Главная / Чугрофия / МУНОСИБАТХОИ ИКТИСОДИИ УМУМИЧАХОНИ

МУНОСИБАТХОИ ИКТИСОДИИ УМУМИЧАХОНИ

Муносибатхои иктисодии умумичахонй аз системаи ало- кахои гуногуни иктисодиёти миллии мамлакатхои гуногун иборат буда, асосан ин муносибатхоро таксимоти бай- налмилалии мехнат ташкил медихад. Ин муносибатхо кувваи асосии харакатдихандаи тараккиёти хочагии чахон мебошанд.

Суръати тараккии муносибатхои иктисодии умумичахонй аз суръати афзоиши истехсолоти моддй пеш аст, ки ин аз байналмилалй гардидани хаёти хочагй шаходат медихад.

Дар муносибатхои иктисодии умумичахонй накши асосиро Шимол мебозад, ки дар он тамоми шаклхои муносибатхои иктисодй (алалхусус дар шароити чахонишавй) аз хама бештар инкишоф ёфтаанд. Чануб бошад, дар ин алокахо мавкеи сусттар дорад. Албатта, баъди ба даст овардани истиклолияти сиёсй мавкеи бисёре аз мамлакатхои ру ба тараккй дигаргун шуда, накши онхо дар алокахои иктисодии умумичахонй назаррас гардид. Вале ин холат то хол ба таври бояду шояд ба амал наомадааст. Аз хамин сабаб мамлакатхои Чануб кушиши худро бахрй баркароркунии тартиботи нави иктисодии чахонй пурзур карда истодаанд.

Дар шароити имруза масъалаи муносибатхои Шимол- Шимол ва Чануб-Чануб низ ахаммияти бузург пайдо кардааст. Дар ин муносибатхои иктисодиёти гузарандадошта макоми хосса доранд.

Мамлакатхои ба алокахои иктисодии умумичахонй аз хама бештар вобаста бударо мамлакатхои иктисоди кушода дошта номидаанд. Дарачаи кушодагии иктисодиётро аз руйи квотаи содиротй (хиссаи содирот дар чамъи махсулоти дохилй) муайян мекунанд. Ин квота дар баъзе мамлакатхои тараккикардаи Аврупо ва мамлакатхои нави саноатии Осиё бештар мушохида карда мешаваду дар мамлакатхои бозори дохилиашон хачми калондошта камтар. Масалан, квотаи содиротй дар Сингапур то ба 70 дарсад, дар Белгия ва Нидерландия 55-60 дарсад, дар Фаронсаю Олмон 25-30 дарсад, дар ИМА факат 10 дарсадро ташкил медихад.

Яке аз падидахои кушода будани иктисодиёт дар шароити хозира ташкил намудани мавзеъхои озоди иктисодй (дар нохия ё шахрхои мавкеи мусоиди иктисодию географй дошта) аст. Дар ин мавзеъхо тартиботи имтиёзноки андози гумрукй мукаррар карда шудааст. Хддафи асосии ин имтиёзхо бештар чалбкунии захирахои молиявй, моддй, технологй ва мехнатй мебошад. Мавзеъхои озоди иктисодй, кабл аз хама ба нияти чалбкунии сармояву технологияи нави хоричй, зиёдкунии асъоргирй ва ганй гардонидани бозори дохилй бо молхо ва хизматхои ба ракобат тобовар таъсис дода мешаванд. Охири солхои 70-уми асри XX шумораи чунин мавзеъхо ба 3 хазор расида буду дар онхо бештар аз 3 млн нафар шугл дошт. Айни замон ба хиссаи мавзеъхои озоди иктисодй 1/4 хиссаи муомилоти чахонии мол рост меояд. Ин мавзеъхо аз хама бештар дар Чин ва мамлакатхои нави саноатии Осиё амал мекунанд.

