МУКАДДИМАИ ХИЧРАТ ба Ясриб (Мадина).
Пас аз ходисоти Тойиф, Мухаммад интизори мавсими хачро мекашид, то аз нав кабоили арабро ба дини хак даъват кунад. Лекин аксари аъроб аввалан аз руи чахолат, сониян, ба андешаи халалдор накардани муносибати худ бо сарони Курайш аз кабули даъвати у сар мепечиданд. Танхо соли ёздахуми даъват намояндагони кабилаи Хазрач бо пайгамбар дар махалли Акаба мулокот ва гуфтугу карданд ва кавл доданд, ки даъвати уро дар Ясриб нашр хоханд кард.
Ногуфта намонад, то ин ходиса дар зиндагонии пайгамбар навигарие, ки ба вукуъ пайваст иборат аз он буд, ки у нахуст баъд аз вафоти Хадича, дар худуди соли ёздахуми даъват, Суда (ё Саввода) – беваи яке аз мухочирони хабашияро, ки дар табъидгох вафот карда буд, ба зани гирифт. Баъд аз чанде, бо максад ва хадафи истехкоми бештар бахшидани муносибот бо ёрони ба у гаравидаи курайши, Ойиша духтари Абубакрро, ки шаш- хафт сола буд, номзади худ кард ва то ду сол баъд ба зуфоф даровард.[1]
Соли дувоздахум байни он шаш тан хазрачк ва боз шаш тани дигар аз ахли Ясриб аз як су ва пайгамбари ислом аз суи дигар аввалин паймон мунъакид гардид. Ясриб, ки баъдан, пас аз хичрати Расули Худо (с) чунон ки каблан гуфтем, номи «Мадинату-н-наби» ва «Мадинату-р-расул» ном гирифта, имруз мухтасар Мадина номида мешавад. Он дар худуди 500 км. дури дар шимоли Макка чой гирифтааст. Хавои гарм, обхои равон ва дар атрофаш богистон ва нахлистони фаровон дошт. Дар Ясриб ду кабилаи Араб Авс ва Хазрач ва се кабилаи яхуди: Бани Курайза, Бани Кайнукоъ, Бани Назир зиндаги мекарданд. Байни ду кабилаи номбурда ва кабоили яхуди ахду паймон буд. Харчанд кабилаи Авс ва Хазрач кабилахои араби ба хам хеш буданд, вале байни онхо хамеша низоъ ва ихтилоф буд.[2]
Меърочи Паёмбар- исроъ (сафари як шабаи пайгамбар аз Масчиду-л-харом ба Масчиду-л-аксо) ва меъроч (боло рафтан- ба боргохи илохи) мувофики ахбор дар хамин соли дувоздахуми даъват иттифок афтод. Ин хардуро аксари муаррихон дар як шаб ба амал омада медонанд. Дар бораи чигунагии ин меъроч-чисмони ё рухонк будани он ихтилофи назар аст. Бисёрихо дар чунин акидаанд, ки меъроч танхо рухони будааст.
Бояд гуфт, ин мазмун, яъне мулокоти паёмбарон бо Худо тоза нест, балки дар бисёр адёни то исломи бо каме тафовут чой дорад. Масалан, мулокоти Мусо дар Синай, дар кухи Тур бо Худо. Ё худ, меъроч ё суъуди Зардушт ба чувори Ахурамаздо, ки мухтасари шархи вокеъа чунин аст. Фариштаи Бахмон (Вахумана) бо Зардушт мулокот карда, ба у мефармояд, ки “чомаи ориятии колбуд (тан)-ро аз чон дур созад ва равонро пок ва тохир фармояд, онгох суъуд кард дар пешгохи Ахурамаздо. Чун Зардушт дар он анчумани осмони ва чойгохи барин дарун омад, сояи у махв гардид. Зеро тобиши фариштагон ва ашъиаи (шуълахои) дурахшони арвохи улви (оли) дар пиромуни у, вучуди уро чунон мустагрики нур сохта буданд, ки сояе боки намонд. Пас Ахурамаздо ба у таълим дод”.[3]
Асоси ин чунин тасаввуротро дар ислом матлабе аз сураи 17-уми Куръон – «ал-Исроъ», ояти 1 ва 60 ташкил мекунад, ки дар он омадааст: «Поку муназах аст Худое, ки дар шабе бандаи худро аз масчиду-л-Харом ба масчиду-л- Аксое бибурд, ки даври онро муборак кардем, то нишон дихем ба у баъзе нишонахо. Хамоно вайшунаво ва биност». «Ва мо руъёе, ки ба ту ироа додем набуд ба чуз барои озмоиш ва имтихон».[4]
Дар соли сездахуми нубувват паймони байъати Акаба баста мешавад. Ин байъатро байъат ё паймони харб номидаанд ва аз байъати аввала, ки байъати нисо (зан) ном дошта, бо он фарк мекард, ки масъалаи китол (мубориза ва чанг)-ро бо худ дошт. Мазмуни байъати аввалро Ардакони аз кавли Табари чунин накл кардааст:
«Байъат кардем бар он, ки ба Худо ширк наварзем, дуздй накунем, фарзандони худро накушем, бухтон_ ва ифтиро (тухам. дуруг) назанем ва дар кори хайр ба У нофармонй накунем».[5]
Паёмбар бошад дар мукобили ин байъат фармуд: «Агар вафо кардед, бихишт доред, ва агар шикастед ва ошкор шуд, дар дунё ба хадд (чазои шаръй) тандар дода, каффора хохед шуд. Вале агар пинхон монад, ба рузи киёмат афтад, Худо бубахшад ё азоб кунад»[6].
Чунон ки аз ин байъат низ бар меояд то давраи нихоии хичрат хеч ангезаи сиёсие дар кори пайдоиш ва нашри ислом дохил набудааст. Танхо дар байъати дуюми Акаба паймон ранги паймони сиёсиро мегирад ва аз хамон руз дар ислом масъалаи тавъамй ва ачинии сиёсат бо дин шуруъ мешавад. Чунон ки гуфтем, байъати дувуми Акаба Байъати харб (чанг) буд. Дар он ахд карданд, ки “пайгамбарро мисли зану фарзанди худ химоя кунанд ва аз фидо кардани мол дарег намеварзанд. Паймон карданд, ки бо сиёху сурхи бегона бичанганд”.[7]
Хусусияти сиёсй гирифтани даъвати пайгамбар дар ин байъат боз дар он зохир гардидааст, ки пайгамбар дувоздах нафарро ба унвони накиб- (сарвар) муъайян кард, ки заъомат ва риёсати кавмро бар ухда дошта масъули рафтори кавми худ бошанд.[8]
Як нуктаи мухим дар ин байъати дуввуми Акаба он аст, ки соли сездахуми баъсат ансор (онхое, ки дар Мадина даъвати пайгамбарро кабул карда, уро ёри намудаанд, чамъ 73 мард ва ду зан, ки дар таъриххо номи хамаашон сабт гардида, бо пайгамбари Ислом пинхонй чихати бастани ахду паймон гирди хам омадаанд ва дар ин чамъ амаки пайгамбар Аббос ибни Абдулмутталиб низ харчанде у хануз дар дини кавми худ буд, хузур дошт то мувозиби икдоми бародарзодааш бошад.[9]
Рочи Фазлаллох ва шайх Мухаммад Хазрачи дар ин маврид навиштаанд, ки Аббос амаки пайгамбар ба хазрачиён мефахмонад, ки Мухаммад хануз дар химоя ва пуштибонии авлоди бини Хошим аст. Чун у ба назди шумо рафтаву ба шумо пайвастанро ихтиёр намудааст, гуфтаниям, ки агар ба он чи уро даъват намудед, вафодор хастед, уро аз мухолифонаш мухофизу химоятгар хастед, шумо медонеду тахаммулатон, вале агар чуз ин аст (бо ахдатан пойдор набошед ва аз душманонаш уро мухофизат накунед), бигзоредаш то назди ашира-хешу акрабояш бошад, ки у дар иззату химоят аст.[10] Ансор бо сарварии ал-Бароъ ибни Маъруф кавл доданд, ки ба ахду паймонашон вафодоранд.
Ин матлаб аз ду чихат кобили ахамият аст: аввалан, нишон медихад, ки бани Хошим авлоди Мухаммад (с) то чи андоза ба у алокаманд буданд ва дар мушкилтарин холатхо низ ба робитаи авлодии худ нисбат ба у содику вафодор будаанд. Ин хатто дар сурате, ки Аббос побанди эътикодхои кавмии хеш карор дошт, хануз ба ислом имон наоварда буд. Сониян, ин пуштибонии Аббос ибни Абдулмутталиб хангоми байъати додарзодааш бо ансор як замонат ва вазнае барои Паёмбари Худо (с) буда ва нишон медихад, ки баъд аз вафоти амакаш Абитолиб ва завчааш Хадича Паёмбар (с) хануз тамоман танхову бе пуштвона намонда будааст. Химоя аз марди 53 сола далели он аст, ки садокат ба равобити авлоди дар он давра хелехо мустахкам будааст.
Хулоса, чунон ки арз шуд, байни пайгамбари ислом ва ансори Мадина ахду паймон баста шуд. Дар ин хангом яке аз онхо ал-Хайсам ат-Тахён пурсид. “Ё Расуллох, хамонои байни мо ва байни ин мардум (яъне яхудиён – А.Ш) ахду паймон аст, ки мо катъ мекунем, мабодо, ки мо инро кунем ва ба ту Аллох вахй фиристад, ки назди кабилаи худ баргард ва ту моро рахо кунй?” Пайгамбар табассуме ба у кард ва гуфт: «Шумо аз моеду ман аз шумоям. Бо хар ки чанг кунед, мечангамва бо хар ки сулх кунед, сулх мекунам».[11]
Шояд хамин мазмуни гуфтаи Паёмбар (с) заминаи “паймони харб” ном гирифтани ин паймон бошад.
Хабари паймони Пайгамбар (с) ба курайшиён ошкор шуд. Онхо аз нав даст ба таъкиб ва таъзиби муслимин заданд ва фитнахо ба рох андохтанд. Паёмбар (с) ба мусулмонон дастури хичрат ба Ясрибро дод. Мусулмонон хичрат ба Мадинаро огоз карда, даста–даста сафар мекарданд, баъзе ошкоро ва баъзе пинхонй. Ин тагирот курайшиёнро ба харос водор кард. Чун ки Ясриб такрибан пурра ба ислом гаравида буданд, ба чуз яхудиён. Дар муддати камтар аз се мох кариб тамоми пайравони Пайгамбар (с) ба Мадина хичрат карданд. Дар Макка факат Пайгамбар (с), Алй (р), Абубакр (р) ва чанд асхоби дигар бокй монданд. Курайш, ки аз афзудани тарафдорони Пайгамбар (с) бимнок буданд, нихоят тасмим гирифтанд масъалаи уро чиддй мухокима кунанд. Онхо хамагй дар махалли «Доруннадва» фарохам омаданд ва ба маслихат нишастанд, ки бо Мухаммад (с) чй кор кунанд. Яке маслихат дод, ки уро аз Макка берун ронанд. Кабул нашуд. Гуфтанд, агар ин тавр кунем ба атрофи у мардум ё кабилае чамъ оянд ва мантику фасохати уро дарёбанд ва бар мо хамла кунанд. Хулоса боз таклифхои дигаре чун занчирбанд ва зиндонй кардан пешниход шуд, боз хам рад шуд. Нихоят Абучахл пешниход кард, ки аз хар кабила чавони далере интихоб шавад ва хама бо як бор ба Паёмбар (с) хамла карда уро бикушанд, то хуни у ба хамаи авлоди Курайш афтад. Дар ин сурат бани Хошим чуръат нахоханд кард, ки бо хамаи кабилаи Курайш кисоси хун талаб кунанд ва мачбуранд танхо ба хунбахо розй шаванд.
Ин пешниход кабули хамагон гардид. Тасмим гирифтанд аз хар авлод интихоб шавад ва хамаги дар як вакт Мухаммадро(с) ба катл расонанд.
Чавоне аз хар авлоди Курайш дар беруни хонаи Паёмбар (с) камин гирифта буданд ва аз хар равоку равзана хонаро зери назорат доштанд. Макри курайшиён ба Паёмбар (с) ошкор шуда буд ва хамчунин, мувофики ривоёт ба Пайгамбар (с) дар ин байн фармони хичрат, низ аз Парвардигор расида. [12] Пайгамбар ба Абубакр (р), ки азми хичрат дошт, хохиш кард то бо у сафар кунанд. Абубакр(р) рози шуд ва ду шутур омода кард.
