Главная / Чамъият / ОДОБИ РУЗГОРДОРИ ДАР ТАЪРИХИ ИЛМУ ФАРХАНГИ МИЛЛИ ВА ЧАХОНИ

ОДОБИ РУЗГОРДОРИ ДАР ТАЪРИХИ ИЛМУ ФАРХАНГИ МИЛЛИ ВА ЧАХОНИ

ОДОБИ РУЗГОРДОРИ ДАР
ТАЪРИХИ ИЛМУ ФАРХАНГИ МИЛЛИ ВА ЧАХОНИ

29Одоби рузгордори ё тадбири ман- зил хамчун илм дар бораи тартибу коидахо оид ба ташкилу танзими ха- ёти хочагию иктисоди ва фархангии оила ва рузгори шахс таърихи хеле ка- дима дорад. Хануз дар Юнони Кадим илме бо номи «Сиёсати манзил» арзи вучуд карда буд, ки «уйкунумия» (аз калимахои «уйкуз» – «хона» ва «ну- муз» – конун) номида мешуд. Минбаъд ин калима дар илми чахони чун «экономия» (иктисодиёт) роич шуд. Ба акидае ин истилохро бори аввал донишманди юнони Ксенофонт (солхои 430-354 – уми то милод) – муаллифи рисолаи «Бунё- ди хонавода» истифода кардааст.

Дар Юнони Кадим хикмати амали (илме, ки дар амал бояд татбик шавад) аз се кисм иборат буд: тахзиби ахлок (роххои тарбияи хулку атвори нек), сиёсати му- дун (тарзи идоракунии шахру давлат) ва тадбири манзил (тарзи идоракунии оила, хонадон). Аз донишмандони ин минтака Арасту ба илми тадбири манзил таваччухи хосса дошта, масъалаи оила ва оиладори- ро бо сиёсат ва ахлок пайванд кардааст ва дар китоби худ «Сиёсат» дар бораи муносибати байни зану шавхар, хоча ва гулом, падару фарзанд ва роххои ба даст овардани мол акидахо баён кардааст. Дар асари у «Ахлоки Никомах» низ оид ба тадбири манзил чун кисмати мухимми хикмати амали масъалагузори шудааст.30

Асари назаррас оид ба танзими рузгор дар Юнони Кадим «Тадбири манзил»-и Брусен (Абрусан ё Барсис) буд. Дар ин рисола дар бораи заруриёти зиндагии чомеаи ин- сони, роххои ба даст овардан ва хифзу истифодаи молу чиз, вазифахои зан, фазилатхое, ки боиси саодати зан ва дигар афроди хона мегарданд, таълиму тарбияи фарзандон, одоби сухангуйи, хурокхури, либоспуши ва гайра сухан рафтааст. Бо сабаби машхури дар боби халли масъалахои ахлоку руз- гор рисолаи Брусен минбаъд ба забонхои гуногун, аз чумла, ба забони араби тарчума шуда, аз он мутафаккирони асри- миёнагии точик низ дар китобати рисолахои худ зиёд исти- фода кардаанд.

Дар таърихи фарханги точикон хам тахти таъсири асархои донишмандони юнони ва маъхазхои дигар асархои зиёде оид ба рузгордори таълиф шудаанд. Дар байни онхо рисолахои Абунасри Фороби, Абуали ибни Сино, Унсу- рулмаолии Кайковус, Насируддини Туси, Чалолиддини Давони, Хусайн Воизи Кошифи ва дигарон мавкеи махсус доранд.

Файласуфи бузург Абунасри Фороби дар асараш «Фу- сул-ул-мадани» бо таъсири Арасту оид ба муносибатхои марду зан, падару фарзанд, хоча ва гулом, сохиби молу мулк ишорахо кардааст. Фороби масъалахои тадбири манзилро хамчун мукаддима ба сиёсат медонистааст.

Хамчун дастури мухим доир ба масъалахои рузгордори дар таърихи фарханги точик рисолаи «Тадбири манзил»-и Ибни Сино хидмат мекард. Ин асар акидахои мутафаккир- ро оид ба хусни тадбир (накуи дар идоракунии хонавода), пайдоиш ва накши хонаводаи инсони, роххои ислохи нафс, тадбири дахлу харч, сифатхои занон, сиёсати мард нисбат ба фарзандону хидматгорон ва гайра дар бар мегирад, ки аксарияти онхо то хол ахамияти худро гум накардаанд.

Унсурулмаолии Кайковус дар «Кобуснома» ба чунин мачмуи масъалахо таваччух кардааст: оиладори (хакки па- дару модар, парвариши фарзандон, хостгории зан, харидо- рии хона), хунаромузи (фоидаи афзунии хунархо ва омузи- ши чавгонбози, факехи, нучум, тиб хандаса, шоири, дехкони ва гайра), танзими рузгор (оини мехмоннавози ва истеъмо- ли хурок), масъалахои иктисоди (оини чамъ кардани мол, нигохдории амонат, тичорат кардан), оини гармоба рафтан, истирохат кардан ва амсоли он.

