НОХИЯХОИ ТАБИИЮ ГЕОГРАФИ
Дар сатхи замин тамоми кисмхои таркибии табиат: релеф, чинсхои кухи, хок, олами наботот ва хайвонот бо хам таъсири мутакобила доранд. Махз тавассути хамин робитаи мутакоби- ла кисмхои таркибии табиат ба хамдигар пайваст ва омехта шуда, ба системаи ягона муттахид шудаанд. Дар натичаи ин мачмаъхои (комплексхои) мухталифи табиии гуногунмикёс пайдо гардиданд, ки бо номи комплексхои табиию худуди (мухтасар КТХ) маъруфанд. Кисми таркибии КТХ (релеф, ик- лим, об, хок, наботот, хайвонот) дар доираи комплекс хамчун кисми том ва бо хам алокаманд инкишоф меёбанд. Тагйир ёф- тани яке аз ин кисмхои таркиби сабаби дигаргун шудани тамо- ми комплекси табии мегардад. Масалан, шусташави ва хароб гардидани кабати хок боиси кам шудани наботот ва хайвонот мегардад. Дар натича манзараи зохири махал низ дигаргун ме- шавад. Тагйирёбии комплексхои табии аксар вакт дар натичаи фаъолияти хочагидории инсон ба амал меояд. Истифодаи оки- 84
лонаи комплекси табии харчониба омухтани онхоро талаб ме- намояд.
Омухтани комплекси табии бе мукаррар намудани шабакаи аз чихати илми асоснокшудаи онхо гайриимкон аст. Аз ин ру, олимон дар асоси ба хисоб гирифтани коидахои муайян (воке- ият, якхелагии нисби, ягонагии худуди, комплекси, пайдоиш ва гайра) ва истифодаи методхои нохиябанди (омилхои асоси, тахлили пайвастаи кисмхои таркибии табиат ё мачмуи ало- матхо, такроршавии комплексхои хос ва гайра) дар худуди му- айян нохияхои табииро чудо менамоянд. Хар як нохияи табии дар натичаи таъсири конунияти арзи ва амудии табиат ташак- кул ва рушд меёбад.
Дар ташаккули нохияхои табиии Точикистон, ки сатхи хеле нохамвор дорад, конунияти арзи ва амудии табиат дар якчояги (хусусан дар хамвори ва адирхо) амал мекунанд. Дар ин холат, барои муайян кардани худуди нохияхои табии ба инобат ги- рифтани чунин омилхо, монанди мавкеи географи, баландии махал, пайдоиш ва хусусиятхои хоси релеф, иклим, хок, ола- ми наботот, хайвонот ва гайра зарур мебошад. Вобаста ба он дар Точикистон панч нохияи табииро чудо кардан мумкин аст: Точикистони Шимоли, Зарафшон, Точикистони Чануби Гар- би, Точикистони Маркази ва Помир.
Точикистони Шимоли шимолтар аз каторкуххои Туркистон чой гирифтааст. Вай бо чумхурихои Узбекистон (дар шимол, гарб ва шарк), Киргизистон (дар чануби шарк) хамхудуд буда, дар чануб ба нохияи Зарафшон пайваст мешавад. Кисми зиёди ин нохияро хамворихо ишгол кардаанд. Дар шимоли нохия ка- торкухи Курама ва кухи Мугул – шохаи Тиёншони Гарби чой- гир аст. Куллаи аз хама баланди каторкухи Курама – Бобои об (3769 м) мебошад. Дар кисми чануби гарб куххо тадричан паст мешаванд. Шохаи каторкухи Курама – куххои Каромазор маркази калони конхои металлхои ранга ба шумор меравад.