Яке аз хусусиятхои фаркноки амали хочагии чахонй им- руза торафт бештар тараккикунии муносибатхои иктисодии байналмилалй мебошад. Онро дар васею хаматарафа шудани муносибатхои иктисодии байни мамлакатхо, гурухи мамлакатхо, ширкат ва ташкилотхои алохида мебинем. Сабабгори ин хусусият инхоянд: байналмилалкунии истехсолот, тараккии бемисл ва интегратсияи нохияхо, тезутундшавии масъалахои глобалй.

Омилхои асосии тараккии муносибатхои иктисодию умуми- чахонй, пайдоиши муносибатхои пулию молй, кашфиётхои бузурги географй, васеъшавии микёси истехсолот, тараккию такмили воситахои наклиёт ва гайрахо мебошанд.

Шаклхои муносибатхои иктисодии умумичахонй торафт мухталиф мегарданд. Зеро пешравии хар кадом мамлакати чахон ба дарачаи иштироки он дар муомилоти чахонии сарватхои моддию маънавй вобастагии зич дорад. Имруз хеч ягон мамлакат, хатто тараккикардатарин хам ба самаранокии якхелаи тамоми махсулотхои хозиразамон кодир нест. Хдмин тарик, замони чудоихои миллй, сарбастагии хочагии давлатхо бебозгашт паси сар шуданд.

Яке аз шаклхои кадимаи муносибатхои иктисодии умуми- чахонй тичорати байналмилалй аст, ки дар ибтидои пайдоиши худ микёси махдудро молик буд. Зеро дар он даврахо истехсолот симои натуравй дошт ва асосан барои конеъгардонии талаботи ахолй амал мекард. Васеъшавии тичорати беруна ба давраи сармоядорй, махсусан дар давраи саноати калони мошинй рост меояд. Дар замони пешрафти илмию техникй вай набзи нав пайдо намуда, аз суръати афзоиши истехсолот хеле пеш гузаштааст, ки ин аз васеъшавии таксимоти географии мехнат дарак медихад. Солхои 1950-1990 гардиши тичорати чахонй 73 баробар, яъне аз 150 млрд доллар то ба 11 трлн доллар зиёд шудааст. Дар замони РИТ таркиби тичорати чахонй тагйир ёфтааст. Хиссаи молхои тайёр торафт зиёд ва хиссаи ашёи хому хурокворихо кам шуда истодааст. Дар байни молхои тайёр махсулотхои илмталаб (электроники, электротехники, автомобил ва гайра) мавкеи калонро сохиб шудаанд.

Тичорати хизмат нисбат ба тичорати мол тез афзуда, ба он хиссаи М4 кисми тамоми тичорати чахонй рост меояд.

Тичорати хизмат низ ходисаи нав нест. Хизматрасонии наклиётй таърихи кадима дорад, ки хизматрасонии киштихои хоричй ва кироякунии киштихои бахрй аз хамин кабиланд.

Мамлакатхои «кирокаши бахрй» (Юнон, Олмон, Англия, Фаронса, Голландия, Шветсия, Дания, Норвегия) флоти бахрии худро ба хизмати боркашонии байнибандарии дигар мамлакатхо медиханд.

Дар замони хозира хизматрасонихои сохтмонй, сугуртавй, намоишй, кирояи кино, ичораи тачхизотхои илмй ва ис- техсолй,      мухандисй, коркардабарории ахбори

илмй, истифодаи алокахои кайхони пайдо шуда, хеле тез пахн шудаанд. Мубодилаи тачрибахои истехсолй, ки ба худ номи байналмилалии «ноу-хау» гирифтаанд, шакли махсус шудаанд. Футболбозону хоккеистхо ва дигар варзишгарон дар командахои бонуфузи дигар мамлакатхо бозй карда истодаанд.

