ОДОБИ САЛОМ,
ФАЗИЛАТ ВА КОИДАХОИ ОН
Ай писар, гар пештар гуйи салом,
Оташи дузах шавад бар ту харом.
Фаридуддини Аттор
Яке аз фазилатхои неки инсон, ки обруву нуфуз ва ман- залати уро баланд мебардорад, тарзи баёни салом ва риояи одоби он мебошад. Пешиниён ин хусни одобро дар вучуди фарзандон парвариш карда, аз хурди таълим медоданд. Он аз амалхои солехи фарзандон махсуб меёфт. Дар чомеаи асримиёнаги ин амал чойгох ва ахамияти махсус дошт ва аз бузургсолон то хурдсолон онро риоя мекарданд. Аксари адибон ва олимон низ дар осори худ ба тарзи одоб ва фазилатхои салом изхори андеша кардаанд ва амали онро низ хостор мешуданд. Бо максади расидан ба камоли инсони кушиш мекарданд, ки ба атфол аввал одоби салом доданро омузонанд.
Одоби салом дар байни мардуми мо аз кадим аз хурдии фарзандон то давраи камолот аз чониби волидайн назорат ва таъкид мешуд. Ин гуна муносибат ва таъкидхои пай дар пай асос мешуд, ки фарзанд одоби саломро риоя кунад ва дар хама холат барои ичрои ин амал омода бошад. Равони кудак нисбат ба салом ба дарачае фаъол шуда буд, ки хаме- ша ва дар хама холат мехост ба калонсолон салом дихад.
Худи калимаи «салом» аз забони араби буда, маънояш осоиш, сулху амони, осудахоли мебошад ва шакли точикии он мафхуми «дуруд» аст. Дар замони пеш аз ислом ачамиён бо нишони мехр ва эхтиром ба хамдигар дуруд мефиристо- данд ва хамдигарро бо дуруд пешвоз мегирифтанд. Мах- сусан, хангоми чашнхо дуруд гуфтан ва бахшоиши гунохи хамдигар яке аз сифатхои неки ниёгони мо ба шумор ме- рафт. Дар миёни мардум, бахусус, дар айёми Навруз дуруду шодбош гуфтан ба хукми анъана даромада буд ва одамон барои аз худ дур кардани кина ба хамдигар дуруд мегуф- танд. Дурудгуйи аз дарбори шох огоз меёфт ва бо дуруд- гуйии кудакон ба анчом мерасид. Кохинон дурудгуйиро дар миёни чомеа таблиг мекарданд.
Пас аз зухури ислом миёни точикон эхтиром гузоштан ба хамдигар тавассути риояи одоби салом боз хам густариш ёфт. Он хам ба одат ва хам ба суннат табдил ёфт ва дар му- носибати одамон хамчун рукни кадр кардани хамдигар ши- нохта шуд. Дар ин давра салом мукаддас ва табаррук эълон шуд. Ба яке аз номхои мубораки Худованд пайванд шуд ва ба он арзиши мукаддамтар аз одоб дода шуд. Дар ин даврон зухури салом ба сифати тарбия бештар арзиши эътикоди ва маърифати пайдо кард ва ба тафаккури мардум хамчун маъ- рифати исломиву милли чойгохи хосро касб кард.
Ба хотири таъкид шудани салом дар китоби «Куръон» мафхуми «салом» бо салавот наздик карда шуд ва он арчи бузургтарро ба худ касб кард. Дар Сураи «Нисо», ояти 86- ум, омадааст, ки: «Ва чун салом дода шавад, пас ба гунае бехтар аз он салом дихед, ё ба хамон калима чавоб дихед. Ба дурусти, ки Худо бар хар чиз хисобкунанда аст».
