Главная / Илм / Намунаи саноати

Намунаи саноати

Тахти мафхуми он тархи бадеию кон- структории махсулот, ки намуди зохирии онро муайян мена- мояд, фахмида мешавад. Намунаи саноати низ неъмати гай- римоддии дар хомили модди ифодаёфта мебошад. Дар тафо- вут аз ихтироъ, ки халли техникии масъала аст, намунаи са- ноати халли намуди зохирии махсулот мебошад. Намунаи са- ноатиро халли таррохии (дизайнерии) масъала низ номидан мумкин аст.

Намунаи саноати хамчун халли таррохии масъала бояд ба шартхои зерин чавобгуй бошад. Пеш аз хама, намунаи са- ноати ба восита ва роххои мушаххаси амалигардонии мат- лаби эчодии таррох ишора кунад. Агар масъалаи гузошта- шуда халли худро наёфта бошад, намунаи саноати хамчун объекти мустакил холо офарида нашудааст. Дуюм, вазифаи намунаи саноати дар муайян намудани намуди зохирии мах- сулот ифода меёбад. Зимнан зери мафхуми махсулот ашёи истехсолоти саноати ва косиби дар назар дошта мешавад, ки барои конеъ намудани талаботхои инсон равона шуда, ко- били дарки бинои ва нигох доштани намуди зохирии худ ме- бошанд. Намуди зохирии ашё нишонахои гуногунро дар бар гирифта метавонад, аммо дар хар сурат он бо чойгиршавии мутакобилаи унсурхои асосии композитсиони, ичрои шакл ва ранг муайян карда мешавад. Сеюм, халли намуди зохирии мол ва ё воситаи наклиёт бояд хислати бадеию конструкторй дошта бошад, яъне дар намуди зохирии ашё бояд унсурхои бадей ва конструктори хамоханг бошанд. Истифодаи танхо воситахои бадеи, масалан, тагйир додани ранги ашё, ё ин ки танхо воситахои конструктори, масалан, тагйир додани хачми ашё, барои эътирофи намунаи саноати кифоя нест. Унсурхои бадеи ва конструктори бояд ба хам мувофикат намуда, хамдигарро пурра намоянд. Ба тарбияи зебопа- растии инсон мусоидат намояд.

Ба сифати намунаи саноати махсулоти алохидаи ягона, кисми таркибии он, мачмуаи махсулот, навъи махсулот ба- ромад карда метавонанд. Махсулот хамчун объекти намунаи саноати дар навбати худ хачми, хамвор ё омехта буда мета- вонад. Намунахои саноатии хачми гуфта композитсияро ме- монанд, ки асоси онхоро сохтори хачмию фазои ташкил ме- намояд. Масалан, халли бадеию конструктори, ки намуди зохирии дастгох, мошинхои кишоварзиро муайян мекунанд. Намунахои саноатии хамвор таносуби чадвалию графикии унсурхоро ифода карда, вокеан хачм надоранд. Масалан, халли бадеию конструктори, ки намуди зохирии колин, руймол ва гайраро муайян менамояд.

Кисми махсулот дар холате ба сифати намунаи саноати эътироф карда мешавад, ки агар дар таркиби дигар махсулот истифода бурдани он имконпазир бошад, инчунин вазифаи мустакилро дошта ва тархи анчомёфта бошад.

Намунаи саноати бояд аз як катор объектхои дигари хукуки моликияти зехнии ба он монанд фарк карда шавад. Масалан, аз модели муфид, тамгаи молии хачми ва асархои санъати ороишию амали. Тафовути намунахои саноати ва модели муфид аз руи хислати халли масъала гузаронида ме- шавад. Агар намунаи саноати намуди зохирии ашёро ба ёрии воситахои бадеи ва конструктори хал кунад, модели му- фид халли техникие мебошад, ки ба ичрои конструктивии воситахои истехсолот ва ашёи истеъмоли, инчунин кисмхои таркибии онхо дахл дорад. Ба таври дигар ифода намоем, модели муфид нанамуди зохирии сохтор, балки мохияти тех- никии онро мухофизат мекунад.

Баъзе намуди ашёхо, масалан, куттихои аслй, хам ба си- фати намунаи саноати ва хам ба сифати тамгаи молии хачми эътироф шуданаш мумкин аст. Интихоби шакли мухофизат аз шахси аризадиханда вобаста аст. Он холате истисно нест, ки як объект хам ба сифати намунаи саноати ва хам ба сифа- ти нишони моли мухофизат карда шавад. Зеро объектхои номбаршуда вазифахои гуногунро ичро мекунанд. Бо тарти- би гуногун ба расмият дароварда мешаванд ва шахси ариза- диханда нисбати онхо хукук ва ухдадорихои аз руи мухлати амал ва хачм гуногунро ба даст меорад.

