Мувофики м. 5 конун дар бораи хукуки муаллиф, хукуки муаллиф ба асархои илм, адабиёт ва санъат, ки натичаи фаъ- олияти эчодй мебошанд, сарфи назар аз таъинот ва ахамият, хамчун тарзи ифодаи онхо, татбик мегардад. Аз мукарра- роти мазкур бармеояд, ки объектхои хукуки муаллифи асархои илм, адабиёт ва санъат мебошанд. Конуни хукуки муаллиф, хамчун коида, асархои эчодиро мавриди химоя карор медихад. Конунгузории давлатхои алохидаи чахон бошад, объекти химояро гуногун муайян менамоянд. Маса- лан, дар Фаронса асархои зехни, дар ИМА асархои муал- лифи, дар Италия асархои зехнии хислати эчодидошта, дар Чопон асархое, ки дар онхо фикр ва хиссиёти эчоди баён шудаанд, химоя карда мешаванд.
Конунгузории граждании амалкунандаи ЧТ мафхуми конунии «асар»-ро мустакиман муайян накарда, бо ишора ба шакли объективии ифодаёбии он, намудхои асархои маври- ди химоя ва инчунин ба баъзе аз хусусиятхои дигари он, махдуд гардидааст. Чунин номуайянии мафхуми асар дар конунгузории собик ИЧШС, хамзамон конунгузории муоси- ри давлатхои алохида (масалан, давлатхои аъзои ИДМ) ва хатто дар сатхи санадхои меъёрии хукукии байналмиллалии дахлдор низ мушохида мегардад.
Холати мазкур боиси гуногунандешии мухаккикон нис- бати мафхуми асар гашта, дар назария вобаста ба ин масъала хамфикри мушохида намешавад. Мухаккикони ма- фхуми асар, мохияти онро бо истифода аз хусусиятхои гуно- гуни ба он хос муайян намудаанд. Алалхусус, асар хамчун хаводиси вокеан мавчудбудаи чахони моро ихотакарда, ки ба сифати мачмуи гояхо, накшхои ифодаи объективии худро дар мехнати анчомдода,[1] инъикоси инфиродй ва нотакрори вокеияти объективи,[2] натичаи фаъолияти фикрии инсон, ки майнаи сараш объектхои гайримоддиро истехсол менамояд,[3] мачмуи гояхо, фикрхо ва накшхо, ки дар натичаи фаъолияти эчодии муаллиф ифодаи худро дар шакли мушаххаси барои хиссиёти инсон кобили кабул ёфта, имконияти тачдиди онро медихад,[4] муайян гардидаст.
Дар адабиётхои ба хукуки муаллифи бахшидашудаи даврони шурави ва муосир, мафхуми охирин, ки В. И. Се- ребровский пешнходнамуда, чонибдорони бештарро пайдо кардааст. Дар мафхумхои овардашуда, неъмати гайримодди будани асар бевосита ва бавосита кайд карда мешаванд Дар робита ба ин, дарки фаркияти худи асар ва шакли инъикоси он мухим мебошад. Асар – махсули фаъолияти зехнии инсон, унсури чахони рухи ва маънавии уст. Аз ин лихоз, асар- ма- фкурави буда бо хомили моддии ифодаёбиаш дар алокаман- дии зич карор дорад. Лекин аз лихози хукуки ва даркуни бо он хаммаъно нест. Алокаи асар бо хомили моддиаш метаво- над чудонашаванда бошад, аммо чунин ягонаги ба хар хол мутлак нест. Масалан, алокамандии расм ё мучассама бо хомили моддии онхо он кадар зич мебошад, ки дар якчояги вохиди таксимнашавандаро мемонанд. Хомили модии асар ягона буда метавонад. Лекин новобаста аз ин алокаманди ва ягонаги, расм, мучассама ва хомили моддии онхо дар як вакт ба сифати объекти хукуки муаллифи ва хукуки ашёи баро- мад менамоянд. Зеро хукуки муаллифи асарро хамчун ни- зоми гояхо, андешахо ва накшхо махз дар алокаманди бо имконияти тачдиди он мухофизат менамояд. Аз ин лихоз, хукуки муаллифи ба асар пас аз нобуд гардидани хомили моддии он низ амал мекунад. Албатта, чунин амали хукуки муаллифи хангоми мавчудияти нусха ё репродуксияи асар,
Тибки мукаррароти м. 5 конуни хукуки муаллиф, хукуки муаллифи ба асар бо хукуки ашёи ба хомили моддй, ки асар дар он ифода ёфтааст, вобастаги надорад. Аз ин лихоз, такдири хукукии хомили модди ва асари дар он ифодаёфта дар алокаи бевосита карор надоранд. Тахвили хукуки ашёи ба хомили модди боиси тахвили хукуки муаллифи ба асари дар он дарчгардида намегардад. Бинобар ин, молики хомили моддии асар, хукуки муаллифиро ба даст намеорад ва муво- фикан барои ба амал баровардани онхо асос надорад. Барои хамчун объекти хукуки муаллифи мухофизат намудани асар, конун дар хамон м. 5 ишорашуда, мавчудияти ду аломати мухим – хислати эчодии асар ва шакли объективии ифодаи онро мукаррар менамояд.