Кисми зиёди каламрави Точикистони Шимолиро кисми гарбии водии Фаргона ишгол кардааст. Сохили рости водии дарёи Сир, ки бараш 15-30 км аст, релефи мавчмонанд дорад. То Инкилоби Октябр бинобар норасоии об ин заминхо бекор хобида буданд. Дар солхои Хокимияти Шурави ин заминхоро обёри карда, колхозу совхозхо бунёд намуданд. Сохили чапи
дарёи Сир бо об таъмин аст. Солхои пеш аз ин чо рохи корвон мегузашт, ки Хиндустонро бо мамлакатхои Шарки Наздик ва Шарки Миёна, Эрон, Туркия мепайваст, он бо номи «Рохи Абрешим» маъруф буд.
Дар кисми чануби гарбии Точикистони Шимоли хамии Уро- теппа вокеъ аст. Дар ин чо ба куххо бадал шудани хамвори возех намоён аст. Хамии Уротеппа ба доманакухи каторкухи Туркистон мегузарад.
Точикистони Шимоли аз сарватхои зеризамини гани аст. Хануз аз замонхои кадим дар Каромазор маъдан истихроч карда, аз он нукра, тилло, мис, сурб, симоб, охан мегирифтанд. Хотираи бисёр конканхоро номи конхо абади гардонидаанд (масалан, Кони Мансур). Саноати истихрочи маъдан, бахусус асрхои 1Х-Х1 дар давраи хукмронии давлати Сомониён ривоч дошт.
Баъди Инкилоби Октябр Точикистони Шимоли ба яке аз нохияхои мухимми истихрочи сарватхои зеризамини табдил ёфт. Дар ин чо гайр аз полиметаллхо (конхои Консой, Олтин- топкан), охан (Чокадамбулок), маъдани металлхои нодир ва холис, инчунин нафт (Нафтобод, Айритон, Равот), гази табии (Каракчикуми Шимоли), ангишт (Шуроб), намаксанг, (Ка- мишкургон) ва масолехи гуногуни сохтмон низ истихроч карда мешаванд.
Иклими Точикистони Шимоли нисбат ба Точикистони ча- нуби, Гарби ё Маркази хунуктар аст. Ин пеш аз хама ба мавзеи географии махал вобастаги дорад. Дар Точикистони Шимоли харорати моххои тобистон нисбат ба нохияхои чануби паст- тар (25°-28°) ва зимистон хунуктар (-2°-3°) аст. Боришот кам (соле аз 80-100 то 300-400 мм) буда, аз Гарб ба Шарк боз хам камтар мешавад. Дар доманакуххои Туркистон ва кисми гар- бии каторкухи Курама микдори боришот меафзояд (400-500 мм). Кисми асосии боришот дар мавсими хунукихо дар шакли борон ва барф меборад. Кабати барф зуд об шуда, баландии он маъмулан аз 5-10 см зиёд намешавад. Шароити иклими нохия барои пахтакори ва богу токдори мусоид аст.
Хамаи дарёхои Точикистони Шимоли ба хавзаи дарёи Сир мансуб мебошанд. Дар он чо обанборхои Кайроккум, Фарход ва Каттасой, Канали калони Фаргона, Канали шимоли Фарго- 86
на сохта шудаанд. Дар обёрии киштзорхо ахамияти шохобхои чапи дарёи Сир – Хочабокиргон, Исфара, Оксу калон аст. Гайр аз обёри дарёхоро барои истехсоли кувваи барк (НБО-и Кай- роккум) ва равнак додани хочагихои мохипарвари истифода мебаранд.
Дар заминаи чашмахои маъдани дармонгоххо сохта шуда- анд (Хавотог дар нохияи Истаравшан, Зумрад дар нохияи Ис- фара ва гайра). Бо максади муолича лойкаи кули Оксукон низ кор фармуда мешавад. Оксукон кули бехтарини лойкаи шифо- ии мамлакат аст.
Хоки Точикистони Шимоли хокистарранги равшан, кисман шурзада ва серсанг аст, вале катъи назар аз ин, онхо барои пахтакори, парвариши сабзавот мусоид мебошанд. Дар куххо ва миёнакуххо хокхои хокистарранги тира ва маргзорию кухи бартари доранд.
Набототи Точикистони Шимоли ба худ хос аст. Дар хамво- рихо набототи биёбони асосан шурагиёх, чимак ба назар ме- расанд. Сохили дарёхо, обанборхо ва кулхо тугайзор аст. Дар куху доманакуххо дарахту буттахои гуногун, ба монанди арча, зирк, настаран, бодом ва гайра меруянд.
Олами хайвоноти Точикистони Шимоли низ мухталиф аст. Дар хамворихо чонварони хоси нимбиёбону биёбон – хоян- дахо, калтакалос, мор сукунат доранд. Дар куххо чонварони ширхури калон – гург, шагол, рубох ва парандахои сохибчан- голу (каргас, шохин, шункор) мукаррариро метавон дучор омад.
Нохияи Зарафшон дар байни Точикистони Шимоли ва Ча- нуби Гарби чой гирифтааст. Ин нохияро маъмулан Кухистон меноманд. Чойи аз хама пасти ин нохия 700-950 м аз сатхи бахр аст; баъзе куллахо зиёда аз 5000 м баланди доранд. Дар кухистон ба таври арзи каторкуххои Туркистон, Зарафшон, Хисор (нишебихои шимоли) доман пахн кардаанд. Дар байни каторкуххои Туркистон ва Зарафшон водии Зарафшон вокеъ гаштааст. Тахкурсии води аз чинсхои эраи полеозой ва мезо- зой иборат мебошад. Кисми болои води тангбар буда, ба суйи гарб пахн мешавад ва дар Панчакент ба 12—20 км мерасад. Дар байни каторкуххои Зарафшон ва Хисор водии руди Ягноб чойгир шудааст.
Аз сарватхои зеризамини дар нохияи Зарафшон кони ан- гиштсанг бисёр аст (Фону Ягноб, Киштут, Могиён ва гайра). Яке аз ходисахои ачиби табии «Шахи сузон» мебошад, ки дар мавзеи Кони Малик мушохида мешавад. Дар ин чо 3,5 хазор сол боз дар зери замин ангишт месузад. Дар нохияхои Зараф- шон конхои волфрам (Чилав), сурма ва симоб (Чичикруд, Шингу Могиён, Валангидароз), фосфоритхо (Равот), масолехи сохтмон, чашмахои минерали низ мавчуданд.
Иклими нохия хушк ва камбарф аст. Тобистони водихо гарм (хисоби миёнаи харорати мохи июл – 18°-25°), зимистонаш нисбатан гарм (хисоби миёнаи харорати январ – 1°-8°) ме- бошад. Дар баландкуххо тобистон кутох, зимистон хунук ва тулони аст. Аз гарб ба шарк боришот кам мешавад. Масалан, дар кисми гарбии водии Зарафшон соле 310-360 мм, дар кисми шарки бошад, 200-250 мм бориш мешавад. Кисми асосии бо- ришот зимистон дар шакли барф ва бахорон дар шакли боро- ни сахт меборад, ки сабаби пайдоиши сел мегардад.
Нохияи Зарафшон пиряхи бисёр дорад. Пиряххои хозира бокимондахои пиряххои азими кадима мебошанд, ки замоне дар баландии 2000 м аз сатхи бахр хобида будаанд. Пиряхи аз хама калон дар чойи ба хам пайвастшавии каторкуххои Зараф- шон ва Туркистон вокеъ аст. Ин пиряхи Зарафшон мебошад, тули он 25 км, масохаташ 41,0 км2 буда, чандин шоха дорад.
