Главная / Илм / ОГОЗИ ГУФТУШУНИДИ БАЙНИ ТОЧИКОН. КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛИ

ОГОЗИ ГУФТУШУНИДИ БАЙНИ ТОЧИКОН. КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛИ

ОГОЗИ ГУФТУШУНИДИ БАЙНИ ТОЧИКОН.
КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛИ

Дар харитаи сиёсии чахон хамчун давлати сохибихтиёр мондани Точикистон бо тантанаи сулх ва таъмини вахдат дар бай- ни шахрвандони чумхури алокаи бевосита дошт. Аксари мардуми кишварамон манфиатдор буданд, ки дар ин сарзамин харчи зудтар сулх тантана ёбад. Хушбахтона, рохбарони дав- лати сохибистиклоли навбунёди Точикистон низ ин тамоюлро харчониба дастгири намуда, роххои сулх ва оштии миллиро дар- ёфт намуданд. Хамин тавр, танхо ба туфайли Вахдати милли ва ягонаги амнияти Точикистонро таъмин кардан мумкин буд.

Хушбахтона, рохи сулх дар Точикистон аз тарафи хамаи чумхурихои Осиёи Маркази, Русия ва мамлакатхои чахон дастгири ёфт.

Созмонхои байналмилалии чахон, пеш аз хама, Созмони Ми- лали Муттахид сахми худро дар муътадилгардонии вазъ дар Точикистон гузоштанд. Ин кор дар ду чабха ба амал меомад: аз як тараф, дар ташкили кумаки башардустона ба ахолии чумхури ва фирориёни хоричии он ва аз тарафи дигар, дар созмони намо- яндагии мулки ва низоми оид ба баркарори сулх.

Дар истикрори сулх дар Точикистон инчунин Созмони Амният ва хамкори дар Аврупо (САХА), Созмони Конфронси Исломи, Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) сахм гузоштанд.

Бо максади таъмини сулх ва оштии милли дар Точикистон мохи апрели соли 1994 гуфтушуниди байни точикон огоз ёфт. Гуфтушунидхо дар байни хайати Хукумати Чумхурии Точикистон ва Иттиходи оппозитсия точик борхо дар Русия, Эрон, Туркманистон, Казокистон, Киргизистон, Покистон, Афгонистон, дар шахрхои Техрон, Машхад, Исломобод, Алмаато, Ашкобод, Бишкек, Маскав барпо гардиданд. Дар гузаронидани гуфтушунидхо ва ба даст овардани сулх сахми Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон хеле калон аст.

Дар рохи таъмини сулхи пойдор дар Точикистон зарурати таш- кил намудани гуфтушуниди байни точикон ба миён омад, ки вай аз 5-19-уми апрели соли 1994 идома ёфта, дар 8 давра гузаронида шудааст. Дар амали гардидани ин икдоми нек сарварони кишва- рони бо мо хамсоя, аз чумла давлати Афгонистон – Бурхониддини Раббони низ сахми арзандаи худро гузошт.

17 сентябри соли 1994 дар Техрон Созишнома дар бораи оташбаси муваккати, катъи дигар амалиёти душманона дар сархади Точикистону Афгонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунид ба имзо расид. Кулли шахрвандони чумхури кабули чунин хуччатро дастгири намуда, умеду бовар хосил карданд, ки рохи сулх боварибахшу чидди пеш гирифта шудааст.

23 декабри соли 1996 дар ш. Маскав Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо рохбари Иттиходи нерухои оппозитсионии точик С.А. Нури[1] вохурда, бо ширкати намояндагии мах- суси Дабири кулли Созмони Милали Муттахид созишномае имзо карданд, ки тибки он Комиссияи оштии милли таъсис дода шуд.

4 июли соли 1997 Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон фармон баровард, ки тибки он Комиссияи оштии милли таъсис дода шуд.

Хайати Комиссисия оштии милли (КОМ) аз 26 нафар иборат буда, яъне аз хар ду тараф 13- нафари муайян гардида, онро раиси Иттиходи нерухои оппозитсионии точик С.А Нури рохбари ме- кард. Ба хайати Комиссияи оштии милли мансабдорони хукумат, олимон, инчунин, намояндагони мухолифини точик дохил шуда буданд.

Бо максади ба амал баровардани кор дар байни Комиссияи оштии милли бо хукумат, гурухи хамкори низ таъсис ёфта буд, ки ба он намояндаи Созмони Милали Муттахид рохбари мекард.