Конун дар бораи хукуки муаллифии ИМА (с. 1976), но- такрор будани асарро хамчун аломати сеюм махсус кайд ме- намояд. Дар назарияи хукуки муаллифии шурави, тахкики аломатхои объекти хукуки муаллифи мавриди назари васеи мухаккикон карор дошт. Масалан, М.В. Гордон се аломат: шакли объективи, натичаи фаъолияти эчодии муаллиф ва ба чамъият муфид будани асарро номбар кардааст.
И.Я. Хейфец ва В.А. Кабатов хамчун аломат, навгонии асарро кайд намудаанд.
В.И. Серебровский ва Б.Н. Городецкий ба имконияти тачдидшавии асар махсус ишора намудаанд.[5]
Дар конуни хукуки муаллиф аломати эчодиёт шарх намеёбад ва ин боиси гуногунандеши дар адабиёти хукуки гаштааст. Аз чумла эчодиётро хамчун чараёни даркшаванда ва бештар мехнатталаб, ки максади ноил шудан ба натичаи мушаххасро дорад,[6] фаъолияти зехнии бо санади истехсоли итмомёбанда, ки дар натичаи он мафхум, накш ва (ё) шакли ифодаи онхо, ки инъикоси мафкуравии вокеияти хакикиро мемонад, ба вучуд меояд,[7] фаъолияти инсон, ки натичаи си- фатан нави бо нотакрорй ва ягонаги фарккунандаро ба вучуд меорад,[8] дарки нави каблан номаълум, ки ба натичаи нави каблан номаълум меорад,[9] шарх медиханд.
Дар адабиёти хукуки, эчодиётро бештар хамчун фаъолияти инсон, ки натичаи сифатан нави асли, нотакрор ва вохидро ба вучуд меорад, тафсир медиханд.
Ба андешаи бештари мухаккикон, нишондихандаи хи- слати эчодии асар, нав будани он мебошад. Нав будани асар дар мазмуни нав, шакли нав ифода ёфта метавонад. Хислати эчодии асар хамеша дар шакли он ва дар бештари мавридхо, дар мазмуни он ифода меёбад. Хукуки муаллифи бошад на ба мазмуни асар, балки ба шакли ифодаи он пахн мегардад. Фаъолияти эчодии табиатан ягонаю нотакрори хар як муал- лиф боиси офаридани натичаи эчоди мегардад, ки дар ин замина эхтимолияти ногахон офарида шудани ду асари мо- нанд гайриимкон мебошад.
Дар як вакт, мадди назар намуданн мазмуни эчодии нав ва оригиналии асар ва дар ин замина оид ба аз химояи ху- куки махрум будани он хулоса намудан нодуруст аст. Озодии эчодиёт ба муаллифон имконият медихад, ки дар як мавзуъ якчанд асар офаранд, атрофии як масъала бо услуби ба худ хос изхори андеша намоянд. Лекин мазмуни асари шахси ди- гарро бо забони дигар баён намудан, эчодиёт хисобида наме- шавад. Чунин амал коркарди асар махсуб меёбад, ки бо ху- куки шахсии гайриамволии муаллиф ба дахлнопазирии асар ва хифзи эътибори кори мухофизат карда мешавад. Бинобар ин, конуни хукуки муаллиф барои истифодаи мазмуни асар низ хад мегузорад.