Хамаи дарёхои нохия ба хавзаи Зарафшон мансуб мебошанд. Онхо аз пирях об гирифта, водиашон танг ва сершах аст. Даро- зии дарёи Зарафшон зиёда аз 877 км мебошад (факат 315 км-и он аз каламрави Точикистон гузашта, бокимондааш аз худуди Узбекистон чори мешавад). Руди Зарафшон зиёда аз 100 шохоб дорад, ки калонтарини онхо Фон, Киштут, Могиён ба шумор мераванд. Аз кулхои нохияи Зарафшон Маргзор ва Искандар- кул маълуманд. Кули Маргзор яке аз мавзеъхои зебои чумхури мебошад. Хафт кули зебо кад – кади руди Шинг (дар шохахои чануби гарби каторкухи Зарафшон) чой гирифтаанд. Искан- даркул, ки дар бораи он киссаву ривоятхо бисёранд, дар нише- бии шимолии каторкухи Хисор дар натичаи лагжиши кух пай- до шудааст. Масохати кул чандон зиёд набошад хам (3,5 км2), аз руйи хачми гардиши солонаи об 26 маротиба аз кули Севан афзалият дорад. Дарозии кул 3,3 км, чукуриаш 72 м мебошад.
88
Хар сол ба Искандаркул аз хамаи чумхурихои собик иттиходи Шурави ва хорич хазорхо нафар сайёхон меоянд. Дарёи Ис- кандар, ки аз хамин кул чори мешавад, дар назди саргахи худ шаршараи баланд (30 м) хосил мекунад. Ин дарё бо руди Яг- ноб як шуда, дарёи Фонро ба вучуд меоранд. Хамаи дарёхои Зарафшон бинобар сероб ва тезчараён буданашон захираи зи- ёди энергетики доранд.
Дар нохия хокхои хокистарранг ва дорчинии кушод бартари доранд. Дар олами набототи нохия минтакахои биёбон, миё- накух ва баландкухро метавон чудо кард.
Дар баландкуххои нохия паланги кухи, бузи кухи, сугур, поёнтар аз он хирс, гург, рубох, савсор, чайра, гуроз, кашкал- док сукунат доранд. Аз парандахо дурроч, жаврак, тугдор, гунчишк, фароштурук, дар баландихо кабк, мурги хилол, хумо, бургут ва гайра вомехуранд.
Точикистони Чануби Гарбй дар байни каторкуххои Хисор (аз шимол), Хазратишох (аз шарк), Боботог (аз гарб) ва дарёхои Панчу Ому (аз чануб) вокеъ гардидааст.
Аз чихати геологи худуди Точикистони Чануби Гарби пастии давраи мезозой аст, ки холо тадричан баланд шуда истодааст. Релефи ин нохия аз каторкуххои паст ва хамихои калон иборат мебошад ва бо хамин аз дигар нохияхои табии фарк мекунад. Каторкуххои асоси – Боботог, Октог, Каротог аз чинсхои тах- шин (охак, рег, гил, конгломерат) иборат мебошанд. Дар кул- лаи ин куххо барфхои доими ва пиряххо хобидаанд. Дар байни каторкуххо водию хамихои Хисор, Вахш, Кофарнихони Поён, Кулоб чойгир шудаанд, ки баландиашон аз сатхи бахр 300-900 метр мебошад. Ин водию хамихо мавзеи асосии парвариши рустанихои гармидусти чумхури ба шумор мераванд. Дома- накух ва куххо чун чарогоххои зимистонаю бахори, инчунин, барои богу токдории лалми истифода мегарданд.
Аз сарватхои зеризамини дар нохияи табиии Точикистони Чануби Гарби конхои намаксанг (Хочамуъмин, Хочасартез, Тутбулок), охаксангу доломит (Пусхур, Ёвон), нафту газ (Ки- зилтумшук, Шамбари, Сулдузи) мавчуданд. Гайр аз ин, дар ин нохия кони масолехи сохтмон ва чашмахои минералии гарм (Хочаобигарм, Шамбари) низ вучуд доранд.
Тобистони ин чо тулонии гарм ва хушк буда, зимистонаш нисбатан намнок ва гарм аст. Харорати миёнаи хавои мохи июл дар водихо 28°-30° мебошад. Дар нохияи Шахритус дар миёнахои фасли тобистон харорати хаво ба 43°-44° (баландта- ринаш 48о) мерасад. Харорати миёнаи мохи январ дар водихо мусбат (1°-2°) аст, вале хангоми вазидани шамолхои хунук ха- рорати хаво метавонад ба -25°-30° расад. Иклими водии Хи- сор нисбатан муътадил аст.