Географияи тичорати байналмилалй бетагйир намондааст. Бо вучуди ин холо чойи якум дар ихтиёри мамлакатхои тарак- кикардаи Гарб буда, хиссаи онхо дар тичорати чахонй ба 70 дарсад мерасад. Чойи тааччуб нест, ки ба катори «дахтои аввал» мамлакатхои «хафтгона» дохиланду баъди онхо Нидерландия, Белгия, Корея. Аз хама пешсаф ИМА буда, вале аз нигохи «баланси тичорат» (нисбати нархи молхои воридотй ба молхои содиротй) кафо мемонад.

Муомилоти калони мол байни худи хамин мамлакатхо ба амал меояд: ИМА-Канада, ИМА-Чопон, Олмон-Фаронса. Дар тичорати байналмилалй чойи дуюмро мамлакатхои Чануб ишгол кардаанд, ки дар он хиссаи мамлакатхои нави саноатии Осиё ва ташкилоти ОПЕК зиёд аст. Чойи сеюм ба мамлакатхои ба       бозорй гузаранда мансуб асту дар он мавкеи Чину Русия назаррас аст.

Дар бозори чахонии мол ракобатнокй зиёд аст, ки онро «чанги тичоратй» номидаанд. Масалан, содироти автомобилхои Чопон, ки инхо самаранок, боваринок, барохат ва аз нигохи экологй тозатар буданд, солхои 80 карни XX боиси он гардид, ки дар ИМА хар як автомобили панчум тамгаи чопонй дошт. Ширкатхои чопонй «Хонда» ва «Нисан» дар ИМА заводхои автомобилбарории худро сохтанд.

Бахри танзими савдои умумичахони Ташкилоти Умуми- чахонии Тичорат (ТУТ) таъсис дода шудааст, ки ба он холо кариб 140 давлат аъзо мебошанд ва ба хиссаи онхо 9/10 кисми тичорати чахони рост меояд.

Ба катори дигар шаклхои хеле мухимми муносибатхои икти- содии умумичахони муносибатхои карзию молияви шомил аст. Ин шакл нисбатан чавон буда, имруз ахаммияти аввалиндарача паидо кардааст ва холо кариб тамоми олами иктисодиро фаро гирифтааст. Сохиби асосии ин шакл ширкатхои Трансмилли мебошанд. Агар арзиши молхои содироти аз арзиши молхои воридоти боло бошад, баланси тичорат фаъол аст ва баръаксаш баланси тичорат гаирифаъол.

Муносибатхои карзию молияви дар шакли карздихи, со- дироти сармоя, махсусан дар шакли инвеститсияи бевосита ифода меёбанд. Охири солхои 90- асри XX хачми чунин инвес- титсияхои дар чахон чамъшуда аз 3 трлн доллар зиёд буд.

Географияи сохаи маблаггузори (ё ки мигратсияи сармоя) тагииротхои зиёдро аз сар мегузаронад. Пеш аз Чанги дуюми чахон самти маблаггузори асосан аз мамлакатхои тараккикарда ба мамлакатхои ру ба инкишоф буду ин сармоя асосан дар сохахои саноати истихроч ва плантатсияхо гузошта мешуд. Дар замони РИТ мабалггузори ба сохахои илмталабу хизмат самараноктар гардид. Рохи асосии харакати сармояро муносибат баини давлатхои ИМА, Аврупои Гарби ва Чопон муаиян мекунад, ки дар баини инхо аз руии микёси амалиётхои молияви Аврупои Гарби (Англия, Олмон, Фаронса, Нидерландия) дар чоии аввал, ИМА дар чоии дуюм ва Чопон дар чоии сеюм меистад.

Вазъи молиявии Чануб ташвишовар асту карзи умумии онхо аз 2 трлн доллар гузаштааст. Бо вучуди он, имруз дар Чануб ду маркази калони содироти сармоя ташкил ёфтааст. Якумини он дар мамлакатхои содиркунандаи нафт амал мекунад. Аз ин мамлакатхо нафт ба Аврупо, мамлакатхои Осиё ва Аф- рико фиристода мешавад. Маркази дуюм дар мамлакатхои «палангхои осиёи» (Сингапур, Гонконг, Таиван) таъсис дода шудааст.

