Даъвати Мухаммад(с) аз огоз, чунон ки каблан гуфтем, даъвати чахони буд ва ба хамаи инсонхо сарфи назар аз кавму миллат, нажоду фархангу тамаддун нигаронида шуда буд. Вале то ин вакт бо сабаби даргирихои дохили бо аъроб ва хамкабилахои худ Курайш имкон нашуда буд, ки доманаи даъват берун аз марзхои араби густариш ёбад. Баъд аз сулхи Худайбия нахустин бор чунин имконият пеш омад.
Аз чумла Мухаммад(с) дар соли 6-уми ва ё ибтидои соли 7-уми хичри ба кайсари Рум Ираклит, шоханшохи сосони Хисрави II (ё Хисрави Парвиз), подшохи Хабашия Наччоси, ба амири гассони, волии Миср ал-Мукавкис, хуккоми Уммон, Яман, Бахрайн ва Ямома номахо ирсол намуда, онхоро ба ислом даъват кард.
Мухаммад ибни Саъд дар «Табакот» менависад, ки чун Расули Худо(с) аз Худайбия (ба Мадина) баргашт дар Зилхаччаи соли шашум номахое ба мулуки чахон фиристоданд. Ба он хазрат арз карданд, ки мулук ва салотин номахое, ки мухр нашуда бошанд, намехонанд, аз ин ру пайгамбар фармуд ангуштарие аз нукра сохтанд, ки дар нигини он дар се сатр аз поин ба боло навишта шуда буд «Мухаммад Расуллох» ва ба он хотам номахоро мухр намуд ва шаш нафар дар як руз аз мухаррами соли хафтум ба манзури бурдани номахо аз Мадина хорич шуданд.[1]
Номахои пайгамбари исломро аксарият бо эхтироми том кабул ва посух доданд. Танхо шохи Ирон Хусрави II нисбат ба он беэхтироми ва номаи пайгамбарро пора кард.
Ба вокеъияти таърихи доштани ин номахои Паёмбар (с) ва замони ирсоли онхо баъзе исломшиносони гарби хадди акал шубха кардаанд. Иллати он ба кавли дуктур Хасан Иброхим Хасан адами бархурди онхо ба васоику санадхоест, ки бояд пас аз он мулук ва хукком боки мемонд. Инро у далели катъи барои инкори номахои Мухаммад (с) намешуморад.[2]
Дар хар сурат муаррихони маъруфи ислом аз чумла Ибн Хишом[3] Яъкуби[4] ва Табари[5] дар сихат доштани икдомоти дипломутии Паёмбар (с) шакке надоранд.
Баъзе дар он акидаанд, ки икдом ба даъвати мулуки хорич аз Арабистон, агар сихат дошта бошад, било фосила баъд аз сулхи Худабия набуда, балки хадди акал баъд аз чанги Хайбар ва таслими Фадак ё хатто баъд аз фатхи Макка бояд бошад.[6] Ибн Хишом низ дар «Сирату-н-наби» танхо пас аз фатхи Макка оид ба мурочиати пайгамбар ба сарони давлатхо бо нома сухан мегуяд. Харчанд у изхор дошта, ки пас аз хаччи умра дар Худайбийя аз адои он чилавгири карданд, пайгамбар ба асхоб руй оварда эълон намуд, ки рисолати у оламист ва шумо набояд он чунон, ки хаввориюн ба Исо дар ин амр мухолифат карданд, мухолифат кунед. Асхоб гуфтанд: «Чи гуна хаввориён мухолифат карданд?» Гуфт: «Онхоро Исо ба интишори
даъвати худ мехонд, аммо онхое, ки ба наздик мефиристод, рози мешуданд ва фармонбардор буданд, вале онхое, ки ба дуртар аз махалли худ маъмур мешуданд, руй турш мекарданд ва дили нохохам амал мекарданд».[1]
Ибн Хишом илова кардааст, ки ин нома дар охири соли дахуми хичри буд.[3]
Ба хар сурат хам фикр ва хам имкони ирсоли нома ва даъвати мулуку салотини маъруфи он замон пас аз сулхи Худайбия муяссар гардида ва шояд он номахо на дар як вакт, балки ба тадрич фиристода шуда бошанд. Бояд, ки Ибн Хишом дар мавриди мукотиботи дигари пайгамбар аз он чумла чавоб ба номаи яке аз муддаъиёни пайгамбари Мусайлима[2], аз Мухаммад(с) даъват карда буд, ки мо харду паёмбарем, барои мо нисфи замин ва барои Курайш нисфи замин бошад.» Вале пайгамбар ба у чунин чавоб навишт: «Ба номи Худои бахшояндаи мехрубон. Аз Мухаммад расули Худо ба Мусайлимаи дуруггуй. Дуруд бод бар он ки рохи хакро бармегузинад. Аммо баъд (будан, ки) замин мутаалик ба Худост ва вомегузорад онро ба хар, ки аз бандагонаш, ки мехохад. Окибати \амр\ ба муттакин аст».
Холо чихати эчоди тасаввуроти пуратар ва шинохти амиктари рухияи садри ислом чанде аз номахои мазкурро он чунон, ки дар сарчашмахо накл шудаанд меорем.