Нав будани асар бояд хислати объективи дошта бошад, яъне барои хамагон иттилооти мухим бошад. Агар асар ба- рои худи муаллиф нав буда, барои хонанда ва ё тамошобин Бо аломати нав будани фаъолияти эчоди, аломатхои дигар – ягонагИ ва нотакрории он алокаманд аст. Нав буда- ни асар – аломати гузаранда аст, зеро пас аз гузашти вакти муайян асар дигар мухим нест, вале ягонагию нотакрории асар имконияти фардисозии асарро мухайё намуда, хамчун назарбини боки мемонад. Бо пайдо шудани назар нав ва пешбаранда, назари пешина мухимияти худро гум мекунад.
Аломати асли будани асар низ бо аломати нав будани он алокаманд аст. Асли будани асар маънои чой надоштани хо- лати азхудкунИ, кучонидан ва бидуни коркарди эчодиро до- рад. Дар фаркият аз конунгузории ИМА ва Британияи Ка- бир, ки аломати аслИ будани асарро дар конунгузорИ махсус кайд намудааст. Шарх додан лозим аст, ки конунгузорИ ва назарияи хукуки муаллифИ дар ЧТ ин аломатро дар доираи фаъолияти эчодИ баррасИ менамояд.
Асар хамчун натичаи фаъолияти эчодии муаллиф ба шарте объекти хукуки муаллифИ эътироф мегардад. ки дар ин ё он шакли вокеИ ифода шуда бошад, зеро барои химояи хукукИ эчодиёти барои атрофиён номаълум хифз карда намешавад.
Конуни амалкунандаи хукуки муаллиф барои ифодаи асар шаклхои мухталифи кобили дарку эхсосро пазируфта, чанде аз шаклхои маъмулро номбар менамояд, аз чумла хат- тИ, дахонИ, сабти овозИ ва видеоИ, тасвирИ, хачмИ ва фазоИ (м. 5.). Аз номгуи овардашуда бармеояд, ки асар бояд дар шакли аз шахсият муаллиф чудо мавчуд буда, ахамияти мус- такилро касб намуда бошад.
Шакли вокеии ифодаи асар, бо имконияти тачдиди он дар алокамандИ карор дорад. Атрофи хислати алокамандии мазкур дар адабиётхои хукукИ ду мавкеъ мушохида меша- вад. Ба андешаи намояндагони мавкеи аввал шакли вокеИ ва имконияти тачдиди асар, аломати ягонаи асарро ташкил медиханд.[10] Яъне мавчудияти шакли вокеии асар аз имкони- яти тачдиди он шаходат медихад. Намояндагони мавкеи
дуюм имконияти тачдиди асарро аломати мустакили он мехисобанд.[11] Яъне ба андешаи онхо тахти химояи конуни муаллифи танхо чунин асархое карор мегиранд, ки шакли объективии онхо имконияти тачдидро бидуни иштирокн ху- ди муаллиф таъмин менамоянд. Дар робита ба чунин мав- кеъ, шаклхои ифодаи асар, ки бо хомили модди алокаманд нестанд, ноустувор ва ба осони гумшаванда хисобида меша- ванд.
Конуни хукуки муаллиф, ба мисли конунхои шабехи давлатхои дигар, дар робита ба бахси овардашуда мавкеи хоссаро ишгол намуда, бо ишора ба зарурияти дар шакли объективи ифода намудани асар махдуд мегардад. Оид ба имконияти тачдиди асарро таъмин намудани шакли объек- тивии он коидаи махсусро мукаррар намекунад. Аз ин лихоз, конун бо хукуки муаллифи мухофизат гардидани хамагуна асархои дар олами модди ифодашударо, новобаста аз алока- мандии шакли объективии онхо бо хомили модди эътироф менамояд.
