Главная / Илм / Маком ва маротиби тавхид.

Маком ва маротиби тавхид.

 Уламои ислом дар тавхид макомот ва маротиб муъайян кардаанд. Дар мазхаби ханафия ин маротибро: маротиби тавхиди рабубият, тавхиди улухият, тавхиди убудият номидаанд. Ин мавзуъ дар каломи мазхаби шиъа васеъ ва мушаххастар барраси шудааст. Аз чумла хочмулло Ходии Сабзавори барои тавхид се маком: «Яке он, ки Хактаъоло дар вучуди зоти шарик надорад (тавхиди зоти) ва макоми дуюм он, ки дар холикият шарик надорад (тавхид дар афъол) ва макоми охир дар вучуди хаккики шарик надорад, ки мавчуд фи зотихи уст ва бас», (яъне тавхиди вучуди). Ва аммо уламои дигар ба чои маком истилохи маротибро ба кор мебаранд, ки дар асл хамон аст. Аз чумла устод Муртазо Мутаххари тавхидро дорои чахор маротиб: тавхиди зоти, тавхиди сифоти, тавхиди афъоли ва тавхид дар ибодат мешуморанд.

Тавхиди зоти яъне Парвардигор дар зоти худ ягона аст, мислу монанд, хамтое надорад, тамоми хасти махлуки уст. Уро шарике аз навъи писар, мавло ва ёваре нест, дар зоти худ ягона аст.

Дар Куръон оёти зиёде дар исботи тавхиди зоти нозил шудаанд.

«Агар дар онхо (яъне осмону замин) ба чуз худо худоёни дигар буданд низоми он ду бар хам мехурад, бинобар ин пероста бод худо, худованди тахт (фармонравои чахон) аз о чи инхо барояш мегуянд» (сур.21.ояти 22). Дар ин оят ва ояти дигар (сур.23, ояти 91, 92) ишора шудааст ба он, ки агар парвардигор дар зоти худ ягона набуд ва хамтову шарик медошт олами хасти дучор и харачу марач (фасод) мешуд, ихтилофу зиддиятхо нобудкунандаи вахдати олами хасти ба миён меомаданд.

Исботи ин матлаб дар илохиёти ислом яке аз мавзуъхои бахси асосист. Аз чумла Хоч Муллоходи Сабзавори дар рисолаи иктибосшуда ин масъаларо чунин истидлол кардааст:

«Аммо далил бар он ки (худованд) дар вучуди зоти шарик надорад, он аст, ки агар ду вочибул вучуд биззот бошанд тамоюз ё ба тамоми зот ё ба баъзи зот ё ба хорич аст, агар ба тамоми зот бошад вучуди вучуд, ки муштарак аст миёнашон хорич афтад ва арази ва маъалал шавад ва дар мартабаи зот вучуд надошта бошанд ва ин махол аст. Ва агар тамаюз ба баъзи бошад таркиб дар зот лозим ояд ва хар мураккаб мухточ аст ва хар мухточ мумкин аст, ва агар ба хорич бошад дар ташаххус ва хуввият мухточ ба хорич аз зот шаванд ва вочиб биззот дар хуввият ганист, ва мисли инхост дар махолияти шукуки мухталифа, ки дар аёният ва чузъият ва хоричияти мумаййиз мутафовут бошанд пас таъаддуди вочиб биззот махол аст»

Ин матлабро Абуали Ибни Сино низ дар рисолаи «Мабдаъ ва маъод» мавриди бахс карор дода, аз чумла мефармоянд. «…вочиб-ул вучуд на танхо ба навъ ё ба адад, ё ба адами инкисом, ё ба тамом будан вохид аст, балки дар ин ки вучудаш ба гайраш, гарчи аз чинси у хам набошад, нест, боз вохид аст.»

Тавхид зотиро густардатар аз ягонагии худо низ баён кардаанд. Аз ин дидгохи баъзе уламои мукаддим ва алалхусус уламои муосири ислом вахдати зотии парвардигорро тачассуми вахдати зоти хасти донистаанд. Чунон, ки аллома Садри ал-Мутаъолихин мефармояд: «… вахдати у решаю зербинои хамаи вахдатхост, чунон, ки хастии у низ сарчашмаи хамаи хастихост, бинобар ин у усулан дувумин надорад.

Инчунин кобед

city-696x440

Даврахои харакат ва манобеи ташаккули захирахои инвеститсионии корхонахо

Чараёни паи хам, доимй, устувор ва мунтазами ташкили раванди истехсолот, яъне ба хам пайваст намудани …