Главная / Биология / НАЗАРИЯИ ИРСИЯТИ ХРОМОСОМИ. МЕРОСГУЗОРИИ ХАМПАЙВАСТАГИИ ГЕНХО

НАЗАРИЯИ ИРСИЯТИ ХРОМОСОМИ. МЕРОСГУЗОРИИ ХАМПАЙВАСТАГИИ ГЕНХО

Мендел дар тачриба меросгузории танхо хафт чуфт алома- ти нахудро дида баромад. Баъдан бисёр тадкикотчиён меросгу- зории чуфти аломатхои гуногуни организмхои дигарро омухта, конунхои Менделро татбик намуданд. Ин конунхо барои хамаи организмхои бо рохи чинси афзоишкунанда хоссанд. Баъдтар маълум гардид, ки дар нахуди хушбуй ду аломат, яъне шакли гард ва ранги гулхо бевосита ба мерос нагузашта, наслхо факат ба во- лидон монанданд.

Тадричан адади чунин мисолхо, ки бо конуни сеюми Мендел итоат намекунанд, зиёд шуд. Хамин тавр, маълум гардид, ки кои- дахои таксимшавии бевосита дар наслхо ё комбинатсияи озод ба хамаи генхо хос нест. Дар хакикат, барои хар организм аломатхои бисёре хоссанд, вале микдори хромосомахо махдуд (кам) аст. Аз ин маълум мешавад, ки дар хар хромосома на факат як, балки якчанд ген чойгиранд.

Чунин холат боиси дигар шудани конуниятхои меросгузории генхо гашта, ин масъаларо олими барчастаи амрикой, генетик Т. Морган исбот намудааст. Фарз кардем, ки ду гени А ва В дар як хромосома чойгиранд ва организме, ки барои дурагакуни ин- тихоб шудааст, бо ин генхо гетерозигот аст.

Дар анафазаи якуми таксимшавии мейози хромосомахои го- мологи дар вакти кашиш хурдан ба кутбхои бо хам мукобил дар хучайрахои гуногун чойгир шуда, ба чойи чор навъ ду навъи га- мета пайдо мешавад, ки ин мухолифи дурагакунии дигибриди ва конуни сеюми Мендел мебошад. Агар организми гомозиготи бо генхои ретсессивидошта (аа ва вв) дурага карда шаванд, пас ба чойи 1:1:1:1, ки барои дурагакунии тахлили хос аст, тачзияи 1:1 пайдо мешавад:

Чунин номувофики аз конуни таксимшавии бевоситаи ало- матхо далели он аст, ки генхои ин аломатхо дар як хромосома чойгиранд ва хамрох ба мерос мегузаранд. Инро дар мисоли му- шаххас дида мебароем. Агар магаси дрозо филаи хокистарранги болаш муътадилро бо магаси сиёхи бебол дурага кунем, он гох дар насли якум хамаи магасхои дурага боли муътадили хокистар- ранг доранд. Ин организмхо дигетерозиготианд, яъне бо ду чуфти аллелхои гении худ фарк мекунанд ва гени дорандаи боли муъта- дил нисбат ба боли нопурра ва гени хокистарранг нисбат ба сиёх доминант аст. Дар дурагакунии тахлили насли якумро Г1 бо дро- зофилаи гомозиготии ретсессиви (сиёхи бебол) дурага кунем, дар наслхои Г2 бештари наслхо фенотипи волидонро сохиб мешаванд (расми 9.5).

Ходисаи хамрох ба мерос гузаштани генхое, ки дар як хромо- сома чойгиранд, меросгузории часпида ном гирифтааст. Генхои дар як хромосома чойдоштаро хампайвасти (часпаки)-и генхо ме- номанд.

Ба мерос гузаштани генхои хампайваст (хамрох ба мерос гу- заштани онхо)-ро, ки дар як хромосома чойгиранд, конуни Мор- ган меноманд. Хамин тарик, конуни сеюми Мендел факат барои меросгузории чуфти аллелхо (генхо), ки дар хромосомаи гайриго- мологи чойгиранд, хос аст.

Генхои дар як хромосома чойгирифта, ки хамрох ба мерос ме- гузаранд, гурухи хампайвастро ташкил мекунанд. Аз сабаби он, ки дар хромосомахои гомологи генхои аллели дар нуктахои якхе- ла (локус) чой гирифтаанд, гурухи хампайвастро ду хромосомаи
гомологи ташкил мекунанд. Гурухи хампайваст баробари мик- дори хромосомахои гаплоидии хар як намуд аст. Дар инсон 46 хромосома, гурухи хампайваст 23, магаси дрозофил 8 хромосома, гурухи хампайваст 4, нахуд 14 хромосома, гурухи хампайваст 7 ва гайра, лекин дар натичаи тахлили меросгузории хамчаспии генхо маълум гардид, ки дар баъзе мавридхо коидаи хамчаспии генхо тагйир меёбад.

Расми 9.5. Меросгузории бахампайвасти аломатхо дар дрозофилхо.

  • – дар холати чиликинашудан (нарина гетерозигота, Г1)
  • – хангоми чиликшави (модина гетерозиготи Г1); дар Гв танхо модинахо акс ёфтаанд, чунки наринахо фенотипан хокистари канотдоранд, Ь+ – хокистари, Ь – ранги бадани сиёх, ^д+ – каноти муътадил, ^д – беканот.

Мейозро ба хотир оред. Дар профазаи якуми таксимшавии мейозй хромосомаи гомологи ба хам часпида (конюгатсия), дар байни онхо додугирифти кисмхо (ивазшави) ба амал меояд, ки инро чиликшави меноманд (расми 6.7). Дар натича комбинатсия (якчояшави)-и нави генхо дар хромосомахо ба амал меояд.

Дар натичаи чиликшави, дар баъзе хучайрахо кисмхои ба хам монанди хромосомахои гомологии генхои А ва В иваз шуда, га- метахои Ав ва аВ пайдо мешаванд. Дар наслхои онхо чор шакли фенотипи дида шуда, ба комбинатсияи бевоситаи генхо монанд аст. Аммо микдори таносуби фенотипхо ба таносуби 1:1:1:1, ки хоси дурагакунии тахлилии гибриди мебошад, мувофик нест. Ба- рои исботи ин далел ба мисоли дар боло овардаи магаси дрозо- фила, ки бо аломати худ фарк мекунанд, менигарем. Дар баъзе мавридхо дар насли Г1 шаклхои фардхои нав пайдошуда, нисбат ба фардхое, ки ба волидон монанданд, камтаранд, аз чумла ма- гаси хокистарранги бебол (расми 9.5.) ва сиёхи болаш муътадил. Пайдо шудани ин микдори ками фардхо (8,5% аз хар як шакл) натичаи халал ёфтани хампайвастии генхост.

Хамин тарик, часпакии генхо пурра ва нопурра буда, саба- би вайрон шудани часпакии генхо чиликшави, яъне додугирифти кисмхои хромосомаи гомологи дар таксимшавии профазаи мей- ози аст.

Т.Морган исбот намуд, ки чи кадаре генхо дар хромосома аз хамдигар дур чойгир шуда бошанд, эхтимолияти чиликшави хамон кадар зиёд ва фоизи фардхо бо омезиши гаметахои нав бисёр буда, аз волидон фарк мекунанд. Дар генетика масофаи байни генхои дар як хромосомаи гомологи чойдоштаро бо фо- изи гаметахои чиликшуда нисбат ба микдори умумии гаметахо, ки дар натичаи омезиш (рекомбинатсия)-и генхои хромосомаи гомологи пайдо мешаванд, муайян мекунанд. Ченаки масофаи байни генхои дар як хромосома чойгирифта ба як фоиз чилик- шави баробар аст. Чунин ченак ба шарафи Т.Морган, моргано- ид ном гирифтааст.

Саволхо барои санчиш:

  1. Хампайвастии (часпакии) генхо чист?

2- Гурухи хампайвасти аз чи иборат аст? Кадом хромосомахо як гурухи хампайвастиро муайян мекунанд?

  1. Кадом ходиса хампайвастии генхоро вайрон мекунад?

Тестхо

  1. Назарияи ирсияти хромосомахоро ки пешниход намуда буд?

а) К. Корренс; б) Т. Морган; в) Э.Чермак.

  1. Меросгузории бохампайвасти генхоро ки кашф намуд?

а) Т. Морган; б) К. Корренс; в) Э.Чермак.

  1. Конуни бевосита ба мерос гузаштани аломатхоро дар кадом рустани мушохида намуданд?

а) нахуди хушбуй; б) гандум; в) гули шому сахар.

  1. Оё микдори генхо ва хромосомахо барои хар як организм бароба- ранд.

а) не; б) ха; в) баробаранд;

  1. Конуни Т. Морган чи ном дорад?

а) бохампайвасти генхо; б) чиликшави; в) гайрипайваст.

  1. Аз конуни Т.Морган чи хулоса баровардан мумкин аст?

а) дар як хромосома танхо як ген чойгир аст; б) дар хар як хромосома дутоги ген чойгир аст.

в) дар хар як хромосома даххо ва садхо ген чойгир аст.

  1. Гурухи бохампайвасти генхо ба чанд баробар аст?

а) баробари микдори хромосомаи гаплоиди; б) баробари микдори хромосомаи диплоиди; в) баробари микдори хромосомахои чинси.

  1. Бохампайвастии генхоро чи вайрон мекунад?

а) чиликшавии хромосомахои гомологи; б) дучандшавии хромосо- махои соматики; в) кам шудани дастаи хромосома.

  1. Эхтимолияти фоизи чиликшави ба чи вобаста аст?

а) масофаи байни генхо; б) чойгиршавии генхо; в) дарозии хромосо- махо.

  1. Масофаи байни генхоро бо чи чен мекунанд?

а) млм; б) морганоид; в) вакт.

Инчунин кобед

Усули популятсионй

Тадкикотхои генетики – популятсиони имконият медихад, ки микдори вохурии генхо ва генотипхо дар ин ё …