Дар адабиётхои хукуки акида оид ба ба сифати аломати асар эътироф намудан, ба чамъият муфид будани он, мусои- дати асар ба инкишофи маданиятн сотсиалисти иброз гар- дида буд.[12] Дорои чунин хислат будани асар дар даврони хокимияти шурави мухим хисобида шуда, назорати он таъмин мегардид. Чунин муносибат ба асархои эчоди боиси субъективизм ва сензура дар халли такдири нашри баъзе асархо гашта буд. Аммо дар конуни хукуки муаллиф ин мавкеи назарияви ва сиёсати давлати собик шурави дастгири наёфта, сарфи назар аз таъинот ва ахамият, мухофизат гар- дидани асархо махсус кайд карда мешавад. Аз ин лихоз, хукуки муаллифии замони муосир, асархои баландмазмун ва мазмуни начандон баланд -доштаро бо як речаи хукуки ва мардумсолори мухофизат менамояд.
Барои объекти мухофизати хукуки эътироф намудани асар, кайди он, барасмиятдарории махсус ё риояи дигар Асар хамчун падидаи мураккаб аз унсурхои таркибии алохида, ба монанди мавзуъ, мазмуни гояви, сужа, маводи асар, тимсоли бадеи (тасвир, сабук), забон иборат аст. Дар ро- бита ба ин муайян намудани унсурхои мавриди химоя ё ба- рои хукук ахамиятнок мухим аст. Дар адабиётхои хукуки кулли унсурхои асарро ба ду гурух – барои хукук беахамият ва ахамиятнок тасниф намудаанд.[13] Ба унсурхои барои хукук беахамият мавзуъ, маводи асар, сужа ва мазмуни гоявии асар мансуб гардонида шуда, тимсол ва забони асар унсурхои ба- рои хукук ахамиятнок эътироф шудаанд. Зарурияти муайян намудани унсурхои барои хукук беахамияти асар дар он аст, ки азхудкунии онхо хукуки муаллифиро вайрон намекунад. Вокеан, дар як мавзуъ, бо истифодаи як мавод ва мазмуни гояви, метавонанд асархои зиёд офарида шаванд. Дар таъ- рихи адабиёт чунин холатхо кам нестанд.
Унсурхои барои хукук ахамиятноки асар бошанд маври- ди истифодаи озод карор надоранд. Зери мафхуми тимсоли бадеи шакли хоссаи инъикоси вокеият (олами атроф) ва ифодаи фикрхо ва хиссиётхо фахмида мешаванд. Тимсол фардияти эчодкорро инъикос менамояд. Дар назарияи хукуки муаллифи унсури мазкури асарро шакли дохилии асар меноманд. Шакли дохилии асарро ба шарти чой до- штани розигии муаллиф ва ба он бахшидани шакли зохирии нав истифода намудан мумкин аст. Шакли зохирии асарро забони асар ташкил медихад, ки тахти он воситаю усулхои ба муаллиф хоси офаридани тимсоли бадеи фахмида меша- вад. Яъне забони асар – ин мачмуи воситахои тасвири – баё- нии аз чониби муаллиф истифодашуда мебошанд. Азхудку- нии забони асар манъ аст ва хангоми истифодаи он, бо ишо- раи манба иктибос меоранд.
[1] Гордон М.В. Советское авторское право.- М., 1955. С. 59
[2] Панкевич Б.И. Объекты авторского права //Записки Новороссийского университета.- 1878.
[3] Гаврилов Э.П. Авторское право. Издательские договоры. Авторский го- норар.- М., 1988. С. 10
[4] Серебровский В.И. Вопросы советского авторского права. – М., 1956. С. 32
[5]Иктибос аз асари Корецкий В.И. Авторские правоотношения в СССР.- Сталинабад,1959.- С.248-249.
[6] Серебровский В. И. Асари ишорашуда.- С. 34
[7] Иоффе О.С. Советское гражданское право: в 3 т. Т. 3.- Л., 1965.- С. 5
[8] Гаврилов Э.П Советское авторское право. Основные положения. Тен- денции развития.-М., 1984.- С 83.
[9] Гаврилов Э.П. Комментарий к Закону «Об авторском праве и смежных правах».- М., 1996.- С. 32
[10]Антимонов Б.С., Флейшиц Е.А. Авторское право. – М., 1957.- С.80-81.
39
[11]Серебровский В.И. Асари ишорашуда.- С. 41
[12]Корецкий В.И. Авторские правоотношения в СССР.- Сталинабад, 1959. – С. 250-253
‘Ионас В.Я. Критерий творчества в авторском праве и в судебной практи- ке.- М., 1963.