Вобаста ба микдори боришот Точикистони Чануби Гарбиро ба кисмхои шимоли ва чануби чудо кардан мумкин аст. Дар кисми шимоли нохия (мавзеи Хисор) соле то 600-700 мм (беш- таринаш 1600 мм), дар кисми чануб такрибан 500 мм боришот мешавад. Микдори боришот дар доманакуххо барои равнаки богу токдории лалми кофист. Водихои Точикистони Чануби Гарби аз чихати хусусиятхои иклим барои парвариши руста- нихои техники (пахтаи махиннах, анчибар), субтропики (анор, анчир, хурмо) ва ситруси (лиму) мусоид аст.
Дарёхои ин нохия нисбатан наздик чой гирифта, ба хавзаи дарёи Ому мансуб мебошанд. Руди калони нохияи мазкур Ому ва шохобхои он – Панч, Кофарнихон, Вахш, Кизилсу аст. Ин дарёхо аз пиряху барф ва барфу пиряххо гизо мегиранд. Ому руди аз хама сероби Точикистон мебошад. Дарёхои Точикис- тони Чануби Гарби барои хочагии халки чумхури ахамияти калон доранд. Хануз дар солхои панчсолаи якум номи «Вахш- строй» дар мамлакат шухрат ёфта буд. Дар сохтмони канали магистрали ва системахои обёри намояндагони бисёр мил- латхои Иттиходи Шурави иштирок кардаанд. Дар тули се сол канали бузурге сохта шуд, ки дар як сония 100 м3 об мегуза- ронад. Бунёди канал имкон дод, ки водии Вахш обёри карда, истехсоли пахта дар чумхури якбора афзояд. Системаи обёрии Ёвону Обикиик барои шодоб кардани 40 хазор га заминхои биёбон, ташкил кардани хочагихои нави пахтакор ва комплек- си чорводори мусоидат кард.
Дарёхои Точикистони Чануби Гарби дорои захираи бузур- ги энергия мебошанд. Дар руди Вахш силсилаи неругоххои баркии обии Норак, Сарбанд, Шаршара, Маркази, Бойгози сохта шудаанд. Алхол дар ин дарё калонтарин неругохи баркии оби – Рогун сохта шуда истодааст, ки иктидораш 3,6 млн квт 90 мебошад, баландии сарбанди он 335 м аст. Дар обанбори он 13,3 млрд м3 об гун хохад шуд (ин аз обанбори Норак 4 млрд м3 зиёд аст).
Хоки нохияи табиии Точикистони Чануби Гарби дар водихо хокистарранги кушод ва дар куххо дорчинии кушод мебошад.
Дар дарёбодхо набототи ботлоки меруянд; тугайзорхои нохия барои пешгирии эрозия ахамияти калон доранд. Набо- тоти доманакуххо ва пасткуххо гиёххои бебакои биёбонианд, дар миёнакуххо дарахтон ва буттахои гуногун – чормагз, бо- дом, писта, зирк меруянд.
Олами хайвоноти нохияи мазкур мухталиф мебошад. Дар тугайзори дарёбодхо гуроз, заргуш, чирон сукунат доранд. Аз дарандахо гург, сагоби, кафтор, шагол, гурбаи найзор дучор меоянд; дар биёбонхо мор (кубро, гурза) ва дигар хазандагон маскан гирифтаанд. Яке аз чонварони маъмули ин нохияи та- бии сусмор аст. Дарозии он ба 1,5 мерасад. Дар куххои нохия морхур дучор меояд. Аз парандахо тазарв, мурги хилол, кабк, шохин ва бургутро метавон вохурд.