Дар рисолаи «Ахлоки Носири»-и Хоча Насируддини Туси ва «Ахлоки Чалоли»-и Чалолиддини Давони бошад, масъалахои занон ва одоби онхо, оини сухангуйи, хурокхури ва амсоли он барраси шудаанд. Мутафаккирон дар риояти хукуки падару модар низ акидахои чолиб баён кардаанд.

Хусайн Воизи Кошифи дар «Футувватномаи султони»-и худ дар катори масъалахои одоби муошират, дар бораи одоби зиёфат, хукуки мусулмонон ба якдигар, одоби касб ва хариду фуруш, муносибат бо хизматгорон, баъзе коидахои риояи речаи руз (авкоти макрух – вакте ки ичрои ин ё он амал носавоб аст) ва гайра бо истифода аз ашъор ва хикоёт акидахои мухимме баён кардааст.

Дар таърихи фарханги кишвархои аврупои дар асрхои миёна ва нав дар тахти таъсири фалсафаи Юнони Кадим масъалахои рузгордори асосан дар доираи масъалахои икти- соди, илми назарияи иктисод ва амалияи он барраси шудаанд. Хамчунин, дар доираи одоби муошират низ масъалахои зиёди рузгордори, аз кабили оини мехмоннавози, гузаронидани туйи арусию чашнхо ва амсоли он халли худро ёфтаанд.

Бо такя ба бехтарин анъанахои рузгордории Шарку Гарб дар собик Иттиходи Шурави як илме бо номи «Хона- дори» («Домоводство») рушду нуму кард. Олимони ихисос- манди педагогика, равоншиноси, кишоварзи, иктисодиёт ва сохахои дигар дар солхои шастуми асри ХХ барои занхои хонашини шурави ва завкмандони дигар китобе бо номи «Хонадори» тахия карда буданд, ки дар байни мардум хеле пахн шуда буд. Дар он масъалахои зерин барои рузгордории оила барраси ёфта буданд: гигиенаи манзил, тарзи нигоху- бини кудакон ва тарбияи фарзандон дар оила ва мактаб, хифзи саломатии ахли хонадон, оини ороиши мизу дастар- хон, тарзи захира кардани мева ва сабзавот, асосхои дузан- даги, бофандаги, гулдузи, парвариши рустанихои хонагию полези, нигохубини моли хонаги ва гайра.

Дар даврони нав хам дар баъзе муассисахои таълимии кишвархои собик Итттиходи Шурави фанни «Хонадори» омузонида мешавад. Аз чумла, дар мактабхои Федератсияи Русия барномаи таълимии ин фан барои синфхои 4 -8 – ум ак- сарияти мавзуъхои дар боло зикршуда, хамчунин масъалахо- ро дар бораи тартиби чойгир кардани асбобу анчоми хона ва мебел, усули ороиши тухфахо, чашнгирии идхо ва гайра фаро мегирад.

Дар умум метавон таъкид кард, ки илми рузгордори ё тадбири манзил байни хама халку миллатхо дар хама давру замон чойгохи махсус доштааст. Аз ин ру, бо максади сохиб шудан ба малакаву махорати рузгордори хар як фардро за- рур аст, ки анъанахои миллии худ ва бехтарин дастовардхои тамаддуни башариро дар бораи танзими хаёти оила ва руз- гор бидонад ва дар амалияи зиндагии худ онхоро татбик кунад. Ин амр барои рушди фарханги шахс, оила ва чомеа мусоидат мекунад.

Маводди иловаги

Порча аз «Футувватномаи сул’гоии»-и Хусайн Воизи Кошифи

Агар пурсанд, ки одоби мачмуи касбхо алал ичмол[1] чанд аст? Бигуй: Хашт. Аввал, он ки касби худро аз моли ха- ром ва шубхат пок дорад. Дувум, он ки касбро барои зару- рат маош кунад, на барои чамъи мол. Севум, касбро сабаби рузи шиносад ва рузи аз Худои таоло донад, ки мусаббиб- уласбоб[2] аст. Чахорум, бо касе, ки моли у харом бошад, му- омила накунад. Панчум, дар хирфати[3] худ кори маъюб ва руйи кашида накунад ва аз гилу гаш дур дорад. Шашум, ин- соф нигох дорад ва касе, ки бахои матоъ нашиносад, бар вай надавонад. Хафтум, агар ахли тарозу бошад, кам надихад ва зиёда наситонад. Хаштум, агар ахли зироъ[4] бошад, зиёда бар худ напаймояд ва кам бар дигарон, то баракат ва чамъ- ият дошта бошад.

[1] Алал ичмол – мачмуан, хамаги.

[2] Мусаббибуласбоб – сабабгори хамаи сабабхои дигар.

[3] Хирфат – касб, хунар.

[4]  Зироъ – зироаткори.

Инчунин кобед

maxresdefault

НИЁЗМАНДИИ ХАМАГОНИ ВА МАФКУРАИ НАВ

Холо пас аз ошнои бо шароити чугрофиёи ва хаёти маънавию мазхаби ва фархангию-сиёсии Чазирату-л-Араб метавон …