Пас аз дар соли 1999 гузаронидани интихобот ба Парлумони Точикистон ва ичро гардидани талаботи Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризояти милли дар Точикистон Президенти мамлакат Эмомали Рахмон аз 31 марти соли 2000 фармон ба- ровард, ки мувофики он фаъолияти Комиссияи оштии милли ва хамаи макомоти он аз 1 апрели соли 2000 катъ карда шавад. (Оид ба фаъолияти Комиссияи оштии милли муфассал нигаред ба кит.: Сайид Абдуллохи Нури «Оштинома» (Душанбе, 2001) ва Иброхим Усмонов «Миростроительство в Таджикистане» (Душанбе, 2006).

Комиссияи оштии миллй амалан фаъолияти худро аз соли 1997 то соли 2000-ум давом дода, сахми арзандаро барои ба кишвари сулх табдил додани Точикистон гузоштааст.

Гуфтушуниди байни точикон 40 мох тул кашид, вале, мута- ассифона, дар ин давра чанги мусаллахона хомуш нашуда буд. Яке аз муваффакиятхои кори комиссия аз он иборат буд, ки вай бо иштироки бевоситаи Созмони Милали Муттахид (СММ), Созмони Амният ва Хамкорй дар Аврупо (САХА), Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ), Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), Созмони Конфронси Исломй (СКИ) ва дигар созмонхои мамлакатхои ба мо дуст, чун Русия, Афгонистон, По- кистон, Эрон, Казокистон, Узбекистон ва Киргизистон гузаштааст. Дар ин кори мухим Созмони Милали Муттахид хизмати босазо кардааст. Зери сарварии СММ хануз мохи сентябри соли 1992 «Миссияи Соммерейнис» фаъолияташро огоз намуд. 21 ян- вари соли 1993 миссияи нозирони СММ, 26 апрели хамон сол сафир Исмат Киттани – Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Точикистон барои баркарории сулх дар сарзамини точикон ба фаъолият сар кард.

Дар натичаи чидду чахди куввахои пешкадам дар дохили чумхури ва берун аз он 27 июни соли 1997 дар ш. Маскав Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризояти милли дар Точикистон кабул гардид, ки зери он Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон, рохбари Иттиходияи нерухои оппозитсионии точик С.А. Нури ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Г.Д. Меррем имзо гузоштанд.

Чанги шахрвандиро, ки дар Точикистон ба амал омада буд, ба се давра чудо кардан мумкин аст. Давраи якум- пухта расида- ни заминахои чанги шахрванди. Ин давра аз вокеахои фочиавии мохи феврали соли 1990 сар шуда, то 25 марти соли 1992, замоне, ки чавонони зиёд дар майдони Шахидон чамъ омада, талаб карданд, ки Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон С. Кенчаев ба истеъфо равад, давом дошт. Давраи дуюм бевосита огози чанг буд, ки аз вокеахои мохи майи соли 1992 сар шуда, то декабри хамон сол давом кардааст. Ин давраи вазнинтарини чанг ба хисоб рафта, аз хар ду тараф хунрези шуда, шумораи зиёди одамон халок гардидаанд. Давраи сеюм аз январи соли 1993 то 27 июни соли 1997 давом кардааст. Дар ин давра акиб нишастани куввахои харбии оппозитсия ба тарафи нохияхои Гарму Тавилдара ва Помир ба итмом расида, Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризояти миллй дар Точикистон имзо шуд.

Сарфи назар аз мушкилот ва мураккабии шароити таърихии солхои 90-ум, дар Чумхурии сохибистиклоли Точикистон сулх галаба кард. Дар Симпозиуми байналмилалии «Тачрибаи таърихии сулхи Точикистон», ки 26-27 апрели соли 2001 дар Душанбе барпо гардида буд, кайд шуд, ки сулхи Точикистон барои мардуми чахон ибрат ва сабаки таърихи мебошад.

[1] Саид Абдулло Нури 15 марти соли 1947 дар нохияи Сангвори Чумхурии Точикистон, дар оилаи рухони таваллуд шуда, аз соли 1953 дар водии Вахш зиндаги кардааст. Маълумоти диниро у аз падар ва муллои донишманд гирифтааст. Гайр аз фаъолияти муллоги у аз соли 1974 ба Хизби гайрилегалии Нахзати Исломи рохбари кардааст. Барои пахн намудани акидахои дини хабс шуда, пас аз соли 1988 барои кор кардан ба Козиёти чумхури даъват мешавад. С.А. Нури солхои чанги шахрванди пешвои намоёни мухолифини точик буда, ба Комиссияи оштии милли рохбари намуда, дар баста шудани сулхи точикон сахми арзанда гузоштааст. Аз 18 сентябри соли 1999 у Раиси Хизби Нахзати Исломии Точикистон буд. Соли 2006 бар асари бемори вафот кард.

Инчунин кобед

565

Назарияи харочот: тахкик ва тавсифи он аз нигохи мактабхои мухталифи иктисоди

Захирахо (омилхо)-и иктисоди ба сифати унсури асосии харочоти истехсоли сурат гирифта, вобаста ба сатх ва …