Бисёр навъхои растани ва хайвонот дар мамнуъгоххо хифз карда мешаванд. Мамнуъгохи «Бешаи палангон», ки 47 хазор га масохат дорад, соли 1938 ташкил карда шудааст. Дар ин мамнуъгох чангалхои хакикии субтропики боки мондаанд, ки холо дар чахон кам ба назар мерасанд. Дар мамнуъгохи «Бе- шаи палангон» холгул, тазарв, мурги сакко, чайра ва дигар чонварони нодир хифз карда мешаванд. Факат ширхурхо дар ин чо зиёда аз 33 навъ мебошанд. Мутаассифона, он чонваре, ки мамнуъгох номи вайро дорад, нест шудааст. Дар мамнуъ- гох пайи охирини палангро соли 1953 дидаанд. Соли 1959 дар нишебихои каторкухи Хисор дар болооби дарёи Кофарнихон мамнуъгохи «Ромит» ташкил карда шуд. Масохати он зиёда аз 16 хазор га мебошад. Аз хайвоноте, ки дар ин чо хифз карда мешавад, бахусус охуи холгул маъмул аст.
Соли 1983 дар нохияи Муъминободи вилояти Хатлон мам- нуъгохи «Даштичум» (масохаташ 53,4 хазор км2) ташкил карда шуд, ки бахри мухофизати хайвонот ва набототи кисми кухсо- ри вилояти Хатлон ахамияти калон дорад.
Точикистони Марказй дар шимол бо каторкуххои Зарафшон ва Олой, дар шарк бо каторкуххои Паси Олой ва Академияи 91 илмхо, дар чануб бо каторкухи Дарвоз хамсархад аст; худуди он дар гарб аз канори гарбии каторкухи Дарвоз ва шохаи ка- торкуххои Вахшу Каротегин мегузарад. Релефи Точикистони Маркази мураккаб аст, он аз водии чукури дарёхо, ки бо куххо чудо шудаанд, иборат мебошад. Ба каторкуххои нисбатан асо- сии нохияи Вахш Хазратишох, Дарвоз, Пётри якум мансубанд. Водихои дарёхои Сурхоб ва Хингоб нисбат ба дигар водихо фарохтар мебошанд.
Аз сарватхои зеризамини дар Точикистони Маркази аха- мияти конхои ангишти серкаллорияи Назарайлок ва Миёна- ду калон аст. Дар нохия кони сиенитхои нефелини (кони Тур- пи), молибден, асбест, сангхои руйкаш, масолехи сохтмон низ мавчуданд. Харорати оби чашмахои минерлии Обигарм ва Тандикул ба 40°- 62° мерасад.
Иклими Точикистони Маркази нисбатан нарм аст. Хисоби миёнаи харорати хаво дар рашт +11° (харорати миёнаи июл +24°) мебошад. Микдори боришоти солона дар кисми гарбии нохия (Рашт) 650-900 мм, дар шарки он (Чиргатол) 270-280 мм аст. Иклими нохияи мазкур барои парвариши чуворимакка, картошка, зироати полизи ва мевачот мусоидат мекунад.
Дарёхои Точикистони Маркази аз пиряху барф ва барфу пирях гизо мегиранд.
Хоки водихои Точикистони Маркази хокистарранги тира, хоки куххо дорчини ва маргзории баландкухи мебошад. Дар водию доманакуххо набототи биёбони меруянд. Дар чан- галхои нохия дарахтони чормагз, заранг, арча ба назар ме- расанд (онхо сирак мебошанд). Дар нишебихои чанубии ка- торкухи Дарвоз чо-чо дарахтони худруйи мева – анор, бодом, писта мавчуданд. Дар баландии зиёда аз 3000 м маргзорхои алпи ва субалпи доман пахн кардаанд (хамчун чарогохи тоби- стони ахамияти калон доранд).
Олами хайвоноти Точикистони Маркази мухталиф аст. Аз ширхурхо бузи кухи, паланг, хирс, гург, гуроз, инчунин хо- яндахои гуногун (заргуш, сугур), хазандахо (гурза, мори оби, калтакалос), парандахо (кабк, мурги хилол, каргас) ва гайра сукунат доранд.