Дар хадисхо низ эхтиром гузоштан ба салом, риояи он, таъсири салом ба рухи инсон ва адлу осоиш овардани он ифо- да ёфтанд, ки ахамияти багоят бузурги тарбияви доранд. Дар хадисхое, ки дар он сухан аз салом меравад, эхсос мешавад, ки чанбаи ахлоки бештар мебошад ва барои тарбия кардани фарзандон дар рухияи инсондусти ва эхтиром гузоштан ба калонсолон таъсири баландро дороанд. Масалан, дар хадисе Расули акрам мегуяд, ки: «Агар ду мусалмон хангоми мулокот ба якдигар салом ва мусофаха (дасти салом кардан) кунанд ва аз Худованд талаби омурзиш кунанд, омурзида мешаванд».
Дар асархои донишмандони илми фикху калом ва та- саввуф низ доир ба мохият ва арзиши салом назару анде- ша баён шуда, бехтарин воситаи муносибати байни одамон будани он таъкид ёфтааст. Аз чумла, дар китоби Мавлоно Камолиддин Хусайн Воизи Кошифи «Футувватномаи сул- тони» бобе бо номи «Дар одоби салом кардан» омадааст, ки дар он чой, макону мавзеъ, шарту шароити салом, фазилати салому одоб шарх ёфтаааст.
Салом пеш аз хама инсонро хушхулку боодоб, ботамизу бофаросат, нармдилу гармдил, дилчуву дидадаро, нармгуф-
тору гарммуомила, пурмехру тавозуъкор месозад. Аз ин ру, чомеаи кунунии мо, хусусан, хурдсолону чавонон, ки аз осори маънавии асримиёнагии миллии мо иттилооти андаке доранд, ба омузиши ин рукни асосиву маънавии тарбия – одоби салом ниёзи маънавии бештар доранд.
Салом чанд фазилат дорад, ки донистани он ба манфи- ати шахс мебошад. Салом, пеш аз хама, ба покии чисмонии инсон таъсир мерасонад. Он алфози кабехро аз забони ин- сон дур месозад ва гуяндаву шунавандаро ба фазилату хи- радманди хидоят мекунад. Кудак агар ба берахмтарин шахс бо лафзу лахни тифлона салом гуяд, рахмдил мешавад ва чахлаш ба фазл мубаддал мешавад. Аз ин ру, салом барои хушхол гардонидани инсон низ таъсир мерасонад. Мухим он аст, ки салом адоват, хусумат, бухл, кина, хасад барин хислати инсониро рафъ месозад. Саломи аз руйи сидк дар дили инсон чой гирифта, савоби беш дорад, зеро тавассути он шахс тадричан дорои хислатхои хамида – росткавлу рост- гуй, дилсофу рахмдил, мушфику мехрубон, дилсузу гамхор, халкдусту мардумнавоз, раиятпарвару мехнаткарин, содику вафодор, хушзабону хушмуомила, халиму дилчу, дидадаро- ву махбуб, гамхору гамгусор мешавад.
Вакте дар куча фарде салом медихад, пеш аз хама, ба табъи каси дигар таъсири нек мегузорад ва уро аз андешаи зиёдати озод мекунад. Агар табъаш хира бошад хам, бо шу- нидани салом болида мешавад. Ё худ касе бо шумо дилсар- дие дорад, яъне бо шумо хамгап нест, агар ба шумо салом дихад, он бадбиниву сарддили гум хохад шуд. Беш аз ин дусту мукарраби шумо, хеши шумо, бародару хохари шумо агар аз шумо дур зиндаги кунад, нома менависад ва шумо ба у нома менависед, аввали номаи шумо бо салом огоз меёбад, ки бо хондани он хушхол ва сидкан хурсанд мешавед.
Фазилати салом ба руху равони инсон таъсири мусбат мерасонад. Агар хохем, ки аз бузургсолон эхтиром бинем, табъи онхоро болида созем ва онхоро шод гардонем, бояд одоби саломро риоя намоем ва кушиш созем, ки пеш аз онхо, сари вакт ва бо овози нарму форам салом дихем. Саломи мо бояд боодобона бошад. Агар нишаста бошем, дархол хеста, даст пеши бар намоем ва бо чехраи кушод бо як нафас гириф- тан, дастро пеши сина гузошта, пойхоро ба хам ва коматро рост карда, сарро каме хам ба замин карда бо андаке табас- сум ва бо чехраи гарм салом дихем. Бояд тарзе овоз барорем, ки ба иззати нафси дигарон нарасем. Ва бояд он бо лахни нарму ширину гушнавоз бошад. Саломдиханда баъди салом, аввалан, бояд аз тарзи сухани худ рози шавад, сониян, ба хар гунае ки чавоб мегирад, ба он каноатманд бошад ва зинхор бояд аз тарзи чавоб норизо нагардад. Баъзан шояд одам дар холати мухталифи равони карор дорад ва наметавонад са- ломро дуруст чавоб гардонад ва ё даруни аз таги дил ба он чавоб мегуяд. Дар ин гуна холат он набояд мавриди мухоки- маи ботинии каси дигар карор гирад. Баръакс, бо шукргу- зори аз рафтори худ каноат хосил кунад, ки карзи хешро ба анчом расонидааст. Дар сурати дигар, худаш ё хурд бошад, ё бузург, метавонад салом дихад ва дар сурати чавоб нашу- нидан боз худаш ботинан чавоби саломро такрор кунад. Дар ин гуна холат савоби салом бештар ба ин шахс мерасад ва ин низ яке аз амалхои солех ба шумор меравад.
Тавассути салом, ки як амали солех аст, камолоти маъна- вии инсон муайян карда мешавад. Дар миёни мардуми точик он ба як рукни анъанаи милли табдил ёфта, аз чониби хурду бузург аз овони кудаки то ба охири умр риоя мешавад.
Салом бо тарзи хос ифода шуда, якчанд усули баён дорад, ки дар поён баъзе аз онхо бар тартиби муайян оварда шудаанд:
Якум. Агар нишаста бошем, аз чой бархоста, дасти рост ба пеши синаи худ мегузорем ва комати худро рост карда, бо табассум ва лахни ширин салом мегуем.
Дувум. Агар рост бошем, даст пеши бар менамоем ва бо чехраи кушодаву овози нарм салом мегуем ва интизори ча- воб мешавем.
Севум. Агар бузургсол даст дароз накунад, хеч гох ку- шиш насозем, ки пеш аз у даст дароз ва уро мачбур намоем, ки бо мо бо даст салом кунад, ки ин аз руйи одоб нест. Хуб мешавад, агар чойи муносиб бошад, бузургсол худаш даст дароз кунад ва бо табассум, лутф ва овози нарму ширин ба хурд дасти салом дихад ва ин амалро бо каноатманди ичро кунад. Тибки ривояти Анас, Расули акрам ба кудакон табас- сум мекард ва хар гох аз наздики эшон мегузашт, салом ме- гуфт.
Чахорум. Хангоми ворид шудани ягон шахс ба хона ва ё мехмонхона агар нишаста бошем, бархоста даст пеши бар менамоем ва саломро аз дил мегузаронем ва барои бо даст салом кардан шитоб намекунем.
Панчум. Дар маъракахо танхо даст пеши сина бурда, бо чехраи кушода бо ишора (хаму рост кардани сар) салом гуф- тан аз руйи одоб аст. Баланд салом гуфтан, хандида салом гуфтан ва чехраро турш намуда салом додан, бо даст салом кардан аз руйи одоб нест.
Шашум. Вакте, ки ба маърака даъват мешавед, ба мач- лис медароед ё ба мехмонхона ворид мегардед ва мебинед, ки хозирин нишастаанд, даст пеши бар карда, бо дилатон саломро гузаронед ва бо чехраи гарм, нимтабассум карда, сар чунбонида дар чойе, ки даъват барои нишаст мешавед, нишинед. Дар ин гуна холатхо аз дигарон дер намонед. Дер мондан аз руйи одоб нест. Агар узр ва ё сабабе дошта бо- шед, бахшида мешавад.
