Главная / Чугрофия / ОСИЁИ ЧАНУБИ

ОСИЁИ ЧАНУБИ

Пас аз бархам хурдани мустамликадории Британияи Кабир дар Хиндустон дар Осиёи Чануби кадом давлатхо пайдо шудаанд? Шароити хоси табиию худудии минтака чи гуна аст? «Хиндустон дар мухосираи издихоми демографи» чи маъно дорад? Накши минтака дар таркиби хочагии чахони чи гуна аст?

Ташаккули харитаи сиёсии минтака. Шароит ва сарватхои табии.

То миёнаи асри ХХ кишвархои минтака (гайр аз Непал) мустамликаи Британияи Кабир буданд. Мухимтарин вокеа дар ташаккули харитаи сиёсии хозираи Осиёи Чануби сохибистиклол шудани мустамликаи Британияи Кабир – Хиндустон ва чудошавии он ба давлатхои алохидаи Хиндустон ва Покистон мебошад. Баъд Покистон низ ба ду кисм – Покистони Гарби ва Шарки чудо шуд. Покистони Шарки номашро ба Чумхурии Бангладеш иваз кард. Сабабхои чудошавии Хиндустон ба давлатхои алохида пурзур шудани зиддиятхои дини байни хиндухо ва мусулмонон, кучиши миллионхо одам, бархам хурдани муносибатхои иктисоди ва фарханги, бахсхои беохири сархади, сепаратизм (кушиши баъзе махалхо барои баромадан аз хайати давлат) ва гайра мебошанд. Яке аз проблемахои даргир, ки то хол байни Хиндустон ва Покистон вучуд дорад, мубориза барои каламрави Кашмир аст.

Минтака аз чихати масохат ба Аврупои Гарби баробар аст, аммо шумораи ахолии он нисбат ба Аврупои Гарби се баробар зиёд аст. Осиёи Чануби бештар ба укёнуси Хинд рохи баромад дорад, ки кариб тамоми мухимтарин роххои бахрии он тавассути ин укёнус мегузарад. Сархади Осиёи Чануби пурра ва мушаххас тавассути худуди табиии он мегузарад. Дар шимол ва гарб тавассути каторкуххои Химолой, Хиндукуш, пуштакуххои Эрон ва дар шарк куххои Арман аз марзхои ин минтака мегузаранд. Дар чануби доманакуххои Химолой пастии Хинду Ганг, ки яке аз бузургтарин хамворихои Осиё ба шумор меравад, доман пахн кардааст. Кисми зиёди каламрави нимчазираи Хиндустонро пахнкуххои Декан ишгол кардааст.

Кариб тамоми каламрави Осиёи Чануби дар минтакаи иклимии субэкватори чойгир аст, ки рутубатноки дар он хусусияти мавсимиро дорад. Хачми солонаи рутубат дар минтака гуногун аст. Масалан дар шарки Хиндустон (Черапунчи) то 12000 мм, аммо дар гарб дар биёбони Тар ин нишондиханда аз 150 мм камтар аст. Дар мачмуъ минтака ба кадри кофи аз захирахои об таъмин аст. Аммо гайр аз дарёи Ганг ахамияти обёри ва гидроэнергетикии дарёхои дигар кам аст, зеро речаи гизогирии ноустувор доранд.

Минтака аз захирахои минерали бой аст. Аз чумла баъзеи онхо (маъдани охан ва марганес, хром, титан, мусковит) ахамияти чахони доранд. Гайр аз ин маъдани бокситхо, металхои ранга ва дигар маъданхои табии хеле зиёд аст.

Давлатхои Осиёи Чануби (гайр аз Непал) то миёнаи асри ХХ мустамликаи Британияи Кабир буданд. Минтака шароити гуногуни табии дошта, аз сарватхои минерали, оби ва агроиклими бой аст.

Географияи ахоли. Осиёи Чануби минтакаи гуногунмиллат ва гуногунзабон аст. Кисми зиёди ахоли халкияту миллатхое мебошанд, ки забони онхо ба оилаи забонхои хиндуаврупои (Хиндустон, Бангладеш, Покистон, Непал) ва сино-тибети мансуб аст.

Хиндустон дар чахон бузургтарин мамлакати сермиллат ва серахоли аст, ки хайати миллии онро даххо миллату халкиятхо (хиндухо, банголагихо, панчобихо ва гайра) ташкил медиханд. Хайати динии ахолии минтака низ гуногун аст. Зиёда аз 80% сокинони Непал ва Хиндустон пайрави дини хиндуия мебошанд. Дар Покистон кариб тамоми ахоли ва дар Бангладеш 80%-и ахоли мусулмонанд. Дар Бутан дини буддои парастиш карда мешавад. Гуногунии хайати милли ва дини боиси сар задани ходисахои миллатгарои, сепаратизм ва экстремизм (дар Хиндустон) шудааст. Проблемаи асосии демографии минтака афзоиши босуръат ва бенизоми ахоли мебошад.

Осиёи Чануби ахолии гуногунмиллат ва бисёрзабона дошта, проблемахои иктисодию ичтимоии он босуръат афзоиш меёбанд.
Хочаги. Дарачаи тараккиёти хочагии кишвархои минтака гуногун аст. Аммо хусусияти ягонаи иктисодиёти онхо бартари доштани сохахои кишоварзи дар таркиби хочагии халки онхо мебошад.

Давлати нисбатан рушдёфтаи минтака Хиндустон аст, ки дар охири асри ХХ дар сохахои иктисоди ва ичтимои ба дастовардхои беназир ноил шуд. Дар натичаи «инкилоби сабз» истехсоли галларо якчанд маротиба зиёд кард, ки ба шарофати ин холо Хиндустонро дигар минтакаи гуруснагии чахон наменоманд.

Заминхои хосилхез дар водии дарёхои Ганг, Брахмапутра, Кришна, Годавари ва дигар дарёхо вокеъ шудаанд, ки дар онхо системахои обёрии пуриктидор сохта шудаанд. Хиндустон бузургтарин кишвари истехсолкунандаи чормагзи замини (арахис), чут ва тамоку мебошад. Аз чихати истехсоли шоли ва чой пас аз Чин дар чойи дуюм, аз чихати истехсоли найшакар пас аз Бразилия дар чойи сеюм меистад.

Дар таркиби заминхои кишоварзии Хиндустон заминхои кишт бартари доранд. Мамлакат аз чихати саршумори чорвои шохдори калон дар дунё чойи аввалро ишгол мекунад.

Хиндустон кишвари саноатии рушдёфта аст. Он на танхо худашро бо махсулоти саноати таъмин мекунад (тракторхо, тепловоз, дастгоххо, автомобил, тачхизот барои корхонахои металлурги, саноати кухи ва гайра), балки дорои истехсолоти технологияи оли (дастгоххо барои тадкикоти кайхони, техникаи электрони ва гайра) мебошад. Марказхои асосии саноатии он Чамшедпур, Калкута, Дургапур, Роуркела, Мумбай, Ахмадобод, Бенгалор ва дигархо ба шумор мераванд.

Дар Шри-Ланка хочагии плантатсиони бартари дорад, ки мах- сулоти он чой ва каучук буда, хусусияти содироти дорад.

Бангладеш мамлакати содиркунандаи чут ва махсулоти чути мебошад. Давлатхои нисбатан акибмондаи минтака Непал, Бутан ва Малдив хастанд, ки дар иктисодиёти онхо кишоварзии каммахсул бартари дорад. Манбаи асосии воридшавии асъори хоричи барои минтака туризми байналхалки аст.

Инро бояд дар хотир дошт!

Осиёи Чануби – минтакаи сермиллат, дорои захираи бойи табии, шароит ва сарватхои табии, бо дарачаи гуногуни рушди иктисодии кишвархо аст.

Савол ва супориш.

  1. Бо ёрии харитаи табии Осиёи Чанубиро тавсифи табии-географи бидихед. Шумо чи гуна хулоса баровардед?

Инро ман медонам.

  1. Ташаккули харитаи сиёсии хозираи Осиёи Чануби чи гуна сурат гирифтааст?
  2. Барои ахолии минтака кадом хусусиятхо хосанд?
  3. Давлатхоро бо пойтахтхояшон нишон бидихед:

1) Хиндустон; 2) Бангладеш; 3) Непал; 4) Покистон; а) Катманду; б) Исломобод; в) Дехли; г) Дакка;

  1. Сохахоро бо давлатхо нишон бидихед: 1) Хиндустон; 2) Покистон; 3) Шри-Ланка;

а) Саноати химия ва нафтухимия; б) Чой, каучук;

в) Саноати кайхони, электроника ва металлурги;

  1. Чавоби дурустро интихоб кунед:

А) Ахолии минтакаи Осиёи Чануби дар тамоми каламрав баробар чойгир шудааст;

Б) Мамлакати нисбатан тараккикардаи саноатии минтака Хиндустон аст; В) Минтакаи Осиёи Чануби нохияи туризми байналмилали аст;

Г) Баландтарин куллахои чахон дар худуди ин минтака чойгир шудаанд. Инро ман метавонам.

  1. Дар харитаи контури мамлакатхои Осиёи Чануби ва пойтахти онхоро тасвир кунед.
  2. Марказхои саноатии Осиёи Чанубиро дар харита нишон бидихед ва онхоро тавсиф кунед?
  3. Тасаввур кунед, ки шумо шахрванди Хиндустон хастед: Чи чиз ифтихори миллии шуморо бедор мекард? Кадом проблемахои мамлакатро шумо мухокима карда метавонед?

Оё медонед?

  1. Дарахти нахли хинди – ратанга дар дунё аз хама рустании дарозкад ба шумор меравад.
  2. Шумораи ахолии Хиндустон аз ахолии Амрикои Шимоли ва Чануби бештар аст.
  3. Ватани шохмот Хиндустон аст. Онро шатранч меноманд, маънояш чор артиш аст (мухрахои шохмот: шох, фарзин, фил, асп, рух ва донахои оди).
  4. Сахми хиндухо дар илми хисоб, тригонометрия ва алгебра калон аст. Системаи дахии хисоб дар Хиндустон дар соли садуми пеш аз мелод ихтироъ шудааст. Консепсияи сифр низ дар Хиндустон пайдо шудааст.

Хулоса. Осиёи Чануби шароити гуногуни табии дорад. Дар ин чо динхои буддоия ва хиндуия ба вучуд омадаанд. Дар баробари зиёд будани шумораи ахоли, ин зерминтака бо чавон будани ахоли ва бартарии ахолии дехот нисбат ба шахр (хато дар шахрхо) аз дигар минтакахо фарк мекунад. Осиёи Чануби аз чихати хеле паст будани сатхи зиндагии ахолиаш яке аз камбизоаттарин минтакахои чахон мебошад. Ин минтака чун анъана яке аз марказхои мухочират дар чахон аст.

Инчунин кобед

МЕГАПОЛИСХОИ КАЛОНТАРИНИ ЧАХОН

МЕГАПОЛИСХОИ КАЛОНТАРИНИ ЧАХОН Шахр – Мегаполис Мамлакат Шумораи ахолй 1. Мехико-Сити Мексика 27,6 млн н. …