Аз мамлакатхои ба иктисодиёти бозори гузаранда дар бозори молиявии чахон Чин ва Русия мавкеи намоён доранд. Чин, дар баробари чамъкунии сармояи хоричи, барорандаи сармоя низ мебошад. Русия бошад, танкисии молияви мекашад ва барои аз мамлакатхои Гарб гирифтани мадади молияви кушиши зиёде дорад. Танзимгарони харакати байналмилалии сармоя Бонки байналмилалии азнавсозй ва руша (ББАТ) ва Захираи Асъорй Байналмилалй (ЗАБ) мебошанд.

ББАТ кариб 170 аъзо дошта, фаъолияти худро ба татбики лоихахои сохтории аарозмуадат равона кардааст. Ин ташкилот ба гурухи Бонки умумичахонй мансуб аст. ЗАБ ташкилоти асъорию карзии байнихукуматй буаа, бахрй батартибории муносибатхои асъорй-молиявии байни мамлакатхо, нигахдории курбии асъорхо ва ёрии асъорй расонидан ба мамлакатхои ниёзманд таъсис дода шудааст ва 180 мамлакат, аз чумла Точикистон аъзои он мебошанд.

Аз сабаби аар соли 1997 пайдо шудани бухрони чахонии молиявй аар мамлакатхои Ассотсиатсияи аавлатхои Чанубу Шаркии Осиё (АСЕАН) ва баъа аар Чумхурии Корея, Чопон ва дигар мамлакатхои чахон вазифаи ин ташкилот мураккабу вазнин гараиа. Аз ин сабаб охири солхои 90- асри XX масъалаи зарурияти ислохот аар тамоми низоми молиявии чахон ба миён гузошта шуа.

Шакли мухимми муносибатхои иктисодии умумичахонй хамкорихои истехсолии байналмилалй буаа, онхо аар навъхои гуногун ба амал бароварда мешаванд. Инхо, кабл аз хама, махсусгараонй ва     истехсолот ва истехсоли якчояи махсулот дар асоси фаъолияти бисёртарафа мебошана. Ду шакли аввал бештар аар сохаи автомобилсозй пахн шуааанд. Тайёрии мамлакатхои Фаронса, Англия, Олмон, Испания оиди баамалбарории лоихаи истехсоли якчояи аэробуси А-320 аз амсоли хамин аст. Х,ар кадом мамлакат кисми алохидаи тайёраро истехсол мекунаа ва васли пурраи ин кисмхо аар шахри Тулузаи Фаронса ба амал меояд.

Хамкорихо аар чоааи якчоя сохтани иншоотхои хочагй, таъсиси корхонахои шарикй низ аз шаклхои пахншуааи истехсолианд. Дар шароити РИТ хамкорихои илмию техникй хеле васеъ пахн шуаа истоааанд, ки ба чорикунии комёбихои нави илму техника, самаранокона истифоаабарии сарватхои табий ва гайра мусоидат мекунанд. Ин шакли муносибатхо дар тичорати литсензияю патентхо, ахбор оиаи баамалбарории якчояи лоихахо,         илми, хифзи мухити зист зохир мегараад.

Солхои охир сайёхати байналмилалй бо суръати калон вусъат гирифта, ба шакли мухимми муомилоти хизмат табаил ёфтааст. Омилхои асосии ба ин холат боисшуда тараккии
куввахои истехсолкунанда, кабл аз хама, такмили воситахои наклиёт, тараккии урбанизатсия, болоравии сатхи зиндагии мардум мебошанду хаваси донистани дигар мамлакатхо ва халкхо одамон афзудааст.

