Главная / Илм / Масъалахои истехсолоти бепартов дар металлургия ва мухофизати мухити атроф

Масъалахои истехсолоти бепартов дар металлургия ва мухофизати мухити атроф

Саноати хозира ба микдори зиёд маводи дорои хосият ва сифатхои тобовари ба гарми ва сарди, термопластики, нисбати таъсири пуршиддати химияви устуворро талаб мекунад. Маво- ди табии ва коркардашуда ин талаботро конеъ намегардонанд. Гайр аз ин, дар назди инсоният муаммохое ба монанди камшавии захирахои табии ва ашёи хом, энергия, об, махсулоти хуроквори ва гайрахо истодаанд.

Барои халли ин муаммои умумибашарй сахми илми химия ва махсулоти химияви дар хамаи чабхахои чомеа калон аст.

Мухофизати мухити атроф яке аз масъалахои мухимми умумибашари ба хисоб меравад. Бахри бехбудии кор дар ин самт мутахассисони сохаи химия истехсоли чунин мавод ва махсулоти нави безарари экологиро ба рох мондаанд, ки комплекси ашёи хом ва махсулоти табии, саноати ва кишоварзи ба максади чудо карда гирифтани компонентхои фоиданок, сарфа кардани ашёи хом ва энергия, инчунин ба накша даровардани технологияи бе- партов дар назар дошта шудааст.

Дар асоси пешрафти илми-техники саноати химия маводи на- веро, ки дар табиат вучуд надоранд, истехсол мекунад. Ба ин ма- вод:

  • полимерхо (пластмассахо, наххои синтетики, каучук);
  • махсулоти сафоли;
  • масолехи таркиби (композитхо);
  • рангхо ва лакхо;
  • воситахои синтетикии шуянда ва гайрахо мансуб мебо- шанд.

Баъзе намуди полимерхо ба мисли пулодхои зангназанандаи сифати баланддошта хеле мустахкаманд. Як тонна чунин поли- мер чойи 6 тонна металлро иваз карда метавонад. Полимерхо руз аз руз дар мошинасози, саноати атоми, радиотехника, микроэлек- троника, кишоварзи, тиб, рузгор ва дигар сохахо васеъ истифода бурда мешаванд.

Махсулоти сафоли (керамика) хамчун маводи саноати аз чихати корбаст намудан баъд аз металлхо ва пластмассахо дар чойи сеюм меистад. Дарачаи истифодабарии махсулоти сафоли дар мошинасози, сохтани тачхизоти таррохи (конструктори), электроника ва электротехника меафзояд.

Химиконидани сохаи кишоварзи ба худ чунин тадбирхоро ба монанди истифодаи нурихои минерали, татбики воситахои мухофизати рустанихо ва хок, истифодаи маводи синтетики барои бехтар кардани сохти структурии хок, мелиоратсия, гармхонахо, истифодаи дорухои кимиёви ба сифати консер- вант ва илова ба хуроки чорво, коркарди химиявии чангал ва зироатхо, тоза кардани хавзхои об бо рохи химияви, химояи ан- тисептикии иншооти чубин, тахлили химиявии хок ва махсулоти хуроквори дар бар мегирад.

Сахми химия дар бехдошти саломатии инсон ахаммияти ка- лон дошта, хамеша барои синтези доруворихои навтарин кумак мерасонад. Саноати химия дар тайёр кардани техникаи тиббй хиссаи худро мегузорад. Усулхои химиявии тадкики реаксияхои биохимияви ва ферментативии хучайра имкон медихад, ки сабабхои пайдоиши бемори, пешгири кардан ва роххои нави муоличаи он ба рох монда шавад.

Дар хаёти харрузаи мо модда(препарат)-хои химиявии маиши васеъ истифода бурда мешавад: воситахои синтетикии шуянда, тозакунандахо, моддахои гуногуни ширечи ва гайра.

Яке аз вазифахои мухимми саноати химия истифодаи максад- ноки боигарихои табии (маъданхои ранга ва сиёх, нафт, газ, ан- гишт), ки онхо аз нав бунёд намешаванд, ба хисоб меравад. Маса- лан, таркиби асосии гази моеъро пропан ва бутан ташкил медихад. Ба таври иловаги то 40% сулфиди гидроген, этан, сулфур ва гелий дорад. Аз гази моеъ чудо карда гирифтани ин омехтахо истифо- даи гази табиии холисро хам аз чихати экологи ва хам аз чихати иктисоди судманд мегардонад. Инчунин ифлосшавии атмосфера- ро аз оксиди сулфур (8О2), ки хангоми сухтани сулфиди гидроген хосил мешавад, пешгири мекунад.

Раванди хамчоякуни (интегратсия)-и технологияи химияви ва энергетикаи атоми аз чихати экологи ва иктисоди ояндаи дурах- шон дорад. Ояндаи комбинатхои химияви ба тагйирёбии мавод ва тачхизоти реакторхои ядрои, раванди нурафшонии химияви – радиатсиони, энергия ва гарми таъминкунанда зич вобастааст.

Дар мачмуъ бояд кайд кард, ки сахми химия дар инкишофи илм ва техникаи муосир калон аст.

£<,___________________________________

  1. Мухофизати мухити атроф.
  2. Истифодаи окилонаи сарватхои табии.

?ш____________________

  1. Ахаммияти саноати химияро дар хочагии халк бо мисолхои му- шаххас баён кунед.
  2. Дар зери мафхуми «хифзи мухити атроф» чиро мефахмед?
  3. Партовхои коргохи саноатиро, ки дар назди хонаатон мавчуд аст, омухта, фикри худро оид ба истифодаи партовхо баён кунед.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …