НОХИЯХОИ ИКТИСОДИИ ТОЧИКИСТОН
Ба хотир оред: нохияи иктисодй чист ва кадом конуниятхои нохия-
бандиро медонед? Комплекси хочагии халки нохияхои иктисодй аз
кадом гурухи сохахо ташаккул меёбад?
Дар асоси ба инобат гирифтани конуниятхои нохиябанди ва самти тахассуси хочаги дар Точикистон 6 нохияи иктисодиро чудо кардан мумкин аст: Сугд, Хисор, Вахш, Кулоб, Рашт ва Бадахшон. Нохияхои иктисодии Точикистон аз дигар нохияхо бо он фарк мекунанд, ки дар байни худ сархадхои табии низ до- ранд (каторкуххо, бахшгоххо). Нохияхои иктисодии чумхури аз хамдигар бо мавкеи географи, шароити тибииву сарватхо, ахоли ва захирахои мехнати, сохахои махсусгардонидашуда ва имкониятхои тараккиёти ояндаи хочаги фарк мекунанд.
Дар поён тавсифи мухтасари нохияхои иктисодии чумхури аз руйи накшаи зерин оварда мешавад: таксимоти маъмури ва мавкеи географи, шароити табии ва сарватхо, ахоли, хочаги (саноат, кишоварзи, наклиёт), робитахои иктисоди ва инкишо- фи хочаги дар оянда.
Нохияи иктисодии Сугд шахрхои Хучанд, Конибодом, Ис- фара, Табошар, Кайроккум, Истаравшан, Панчакент, Шуроб, Чкаловск, нохияхои маъмурии Ашт, Гончи, Зафаробод, Ис- фара, Конибодом, Шахристон, Спитамен, Мастчох, Гафуров, Расулов, Хучанд, Истаравшан, Кухистони Мастчох, Панча- кент ва Айниро дар бар мегирад. Масохати умумиаш 25,4 хаз. км2, ахолиаш зиёда млн. нафар аст.
Нохияи иктисодии Сугд дар кисми шимоли чумхури чойгир буда, водии дарёи Сир ва доманакуххои атрофи онро дар бар мегирад. Иклими нохия хушк ва континенти буда, вобаста ба дарачаи баландии махал тагйир меёбад. Олами набототаш гу- ногун аст: аз набототи биёбони (дар поён) то маргзорхои ал- пию субалпи, ки дар баландии зиёда аз 2500 м чойгиранд (чун чарогох истифода мешаванд).
Нохияи иктисодии Сугд аз нафт, ангишти бур, полиметал- лхо, висмут, охак, намак, молибден, масолехи сохтмон ва гай- ра гани аст (ба хотир оваред, ки кадом конхо), ахолии нохия зич чойгир буда, бо кувваи кори таъмин мебошад, бахусус ахо- лии шахр босуръат меафзояд (дар дахсолаи охир 28,5 дарсад зиёд шуд).
Хочаги. Дар тули солхои Хокимияти Шурави дар хочагии халки нохияи Сугд тагйироти кулли ба амал омад. Яке аз чу- нин тагйирот сохтани НБО-и Кайроккум дар дарёи Сир буд. Ин неругохи баркии оби «Дустии халкхо» ном дорад, зеро дар сохтмони он намояндагони 37 миллат иштирок кардаанд. Иктидори неругох 126 хаз. квт буда, соле 700 млн. квт соат кув- ваи барк истехсол мекунад.
Дар нохияи иктисодии Сугд сохахои саноати сабук ва хуроквори таракки кардаанд. Илова бар ин, дар нохия чунин сохахои саноат, аз кабили мошинсози, коркарди металл, маъ- дан, масолехи сохтмон ривоч ёфтаанд. Дар заминаи сарватхои
зеризамини комбинатхои маъдани Адрасмон ва Анзоб кор ме- кунанд. Дар нохия истихрочи ангишт (Шуроб), нафт (Нафто- бод, Айритон), намак (Камишкургон) ва масолехи бинокори ба рох монда шудааст. Корхонахои саноати сабук (комби- натхои абрешим ва колинбофи) ва хуроквори (пахтатозакуни, равганкаши, консерваи мева) чойгир шудаанд. Чанд сол боз корхонаи муштараки Точикистону Чин «Зарафшон» (истехсо- ли тилло) фаъолият дорад.
Кишоварзи аз сохахои зерин иборат аст: пахтакори, бог- дори, тамокукори ва чорводори. Инкишофи пахтакори ва бог- дори ба обёри нихоят марбут аст. Заминхо асосан аз дарёхои кухи (Оксу, Хочабокиргон, Исфара) таввассути канал ва стан- сияхо обёри карда мешаванд. Дар боготи ин нохияи иктисоди зардолу, шафтолу, себ, нок парвариш меёбанд. Яке аз сохахои асосии зироат токдори аст (асосан навъхои ангури мавизбоб ва хуроки). Кишмиши сиёх ва сафеди Истаравшан шухрати беандоза дорад. Дар водии Зарафшон кисми зиёди богхоро зардолузорхо ишгол мекунанд. Навъхои зардолуи махаллии фалгари, мирсанчали, мохтобии нохияи иктисодии Сугд дар натичаи корам шудани даштхои Ашти калон, Дилварзин, Махрам ва гайра зиёд шуда истодааст. Бахри рушди минбаъ- даи кишоварзи бехтар намудани холати милиоративии замин ва таъмину тачдиди иншооти обёри ахамияти калон дорад.
Шароити табиию иктисодии нохия (фаровон будани об, чашмахои минерали, лойкахои шифобахш) барои минбаъд зиёд намудани шумораи истирохатгоху шифохонахо мусоид аст. Дар нохия дармонгоххои «Хавотог» ва «Зумрад» мавчу- данд, ки беморони аз дигар чумхурихо омадаро низ кабул ме- кунанд.
Шахри Хучанд маркази калони саноату фарханги нохия ба шумор меравад. Шахри Хучанд таърихи кадим дорад. Соли 1986-ум 2500-солагии Хучанд чашн гирифта шуд. Хучанд, ки дар чоррохаи асосии тичорат чойгир буд, дар тамоми солхои мавчудияташ яке аз калонтарин марказхои иктисодию сиёсии Осиёи Миёна ба шумор мерафт. Таърихи шахр бо номи шои- рони машхур – Камоли Хучанди, Махастии Хучанди, Тошхоча Асири, Содирхони Хофиз ва олими маъруф Хочи Юсуф сахт алокаманд аст.
170
Дар тули солхои Хокимияти Шурави симои фархангии шахр хеле дигаргун шуд. Дар Хучанд зиёда аз чор хиссаи хамаи корхонахои калон чойгир мебошанд. Дар тараккиёти саноа- ти шахр ахамияти комбинатхои абрешим ва консервбарори, заводхои шиша ва пахтатозакуни, корхонахои коркарди ме- талл калон аст. Заводи пахтатозакунии шахр аз нав сохта ва бо технологияи нав чихозонида шудааст. Аз сохахои саноати хуроквори комбинати консерви Хучанд, ки консервхои меваю сабзавоти, меваи хушк, шарбату афшурахои гуногун истехсол мекунад, ахамияти калон дорад. Махсулоти комбинат дар ди- гар нохияю шахрхо талабгорони зиёд дорад. Дар шахр кор- хонахои коркарди металл ва истехсоли масолехи сохтмон низ мавчуданд.
Хучанд маркази асосии маърифатии шимоли чумхури аст. Дар ин чо донишгоххои омузгори, технологи омузишгоххои тибби, мусики ва бадеи мавчуданд. Театри вилоятии мусикию драма ва музеи таъриху кишваршиноси шухрати калон доранд. Дар Боги ботаникии шахр зиёда аз 600 навъи дарахту буттахои Осиёи Миёна, бахри Миёназамин, Осиёи Шарки, Амрикои Шимоли парвариш карда мешаванд. Боги ботаники кариб ба тамоми богхои ботаникии чахон робитаи илми дорад.
Дар шарктари Хучанд шахри Конибодом чой гирифтааст, ки дар гузашта шахрчаи хурд буда, хамаги чанд дукони бофанда- ги дошт. Холо Конибодом маркази калони саноати буда, до- рои корхонахои консервбарори, пахтатозакуни, равганкаши, рехтагарию механики, фабрикаи ресандаги, заводи «Автозап- част» мебошад. Дар Конибодом техникуми технологи ва теат- ри драма мавчуд аст.
Шахри Исфара дар сохили руди Исфара вокеъ аст. Шахр зуд васеъ шуда, дар оянда ба маркази мухимми саноати табдил хохад ёфт. Комбинати консерви Исфара аз чихати бузурги дар нохияи иктисодии Хучанд чойи сеюмро мегирад. Дар Исфа- ра чанд корхонаи хурд низ мавчуданд, ки рангхои минерали, масолехи саноат, бофандаги истехсол мекунанд. Исфара яке аз гушахои зебоманзараи чумхури аст. Дар канори шахр дармон- гохи «Зумрад» вокеъ аст, ки ахамияти минтакави дорад.
Истаравшан аз чумлаи шахрхои кадимтарини Точикистон аст. То замони Шурави дар шахр устохои кандакор, гачкор,
зардузхо, заргарон бисёр буданд. Холо Истаравшан шахри са- ноати аст. Дар он сохахои саноати сабук ва хуроквори рушд ёфта истодаанд. Заводи консерви Истаравшан кишмиш, меваи хушк, консерв, шарбат истехсол мекунад. Дар Истаравшан фабрикаи калонтарини кешбофии чумхури чой гирифтааст. Саноати махаллии шахр низ таракки дорад. Истаравшан чун пойтахти Истаравшани кадим барои муаррихон, бостоншино- сон ва сайёхон марокангез аст. Дар Истаравшан аз ёдгорихои таърихию меъмори Масчиди Кукгунбаз (асри XVI), макба- рахои Боботаго (охири асри XVI) , Абдулкодири Гелони (асри XVI), Чоргунбаз (асри XVIII) боки мондаанд.
Панчакент калонтарин махалли ахолинишин ва маркази са- ноатии водии Зарафшон мебошад. Корхонахои мухимтарини саноати заводхои консерв, хишт ва тамоку ба шумор мераванд. Дар шахр осорхонаи чумхуриявии таъриху кишваршиноси ташкил карда шудааст. Шахр дорои донишкадаи оли, омузиш- гохи кадрхои омузгори, касбхои техники ва хонаи маданият мебошад. Аз ёдгорихои меъмори масчиди Олим-додхох (асри XVIII) шоёни таваччух аст.
Панчакент аз чумлаи шахрхои кадимтарини чахон мебошад. Дар ин чо ковишхои димнаи Панчакент, ки яке аз марказхои давлати Сугд буд, идома дорад. Панчакенти кадим ва хафри- ёти Саразм (давраи биринчи) барои тавсифи ичтимоию икти- соди ва тамаддуни он давр маълумоти ачиб медиханд. Дар наздикии Панчакент (дехаи Панчруд) макбараи сардафтари адабиёти классикии форсу точик Абуабдуллохи Рудаки чой гирифтааст.
Бо шарофати сохтмони НБО-и Кайроккум дар сохили «Бахри точик» шахри нави замонави – Кайроккум комат афрохт. Дар шахр яке аз калонтарин муассисахои саноати сабук – комби- нати колинбофи, комбинатхои ордкаши ва хонасози чойгир мебошанд. Дар сохили бахр чойхои фарогат ва истирохатгох сохта шудаанд. Дар нохияи иктисодии Сугд бинобар кашф шу- дани кони сарватхои зеризамини шахрхои нав ба вучуд ома- данд, масалан, Нафтобод (шахри нафтчихо), Шуроб (шахри ангиштканхо), Адрасмон, Зарафшон (шахри накбканон).
Нохияи иктисодии Хисор шахрхои Душанбе, Вахдат, Тур- сунзода ва нохияхои маъмурии Хисор, Турсунзода, Рудаки, 172
Варзоб, Шахринав ва Файзободро дар бар мегирад. Масоха- таш 11,9 хаз. км2, ахолиаш бештар 1,5 млн. нафар аст.
Нохия водии Хисор ва куххои назди онро фаро гирифта, нохияи аз хама серахолии чумхури аст. Дар нохия, хусусан ахо- лии шахр, босуръат афзоиш меёбад.
Пеш аз давраи Хокимияти Шурави шугли асосии мардуми нохияи иктисодии Хисор галлакори ва чорводори буд. Ко- сиби ахамияти махалли дошт. Холо дар нохия чойи асосиро сохахои саноати вазнин (мошинсози, металлургияи ранга, электро- энергетика), инчунин саноатхои сабук ва хуроквори мегиранд. Пахтакори, богдори, токдори, сабзавоткори ва чор- водори сохахои асосии кишоварзии нохия мебошанд.
Маркази металлургияи рангаи нохия ва чумхури заводи алюминиии Точикистон (шахри Турсунзода) аст. Корхонахои мошинсози, масолехи сохтмон, саноати хуроквори ва сабук низ мавчуданд.
Шароити табии ва иклими нохияи иктисодии Хисор барои рушди кишоварзи, ки ба парвариши пахта, сабзавот, ток, ин- чунин богдорию чорводори махсус гардонида шудааст, хеле мусоид мебошад. Ситруспарвари ва анчибарпарвари низ ри- воч меёбад.
Дар нишебихои чанубии каторкухи Хисор мамнуъгохи «Ро- мит» чойгир шудааст. Мамнуъгох соли 1959 таъсис ёфта, ма- сохати он зиёда аз 16,0 хаз. гектар мебошад. Дар мамнуъгох хайвоноте, ки саршуморашон кам мондааст (охуи холгул, хир- си малла, морхур ва гайра) мухофизат карда мешаванд.
Дар нохия мамнуъгохи таърихии Хисор мавчуд аст. Дар ни- шебихои чанубии каторкухи Хисор истирохатгохи Хочаоби- гарм ва дармонгохи Шамбари вокеъ гардидаанд.
Марказхои калонтарини саноати ва фархангии нохия шахрхои Душанбе, Турсунзода, Норак ва Вахдат мебошанд.
Душанбе пойтахти чумхури буда, дар кисми зебоманзара ва хосилхези водии Хисор (дар баландии 750-930 метр аз сатхи бахр) вокеъ гаштааст. Мувофики маълумоти бостоншиносон Душанбе таърихи зиёда аз 2000-сола дорад. Дар худуди он боз- ёфтхои давраи Юнону Бохтар (асри II то милод) мавчуданд.
Душанбе бахусус, дар давраи хукмронии Кушониён таракки карда буд. Ба ин хафриёти махалхои ахолинишини аввали асрхои миёна (асрхои Х1-Х11) шаходат медихад (димнахои Шишахона, Арки Мир, Теппаи Искандар, Теппаи Испечак ва гайра). Номи Душанбе дар маъхазхои хатти аз ибтидои асри XVIII ёдрас мешавад. То баркарор шудани Хокимияти Шурави дар ин шахр се деха – Шохмансур, Сариосиё ва Ду- шанбе мавчуд буданд. Соли 1924 маркази РАСС Точикистон шуд ва соли 1925 макоми шахр гирифт. Соли 1926 дар Душан- бе нахустин корхонаи саноати ба кор даромад. Ба Душанбе по- езди аввалин соли 1929 омадааст.
Ахолии шахри Душанбе босуръат меафзояд. Соли 1926 шахр 5,6 хаз. ва соли 1979 501 хаз. нафар ахоли дошт. Холо дар Ду- шанбе зиёда аз 700 хаз. нафар ахоли зиндаги мекунад. Душанбе маркази калони саноати буда, дорои даххо корхонахои калон аст. Дар шахр корхонахои саноати сабук (бофандаги, абре- шим, пойафзордузи, кешбофи ва гайра) ва хуроквори (равган- каши, гушту шир ва гайра) фаъолият доранд. Аз корхонахои мошинсози ва коркарди металл – заводхои арматураи ба номи Орчоникидзе, «Точикагрегат», «Точиккабел», «Точиктекстил- маш», «Торгмаш», заводи яхдонбарори ахамияти калон до- ранд. Махсулоти ин заводхо – яхдон, кабел, дастгохи бофан- даги ва гайра ба дигар чумхурихо низ фиристода мешаванд. Ба тараккиёти шахр рушди сохахои калони саноати бинокори ва масолехи сохтмон (заводи семент, корхонаи коркарди чуб, фабрикаи мебел, заводи маснуоти бетони) таъсири мусбат расонданд.
Душанбе маркази калони илму фарханги Точикистон мебо- шад. Дар ин чо Иттифоки нависандагон ва академияи илмхои Точикистон бо институтхои илми-тахкикотии худ чойгир ме- бошанд. Дар Душанбе 9 мактаби оли (Донишгохи давлатии миллии Точикистон, Донишгохи славянии Точикистон ва Русия, Донишгохи омузгории ба номи Садриддин Айни, До- нишгохи тиббии ба номи Абуали ибни Сино, техники, аграри, донишкадахои тарбияи чисмони, санъат ва забонхо, консерва- тория), даххо театр, музей ва китобхонахо мавчуданд. Бахши- да ба 1100-солагии давлати Сомониён дар Душанбе мучасса- маи Исмоили Сомони кушода шуд.
Дар боги ботаники садхо навъи буттаю дарахтон аз китъа- хои гуногуни олам гирд оварда шудаанд.
Душанбе узви Федератсияи байналмилалии бародаршахрхо мебошад ва бо шахрхои Монастир (Тунис), Санъо (Чумхурии Ямани Араб), Лусака (Замбия), Лохур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Болдер (ШМА) бародаршахр аст.
Дар кисми гарбии нохияи Хисор шахри Турсунзода вокеъ гардидааст, ки бо рохи автомобилгард ба шахри Душанбе пай- васт мебошад. Корхонахои мухимтарини шахр: заводи алюми- нии точик ва заводи зарфхои чини.
Шахри Вахдат дар чойи дехаи Янгибозор сохта шудааст. Номи кадимааш Андигон мебошад. Ахолиаш зиёда аз 50 хаз. нафар мебошад. Дар шахр комбинатхои ордкаши, хонасози, заводи пахтатозакуни мавчуданд.
Нохияи иктисодии Рашт шахри Рогун, шахракхои Гарм, На- вобод ва нохияхои маъмурии Рашт, Точикобод, Тавилдара, Нуробод ва Чиргатолро дар бар мегирад. Масохаташ 17,1 хаз. км2, ахолиаш 280 хаз. нафар мебошад.
Нохияи иктисодии Рашт дар водие вокеъ аст, ки бо катор- куххои сарбафалак чудо шудаанд. Дури ва чудои аз марказхои саноати дар гузашта боиси суст рушд ёфтани иктисодиёти ин нохияи кухистон гашта буд. То замони Хокимияти Шурави та- вассути пайрохахои кухии танг алокахои иктисоди баркарор мегашт. Дар нохия асосан галлакори ва чорводори вучуд дошт.
Дар солхои Хокимияти Шурави, баъди сохтмони рохи авто- мобилгард, иктисодиёти нохия босуръат боло рафт. Солхои 40 ва 50-ум як кисми сокинони ин нохияро ба водихои пахтакор мухочир карданд. Аз водихои Хингоб, Сурхоб, Камароб даххо хазор хочаги ба водихои Вахшу Хисор кучонида шуданд. Сохаи асосии иктисодиёти нохия кишоварзи аст. Ахоли асосан ба дехкони ва чорводори машгул мебошад. Шароити табии ва иклим, инчунин мавчудияти кувваи кори ба рушди картошка- парвари (хосилнокиаш 300 с/га), богдори ва галлакории лалми мусоидат мекунад. Холо нохияи иктисодии Рашт дар чумхури яке аз истехсолкунандагони асосии картошка мебошад.
Солхои охир дар нохия ба богдори низ диккати чидди дода мешавад. Мевачоти ин чо хеле хуштамъ аст (хусусан себу нок).
Барои богдори заминхои нишебиашон 15°-16° мусоид аст. Дар заминхои нишебиашон зиёд суфахо месозанд ва сипас бог бунёд мекунанд. Дар хочагии ба номи «50-солагии Точикис- тон»-и нохияи Рашт дар 800 га нишебии талу теппахо зинабог бунёд карда шудааст. Хосилнокии богхои нав 180-200 с/га-ро ташкил медихад. Дар нишебии кух ва водихо дарахтони ху- друй: себ, бодом, чормагз, олуча низ вомехуранд.
Аз сохахои чорводори бештар говпарвари ва гусфандпар- вари ривоч ёфтааст. Говро барои ширу гушт ва гусфандонро барои гушту пашм мепарваранд. Солхои охир кирмакпарвари низ ба сохаи пешкадам табдил ёфтааст. Хочагихои нохия аз кирмак даромади калон мегиранд.
Саноати нохияро корхонахои хурди сабуку хуроквори таш- кил мекунанд.
Маркази нохияи иктисоди шахраки Гарм мебошад. Дар шахрак хонаи фарханги ба номи Хочи Абдулазиз, осорхонаи таъриху кишваршиноси ва театри халки вучуд доранд. На чан- дон дуртар аз неругохи баркии Рогун шахри Рогун бунёд ёф- тааст, ки дорои хиёбону бинохои зебои замонави буда, онро шахри энергетикхо низ меноманд.
Дар сохили рости дарёи Сурхоб, 30 км дуртар аз Гарм шахра- ки Навобод чойгир шудааст. То соли 1955 шахраки Навобод маркази вилояти Гарм ва дорои бисёр муассисахои фархангию омузгори буд.
Чойхои мухимтарини диккатчалбкунандаи нохия мавзеи Чилдухтарон, дараи Камароб, калъаи Саричар (асрхои VII- VIII), макбараи хазрати Бурх (асрхои УИ-ХИ), димнаи Чоргул (асархои X- XII) мебошанд.
Нохияи иктисодии Вахш шахри Кургонтеппа, нохияхои маъмурии Вахш, Чалолиддини Руми, Абдуррахмони Чоми, Сарбанд, Кумсангир, Панч, Чилликул, Шахритус, Ёвон, Хуро- сонро дар бар мегирад. Нохия дар кисми чанубу гарбии Точи- кистон вокеъ гаштааст. Масохаташ 12,6 хаз. км2. ахолии нохия 1360 хаз. нафар мебошад.
Релефи нохия мураккаб нест. Водии Вахш аз се тараф бо куххои паст ихота шудааст. Баландиаш аз сатхи бахр 350-500 метр мебошад.
Иклими нохия континентии хушки субтропикист. Харорати зимистон ба хисоби миёна -1° -3°, тобистон +30°; мохи июл баъзан харорат ба 45° мерасад. Тобистон, одатан, бориш наме- шавад, бинобар ин, ба киштзор об мемонанд.
То замони Хокимияти Шурави дар водии Вахш галла ва каму беш пахта кишт карда мешуд. Пахтаро ба заводи пахта- тозакунии Тирмиз мефиристонданд. Нохия баъди азхуд карда шудани заминхои водии Вахш ру ба рушд ниход. Дар миёнаи солхои 30-юм «Вахшстрой» яке аз сохтмонхои зарбдори Ит- тиходи Шурави хисоб мешуд. Дар тули се сол дар ин чо ка- нал (дарозиаш зиёда аз 100 км) сохта шуд. Бо максади корам кардани води ахолии нохияхои кухсор ба Вахш мухочир карда шуданд.
Дар иктисодиёти нохия ахамияти электроэнергетика калон аст. Дар дарёи Вахш НБО-хои Сарбанд, Шаршар ва Маркази кор мекунанд.
Саноати химия (Заводи нурихои азотии Вахш ва Заводи электрохимиявии Ёвон), мошинсози (заводи трасформатори Кургонтеппа ва заводи таъмири механики), сабук (заводхои пахтатозакуни, хуроквори), комбинати гушт, заводи равган ривоч меёбад.
Нохияи иктисодии Вахш дар мамлакат яке аз нохияхои асо- сии истехсоли пахтаи махиннах аст. Солхои охир барои зиёд кардани замини пахта чанд системаи обёрии калон сохта шуда буд. Дар обёрии киштзорхо ахамияти системаи обёрии Ёво- ну Обикиик калон аст. Алхол корхои азхуд кардани даштхои Бешкент ва Кародум идома доранд.
Дар нохия стансияи субтропикхои хушк мавчуд аст, ки дар он навъхои бехтарини растанихои субтропики гирд оварда шудаанд (анчир, хурмои япони, лиму ва гайра). Баъзе навъхои рустанихоро чанд сол дар хандаку палантатсияхо санчида, си- пас дар замини хочагихо парвариш мекунанд (масалан: анчир, лиму).
Мамнуъгохи «Бешаи палангон», мавзеи «Чилучорчаш- ма», димнаи Тахти Сангин, Тахти Кубод, Калъаи Мир, Хоча Машхад, Хоча Дурбод, Ачинатеппа, Сафедмазор, Теппаи Шох (асри III) аз чумлаи чойхои чолиби диккати нохия аст. Кубодиён зодгохи Носири Хусрав – шоир, файласуф ва сайёхи асри XI мебошад.
Шахри Кургонтеппа маркази аз хама калони саноати ва фархангии нохияи мазкур аст. Мувофики маълумоти бостон- шиносон шахр хануз кабл аз Осиёи Миёнаро истило карда- ни арабхо (асрхои ^-^П) бунёд шудааст. Дар маркази шахри Кургонтеппа, дар теппаи баланде бокимондаи калъаи кадим вучуд дорад.
Дар тули солхои минбаъда Кургонтеппа ба шахри саноа- тии калон табдил ёфт. Дар шахр заводхои трансформатор, механики, пахтатозакуни, комбинати гушт, заводи равган, комбинати консерв, Донишгохи энергетики, омузишгоххои тиббию педагоги, Донишгохи омузгори, театри давлатии му- сикию мазхакави, мактаби мусикии кудакона, музеи таъриху кишваршиноси мавчуданд. Чанд сол кабл рохи охани Кургон- теппа – Кулоб ба кор даромад.
Нохияи иктисодии Кулоб шахрхои Кулоб, Норак ва нохи- яхои маъмурии Шуробод, Муъминобод, Восеъ, Кулоб, Мир Сайид Алии Хамадони, Темурмалик, Фархор, Дангара ва Хо- валингро дар бар мегирад.
Ахолии нохия зиёда аз 800 хаз. нафар ва масохаташ 12,0 хаз. км2 аст. Дар солхои Хокимияти Шурави бинобар тараккиёти саноат ахолии шахр афзуд.
Пеш асоси иктисодиёти нохия галлакори ва чорводори буд. Дар солхои Хокимияти Шурави нохияи иктисодии Кулоб ба сарзамини гании кишоварзи ва саноати табдил ёфт. Дар Кулоб, Фархор, Москва (Хамадони) чанд заводи пахтатозакуни сохта шуданд. Дар Кулоб заводи тачрибавии тачхизоти технологи мавчуд аст. Корхонахои саноати хуроквори (комбинати гушт, заводхои равган, намак) ва истехсоли масолехи сохтмон барои эхтиёчоти мардум махсулот мебароранд.
Дар иктисодиёти нохияи Кулоб кишоварзи макоми хосса до- рад. Сохахои асосии он пахтакори, галлакори, чорводори ва кирмакпарвари мебошанд. Солхои охир токдори ва шоликори низ ривоч ёфт. Бо максади рушди кишоварзи дар нохия обан- борхои Балчувон ва Селбур сохта шуданд. Аз обанбори Норак накб сохта шудааст. Ин имкон медихад, ки зиёда аз 100 хаз. га замини дашти Дангара обёри карда шавад. Дар Дангара хоча- гихои пахтакори ва богу токдори ташкил карда шудаанд.
Норакро (ахолиаш зиёда аз 25 хаз.нафар) шахри энергетикхо, шахри чавонон меноманд. Шахр дорои мактаб, техникум, ки- нотеатр, китобхона, музей ва гайра мебошад.
Чойгиркунонии зироат дар нохия ба хусусияти табиии кисмхои гуногуни он вобастагии сахт дорад. Дар минтакаи доманакухи лалмикори ривоч ёфтааст. Солхои охир дар за- минхои лалми токзорхо низ бунёд шуда истодаанд. Совхози токдории ба номи Мичурини нохия аз заминхои лалми хосили фаровон меруёнад.
Нохияи иктисодии Кулоб базаи мухимми чорводории чумхури мебошад.
Шахри Кулоб маркази калони саноати ва фархангии нохия аст. Тахкикотхои илми ва ковишхои бостоншиноси нишон до- даанд, ки Кулоб яке аз шахрхои кадими Осиёи Маркази мебо- шад. Соли 2006 бо карори Юнеско 2700-солагии Кулоб чашн гирифта шуд. Аз Кулоб роххои корвонгард гузашта, Бухорою Самаркандро бо Бадахшон мепайвастанд. Дар хайати Бухо- рои Шарки шахри Кулоб нохияи тичорати ва косиби буд. Дар солхои Хокимияти Шурави Кулоб ба шахри пешрафтаи дорои муассисахои саноати ва фарханги табдил ёфт. Ба наздики дар шахри Кулоб фурудгохи байналмилали кушода шуд.
Шахр зиёда аз 80 хаз.нафар ахоли дорад. Дар шахр заводи хишт ва як катор корхонахои хуроквори, Донишгохи давлатии омузгори, омузишгоххои тибби ва педагоги, театри мусикию драмави, музеи таъриху кишваршиноси мавчуданд. Мамнуъ- гохи «Даштичум», парваришгохи Сарихосор, макбараи Мир Сайид Алии Хамадони (асри XVI), димнаи Хулбук (1Х-Х1, пойтахти мулки Хутталон) чойхои чолиби нохия мебошанд.
Нохияи иктисодии Бадахшон шахри Хоруг, инчунин нохи- яхои маъмурии Ванч, Дарвоз, Рушон, Шугнон, Ишкошим, Рошткалъа ва Маргоб, яъне тамоми каламрави Вилояти Мух- тори Кухистони Бадахшонро дар бар мегирад. Масохати нохия 63,7 хаз. км2 (зиёда аз 44 дарсади чумхури) ва ахолиаш 215 хаз. нафар мебошад. Зичии ахоли дар 1 км2 ба хисоби миёна 3,3 на- фар аст.
Бадахшон дар гузашта мавзеи нисбатан душворгузари Осиёи Миёна буд. Рохи автомобилгарди Уш – Хоруг аввали солхои 30-юм ба истифода дода шуд. Дар иктисодиёти Ба- дахшон чойи асосиро кишоварзи мегирад. Дар кисми гарбии нохия дар баробари дехкони чорводори низ ривоч ёфтааст:
дар кисми шарки факат чорво мепарваранд. Зироатхои асоси гандум, чав, нахуд мебошанд; заминхои нохия обианд. Солхои охир картошкапарвари ва богдори (зардолу, себ, нок, шафто- лу) ба рох монда шудааст. Соли 1931 дар наздикии Хоруг Боги ботаники ташкил карда шуд, ки баландтарин дар Осиёи Мар- кази мебошад. Дар ин бог ходимони Пажухишгохи биологии Помири Академияи илмхои Точикистон имкониятхои афзоиш ва бехтар намудани навъхои мевачотро дар шароити баланд- кух меомузанд.
Кормандони Боги ботаники зиёда аз 200 навъи рустаниро тавсиф карда, такрибан 20 навъи растанихои дорувориро ба кайд гирифтаанд (ин рустанихоро дар нохия бомуваффакият парвариш кардан мумкин аст). Дар ду хочагии нохияхои Ру- шон ва Шугнон дар масохати 50 гектар бобуна, нардсунбул ва дигар рустанихои дорувори парвариш карда мешаванд. Парва- риши рустанихои дорувори сохаи сердаромад буда, дар оянда метавонад тамокукориро иваз намояд. Аз сохахои чорводори гусфандпарвари, дар кисми шарки нохия бошад, гажговпар- вари бартари дорад.
Саноати нохия суст таракки кардааст. Солхои охир энерге- тика (НБО-хои Хоруг, Калъаихумб, Ванч, Намадгут) инкишоф меёбад. Дар дарёи Гунд каторстансияхо сохта хоханд шуд. Соли 2006 НБО-и Помир-1 бо тамоми иктидораш ба кор даро- мад (28 хаз.квт/соат).
Дар Хоруг корхонахои саноати сабук ва хуроквори (заво- ди нон, комбинати гушт, заводи шир) мавчуданд, дар баъ- зе махалхо косиби ривоч ёфтааст (бахусус, чуробхои помири машхур мебошанд).
Истехсоли армугон ва зару зевар (аз сангхои киматбахо дар Поршнев) таракки мекунад.
Маркази асосии маъмури ва иктисодии нохия шахри Хоруг аст. Солхои Хокимияти Шурави дар чойи ду деха шахр комат афрохт, саноати махалли ба вучуд омад. Солхои баъди Чанги Бузурги Ватани барои рушди саноат ва сохтмони манзил дар Хоруг заводи маснуоти оханубетони ба истифода дода шуд. Дар шахр Донишгохи давлати, омузишгоххои педагоги, тиб- би, техники, театри мусикию драмави ба номи Рудаки, хонаи эчодиёти халк, музеи таърихиву кишваршиноси мавчуд аст. 180
Дар наздикии Хоруг стансияи «Орбита» сохта шудааст, ки та- вассути он барномахои телевизиони Русия ва барномахои те- левизиони Точикистон намоиш дода мешаванд.