Главная / Илм / Машгулияти амали: КАСБИ ОЯНДААТРО МУАЙЯН КУН

Машгулияти амали: КАСБИ ОЯНДААТРО МУАЙЯН КУН

Оё ту касби ояндаатро медони?

Максади ин санчиш муайян кардани накшаи
ташаккулёфтаи касби мебошад. Ба ширкаткунандагон каламу когаз дода мешавад. Онхо дар болои варак касби интихобкардаи хешро менависанд.

Баъд аз он аз ширкаткунандагон такозо мешавад, ки ба саволхои пурсишнома чавобхои «ха», «не» бидиханд.

1.Оё ту мазмуни асосии касбро медони?

2.Оё ту аз шароити мехнат, маош, имконияти баланд бар- доштани ихтисос хабардор хасти?

3.Оё медони, ки кадом муассисахои таълими мутахасси- сони ин касбро тайёр мекунанд?

4.Оё ту дорои сифатхое хасти, ки дар азхудкунии ин касб зарур мешаванд?

5.Чунин мехисоби, ки сатхи донишат барои сохиб шуда- ни ин касб кофи аст?

6.Оё медони, ки кадом фанхои мактаби ба андозаи зарури барои комёби дар касб лозиманд?

Агар 40%-60% чавобхои саволхои пурсишнома мусбат бо- шанд, пас максадхои гузошташуда амали мешаванд. Онхое, ки ба саволнома чавоби манфи додаанд, бояд барои гирифта- ни машварати инфироди ба мутахассисон мурочиат кунанд.

kasb

ТАШХИСИ ХУДБАХОДИХИИ ШАХС

Дастур барои тест. Барои хар як андешаи тест ханго- ми худбаходихи лозим аст, ки чавобхои зерин дода шавад: «хеле зиёд» – 4, «зуд-зуд» – 3, «гох -гох – 2, «хеч гох» – 0. Ин вобаста ба он аст, ки андешахои зикршуда то чи андоза хоси шумо мебошанд.

ТЕСТ

1. Мехохам хамсолонам, дустонам маро дилдори кунанд.  
2. Хамеша барои хондан эхсоси масъулият меку- нам.  
3. Ман аз ояндаи худ дар ташвишам.  
4. Бисёрихо аз ман нафрат доранд.  
5. Ман аз холати равонии худ мушаввашам.  
6. Сурати зохирии дигарон бехтар аз ман аст.  
7. Ман аз суханрони назди одамони бегона метар- сам.  
8. Ман зуд-зуд хато мекунам.  
9. Афсус, ман бо одамон ба таври лозим сухбат карда наметавонам.  
10. Метарсам, ки дар чашми мардум хамчун нодон ба назар мерасам.  
11. Афсус, ки ба ман боварию эътимод кифоят на- мекунад.  
12. Мехохам, ки дигарон бештар амалу кирдори маро маъкул шуморанд.  
13. Ман бисёр хоксорам.  
14. Зиндагии ман бефоида аст.  

15. Бисёрихо дар бораи ман назари нодуруст до- ранд.  
16. Касе нест, ки бо у рози дил гуям.  
17. Мардум аз ман интизорихои зиёд доранд.  
18. Мардум ба камбудихои ман таваччухи зиёд на- доранд.  
19. Ман гохо хичолатзада мешавам.  
20. Ман эхсос мекунам, ки бисёрихо маро намефах- манд.  
21. Эхсоси амният намекунам.  
22. Бисёр вакт бехуда мушавваш мешавам.  
23. Вакте ба хонае, ки одамон нишастаанд, ворид мешавам, худро бад хис мекунам.  
24. Худро карахту шахшуда эхсос мекунам.  
25. Эхсос мекунам, ки одамон аз пушти ман бадгуйи мекунанд.  
26. Бовари дорам, ки мардум дигаронро нисбат ба ман бехтар кабул мекунанд.  
27. Ба назар чунин мерасад, ки гуё бо ман ходисаи нохуше руй медихад.  
28. Муносибати одамон маро безобита мекунад.  
29. Афсус, ки ман хушмуомила нестам.  
30. Вакте ки дар мубохисахо сухан мегуям, ба хакко- нияти худ бовар дорам.  
31. Ман фикр мекунам, ки хамсинфон аз ман чиро интизоранд.  
  Хамаги:  

Коркард ва шарху баёни натичахои тест.

Калиди саволхои тести.

Хисоби холхо аз руйи накшаи зерин сурат мегирад:

«вакти зиёд» – 4 хол;

«зуд-зуд» – 3 хол; «гох-гох» – 2 хол;

«хеч гох» – 0.

Шарху баёни натичахои тест.

Нишондихандаи дарачаи худбаходихи

0-25 хол аломати баланди худбаходихи ба шумор рафта, ин- сон ба худ бовари дорад, ба фикру мулохизахои дигарон эътибо- ри мувофик медихад ва гох-гох ба амалхои худ шубха мекунад.

26-45 хол. Нишондихандаи дарачаи миёнаи худбаходихи буда, инсон аз мачмуи норасоихои мавчуда ранч мекашад ва хар замон зери назорати дигарон амал мекунад.

46-128 хол. Дарачаи пасти худбаходихи буда, инсон бо душвори андешахои танкидиро тахаммул мекунад, у ба худ бовари надорад.

Тавсияхои тест

Агар шумо сохиби дарачаи баланди худбаходихи бошед, озодона метавонед касби сохибкориро интихоб кунед.

Дар сурати мавчудияти дарачаи миёнаи худбаходихи низ чойи ташвиш нест. Бисёрихо худро ба чунин шакл бахо ме- диханд.

Вале хангоми мавчудияти баходихии дарачаи паст чи чора бояд андешид?

Пеш аз хама барои худ равшан карда шавад, ки худбаходихи дар киёс бо дигар сифатхои шахс раванди тагйирёбанда аст ва бисёр вакт аз вазъият, даврахои зиндаги, ходисахо вобаста аст. Ба чуз ин, як хусусияти рухии инсон мавчуд аст: инсон ба хар шаклу сурате худро дидан хохад, он гох бо мурури замон хамин хел мешавад. Собит шудааст, ки тагйир додани худ замоне огоз мешавад, ки агар шахс хохиши ба даст овардани комёбихои на- заррасро дар касби интихобкардааш дошта бошад.

Инчунин кобед

d21f97d7

Тарз ва усулхои таъмин ва инкишофи муозинии фаъолияти фирма

Фаъолияти фирма нисбатан мураккаб ва бисёрчанба (истехсолй, ичтимой, тичоратй, бурунмарзй) буда, тахти услубхои бозор ва …