Сайёхати байналмилалиро аз нигохи: а) максад басайёхатхои рекреатсионй (саломаткунй); б) экскурсионй (донистагирй); в) корй (хизматй); г) илмй; аз нигохи тарзи харакат-автомобилй, рохи оханй, бахрй, хавой, дарёй чудо кардаанд. Дар авчгирии сайёхат афзоиши «саноати сайёх» накши мухимро мебозад, ки ба он шабакаи мехмонхонахо, кемпингхо, фирмахои сайёхатй, хизматхои ахборию рекламагй, корхонахои истехсоли савготй ва гайрахо мансубанд.

Ногуфта намонад, ки сайёхати байналмилалй барои баъзе мамлакатхо сарчашмаи хеле мухимми даромад аст. Ин даромад дар як сол дар микёси дунё ба 500 млрд доллар расидааст. Аз руйи хачми даромади мутлак дар чойи аввал ИМА буда, вале аз хиссаи ин даромад дар чамъи махсулоти дохилй мамлакатхои «курортй», ки аз хисоби фуруши хизмати сайёхонй зиндагй доранд, пешсафанд.

Аврупо минтакаи асосии сайёхонй хоричиро чалбкунанда мебошад, ки дар байни он мамлакатхо «сегонаи калон» – Испания, Фаронса ва Италия мавкеи асосй доранд.

Миёни мамлакатхои Осиё кишвархои Малайзия, Таиланд, Чин, дар Амрикои Шимолй – ИМА, дар Амрикои Лотини – Мексика чалбкунандагони асосии сайёхон мебошанд.

Охири асри XX ва саршавии асри XXI на танхо зиёдшавии одни микёси фаъолияти хочагии мамлакатхои алохида ва тамоми иктисодиёти чахон, инчунин васеъшавии алокахо байни мамлакатхои гуногун, ривочгирии таксимоти байналмилалии мехнат, торафт байналмилалигардии хаёти хочагй, пайдоишу тараккии гуруххои интегратсионй, авчи инкилоби илмй- техникй мебошад. Хакикатан ягон мамлакате нест, ки вай ба низоми муносибатхои иктисодй ва бо хам вобастагй дохил нашуда бошад.

Хочагии чахони охири асри ХХ ва аввали асри XXI баусулхои нави истехсолоти чамъиягию постиндустриявй, ба чамъияти ахборию илмй табдилёбии мамлакатхои тараккикардатарин сохиб гардид. Махз чараёни ичтимоикунонй дар вазъияти имруза омили халкунанда гардидааст. Дар тарзи нав равиши асосй якчоякунии комёбихои РИТ бо воситахои бозории майли ичтимой дошта мебошад.

Аломатхои асосии хоси чамъияти постиндустриявй чу- нинанд:

1) дар сохаи иктисоди ин гузариш аз истехсоли молхо ба истехсоли хизмат; 2) дар сохаи шугл бошад, бартари доштани коркунони мехнати фикри; 3) дар сохаи илм истифодаи самаранок ва бо хам мувофик намудани тадкикотхо, ки ба тараккии истехсолоти илмталаб мусоидат мекунад; 4) дар сохаи идоракуни бояд кабули карорхо дар асоси техникаю технологияи ахбори сурат гиранд; 5) дар сохаи экология ин мукарраркунии назорати боваринок аз болои дахолати инсон ба мухити атроф мебошанд.

Давраи гузариш ба асри XXI барои хочагии умумичахони давраи нигохдории суръати муътадили афзоиши иктисоди, баландшавии накши омилхои беруна дар тараккиёти хочаги, глобаликунонии бозорхои молияви ва пурзуршавии бо хам вобастагии иктисодиёти милли, афзоиши сохаи хизмат, муъ- тадил гардидани усулхои хамкории баинидавлати мебошад

Инчунин кобед

ДАВЛАТХОИ ДОРОИ ЗАХИРАХОИ БУЗУРГТАРИНИ ГАЗИ ТАБИИ

ДАВЛАТХОИ ДОРОИ ЗАХИРАХОИ БУЗУРГТАРИНИ ГАЗИ ТАБИИ Мамлакат Захирахои тадкикшуда (трлн м3) Мамлакат Захирахои тадкикшуда (трлн …