Хафтум. Хангоми вохури бо шахси аз худ калон танхо даст пеши бар карда, чехраро кушода, бо изхори хушнуди салом гуфтан аз руйи одоб аст. Пеш аз вай даст дароз карда бо даст вохури кардан мумкин нест. Агар шахси калонсол даст дароз кунад, дасти ростро барои салом дароз кардан, дасти чапро ба пеши сина гузоштан аз руйи одоб аст.
Хаштум. Савора ба пиёда салом мегуяд. Мошинсавор, аспсавор, харсавор бо ишораи хаму рост кардани сар ба пи- ёда салом мегуяд. Пиёда агар даст пеши бар карда чавоби саломро гардонад, аз руйи одоб аст. Аз Абухурайра дар ин боб ривоят аст, ки Хазрати Мухаммад фармуд: Савора бар пиёда, раванда бар нишаста ва кам ба бисёр салом кунанд.
Нухум. Пиёда дар рох ба хар як рохгузар, хох савор бо- шад, хох пиёда, даст пеши бар карда салом гуяд, аз руйи одоб аст. Нишаста салом додан, даст дар киса салом гуфтан, бо садои баланд салом додан, шухи карда салом гуфтан аз руйи одоб нест.
Дахум. Салом додани хурд ба калонсол шарт аст. Во- баста ба чой ва мавкеъ бояд хар як шахс аз худ бузургро бо салом пешвоз гирад ва ба у салом дихад. Салом додан ба калонсолон хатми мебошад. Дар сурати риоя нашудан ва ё дар холати парешони будан бояд хурдсолон наранчанд. Дар ин гуна холат хусни одоби хурдсолон боло меравад.
Ёздахум. Хангоми аёдати бемор аввал беморбин салом мегуяд ва даст пеши бар мекунад ва бо чехраи кушода овоз мебарорад ва бояд кушиш кунад, ки бемор тавассути ин са- лом рохат бубинад.
Хонандагон донистани фазилатхои салом ва риояи онро хамчун калиди одоб бояд бифахманд. Онхо агар дар рох ба калонсолон даст пеши бар карда, салом гуянд, одоб аст. Агар як нафар калонсол бошад, метавонанд бо овоз салом гуянд, агар як чанд нафар бошанд, метавонад танхо даст пеши бар гирифта салом кунанд. Дар ин холат дасти чап ба дасти хамрохаш карор гирифта, дасти рост ба пеши сина гузошта, мафхуми «салом»-ро истифода мекунад. Ин тарзи салом гуфтанро омузгорон бояд таълим диханд. Хангоми ба анчом расидани дарс, машгулият ба омузгорон хатман «хайр» гуфтан аз адаб аст.
Хонандагон бояд донанд, ки онхо давра ба давра боа- дабтар мешаванд ва одоби салом хусни амали онхоро афзун мегардонад. Вобаста ба ин бояд талош кунанд, ки дар хама чо ва дар хама холат одоби саломро риоя кунанд ва барои дуруст ба анчом расонидани фазилатхои салом кушиш ба харч диханд. Дар синфхои болоии хамаи муассисахои таъ- лими мафхуми «Ассалом» хам барои шогирд ва хам барои устод кобили кабул мебошад. Ин тарзи баён ба синну соли ноболигон мувофик аст, барои талаффузи хонанда мушкили намеорад ва маънои осудахоли ва сулху осоишро ифода ме- кунад. Дар чойхои зерин салом гуфтан одоб аст:
- Дар рох аз хона то мактаб, кучаву хиёбон, назди мак- таб ва дар хавлии мактаб. Чун одат хурдон ба бузургон «Ас- салом» мегуянд ва агар бузургсолон ба хурдсолон салом диханд, боке нест ва он аз тарбиятдида будани калонсол шаходат медихад. Шарти салом дар ин маврид аз хурдсол ба калонсол мебошад.
- Дар рохрави мактаб аввал шогирд салом мегуяд. Дар синфхона аввал устод салом мегуяд ва шогирдон чавоб ме- диханд.
- Паси хам сар бароварда, бо якчанд овоз салом додан ва хангоми салом додан шухи ё баланд хандидан аз руйи одоб нест. Низоми риояи саломро бояд ба шогирдон устод, падару модарон, бародарон ва хохарон омузонанд ва риояи саломро назорат кунанд.
- Хонандагон дар хона ба падару модар, хохару баро- дар, хешу табор ва касоне, ки мехмони хонадони онхо меша- ванд, метавонанд бо риояи одоб, бо чехраи кушода ва овози нарм «Ассалом» гуянд. Писарон даст пеши бар кунанд ва духтарон каме бо сар таъзим кунанд, ин хусни одоб ва зеби саломи онхо мебошад.
- Дар дохили наклиёт, дар чойхои чамъияти бояд ав- вал хурдсолон ба бузургсолон даст пеши бар карда салом диханд. Агар калонсол бо фикре банд бошад ва ба салом чавоб гуфта натавонад, бояд хурдсол наранчад ва аз саломи додааш каноатманд бошад.
- Дар кучахо, назди хавли ва дар гузаргоххо бояд хо- нандагон намуна бошанд ва ба хурду бузурги шинос ва но- шинос бо чунин таъбир салом гуянд: «Ассалом».
Хонандагон фаромуш накунанд, ки бехтарин амали со- лехи шахси боодоб саломи у мебошад ва барои сохиби чу- нин амал шудан падару модар ва устод масъул мебошанд.
Вобаста ба таъкидхои фавкуззикр чавоби салом низ ар- зиши хоси худро дорад. Чавоби салом аз хисоби хурдсолон чунин сурат мегирад: онхо даст пеши бар карда, ба калон- солон чавоб мегуянд. Бузургсолон низ саломро бо одоби ба- ланд ба анчом мерасонанд. Онхо низ метавонанд даст пеши бар гирифта чавоб гуянд ва метавонанд коматашонро рост намуда, дастхояшонро ба коматашон рост карда, чавоб гар- донанд. Аз хар ду чониб чехрахо бояд кушода, овоз нарму ширин ва садо гулгуладор бошад.
Салом додан гарчанде зохиран ба амалхои инсон ичро шавад хам, тарзи ичро ва баёни он маърифати уро миёни чомеа ошкор мекунад ва рукни мухимтарини одоб ба хисоб меравад. Аз ин ру, агар имруз дар чойхои чамъияти, махал- лахо, кучахо, дехахо тарзи салому алайк расм шавад, куда- кон, наврасон, навчавонон ва чавонони мо одоби саломро риоя кунанд, мухити чомеаамон боз хам бештар фарханги мешавад ва маданияти миллати куханбунёди мо рушду та- комули тоза меёбад.
Маводди иловаги
Хадисхо оид ба одоби салом
Хадис: «Агар ду мусулмон хангоми дидорбини бар якди- гар салом диханд, пас махбубтарини онхо назди Худо хамон аст, ки хандонруй бошад ва ба хамдигар даст бидиханд, сад рахмат барои онхо нозил шавад. Барои саломдиханда навад рахмат ва барои чавобдиханда дах рахмат аст».
Хадис: «Эй мардум, саломро дар байнатон ривоч дихед ва ба дарвешон таом дихед ва пайванди хешовандиро нигох доред, то хушбахтона дар бихишт дароед».
Хадис: «Салом номест аз номхои Худои таоло, пас фош доред уро миёни шумо, хар касеро бинед, яъне салом гуед, тавозуъ кунед».
Хадис: «Дуруггутарин шахс касест, ки тавассусти чаш- монаш бахили кунад ва бахил касест, ки аз додани салом худдори намояд».
Хадис: «Бахилтарин инсон касест, ки дар вакти салом намудан бахили мекунад».