” нест, балки тафсири сураи “Бакар” то ояти 65, “Сачда”, “Ёсин”, “Вокеъа”, “Хадид”, “Чумъа”, “Торик”, “Аъло”, “Изо Зилзилат” ва оятхои алохида мебошад.
- “Манхачуилсодикин”, ин тафсир ба забони форсист ва дар се чилди бузург дар шахри Табрез чопи санги шудааст. Муаллифи он Мулло Фатхулло ибни. Шукруллохи Кошони аст, ки дар асри дахи хичри зистааст.
- “Тафсири Шибр”, муаллифи ин тафсир Сайид Абдуллохи Шибр (ё Шубр) бояд шиббар бошад? аст.
11- “Тафсири БурхоН Муаллифи ин тафсир Сайид Хошими Бахроини аст. Ин тафсир аз дидгохи ахбориён аст ва Куръонро танхо бо хадис бидуни хеч гуна тавзех тафсир намуда.
12- “Нурулесокилайн навиштаи яке аз уламои хувайзи аст.
Ин тафсирхое, ки ном бурда шуданд аз маъруфтарин тафсирхои шиъа то асри 13 хичри мебошанд.
Ин мухтасар маълумот ва номгуи тафсирхое, ки то ин чо арза шуд, катраест аз бахри беканори маърифати куръонк ва кушишхои фахму идрок ва тафсиру таъбири маъонии мастур дар он ба кадри тавоноии башар. Дар «Донишномаи куръони»-и Хисравшохк болиг ба 320 тафсири Куръон маълумот дода шудааст. Ба гайр аз ин тафсирхои бевосита, боз оёти куръони аз роху тарикатхои мухталифи дигар дар шакли асари бадек, фалсафи чун “Маснавии Маънави”, ки онро “Куръон ба забони форси” гуянд ва ё дар шакли осори орифон масалан осори Ибни Арабк (1165-1240) , ки онро шаркшиноси машхур К. Брокелман “Транслитерасия (баргардони) суфиёнаи Куръон” номида, маънидоду тафсиру баён шудаанд.
Умуман, тафсир ва таъвилхои Куръон аз чумлаи он сарватхои бебахои тамаддуни исломист, ки хануз ба таври бояду шояд омухта нашудааст. Тафсир ва таъвилхои Куръон пеш аз хама сарчашмахои мазхабию маънави, ахлокк, мафкуравию фалсафи, забоншиносиву адабиётшиноси ва гайра мебошад. Яъне тафсиру таъвилхоро аз мавкеъи хар яке аз илмхои номбурда, чун тафсири мавзук омухтан мумкин ва лозим аст. Вале мутаассифона то имруз дар кишвархои исломи дар омузиши тафсиру таъвилхо ба гайр аз баъзе корхои ба истилох анотатсиони– фишурданависк ва маълумотдихи дар бораи онхо кори чиддитари тадкикотие кам ба назар мерасад.
[1]Дуктур Саид Махмуди Таботабоии Ардаконк. Гузидаи мутуни тафсири форск. с.10-11
[2] Дуктур.Алиасгори. Халабк. Ошнок бо улуми куръонк. с.44
[3] Хамон чо с.45
[4] Ин тафсир дар Миср ба соли 1940 то 1946 дар 31 чузъ чоп шудааст.
[5] Донишномаи Куръон ва Куръонпажуцк. Ба кушиши Бацоуддин Хурамшоцк.с.690
[6] Д.А. Халабк. Ошнок бо улуми куръонк. с.48-49
[7] Донишномаи Куръон ва куръонпажуцк. Ба кушиши Бацоуддин Хуррамшоцк. С.740
[8] Дуктур Алиасгари Халабк. Ошнок бо улуми куръонк. с.72
[9] Хамон чо
[10] Субки .Табакоти шофеъия .8\90- иктибос аз Дуктур Алиасгоби Халабк. Ошнок бо улуми куръонк.с.76
[11] Хамон чо с.73
[12] Устод Муртазо Мутаххарк. Хадамоти мутакобилаи Ислом ва Эрон.с.464
[13] Устод Муртазо Мутаххарк. Хадамоти мутакобилаи Ислом ва Эрон. с.464.
[14] Муфас.ниг. Хочи Халифа. Кашшфуззунун. Ч.1.с.162-166
[15] Зайнулобидин Курбонк. Таърихи фарцанг ва тамаддуни исломк, Тецрон»Фарцанги исломи», чопи 2.1370, с.83.
[16] Устод Муртазо Мутаххарк. Хадамоти мутакобилаи Ислоа ва Эрон с..433