Монандии муайянро байни намунахои саноати ва асар- хои санъати ороишию амали, ки объекти хукуки муаллифи мебошанд, мушохида намудан мумкин аст. Ба муаммои му- вофикати онхо дар адабиёти хукукии шурави диккати зиёд дода шудааст, аммо то хол аломатхои зарури, ки тафовути онхоро нишон дода тавонад, пешкаш нагардидааст. Имруз махсулоти зиёд, ки ба тамоми талаботи асархои санъати ороишию амали чавобгу аст, намунаи саноати эътироф шуда метавонанд. Бинобар ин, шахси аризадиханда метавонад объекти хукуки моликияти зехниро дар доираи меъёрхои хукуки муаллифи хифз намояд, ё ин ки мухофизати онро дар доираи меъёрхои хукуки патенти таъмин намояд.

Дар як вакт конуни ЧТ дар бораи намунахои саноати, тарххои зеринро намунахои саноатии патентпазир намехисо- бад: тарххое, ки танхо аз таъиноти техникии махсул бармео- янд; тархи объектхои меъмори (гайр аз шаклхои хурди меъ- мори), иншооти саноати, гидротехники ва иншооти дигари собит; махсулоти чопи дар навъи худаш; тархи объектхои шаклашон ноустувор аз моддахои моеъ, газмонанд, пош- хуранда ва амсоли онхо сохташуда; тархи махсулоте, ки хи- лофи манфиатхои чамъияти, принсипхои инсондусти ва ах- лок мебошанд.

Хамин тарик, ба маънои васеъ, намунаи саноати гуфта хама гуна тархи бадеию конструктории махсулотро мено- манд, ки намуди зохирии онро муайян мекунад. Ба ин маъно, ба сифати намунаи саноати халли намуди зохирии хама гуна ашёи нав, ки дар саноат истехсол мешавад, эътироф мегар- дад.

Мувофики м. 5 конуни ЧТ дар бораи намунахои сано- ати, хифзи хукуки ба он намунахои саноати таъмин мегар- дад, ки нав ва асли (оригинали) мебошанд. Дар тачрибаи ча- хони аломати сеюми патентпазирии намунаи саноати, яъне кобили татбик; будани он низ пешбини мегардад, вале дар конуни ЧТ аломати мазкур бевосита номбар нашудааст. На- мунаи саноати хамон вакт нав хисобида мешавад, ки агар мачмуи аломатхои асосии дар тасвирхои махсулот ифодаёф- та ва дар номгуи аломатхои асосии намунаи саноати овар- дашуда, аз маълумоте, ки то санаи аввалияти намунаи са- ноати дар чахон дастраси умум гардидаанд, маълум набошад. Тахти аломатхои асосии намунаи саноати, хамаи аломатхои дар алохидаги зарур ва дар мачмуъ барои симои зохирии махсулот кофи фахмида мешавад. Хангоми мукар- рар кардани навии намунаи саноати, хамаи намунахои сано- атии дар ЧТ патентноккардашуда, хамчунин аризахо ба намунахои саноатие, ки барои гирифтани патенти ЧТ аз чониби шахсони дигар пешниход карда шудаанд (гайр аз аризахои бозхондашуда), ба хисоб гирифта мешаванд, ба шарте ки аввалияти онхо пештар бошад.

Навии намунаи саноати дар холати имтиёзноки зерин нигох дошта мешавад. Ошкор гардонидани маълумоте, ки дар натичаи он мохияти намунаи саноати дастраси умум гар- дидааст, патентпазирии намунаи саноатиро кохиш намеди- хад, агар ин амал аз чониби аризадиханда, муаллиф ё шахси дигаре, ки аз онхо мустакиман ё ба тарики гайримустаким маълумоти ба намунаи саноати дахлдорро ба даст оварда- аст, ичро шуда бошад ва агар ариза барои намунаи саноати на дертар аз 6 мохи баъди санаи ошкор шудани ни маълумот ба Идораи патентии ЧТ пешниход шуда бошад.

Намунаи саноати хамон вакт асли хисоб карда мешавад, ки агар аломатхои асосии он, чихатхои эчодкоронаи хусу- сиятхои завкии (эстетикии) махсулотро муайян намоянд. Аломатхое, ки хусусиятхои эстетики ва (ё) эргономии наму- ди зохирии махсулот, тарху шакли он, накшу нигор ва тано- суби рангхоро муайян мекунанд, ба аломатхои асосии наму- наи саноати дохил мешаванд.

Аломати мазкур нисбати намунахои саноати хамон ахамиятеро дорад, ки нисбати ихтироъ сатхи ихтироъкори дорад. Махз тавассути аломати мазкур намунахои саноати хамчун халли эчодии бадеию конструктори аз натичахои корхои одии таррохи фарк карда мешавад.

Санчиши оригинали будани намунаи саноати бо рохи мукаррар намудани хаммонандии наздик, ошкор намудани нишонахои мухими он, чамъ овардани мълумотхои зарури ва мукоисаи онхо гузаронида мешаванд.

Намунаи саноати кобили татбик аст, агар тачдиди би- сёркаратаи он тавассути омода намудани махсулот имконпа- зир бошад. Махз аломати мазкур шакли патентии хифзи намунаи саноатиро мухим менамояд. Дар робита ба ин, бояд зарур набудани хифзи патентии намуди зохирии тачдидна- шавандаро кайд намоем. Масалан, кори дастии сатхи бадеии баланд, ки бо меъёрхои хукуки муаллиф хифз карда меша- ванд.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …