Рушной барои хаёти инсону хайвонот ва наботот ахамия: нихоят калон дорад. Хамаи фаъолияти инсон бо рушной алока- мандй дорад. Рушноиро асосан чашми инсон дарк менамояд, он я аз воситахои асосии азхудкунй ва омухтани табиат ба шумор мера- вад. Мо хамаи чисмхоро тавассути афканиши рушной аз тарафи онхо мебинем ва дойр ба хосиятхои гуногуни онхо маълумот меги- рем. Масалан, рушноии аз чирмхои осмонй омада имконият мели- хад, ки вазъ ва харакати Офтобу ситорахо, сайёрахо ва радифо ни онхо муайян карда шаванд.
Сохти хама гуна асбобхои оптикй ба конуну хосиятхои рушн асос карда шудаанд.
Ба воситаи микроскоп ва телескоп таркиб ва сохти чисмхои заминию осмониро муайян менамоем. Илми астрономия дар асоси робитаи рушноию чашми инсон ба вучуд омада, инкишоф ёфта истодааст. Дар хама чо, аз он чумла, дар корхонахо, заводу фабрикахо, дар наклиёт ва техникаи харбй аз рушной истифода мебаранд. Танхо равшании муътадил дар чойи кор самарабахшии корро таъмин менамояд.
Хдмин тарик, рушной барои пешрафти фаъолияти инсон нихоят зарур мебошад. Рушной аз чисмхо афканда мешавад. Чисмхое, ки ба фазой онхоро ихотакунанда рушной мебароранд, манбаъхои рушной номида мешаванд. Манбаъхои рушной ба табий ва сунъй чудо мешаванд. Ба манбаъхои табий Офтоб, ситорахо, фачрхои кутбй, электрик, набототу хашаротхои дурахшанда дохил меша- ванд. Дар байни манбаъхои табиии рушной Офтоб ахамияти мухим дорад, чунки рушноии аз тарафи он баровардашуда манбаи аввали- ни захирахои энергетикиест, ки инсоният ба онхо молик аст. Руш- ноии Офтоб барои организмхои зинда манбаи хаёт ба шумор мера- вад. Ба манбаъхои сунъии рушнои гулханхо, гугирд, шамъу чарог, экрани фурузони телевизор, лампахои электрикй ва гайрахо тааллук доранд. Манбаъхои сунъии рушной дар холати температураи баланд доштанашон рушной меафкананд, бинобар он, онхоро манбаъхои хароратии рушной меноманд. Дар замони хозира инчу- нин аз манбаъхои дигари рушной – манбаъхои «рушноии сард» но- мидашаванда истифода мебаранд. Дар ин манбаъхо рушноии газхо бо таъсири чараёни электрикии аз ин газхо гузаранда ба амал меояд ва температураи газ дар ин гуна манбаъхо кариб тагйир намеёбад.
Лампахое, ки дар онхо рушноии газхо истифода бурда меша- ванд, бо таркиби худ бо рушноии Офтоб якхела мебошанд. Бинобар ин, онхоро лампахои «рушноии руз» меноманд, ки аз онхо дар ис- техсолот ва рузгори одамон ба таври васеъ истифода мебаранд.
Хамаи чисмхоеро, ки рушной намеафкананд (дарахт, хона, мох, сайёрахо ва гайрахо), танхо дар мавриде мебинем, ки агар бо ман- баъхои рушной равшан карда шаванд. Рушноии аз манбаъхо аф- кандашуда ба сатхи предметхо афтида самти пахншавии худро тагйир медихад.
САВОЛХО БАРОИ ТАКРОР———- —————————————-
- Рушной дар хаёги инсон, дарки табиат ва инкишофи илм чй гуна ахамият дорад?
- Оптика чиро меомузад?
- Чй гуна чисмхо манбаи рушной ба шумор мераванд?
- Манбаъхои табий ва сунъии рушноиро номбар намоед.