Главная / Илм / МУНОСИБАТХОИ ХУКУКИИ ШАХСЙ ВА МОЛУМУЛКИИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН

МУНОСИБАТХОИ ХУКУКИИ ШАХСЙ ВА МОЛУМУЛКИИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН

Хукуку вазифаи падару модарон барои тарбияи фар- зандон ба насаби фарзандон вобаста аст. Одатан мукаррар кардани модари кудак мушкил нест. Ин факат бо маълумот- номаи муассисахои тибби (таваллудхонахо), агар кудак дар хона ба дунё омада бошад, бо тасдикномаи духтур ё дигар кормандони тибби ва хангоми набудани онхо аз руйи ни- шондоди ду шохид тасдик карда мешавад.

Барои исботи модари дар никох будан ё набудани зани сохиби фарзандшуда ахамият надорад. Масъалаи мукаррар кардани падари кудак мушкилтар аст. Дар конун чунин тар- тиботи мукаррар кардани насаби кудак пешбини шудааст:

а)  насаби кудак аз падару модаре, ки акди никох доранд, бо кайди никохи падару модар тасдик карда мешавад. Ал- батта, дар ин коида баъзе истиснохо вучуд дорад;

б)  агар падару модар байнашон никох надошта бошанд, модари кудак, аз руйи аризаи модар, падари кудак бошад, аз руйи аризаи якчояи падар ва модари кудак ё мувофики карори суд навишта мешавад;

в)  дар сурати таваллуд ёфтани кудак аз шахсоне, ки акди никох надоранд, агар аризаи якчояи падару модар на- бошад, падари кудак аз руйи аризаи падар ё модар ё васии (парастори) кудак, инчунин, худи фарзанд (баъди ба балогат расиданаш) ва дигар шахсоне, ки кудак дар таъминоти онхо мебошанд, бо рохи суди мукаррар карда мешавад.

Хангоми мукаррар кардани падари кудак суд холатхои то таваллуди кудак якчоя зиндаги кардан ва рузгордории умумии модари кудак ва шахси чавобгар ё аз тарафи онхо якчоя тарбия ё таъмин кардани кудак ё худ далелхоеро, ки хамчун падар икрор шудани чавобгарро дар хакикат исбот мекунанд, ба эътибор мегирад.

Дар сохаи муносибатхои байни падару модарон ва фар- зандон муносибатхои шахсии хукуки мавкеи халкунандаро мебозанд. Барои ин муносибатхо хислати бо хам пайвастаи хукуку ухдадорихои падару модар ва фарзандон хос мебо- шад.

Ба хукуки шахсии волидону фарзандон инхо дохил ме- шаванд:

а)  хукуки кудакон ба ном, номи падар, насаб ва муво- фикан ба ин хукуки падару модар барои ба фарзандон дода- ни ном, номи падар ва насаб;

б)  хукуки падару модарон – тарбия кардани фарзандон ва хукуки фарзандон – гирифтани тарбия аз падару модар;

в)  хукуки падару модарон аз номи фарзандон намоян- даги кардан, хифзи хукуку манфиати онхо ва мувофикан хукуки фарзандон ба хифзи хукук ва манфиати онхо.

Насаби фарзандон бо насаби падару модарашон муайян карда мешавад. Агар падару модар насаби гуногун дошта бошанд, ба кудак бо мувофикаи падару модар насаби модар ё падар дода мешавад, хангоми набудани ин гуна мувофика, насаб бо нишондоди макомоти васоят ва парастори муайян карда мешавад.

Ба кудак гузоштани номи ба фарханги миллии точики бегона, номи ашё, мол, хайвонот ва парандагон, инчунин, ном ва иборахои тахкиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табакахо чудо менамоянд, манъ аст. Ба номи шахс илова кардани тахаллусхои «мулло», «халифа», «тура», «хоча», «хуча», «шайх», «вали», «охун», «амир», «суфи» ва ба инхо монанд, ки боиси тафрикаандози дар байни одамон мегарданд, манъ аст.

Тибки моддаи 20-и Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди» насаби шахс тибки анъанахои миллии точики метавонад аз номи падар ё решаи насаби у бо иловаи пасвандхои насабсо- зи -и, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад. Насаби шахс хамчунин метавонад аз номи падар ё решаи на- саби падар ё модар бе илова намудани пасвандхои насабсоз ташаккул ёбад.

Иваз намудани ном, номи падари кудак, ки хангоми кай- ди таваллудаш ба у дода шуда буд, бо рохи конуни то ба синни 16-солаги расидани кудак мумкин аст. Катъ гардидан ё беэътибор донистани никохи падару модар сабаби тагйир ёфтани насаби фарзандон намегардад.

Дар Чумхурии Точикистон хукуки акаллиятхои милли ба номгузори ва иваз кардани ном тибки анъанахои мил- лиашон кафолат дода шуда, аз чмула дар моддахои 20 ва 67 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлати асноди холати шахрванди» пешбини шудааст, ки намояндагони акаллиятхои милли, ки шахрвандони Чумху- рии Точикистон мебошанд, бо хохиши худ метавонанд номгузории кудаконашонро тибки Фехристи номхои мил- лии точики ё анъанахои миллиашон амали намоянд. Ё худ намояндагони акаллиятхои милли, ки шахрвандони Чумху- рии Точикистон мебошанд, бо хохиши худ метавонанд номи худро тибки Фехристи номхои миллии точики ё анъанахои миллиашон иваз намоянд.

Хукуки падару модарон ба тарбияи кудакон яке аз хукукхои асосии шахсии онхо мебошад. Падару модарон вазифадоранд, ки фарзандонашонро тарбия намоянд, дар бораи саломати, инкишофи чисмони ва маънавию ахлоки, инчунин, таълими онхо гамхори кунанд, онхоро ба мехна- ти муфиди чамъияти тайёр намуда, хамчун узви сазовору содики чамъият ба камол расонанд. Агар мукаррар карда шавад, ки падару модар ё яке аз онхо аз ичрои ухдадорихои тарбия намудани фарзандонашон, аз чумла бе сабабхои узрнок аз таваллудхона ё дигар муассисахои бачагонаи та- бобатию профилактики ва таълимию тарбияви гирифтан саркаши кунанд ё аз хукуки падару модарии худ суиистеъ- мол намоянд, бо фарзандон берахмона муомила намоянд, ба кудакон бо рафтори бадахлокона ва зиддичамъиятии худ таъсири зарарнок расонанд, инчунин падару модар майзада ё нашъаманд бошанд, суд хукук дорад падару модар ё яке аз онхоро (ки ба кирдорхои номбаршуда гунахкор мебошанд) аз хукуки падару модари махрум намояд. Ин гуна чазо бе- мухлат аст. Аммо агар мукаррар карда шавад, ки рафто- ри падар ё модар ва тарзи зиндагиашон дигар шудааст, аз ухдаи тарбияи кудак баромада метавонанд ва аз нав барка- рор кардани хукуки падари ё модариро манфиатхои кудак талаб мекунад, он гох онхо барои хукуки падари (модари) -ро баркарор кардан ба суд мурочиат карда метавонанд.

Хукуки падару модари танхо бо рохи суди аз нав барка- рор карда мешавад.

Хангоми хал кардани масъалаи аз нав баркарор кардани хукуки падару модари, синну соли фарзандоне, ки дар хакки онхо чунин чора дида мешавад, ахамият дорад. Дар ин хо- лат агар фарзанд ба синни 10-солаги расида бошад, суд дар вакти хал кардани даъвои оид ба аз нав баркарор кардани хукуки падару модари фикру хохиши кудакро ба эътибор мегирад.

Яке аз вазифахои аввалиндарачаи падару модар ин тар- бияи фарзанд ва дар рухияи инсондусти ба воя расонидани он мебошад, аммо, мутаассифона, дар тачриба холатхое ба чашм мерасанд, ки падару модарон ба тарбияи фарзандони худ беэътинои зохир намуда, ба ояндаи онхо таваччухи хоса зохир наменамоянд. Ин амал боиси ба хар гуна корхои гайр даст задани кудакон, ба оворагарди машгул шудани онхо ва аз таълиму тарбияи мактаби дур мондани кудакон мегар- дад.

Бо максади пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рухияи инсондусти, ифти- хори ватандори, эхтироми арзишхои милли, умумибашари ва фарханги тарбия кардани фарзандон, инчунин, хифзи хукуку манфиатхои онхо бо ташаббуси начибонаи Асосгу- зори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару мо- дар дар таълиму тарбияи фарзанд» кабул гардида, дар он мукаррар карда шуд, ки падару модар, новобаста ба он ки якчоя ё чудо зиндаги мекунанд, дар таълиму тарбияи фар- занд хукук ва ухдадорихои баробар доранд.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …