Хонандагони азиз! Шояд шумо дар бораи маъри- фати оиладори хануз маълумоти заруриро надоред. Бояд донед, ки яке аз масъалахои мубрами чомеа бунё- ди оилаи солим ба шумор меравад ва пойдории оила ба тарзи хаёт ва инкишофи муътадили инсон мусоидат менамояд.
Максади фанни маърифати оиладори ба масъа- лахои мухимми зиндаги, никоху оиладори шинос намудани хонандагон, ташаккул додани низоми ои- ладори дар шуури наврасону чавонон нигаронида шудааст. Гояи асосии китоби дарсии мазкурро масъа- лахои мухимми хаёти оилави, ба рох мондани омода- гии психологии чавонон ба бунёд ва пойдории оила, мухайё намудани фазои солиму ором дар оила, пойдор нигох доштани оилахо ва нигохдории арзишхои ои- лави ташкил медихад. Зарурати таълими фанни маз- кур тайёр намудани чавонон ба хаёти оилави, хосил намудани малакаи муносибатхои дурусти дохилиои- лави, дар оянда дуруст тарбия намудани кудакон ва нигох доштани анъанахои неки миллии халки точик мебошад.
Интихоби дурусти хамсар ва бунёди оилаи солим омили мухимми ободии чамъият ва устувории давлат махсуб меёбад. Мухим аст, ки пеш аз барпо намуда- ни оила хар шахрванд пахлухои гуногунчабхаи хаёти оилавиро мавриди омузиш карор дода, урфу одатхои милли, хурмату эхтироми тарафхо, муносибати хуби занушавхари ва маънои зиндагиро хуб дарк карда та- вонад.
Дар Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2015 «Соли оила» эълон карда шудааст. Хадафи асосии чунин ик- доми неки Сарвари давлат Эмомали Рахмон ба он ра- вона гардидааст, ки маърифати оиладории чавонон баланд бардошта шавад ва дар ин замина чавононро пеш аз издивоч ба хаёти оилави, муносибатхои оила- дори омода намуда, пеши рохи вайроншавии оилахои чавон гирифта шавад ва фарзандони ноболиги ин ои- лахо дар шохрохи зиндаги аз падар ё модар махрум нагарданд. Зеро оилаи солиму хушбахт ва маърифати хонаводагии падару модар дар оила асоси тарбияи фарзанд ба хисоб рафта, чомеаи солим низ ба насли бомаърифат, донишманд, ватанпараст, забондон ва дорои ахлоки хамида ниёз дорад.
Омодагии чавонон ба хаёти оилави аз мачмуи донишхои муайяни педагогию психологи, хукукиву иктисоди манша гирифта, дар асоси дониш, акида, чахонбини ва арзишхои маънави ташаккул меёбад. Омода намудани чавонон ба хаёти оилави вазифаи мухимми оила ва мактаб мебошад. Омузиш ва тахлили сабабхои вайроншавии оилахои чавон аз он шаходат медихад, ки бештари онхо натичаи омода набудани чавонон ба хаёти оилави мебошад.
Ободии Ватан аз ободии хар хонадону оила ва обо- дии хонадон аз фаросату маърифати оиладории воли- дон сарчашма мегирад. Умедворем, ки китоби дарсии мазкур дар гирифтани донишхову маълумоти зарури оид ба ташкили оилаи солим ва накши он дар хаёти инсон, омухтани асосхои маърифати оиладори ва аз бар намудани нуктахои асосии он ба шумо кумак ме- расонад.