Главная / Илм / Номхои Худованд

Номхои Худованд

Худошиноси дар ислом баъзе хусусиятхо хоси худро дорад ва доираи мавзуи он метавонад бо дигар илохиёт тафовут дошта бошад. Аз чумла Худованд дар ислом дороияк номи зотйва 99 номи сифотист. Маълум, ки дар хар дине Худо бо ном (исм)и хосе ифода шудааст. Дар динхои бисёрхудой худоён хар кадом номе доранд ва дар раъси онхо худои худоён (чун: Зевс дар дини юнониён, Юпитер дар дини румиён, Ра дар дини мисриён, Брахма дар дини хиндуия) карор доранд. Динхои тавхидии то ислом низ, исми хосе ба Худо додаанд – чун Яхво /ё Илохим/ дар яхудия, Ахрумаздо дар зардуштия ва Худопадар, Худописар (Эсои Масех) ва Рухи Мукаддас дар дини насронй. Дар баробари исми хос Худо дар хар забоне бо исми чинс (ё ом) низ ифода шудааст чун: Эзад (Яздон,) Худо, Бог, Гад, Эл ё Илох...

«Аллох» аз калимаи решагии умумисомии шакли номаълум «илах»худо исми ом(м) мебошад. Бо илова кардани пешванд (артикли)и «ал» ба он«Аллох» табдил ба исми хос шудааст. Исми Аллох пеш аз зухури ислом низ байни аъроб маълум будааст. Дар ин бора аз осору ашъори давраи чохилия аз таркиби номхо ва худи Куръон маълумот метавон пайдо кард. Хатто дар катибахои кадима низ ин ном дида мешавад.

Далоили аз як асли решагии сомй будани номи Худо – Аллохро вучуди ин калима дар забони бобилй дар шакли «Ил» масалан: «БобИл»«дарвозаи худо» ва хамчунин дар забони ибрй«Эл ё Ил» масалан дар номхои малоик: «ИсрофИл», «МикоИл», «АзроИл», «ИмануЭл») ва номи Худо дар яхудия «Илохим», ки чамъи «Илох» аст шуда метавонанд. Чунон ки гуфтем, назди арабхо ин калима бидуни хисса (истифхом)и «ал» хамчун исми ом ба маънии «худо», «парвардигор», «яздон», «бог» ва «дод» ва бо хиссаи муъайянии «ал» хамчун исми хос «Он худо»офаридгор маъруф будааст.

Аз оятхои Куръон чунин натича бар меояд, ки Аллох аз худоёни бузург, то андозае хамчун худои худоён, олитарин макомро доштааст. Худоёни дигар, бутхо хамчун миёнчи ё шафеъ байни у ва инсонхо будаанд. Аз чумла дар сураи Зумар(39) ояти 3 аз кавми мушрикон чунин гуфта шудааст:

39-3

«Ва онон, ки ба чуз Худо дустоне гирифтан(гуфтанд): «Онхоро ибодат намекунем, магар барои он, ки моро дар (дарачаи) курб ба Худо наздик созад».

Хамин мазмун дар сураи Ахкоф ояти 28/27 низ омадааст:

28-27

«Пас чаро касоне, ки чуз Худо ба унвони василаи наздикшави ва шафоъат барои худ худо гирифта буданд ба ёрии онон бар нахостанд.?» Аз Куръон инчунин бар меояд дар назди аъроби чохилия Аллох офаридгори Олам ба шумор мерафтааст.[1] Аз чумла дар ояти 61 сураи Анкабут омада:

ankabut-61

«Ва агар аз онхо бипурси, осмонхо ва заминро чи касе  Муъаллифи китоби «Таърихи чомеъи адён» (Мапз геНдюпз) Чон Нос мегуяд: «Аъроб нисбат ба Аллох низ имони мубхаме доштаанд ва уро Худои бузург ва Холики кул медонистаанд ва хоса Курайш, яъне кабилаи Мухаммад (с) ба вучуди Аллох беакида набудаанд.»[1] Хамчунин Оятулло Бихишти навишта, ки «аз худи Куръон ва аз иборот ё ашъоре, ки араб пеш аз ислом эчод кардаанд, чунин истифода мешаванд, ки арабхо Худои офаридгори чахонро мешинохтаанд ва уро «Аллох» меномидаанд».[2] Хамин тавр Аллох хануз кабл аз ислом баробари Аллот, Алъузо, Манот, Ягус ва дигар худоёни каблан ёд шуда, парастида мешудаанд бо ин тафовут, ки барои у бут ё хайкали хосе надоштаанд, балки хамчун яке аз худоёни олимартаба[3] ва шояд чизе наздик ба макоми худои худоёнро дошта.

Мохияти Аллох дар ислом. Аллох Худое, ки пайгамбари ислом Мухаммад (с) ба пайравони худ муъаррафи ва ба гаравидан ба у аз тарики имон ва ибодат даъват мекунад, мисли «Яхво (ва ё Элохим) худои соф милливу нажоди нест, балки худои оламиён аст. Сураи аввалини Куръон «Ал-фотеха» бо ояти «Алхамду лил-лохи Раббил оламин»- «Ситоиш мар худоеро, ки парвардигори оламиён аст»354 огоз мешавад. Аллох «Илохи нос» худои инсоният, «Раббун нос» парвардигори одамиён, «Маликин- нос» – подшохи одамиён аст.

Аллох танхо худои Замин ё Осмон нест, балки молики харду («раббуссамовоти вал-арзи», «лаху мулку-с-самовоти ва-л-арзи[1])ва он чи фи мобайни онхо мебошад. Хамчунин у натанхо худои шаркиён ё гарбиён, ин ё он минтакаи Замин аст, балки ба у хам Машрик ва хам Магриб, хам Чануб ва хам Шимол (Вал-лил-Лохи ал-Машрик вал Магриб), «Раббул-машрикайн ва Раббул-магрибайн»[2] тааллук дорад. Аллох на худои худоён аст[3], на падару фарзанди касе меъёрхои мумкиноти вучудии замини барои шинохти у созгор нест. Худо дар ислом вочибул-вучуд аст, чун «вочиб- ул-вучуд»-ро ба хеч чиз пайванди зоти нест.»[4] Аллох дар ислом аз назари фалсафи  вокеъияти мутлаки бекайду шарт аст, ки касрат ва таъаддуд – бисёрхудоиро намепазирад.

 Оллох зоти азали, вучуди мутлак ва бенихоят, бениёз аз хама чиз ва хама кас, койим ба зоти худ аст. Оллох вучуди бенихоят аст чун хакикати вучуд ба зоти худ хадду кайд ва махдудият барнамедорад. «У аввал ва охир ва зохир ва ботин аст.

Инчунин кобед

d21f97d7

Тарз ва усулхои таъмин ва инкишофи муозинии фаъолияти фирма

Фаъолияти фирма нисбатан мураккаб ва бисёрчанба (истехсолй, ичтимой, тичоратй, бурунмарзй) буда, тахти услубхои бозор ва …