Помир сарзамини кухсор буда, дар кисми чануби шарки Точикистон чойгир гаштааст. Дар ин нохия Вилояти Мухто- 92
ри Кухистони Бадахшон чойгир шудааст, ки такрибан нисфи худуди Точикистонро ишгол мекунад. Дар Помир каторкух ва куллахои осмонбус, пиряххои калон, махалхои аз хама ба- ландкухи мардумнишини мамлакат вокеъ гардидаанд. Помир нохияи калонтарини баландкух аст. Аз бахру укёнусхо дур бу- дан, бешубха, ба шароити табии ва иклими нохия таъсир ме- расонад.
Аз руйи шароити табии Помирро ба кисми гарби ва шарки чудо кардан мумкин аст. Сархади он шартан аз мавзеи бо ярчи Усой (дар дарёи Мургоб) пайваст шудани каторкухи Зулумарт, Яшилкул ва Андароби дарёхои Помиру Вахон мегузарад. Маркази системаи кухии Помир каторкухи Академияи Илмхо (дарозиаш 108 км) ба шумор меравад. Куллаи аз хама пасти ин каторкух – Кашалак (4340 м) баробари Монблан (баланд- тарин куллаи Алп) аст. Куллаи Исмоили Сомони (7495 м), ки дар хамин каторкух вокеъ аст, куллаи аз хама баланди Осиёи Маркази мебошад. Дар Помир хамаги се куллаи баландиашон зиёда аз 7000 м вучуд доранд.
Помири Гарбй релефи мураккаб дорад. Баландии тегаи куххо аз зери води бисёр вакт ба 3-4 км мерасад. Водии дарёхои Панч, Язгулом, Бартанг сершах мебошад.
Помири Шарки аз куххои нибатан хамвор иборат аст. Водии дарёхои ин чо (Мургоб, Аличур ва гайра) кушод буда, дар ба- ландии аз 3400 то 4300 м чойгир шудаанд. Каторкуххои Муз- кул, Вахон, Аличур аз гарб ба шарк тул кашидаанд. Каторкухи Сарикул кад-кади сархад бо Хитой мегузарад. Баъд аз Тибет Помири Шарки баландтарин кухсори чахон ба шумор мера- вад.
Помир сарватхои зеризаминии фаровон дорад. Конхои лаъ- ли Бадахшон (шпинели асил), лочвард, рубин, тиллои пош- хуранда аз кадим машхур мебошанд. Сайёхи машхури ве- нетсияги Марко Поло навиштааст: «Помир сангхои пурбахо дорад ва онхо дар шаххои кух чойгиранд». Алхол дар сарза- мини Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон конхои булури кухи, молибден, тилло, нукра, асбест, намаксанг, бор ва масо- лехи сохтмон кашф шудаанд. Дар Помир зиёда аз 50 чашмаи минералии гарм мавчуд аст, ки онхоро кисман бо максади му- олича кор мефармоянд. Аз чашмахои минералии ин чо хусусан Гармчашма шухрати зиёд дорад.
Иклими Помир бинобар аз сатхи бахр бисёр баланд буда- ни махал ва дурии бахру укёнусхо хеле кахратун аст. Чихатхои фарккунандаи иклим хушк ва паст будани харорати хаво мебо- шад. Микдори боришот дар Помир на факат аз гарб ба шарк, балки аз шимол ба чануб низ кам мешавад. Агар дар шимоли гарби Помир микдори боришот соле ба 400 мм баробар бошад, пас дар водихои Помири Шарки он аз 100 мм ва дар мавзеи Карокул аз 70 мм зиёд намешавад. Дар водихои Помири Гарби тобистон гарм (20°-25°) ва зимистон нисбатан хунук (-5°-10°) аст. Дар Помири Шарки тобистон салкин (10°-13°), зимистон хунуки кахратун (-18°-25°) ва тулонист. Дар мавзеи Булункул хунуки то ба -63° мерасад.
Вобаста ба шароити иклим кишоварзи факат дар Помири Гарби ривоч ёфтааст. Помири Шарки ба хайси чарогохи бузу гусфанд ва гажгов (кутос) хизмат мекунад.
