Главная / Илм / Махфигардони (маскировка)

Махфигардони (маскировка)

Бо максади эмин нигох доштани макони аслии зеркисмхои худ, кобилияти чангии онхо ва таъмини ногахонии харакат махфигардони (никобкори) зарур аст.

Никобкории тактики бо максади фиребидани душман нисбати хайат, макон, холат, таъйинот ва хислати амали чузъу томхо (аслиха ва техникаи харби), матлаби амалхои минбаъда, ташкил ва гузаронида шуда, барои ноил шудан ба амалхои ногахони, баланд бардоштани пойдори ва нигохдории кобилияти размии чузъу томхо нигаронида шудааст.

bez-nazvaniya-11

Вазифахои асосии никобкории тактики таъмини пинхон нигох доштани фаъолияти даста (аслиха ва техникаи харби), хакикатнигории фаъолияти сохтакоронаи лашкар мебошад.

Тарзхои ичроиши вазифахои никобкории тактики дар даста, пинхонкори, имитатсия ва амалхои намоишкорона мебошад.

Пинхонкори аз бартарафсози ё суст кардани нишонахои ошкорша- вии макон, хайат, холат ва фаъолияти чузъу томхо, аслиха ва техни- каи харби иборат аст. Он бо кувва ва воситахои чузъу томхо (хайатхо, вохидхо), чузъу томхои лашкари махсус амали шуда, бо ичрои чунин корхо ба даст меояд: истифодаи воситахои табели панохкуни ва ма- водди махалли; рангкуни мувофики табиати мавзеи амалхо, истифодаи маводди мавчфурубаранда, дудпардаи аэрозоли ва дигар мавод барои паст кардани дарачаи ошкоршавии оптики, гарми, радиолакатсиони, акустики ва дигар нишонахои аслиха ва техникаи харби; чойгиршави ва чойивазкунии чузъу томхо бо дарназардошти (истифодабарии) ху- сусиятхои никобкории махал, дар панох (соя)-и ашёхои табии ва сох- ташуда, вазъияти обу хаво, фасли сол, шабонарузи ва дигар шароити махдуди дидашавандаги; истифодаи рустанихо ва дигар тарзу усул.

Имитатсия бавучудоварии нишонахои ошкорои чузъу томхо, ас- лиха ва техникаи харби, элементхои чихозонидани мухандисии махал барои нишон додани мавчудият ё тагйирдихии макони онхо, хайат ва холат дар нохияхои муайянро дар бар мегирад. Он бо рохи дар мавкеъ, марзхои сохташуда ва чихозонидашуда барпо намудани объектхои ас- лиха ва техникаи харбии бофтакоришуда бо истифодаи амсилахо, ими- таторхо ва аксдихандахо, сохтори иншооти бофташуда амали мешавад.

Амалхои намоишкорона аз касдан ба душман намоиш додани кув- вахои махсус чудогардида ва воситахои фаъолияти чузъу томхо дар мавкеъхои бофтакорона иборат буда, намоишкорона густаришдихии воситахои оташфишони ва чихозонидани мавкеъхои оташфишонии онхоро пешбини мекунад.

Барои гумрох кардани душман истифода кардани ахдшикани: ис тифодаи нишонахои Хилоли Ахмар, парчами миёнарави (парчами

сафед), ишорахои Созмони Милали Муттахид, либоси низомии душман ва нишонахои аслиха ва техникаи он, захмдоршавии бофтакорона ва ба асири додани худ манъ аст.

Никобкории тактики аз чониби фармонравои даста (бахш, танк) мувофики вазифахои гирифташуда, нишондоди сардори баландмартаба доир ба никобкори ва вазъияти бавучудомада ташкил карда мешавад. Он доимо ва, чун коида, бо кувваи худи амали карда мешавад.

Дар бахши тирандозон бо рохи нигох доштани сирри харби, чойивазкунии пинхонии хайати шахси ва МЧП, МЗ, бо рохи ба коидахои рушнои ва шунавоии махфигардони риоя намудан ва катъан риоя намудани тартиботи махфигардони ба даст меояд.

Хайати шахсии МЧП ва МЗ бояд мохирона аз назари душман панох шуданро донанд, рузона мошинаи зирехпуш ва дигар лавозимоту силохи чангиро мутобик, ба ранги атроф рангомези кунанд. Барои ин кор чодархои махсус низ мавчуданд.

Таъминоти мухандисии бахши тирандози мошинсавор тачхизоти мухандисии нуктахо (як кисми хандакхо, рогхо)-и чойгиршави ва мах- фигардонии онхо, дар нуктахои муайян гузоштани монеахо (хорпуштхо, монеахои ноаён, минахои ишорави, минахои нобудсози самти), гузаргоххои сунъи (аз зери монеахо ва вайронахои душман)-ро дар бар мегирад. Барои тачхизонидани шуъбаи мухандиси асбобхои хандаккоби (асбобхои сапёри, ломхо) ва ашёи тахчойи истифода мешаванд.

Назорати дозиметри бо ёрии ченкунакхои кушунии дозиметрхо ва асбобхои пайгирии радиоактиви сурат мегирад. Паст кардани сатхи захролудшави ва тоза намудани силоху мухиммот аз захру микробхо пурра ва кисман мешавад. Коркарди кисман хангоми супориши чанги сурат мегирад ва пурра баъд аз ичрои супориши чанги гузаронида мешавад. Барои истифодаи дудхо ва аэрозолхо бо максади руйпуш наму- дани харакатхои худ, инчунин мухофизат аз нурхои лазери, асбобхои дудхосилкунандаи МЧП, шашка ва норинчакхои ба ин максад мувофик, истифода мешаванд

Мухофизат. Мухофизат бо максади рох надодани пайгирони душман ва зеркисмхо, пешгири намудани хамлаи ногахонии душман, барои таъмини вакт ба кисмхои худ барои хозир шудан ба мухориба ташкил карда мешавад.

НИКОБКОР

Дар хотир дор! Ту бояд хама чизро бини ва шунави, вале дар навбати худ, бояд аз чашм ноаён боши. Барои ин хар гох мавкеи худро дар шафати чизхо ё нишонахои ба чашм тез расанда интихоб накун; хангоми мушохида аз баланди аз куллаи он cap набарор; хангоми му- шохида аз паси дарахт, гарами кох ва хезум, санг ва гайра дар як чо

наист, мушохида бар ва аз тарафи сояи он ашё мавкеъ ишгол намо; хангоми дар алафзор ё дохили гандумзору зироатхои баланд дар вакти навазидани шамол онхоро тез-тез чунбондан лозим нест, зеро худро ошкор менамой; хангоми мушохидабарй аз паси буттахо дар кисми поёнии онхо мавкеъ гирифтан лозим, агар анбухи буттахо чунин имкон надихад, дар назди худ якчанд шохаи дарахтро халондан лозим аст; хангоми дар болои дарахтхо чой ишгол намудан шохаи нисбатан гафс ва аз тарафи душман сербаргро интихоб намо; дарахтеро, ки лонаи парандагон дар болояш зиёд аст, интихоб нанамо, зеро паридани па- рандахо ва овоз баровардани онхо туро ошкор месозанд; дар полизхо байни чуяхо чой интихоб намуда, худро бо зироатхо пушонидан лозим аст; дар бинохои вайрона чойи худро байни вайронахо интихоб намо; аз болои бом ва аз паси деворхои тахтагй аз таркиши онхо мушохида бар, агар чунин таркишхоро сохтан лозим ояд, ба онхо шакли сурохии аз тир ё оханпора бокимондаро додан лозим аст.

Дар акибгохи душман амал намуда истода, пайгирхо бояд хамеша барои никобкории харакату амали худ чора андешанд, ба интихо- би рохи харакати худ диккати асосй диханд. Мисол, дар роххои санг- фарш, камишзор, агар онхо шикаста нашаванд, дар регзори чуйчахои обашон кам изи одам дер намеистад ва баръакс дар вакти аз кумзори сохили обхо гузаштан, аз сахрохои сиёххок ва лойзорхо гузаштан из то дер вакт бокй мемонад. Изи ошкоршаванда, хусусан, дар сохилхои нам- ноки бахрхо, дарё, кул, дар майдонхои кушод хангоми хавои мохтоб- шаб, дар замини лойдор бокй мемонад. Яке аз усулхои никобкории харакату фаъолияти пайгирон ин таклидкорй бо воситахои дудкунанда мебошад. Аз дуд истифода бурда тавонем, воситахои равшанидихан- даи душманро халалдор намоем, рохи харакати худро найрангкорй на- моем, душмани таъкибкунандаро чапгалат дихем, махсусан аз ин усул барои аз чархболхои чангй начот ёфтан бештар истифода намудан мувофики максад аст. Солхои Чанги Бузурги Ватанй хангоми истифода бурдан аз дуд, эхтимолияти аник, расидани бомбахои душман 15-20 ма- ротиба камтар гардида буд. Дар шароитхои замонавй истифода аз дуд, вобаста аз асбобхои нишонгирии чархболу тайёрахо талафотро 5-7 маротиба камтар менамояд, махсусан хангоми истифода аз мушакхои идорашавандаи зиддитанкй, фоизи талафот 8-10 маротиба камтар ме- гардад. Барои фирефтани душман аз воситахои дудкунанда таклидко- рии сухтани мошинхоро сохтан мумкин аст. Мисол, шашкахои хурди дуддиханда дар муддати 5-7 дакика масофаи 50-70 метрро бо дуд пе- чонда мегиранд.

Хамин тавр дар ихтиёри пайгирон тарз ва воситахои зарурии зиёде чой доранд, ки факат онхоро бо маврид ва мувофики шароит истифода бурдан лозим аст.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …