Яке буду яке набуд, як замоне дар як кишваре под- шохе буд. у чун подшохи хирадманд дар тамоми дунё машхур буд. Мисли он ки аз осмон ба вай хабар ме- расида бошад, он подшох тамоми сирру асрори дунё- ро медонист. Аммо у одати ачибе дошт. Баъди хуро- ки нисфирузй, вакте ки хама пароканда мешуданду дастархонро мегундоштанд, хизматгори бовафояш ба подшох боз як таом меовард. Он чи таом аст, хеч кас, хатто он хизматгор хам намедонист. Чунки шох сар- пуши дегчаро вакте мекушод, ки хеч кас дар наздаш набошад ва баъд ба хурдан сар мекард.
Баъд аз чанде хисси кунчквии хизматгор зиёд гашту дигар токат карда натавонист ва таоми номаълумро ба хоначааш бурд. Дарро махкам баст ва баъд сарпуши дегчаро ку- шоду дар он чо мори сафедро дид. Хавасаш омаду каме аз он бури- да хурд. Хамин ки лук- маро фуру бурд, хамо- но дар назди тиреза садои ачиби паран- дахоро шунид. Наз- диктар рафту дид, ки гунчишкон байни худ сухбат мекунанд. Ачиб, ки он чавон забони гунчишконро мефахмид. Хурда- ни шти мори сафед сабаб шуд, ки у забони паран- дахоро фахмад.
Иттифокан, хамон руз ангуштарини тиллоии ма- лика гум шуд ва хама аз хизматгори бовафои шох гумонбар шуданд. Шох хизматгорро даъват карда, сарзаниш намуд ва гуфт, ки агар то пагох гунахгорро наёбад, худашро хамчун дузд ба махкама мекашад. Хизматгори вафодор бо тарсу вахм ва ташвиши зиёд ба руйи хавли баромад ва ба фикр фуру рафт, ки чи тавр аз балои ногахони ва тухмати нохак халос ша- вад. Дар лаби чуйбор чанд мургоби пару боли худро бо минкор тоза намуда, бо хам сухбат мекар- данд. Хизматгор истоду ба сухбати онхо гуш ан- дохт. Мургобихо бо хамдигар ба кучо рафтана- шон, чи хурданашон, дар кучо шино карданашон гап мезаданд. Яке аз онхо ботаассуф мегуфт:
- Дар шикамам вазниние хис мекунам. Ман саро- сема мерафтаму нохост дар зери тирезаи малика ан- гуштарини тиллоиро дидам ва онро фуру бурдам.
Чони хизматгор ин гапро шуниду мургобиро бардошт ва ба ошпазхона бурда ба ошпаз гуфт:
- Хамин муробиро бикуш. Бин, чи кадар фарбех шудааст.
– Бале, – гуфт ошпаз мургобиро бардошта, – хуб фарбех шудаасту вакти бирён карданаш раси- дааст.
Ошпаз муробиро кушт ва аз шиками он ангушта- рини маликаро ёфт. Хамин тавр хизматгори бовафо бегунохии худро исбот кард.
Шох афсус хурду хост, ки иштибохи худро ислох кунад. Бо ин максад ба хизматгораш гуфт, ки хар чи хохад, хохиш кунад, агар хохад, баландтарин ман- саби дарборро медихад. Хизматгор ин пешниходи шохро рад кард ва илтимос намуд, ки шох ба у асп ва пул дихад. “Мехохам, ки сайру саёхат кунам ва дунё- ро бинам” – гуфт чавони хизматгор.
Шох хохиши хизматгорашро ичро кард ва у ба саёхат баромад.
Боре чавон аз назди куле мегузашт. Се мохи- ро дид, ки дар кул ба камишзор банд шуда будан- ду баромада наметавонистанд. Мегуянд, ки мохихо гунг хастанд, вале хизматгор сухани онхоро шунид. Мохихо шикоят мекарданд, ки дигар аз ин банд рахо шуда наметавонанду бехуда нобуд мешаванд. Он ча- вон дили нарму мехрубон дошт, бинобар ин аз асп фуромад ва мохихоро гирифту ба об андохт.
Мохихо аз шодию хурсандй мечахиданд ва аз об сарашонро бароварда гуфтанд:
– Ту моро аз марг халос карди. Мо ин некии туро хеч гох фаромуш намекунем. Хар вакте ки лозим ша- вад, ба ту кумак мекунем.
Чавон рохашро давом дод ва ногахон дар пеши пояш дар регзор садоеро шунид. Бодиккат гуш карду овози шохи мурчагонро шунид, ки шикоят мекард:
- Кошки одамон ва хайвонхои бузургчусса моро ба холамон мегузоштанд.
Инро шунида чавон зуд канори рох баромад.
Он вакт шохи мурчагон гуфт:
- Мо некии туро хеч, гох фаромуш намекунем. Агар лозим шавад, мо хам ба ту некй мекунем.
Чавони хизматгор боз рохашро идома дод ва ба бешае расиду ду зогро дид. Онхо дар лонаи худ исто- да буданду чучахои худро ба поён мепартофтанд ва мегуфтанд:
- Гум шавед, тайёрхурхо! То кай мо шуморо хуро- нем. Акнун шумо калон шудед, худатон хисобатонро ёбед.
Зогчахои бечора ба замин афтода, аз чояшон бар- хоста натавониста бол мезаданд ва мегуфтанд:
- Холо мо чучахои майдаякак хастем, парида на- метавонем, шумо, ки падару модари мо хастед, бояд ба мо хурок дихед. Вагарна аз гуруснаги мемурем.
Хизматгори шох аз аспаш фуромаду бо шамшер аспашро кушт ва гушташро ба зогчахо дод. Чучахо сер шуданду гуфтанд:
- Мо некии туро фаромуш намекунем. Агар муш- килие ба сарат ояд, мо ёри медихем.
Акнун хизматгори шох мачбур буд, ки пиёда са- ёхат кунад. у рохи зиёдеро тай карда, нихоят, ба пой- тахти кишваре расид. Дар чахои он шахр мардуми зиёде чамъ омада, шуру маал мекарданд. Хамин дам пайкори аспсаворе омаду эълон кард:
- Шохдухтари мамлакати мо барои худ шавхар интихоб мекунад. Касе, ки хостгор бошад, аввал бояд шарти мушкилеро ичро кунад. Агар натавонад, хаё- ташро аз даст медихад.
Чонони бисёре саъй карданд, ки шарти шох- духтарро ичро кунанду шавхари у шаванд, вале но- ком аз зиндаги мерафтанд.
Вакте ки хизматгори шох он духтарро дид, чунон мубталои хусни бехамтояш гашт, ки чони худро ба каф гирифта, ба назди шох омад ва талабгори шох- духтар гардид. Уро ба сохили бахр оварданд. Шох ангуштаринро ба бахр партофту гуфт:
- Ангуштаринро аз каъри бахр ёфта биёр. Агар натавони, туро ба бахр мепартоям.
Ба холи ин чавони бечора рахми одамон омад ва хама пароканда шуда рафтанд. Вай дар сохил хайрон меистоду фикр мекард, ки чи кор кунад. Ногахон дид, ки се мохи ба суяш шино карда меоянд. Онхо хамон мохихое буданд, ки як вактхо аз марг начоташон дода буд. Яке аз мохихо дар дахонаш ангуштарин дошт ва онро оварда ба пеши пойи чавон гузошт.
у хурсанд шуду ангуштаринро ба подшох оварда дод ва умедвор буд, ки шох ба кавли худ вафо мекунад.
Вале шохдухтар чун фахмид, ки домодшаванда хиз- матгор аст, ба у чавоби рад дод ва талаб кард, ки боз як шартро ичро кунад. Шохдухтари магрур ба бог рафт ва дар руйи алаф дах халтаи чавро рехт.
- То сахар, пеш аз баромадани офтоб, ту бояд ин чавро гундори – гуфт шохдухтар. – Хушёр бош, ки ягон донааш гум нашавад.
Чон дар бог нишаста фикр мекард, ки чи тавр ин шартро ичро кунад, вале хеч илоче ёфта натаво- нист ва амгин буд, ки субх фаро мерасаду уро ба катл мерасонанд.
Вакте ки нурхои аввалини офтоб дурахшиданд, чавони хизматгор дид, ки хамаи дах халта пур аз чав истодаанд ва ягон донаи чав гум нашудааст.
Шабона шохи мурчагон бо селаи худ омада чав- ро чида буданд.
Баъд аз чанде шохдухтар ба бог омад ва халтахои пурро дида хайрон шуд, ки чавон супориши муш- килро ичро кардааст. Вале кибру гурури худро паст накарда гуфт:
- Харчанд ки ту хар ду шарти маро ичро карди, лекин вакте шавхари ман мешави, бояд барои ман аз дарахти хаёт себ биёри.
Чавон намедонист, ки дарахти хаёт дар кучо меруяд. Вале у карор дод, ки ба рох мебарояду чустучу мекунад. Каламрави се шохро тай кард ва нихоят ба чангале расид. Ба зери дарахте нишаст ва хост, ки хоб кунад. Хамин хангом хиширроси барги дарахтро шу- нид ва ба дасташ себи тилло омада афтод. Баъд се зог парида омада ба зонуи чавон нишастанд ва гуфтанд:
- Мо хамон се чучаи зог хастем, ки ту аз марг начот дода буди. Акнун мо калон шудем. Вакте шу- нидем, ки ту себи тиллои мечуйи, ба макони дурдаст, ки дар он чо дарахти хаёт меруяд, парида рафтем ва бароят себи тиллоро овардем.
Чавон шоду хурсанд шуд ва себи тиллоро ба шовдухтари нозанин оварда дод. Шовдухтар дигар бахончуйи карда наметавонист. Онхо бо хам себро
ду кисм карда хурданд. Дар дили шовдухтар мухаб- бат пайдо шуд. Чавони хизматгор ва шовдухтар зану шавхар шуданд ва то охири хаёт хушбахтона зиндаги карданд.