Главная / Чамъият / ОДОБИ СУХАНВАРИ ВА БАХСУ МУНОЗИРА

ОДОБИ СУХАНВАРИ ВА БАХСУ МУНОЗИРА

ОДОБИ СУХАНВАРИ ВА
БАХСУ МУНОЗИРА

    Инсон хамеша бо атрофиён, бо падару модар, ахли оила, наздикон, хешовандон, хамсоягон, муаллимону хамсин- фон, хаммактабхо, дустону рафикон, шиносу бегонагон дар муоширату муомила карор дорад. Муоширату муомила ба воситаи сухан, саволу чавоб, бахсу мунозира ва амсоли онхо сурат мегирад.

Сухан воситаи мухимтарини муносибат ва алокаи байнихамдигарии одамон мебошад. Суханвари маънии боодобона, тибки талаботи фархангу маданияти сухан, бо риояи бомазмуни, дакики, равшании маъни, тозагии забон, ифода- ноки ва сахехии фикр вобаста ба вазъият ва хадафи гузошта расонидани таъсир ба дигарон аст. Саволу чавоб – пурсиш аз дигарон оид ба ин ё он масъала ва чавоб додан ба пурси- ши шахсони дигар дар бораи ин ё он мавзуъ, хамчунин, бах- су мунозира ба дигарон фахмонидани мавкеи худ ва исбот кардани дурустии фикри шахси оид ба масъалахои мухта- лиф ичрои талаботи суханвариро талаб мекунад. Аз ин ру, дар чомеа ба одоби сухану суханвари ахамияти калон дода мешавад.

Дар оила аввалин харфу сухан гуфтанро модар ёд ме- дихад, дар кудакистон мураб- биён сухани бачагонро такмил медиханд, дар мактаб аз иб- тидо то интихои тахсил сухан гуфтан таълим дода мешавад. Махз ба шарофати чунин эъти- бору гамхори мо мунтазам су- хангуию суханвари меомузем.6

Барои хонанда зарур аст, ки сухандон бошад ва дар баробари ин ки бо забони адаби сухан мегуяд, забонаш мантикан дуруст бошад, бояд гуф- тораш низ ба талаботи ахлоки писандида мувофик бошад.

Суханаш бомаъни ва зебо буда, дар он хурмату эхтироми одами риоя гардад.

Дар китобхои пуркима- ту муътабари «Кобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Ахлоки Носири»-и Насируд- дини Туси, «Ахлоки чалоли»-и Чалолиддини Давони, «Футув- ватномаи Султони»-и Хусайн Воизи Кошифи, «Тахзиб-ус-сиб- ён»-и Садриддин Айни, асархои Абдуррауфи Фитрат, Мир- зо Абдулвохиди Мунзим ва гайра ба таври махсус коидахои одоби сухан баён ёфтаанд. Бисёр коидахои одоби суханро адибону шоирони мутафаккир низ бо санъати баланди бадеи, зебову муассир ифода кардаанд. Онхо хам маънии ахлоки, хам мантики, хам зебоиписанди дошта, кадру кимати худро то ба имруз гум накардаанд. Зеро онхо арзишхои човидонианд, ки бо андаке тахрир барои толибилмони хикматдусти муосир низ хеле муфиданд. Аз чумла, баъзе талабот оид ба одоби сухан чунин аст:

  • 7Суханро ба лутф, нарми бояд талаффуз кард, на ба дуруштиву дагали ва овоз на паст ва на баланд, балки миё- на, боэътидол бошад;
  • Хангоми сухан чехра бояд кушода ва шукуфон бо- шад, бо дасту абруву чашмон харакатхои зиёдати нашояд ва ба чапу рост набояд нигарист;
  • Сухани бисёр набояд гуфт, танхо дар зарурат, муво- фики холу фахмиши шунаванда ва бомаънию боманфиат бояд гуфт;
  • Аввал фикру андеша, сипас сухани гуфтаниро дар хо- тир бояд баркарор сохт ва баъд ба забон овард;
  • То напурсанд, сухан набояд гуфт, ё суханеро пурсанд, ки ба шумо дахл надорад, набояд чавоб гуед;
  • Дар миёни сухани касе сухан гуфтан нашояд ва сухани гуяндаро набояд бурид ва агар касе хикояте кунад, вале на- фаре аз шунавандагон аз он вокиф аст, то гуянда наклашро тамом накунад, бояд ором истад, хамчунин, то он даме, ки гуянда суханашро тамом накунад, дигаре ба чавоб набояд шуруъ кунад;
  • Шунидан аз гуфтан бояд хамеша бештар бошад.
  • Дар гуфтор истифодаи калимахои зиёдати, монанди «вай-вай», «сони-сони», «сони баъд», «хуш ки бошад», «ман ба Шумо гуям», «чи буд», «чи-чи», «хуб-хуб» нашояд ва гайра.

Мактаб боргохи илму маърифат, таълиму тарбия аст. Талабагон дар он хам суханвари меомузанд, хам асосхои илмхо ва ахлоку одоби писандидаро аз бар мекунанд. Онхо бояд илму амалро якчоя фаро гиранд, ки ин шарти мухимми ба даст овардани комёбиву пирузи дар зиндаги аст.

Саволу чавоб, бахсу мунозира унсури мухимтарини илм, дарсхони, тахсил, омилу воситаи эчод, пайдоиши донишхои нав, хакикат аст. Хакикат чавхар, максаду хадафи илм аст. Бузургон аз тачриба гуфтаанд, ки хакикат ба туфайли бах- су мунозира тавлид мешавад. Дар раванди тахсил пайваста аз муколама, бахсу мунозира истифода мебаранд. Бинобар он донистани услубу одоби бахс, оини мунозира хеле му- хим аст. Саволхо кутох, фахмо, мушаххас, чавобхо низ бояд дакику фасех бошанд. Дар раванди саволу чавоб одатан бахсу мунозира сурат мегирад. Доир ба ин ё он мавзуъ ва масъала чонибхо акидахои худро баён мекунанд. Акидахо гуногун мешаванд. Хар яке нуктаи назарашро бо далелу бурхон исбот мекунад. Дар раванди он бояд шарти одобу ахлоки хамида, эхтироми хамдигари чонибхо риоя гардад.

Саволу чавоб, бахсу мунозира бояд бо муомилаи нар- му хуб сурат гирад. Чунончи, агар доир ба мавзуи бахс аз чонибе акидаи нодуруст гуфта шавад, хариф набояд якбора бо суханхои сахт «акидаи Шумо нодуруст» гуяд. Бехтараш бо нарми гуяд, ки акидаатон бахснок аст. Доир ба баёни ин холатхо усулхои гуногун вучуд доранд: ман чонибдори фа- лон акида хастам, зеро он назар ба дигар акидахо эътимод- нок, ба хакикат наздиктару асоси вокеи дорад ва монанди инхо. Дар рафти бахсу мунозира дагали, тахкир, расидан ба иззати нафс, суханхои ношоиста нисбат ба шахсияти хариф норавост.

Дар китобхои пуркимати ахлокии ниёгонамон ва ада- биёти муосир оид ба одоби саволу чавоб ва бахс коидахои махсус низ таъин шудаанд.

  • Дар мунозира шарти инсоф нигох бояд дошт;
  • Хох ба хак, хох ба ботил асло ба ахли мачлис, хосса бо бузургон хилоф набояд варзид;
  • Дар саволу чавоб ва мунозира тарики лутфу хуширо риоя бояд кард;
  • Суханхои нихоят мураккаб ва дакик ба касе, ки фах- ми у ба он нарасад, набояд гуфт;
  • Агар сухан мураккабу мушкил афтад, бо мисол онро равшан бояд гардонид;
  • Мувофики фахму фаросоти хариф бояд мунозира кард;
  • Бо касе, ки мунозира фоида надорад, аз бахс худдори бояд кард;
  • Акидаи харифро то ба охир гуш карда, сипас чавоб бояд гуфт;
  • Агар касе ба чавоб машгул аст, вале дигаре метаво- над чавоби бехтар дихад, бо вучуди он сабр кунад, то он кас суханашро тамом кунад. Пас чавоби худро баён созад, вале гуяндаи аввалро таъна назанад.

Хамчунин, дар хотир бояд нигах дошт, ки хангоми су- ханрони, бахсу мунозира ва саволу чавоб риояи чунин шаклхои ифодаи эхтиром хатми аст: 1) истифодаи калима ва иборахои ифодаи эхтиром дар чою мавкеаш (ташаккур, мархамат, намеарзад ва гайра); 2) истифода аз харакоте, ки эхтиромро ифода мекунанд (даст ба руйи сина гузоштан, аз чой хестан ва гайра).

Хамин тавр дар коидахои одоби муошират, хосса одоби сухан хам донои, хам зебои ва хам одоби писандидаи инсон тачассум меёбанд. Назаррас аст, ки дар кулли шарту оини муошират ва одоби гуфтор, магз андар магзи онхо хурма- ту эхтироми одами, одамият, инсондусти ифода ёфтаанд, ки хадафи аслии илмхои ахлоку одоби муошират, зебоиши- носи, равоншиноси, педагогика ва умуман таълиму тарбия ба хисоб мераванд.

Маводди иловаги

  • Аз Насихатномаи Имоми Аъзам ба Юсуф ибни Холиди Самти

Вакте дар махфиле ширкат карди ва дар он масоиле мат- рах шуд ва бар хилофи акидаи ту дар он масоил назар дода шуд, фавран ба он мухолифат накун!

Агар аз ту дар бораи масоиле пурсида шуд, аввал хамон дидгохеро дар ин масъала баён кун, ки онхо ба он ошнои доранд ва онро хуб мефахманд ва пас аз он назари худро дар бораи он матрах намо. Масалан, бигу, ки дар ин масъала назари дигаре ба ин тартиб вучуд дорад ва далелаш чунин аст. Вакте онхо ба назароти ту гуш кунанд ва хикмати баёни туро дарёбанд, мутмаин мегарданд, ки ту дар хакикат, олим хасти ва ба ту арч мениханд.

  • Намунахо аз ашъори адибони мутафаккир ва маколхои халки.

Кам гую гузида гуй чун дурр,

То з-андаки ту чахон шавад пур.

Низомии Ганчави

Надихад марди хушманд чавоб,

Магар он гах, к-аз у савол кунанд.

Носири Хусрав

Сухан к-андар у суд не, чуз зиён, Набояд, ки ронда шавад бар забон.

Абушакури Балхи

Чавоби хар сухан андеша мекун, Сукунатро дар он дам пеша мекун.

Носири Хусрав

Бияндеш в-он гах баровар нафас,

В-аз он пеш бас кун, ки гуянд: «Бас!»

СаъДии Шерози

Агарчи пеши хирадманд хомуши адаб аст, Ба вакти маслихат он бех, ки дар сухан куши.

Саъдии Шерози

Андеша кардан, ки чи гуям, бех аз пушаймони хурдан, ки чаро гуфтам?!

Саъдии Шерози

Бингар, ки чи мегуяд, мангар, ки ки мегуяд.

Халк

Инчунин кобед

meroj

Меърочи Паёмбар Мухаммад- сафари як шаба аз Масчиду-л-харом ба Масчиду-л-аксо

МУКАДДИМАИ ХИЧРАТ ба Ясриб (Мадина). Пас аз ходисоти Тойиф, Мухаммад интизори мавсими хачро мекашид, то …