Дарёхои Помир аз пиряху барф ва барфу пирях гизо меги- ранд. Калонтарин дарёи ин чо – Панч сархади байни Точикис- тон ва Афгонистон мебошад.
Шохобхои ин дарё – Хингоб, Ванч, Язгулом, Бартанг, Гунд дарёхои калони Помир ба шумор мераванд. Ин дарёхо дорои неруи бузурги барк бошанд хам, чандон пурра истифода наме- шаванд.
Дар Помир кулхо низ бисёранд. Кулхои ин нохия асосан пайдоиши тектоникию пиряхи доранд. Дар Помир кулхои ба- лантарини Осиёи Маркази чой гирифтаанд. Кули аз хама ка- лон – Карокул 238 м чукури дошта, аз чихати хачм ва баланди (3914 м) факат аз кулхои Тибети Чануби кафо мемонаду бас. Оби кул шури талхча буда, дар он мавчудоти зинда нест. Дар маркази Помир дар баландии 3239 м кули Сарез чой гирифта- аст. Ин кул соли 1911 дар чойи дехахои Сарез ва Усой пайдо шудааст (кух афтода рохи обро банд кард). Дарозии кули Са- рез зиёда аз 60 км, масохаташ 86,5 км2, чукурии бештаринаш 500 м мебошад. Хачми оби кул 17,3 км3 аст.
Помир якчанд пирях дорад, ки калонтарини онхо Гармо, Грум-Гржимайло ва Федченко (дарозиаш 75 км) мебошанд. Ин пиряххо дорои захираи калони об буда, ба дарёхо гизо ме- диханд.
Бинобар гуногун будани шароити табии хок ва набототи Помир якхела нест. Дар Помири Гарби бештар хоки дорчинии кухи ва баландкухи дучор меоянд. Наботот якчанд минтака- ро ташкил медихад; кариб дар хама чо нимбуттахо меруянд. Водии дарёхо тугайзор буда, аз дарахтори бед, сафедор, тус, зирк, ангат, инчунин дарахтони меваи худруй – себ, нок, чор- магз, зардолу иборат мебошанд. Дарахтзорхо асосан дар во- дии рудхои Панч, Шохдара ва Вахон дучор меоянд. Дарахти тут низ бисёр аст. Баробари болотар баромадан дарахтзорхо- ро минтакаи дашт ва сипас маргзорхои алпи иваз мекунанд. Дар Помири Гарби, дар Хоруг – маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Боги ботаникии Помир вокеъ гардида- аст. Вай яке аз богхои баландтарини чахон (2300 м аз сатхи бахр) мебошад. Дар Боги ботаники доир ба шароити махал му- тобик кардани рустанихо тахкикот мебаранд.
Дар Помири Шарки дарахт намеруяд. Дар ин мавзеъ беш- тар рустанихои хоси биёбонхои баландкухи – терескен, бо- лиштакхо, геша, баъзе рустанихои хушаги месабзанд. Биёбону даштхои баландкухи хамчун чарогох ахамияти калон доранд.
Олами хайвоноти Помир низ гуногун ва гани аст. Архар, ки шоххои печутобхурдаи он 20-30 кг вазн дорад, яке аз чонва- рони зебои Осиёи Маркази ба шумор меравад. Вай дар чой- хои кушод ва нисбатан хамвор маскан мегирад. Дар нишебии шохсорон бузи кухи сукунат дорад. Аз чонварони дарранда паланги кухи, хирси малла, гург, аз хояндахо сугур, гулмуш ба назар мерасанд. Дар водихо заргуш, рубох, савсор зиндаги мекунанд. Аз парандахо мургобии сурх, дар Яшилкул бошад, гозхои хинди вомехуранд. Дар баландкуххо мурги хилол, бур- гут, хумо, каргас маскан гирифтаанд. Дар кулу дарёхои Помир гулмохи ва осмонмохи мавчуданд.