Осори адабии Саййидои Насафй, ки «Куллиёт»-и уро фарохам овардааст, дорои 8500 байт мебошад. Дар осори махфузмондаи шоир чойи аввалро газал ишгол менамояд, ки микдори он 4600 байт аст. Мусаммати мухаммас пас аз газал дар чойи дуюм буда, 1050 байтро ташкил медихад.
Инчунин, Миробид Саййидои Насафй ба хунармандон, намояндагони хунархои мухталиф як силсила шеърхо бахшидааст. Вай чанд маснавии дигар низ дорад, ки хачми онхо аз 16 то 68 байтро дар бар мегиранд. Яке аз чунин маснавихои у «Дар мазаммати дузде, ки хонаи шоирро горат кардааст» ном дорад, хеле чолиб буда, дар баробари арзиши адабй – эстетики ахаммияти ичтимоию шархихоли низ дорад.
Дигар аз асархои Саййидо, ки то ба хадде шухрати эчодии шоирро таъмин мекунад, «Шахрошуб»-и шоир аст, ки у ба эчоди ин асари худ, аз як тараф, анъанаи адабиро давом дода бошад, аз тарафи дигар, авзои хунару фарханги замони худ, ривочи касбу хунархо ва тарзи зиндагии муосирони хешро ба таври бадеи баён кардааст. Ин асари Саййидои Насафи оид ба хунару пешаи 212 нафар хамзамонони у ва чузъиёти хунарию хусусиятхои дигари фаъолияти мардуми мехнаткаш маълумот медихад. Аз чумла, доир ба намояндагони касбу корхои мухталифи давр: заргару бофанда, кулолу музадуз, деворзану кабобпаз ва гайра васфу тавсифхои рангин ба назар мерасад. Теъдоди ашъори мазкур низ басо чолиб буда аз як то се-чор байтро фаро мегирад.
Шеърхои ба хунармандон бахшидаи Саййидо аз нигохи истифодаи авзон низ гуногун буда, аз «Шахрошуб» бо он фарк мекунанд, ки дар ашъори ба ахли хунар ихтисосдода танзу хазли хеле малех дида мешавад.
Маснавии тамсилии Саййидо, ки «Бахориёт» ё «Хайвонотнома» ном дорад, шухрати шоирро дар эчоди ин навъи адаби таъмин менамояд.