Нихоят шаби хичрат даррасид. Тибки ривоёт ба чойгахи Мухаммад Али ибни Абитолиб (р) бихуфт то нозирони хонаи Мухаммад (с), ки омодаи куштани у буданд, гумон карданд, ки у дар хона хуфтааст. Пайгамбар (с) аз дари акиб пинхони бо Абубакр (р) расид ва хамрох аз шахр берун рафта дар гор бо номи гори Савр пинхон шуданд.
Хулоса, вакто курайшиён хабар ёфтанд, Мухаммад (с) аз домашон раста буд. Онхо дар чустучуи у камар баста хатто барои касе, ки уро пайдо кунад ё кушад чоизае ба микдори сад шутур мукаррар карда буданд. Тафсилоти достони зиндагии серузаи Паёмбари ислом(с) ва Абубакр дар гори Савр ва муъчизоте дар робита ба нахваи халосии онхо аз таъкиби курайшиён дар ахбору кисас ва сиратхои баъди зиёданд. Мо аз баёни муфассали онхо мегузарем.
Алкисса, баъд аз се руз пинхони дар гор Расули худо(с) бо хамрохии Абубакр (р) ва рохбалад аз рохахои фаръи ба суи Мадина сафар мекунанд ва баъд аз таваккуфи кутохе дар рох дар рузи хаштуми Рабиъул- аввал 2-юми сентябр[13]дар баъзеи дигар 12 рабиъулаввал 1/ 24 сентябри[14]соли 622 ба Мадина мерасанд.
Муаллифи «Таърихи ислом» Рочи Фазлаллох менависад, ки «Дар ахди хилофати хазрати Умар (р) барои ибтидои таквими исломи ин рузро ихтиёр намудаанд. Ин таърихро ду моху чанд рузе пештар намудаанд то ба ибтидои соли камари мохи мухаррам мувофик гардад. Дар натича 16- уми июли соли 622- и мелодиро таърихи огози солшумории ислом карор доданд.[15]
[1] Али Шариати, Исломшиноси, с. 142.
[2] Аш-Шайх Мухаммад ал-Хазари, Нуру-л-якин фи сиратс-с-сайиди-л- мурсалин. С.58.
[3] Таърихи чомеъи адён аз огоз то имруз, тар. Али – Асгари Хикмат, Техрон, 1354, с.303.
[4] Дар бораи Меъроч муфассал ниг. М. Х. Хайкал, Зиндагонии Мухаммад, с. 196-201.
[5] . д. М.Т. Ардаконй, Таърихи тахлилии ислом. Сах. 100.
[6] Хамон чо сах. 100.
[7] Хамон чо с. 101
[8] . д. М. Т. Ардаконй, Таърихи тахлилии ислом, сах. 101.
[9] Аш – Шайх Мухаммад ал-Хазрачи, Нуру-л-якин фи сирати-с-Сайиди- л-мурсалин с. 60.
[10] Ниг. Шайх Мухаммад Хазрачи, Нуру-л-якин, с. 61, Рочи Фазлаллох, Таърихи ислом, самиздат. Бидуни сол ва чои нашр, с. 47; М.Х. Хайкал зиндагонии Мухаммад, с. 210.
[11] Шайх Мухаммад ал–Хазрачй, Нуру–л–якин, сах. 61.
[12] Ояти куръоние, ки ишора ба ин макри Курайш мекунад (аз сураи ал-Анфол, ояти 30 ) чунин аст: «Ва хангоме, ки хилла мекунанд бо ту онхо, ки кофиранд, то туро нигох доранд ё бикушанд ё берун кунанд, онхо хилла мекунанду Худо хилла (-и онхоро талофи мекунад) ва Худо бехтарин (талофикунандаи ) маккорон аст».
[13] . аш-Шайх Мухаммад ал-Хазрачи, Нуру-л-якин, сах. 65.
[14] О.Г. Большаков, История халифата т. 1.
[15] Рочи Фазлаллох, Таърихи ислом к. 2. Сах. 14.