Нома ба Хираклиус, императори Рум, ки онро Дихя ибни Халифату-л-Калби ал-Хазрачк ба хокими Бусро бурда, бо муаррафии у, ки аз маъмурон ва дастнишондаи император буд,
«Ба номи Худованди бахшояндаю мехрубон- Аз Мухаммад б. Абдуллох (ба накли баъзе аз сарчашмахои дигар Мухаммад пайгамбари Худо) ба Хераклиуси бузурги Рум. Дуруд бар касе, кирохихидоятро чуяд. Ман туро ба оиниисломдаъват мекунам, ислом биёвар то саломат бимонй дар ин сурат Худованд ду подош ба ту медихад (яке барои ислом овардани худат, дигаре барои исломи мардуми зери хукумати ту, ки туро пайравй мекунанд) ва агар сар печидй, гунохи кибтиён ба ухдаи ту хохад буд. (ва Худои таъоло фармояд) «Эй ахли китоб биёед ба суи он калимае, ки миёни мо ва шумо муштарак аст ва он ин аст, ки чуз Худо касеро намепарастем ва чизеро шарики У карор надихем ва баъзе аз мо баъзеи дигарро дар баробари Худо ба бузургй ва сарварй нагирем пас агар ру гардон шуданд бигуем гувох бошед, ки мусулмонем».[1]
Номаи ба малики Миср ал-Мукавкис иншо шуда низ айни хамин мазмун аст, ба чуз унвони гиранда. Ривоятхое, ки дар бораи кабули Дихя, пурсучуи Абусуфён, мурочиати император ба мардуми Рум ва алалхусус номаи чавобии у ба Мухаммад (с) бо назардошти шароит ва рухияи онрузаи императорони Рум дар хакикат боварнокарданй ва игрокомез менамояд. Чавоби Хираклиусро ба Мухаммад (с) чунин накл кардаанд:
«Ба суи Ахмад расули Худо он касе, ки Исо ба хузури у башорат дода аз чониби кайсария Малики Рум – номаат ба василаи фиристодаат ба ман расид ва ман шаходат медихам, ки ту расули Худой, ки мо туро дар Инчил ёфтаем ва Исо ибни Марям ба омадани ту башорат додааст ва ман мардуми Румро даъват намудам, ки ба ту имон оваранд ва онхо худдори карданд ва агар сухани маро итоат мекарданд, барои онон хуб буд ва ман дуст доштам, ки дар назди шумо буда ва хидматгоратон будам ва пойхои шуморо мешустам”.[2] Ин аст номаи чавобии Хераклиус.
Хулоса, тибки ахбор хам императори Рум хам Начоши- хокими Хабашия (у исломро кабул намуд) ва хам Мукавкис малики Миср косидони Паёмбар (с)-ро бо икрому эхтироми том ва бо фиристодани хадияхо ба хидмати у кабул ва гусел мекунанд. Малики Миср бо хадияхо як асб ва ду каниз мефиристад, ки якеро бо номи Мория Паёмбар (с) ба никохи худ даровард ва аз у писаре бо номи Иброхим таваллуд мешавад.
Абулхасан Али Хасани Надави дар китоби «Сирату-н- набавия» бо иснод ба корхои шаркшиноси фарансави Вартелеми ва бозёфти хафриётхо (с.1850) ва дигар тадкикоту маколахои шаркшиносон хакикат доштани номаи Мухаммад (с) ба Мукавкис ва пайдо шудани асли номаро хабар медихад.[3]
Нома ба Хисрави Парвиз (ё Касрои сонк). Паёмбари ислом Мухаммад (с) Абдуллох ибни Хузофаро бо номае ба дарбори Хисрав подшохи Ирон фиристод, ки мазмуни он ба шархи зер буд:
оварад ва гувохк дихад, ки худое чуз Маъбуди ягона нест ва Мухаммад банда ва расули у аст ва ман туро ба ойини Худованди неруманду пурчалол даъват мекунам. Зеро ман фиристодаи Худо барои тамоми мардум хастам то хар ки зинда аст уро (аз азоб ва хашми Худо) дихам ва бар кофирон хуччатро мулзам кунам пас ту хам ислом биёвар то саломат бимони ва агар ибо ва сар пачк вуболу гунохи мачус бар ухдаи ту хохад буд.»[4]
Бояд гуфт, ки аз нигохи услуб ва саликаи баёни ин нома аз номахои дигар фарк дорад. Дар он баъзе такрор (чун рисолати иирабмёап Мухаммад(с) чахор бор) ва нукоти зоид ба маъни чой дорад.
Чунон, ки гуфтем Хисрави Парвиз, аз он ки номи Паёмбар(с) пеш аз номи у дар нома навишта шуда буд, хашмгин гардид ва номаро пора кард ва чун ин хабар ба Расули Худо(с) расид, фармуд:
«Номаи маро пора кард, Худованд мулкашро бархам дихад.»
Хисрави Парвиз танхо ба пора кардани нома иктифо накард Абдуллох ибн Хузофаро аз пеши худ биронд ва ба омили худ дар Яман фармоне навишт, ки Мухаммад (с)-ро дастгир карда ва ба суи вай фиристад.
Ба хар сурат як матлаби бидуни шакку шубха аст, ки хануз дар замони пайгамбар даъвати чахонии ислом огоз шуда аст. Дар чой доштани хадди акал як номаи пайгамбар ба малики Миср ва ё Искандария чои хеч шубха нест. Гузашта аз ин номахо, хабар аз огози даъвати чахони шудани ислом медиханд, харчанд дар Куръон оятхои зиёде аз таъйид зотан дар таълимот чахонк ин даъват мавчуданд. Аз чумла сураи Сот-36; 87-88;199, сураи Фуркан – 25 : 1[5];79,