Хусусиятхои хоси табии, хочаги ва ахолии минтака кадомхоянд? Кадом омилхо боиси тезутунд шудани вазъи сиёсии минтака шудааст? Вазъи сиёсии ин минтака ба Точикистон чи гуна таъсир мерасонад?
Мавкеи географи, шароит ва сарватхои табии. Осиёи Чанубу Гарби кисми зиёди худуди Шарки Наздик ва Шарки Миёнаро дар бар мегирад (Шарки Наздик ва Миёна шартан каламрави Осиёи Чанубу Гарби ва Африкои Шимолиро дар бар мегирад). Масохати он 6,8 млн км2 буда, мавкеи мусоиди иктисоди-географи дорад. Рохи бахрии байналхалки, ки аз канори чанубу гарбии минтака мегузарад, алокаи иктисодии онро бо мамлакатхои Осиёи Чануби, Чанубу Шарки, Африко, Аврупо ва Амрико таъмин мекунад. Релефи Осиёи Чанубу Гарби аз суфакух ва кухсор иборат буда, атрофашро каторкуххои баланд ва хамворихо ихота кардаанд. Дар нохияхои шимоли иклими субтропики, дар чануб тропики хукмрон аст. Кариб тамоми каламрави онро биёбону нимбиёбонхо ишгол кардаанд.
Барои аксар давлатхои минтака тамаддуни исломи хос аст. Гайр аз ин дар ин чо давлати Исроил чойгир аст, ки ахолии он пайрави дини яхуди мебошанд. Дар мамлакатхои Сурия ва Лубнон як кисми ахоли дини насрониро парастиш мекунанд. Ба хайати минтака 17 давлат дохил мешавад.
Минтака бо чойгир будан дар чоррохаи пайвастшавии се китъаи олам аз нигохи сиёси ба яке аз минтакахои ноороми чахон табдил шудааст. Пас аз сохтмони канали Суэтс ва рохи охани Берлин-Багдод ахамияти харбию сиёсии он афзуд. Дарёфти захирахои бузурги нафту газ мавкеи минтакаро дар сиёсат ва иктисоди чахон мустахкамтар кард.
2/3 хиссаи захираи нафти чахон ба мамлакатхои Осиёи Чанубу Гарби рост меояд.
Барои минтака иклими хушк хос аст. Дар ин чо яке аз бузургтарин биёбонхо – биёбони Араб чойгир шудааст. Кисми зиёди дарёхои минтака мавсими мебошанду камобанд, ки ин дар баробари иклими хушк барои рушди зироаткори монеъ эчод мешавад, аммо накши дарёхои Дачла ва Фурот дар зиндаги ва фаъолияти одамон хеле бузург аст, ки онхоро барои обёри, таъмини оби ошомидани ва сохтмони корхонахои гидротехники истифода мебаранд.
Аз чихати истихроч ва содироти хром Туркия дар чахон чойи намоёнро ишгол мекунад.
Аз сарватхои табии бойигарии асосии минтака нафт ва газ мебошанд (2\3 хиссаи захираи чахон). Конхои он дар каламрави аксар кишвархо (Арабистони Сауди, Эрон, Ирок, Кувайт, Катар, АМА, Бахрайн) ёфт шудаанд ва дар таксимоти байналмилалии мехнат мавкеи онхоро муайян мекунанд. Гайр аз ин аз маъданхои табии хром (Туркия), мис (Туркия, Эрон), маъдани охан, манган, полиметалхо, фосфор ва гайра мавчуданд.
Бойигарии асосии минтака захираи нафту гази давлатхои халичи Форс мебошад, ки ахамияти чахони дорад.
Географияи ахоли. Ахолии минтака аслан мансуби се гурухи этнолингвисти (этникию забони): гурухи эронии оилаи забонхои хиндуаврупои (форсхо, толишхо, афгонхо, балучхо, курдхо); гурухи соми (арабхо, ошурихо, яхудихо); ва гурухи турки (туркхо, озархо ва туркманхои Эрон) мебошанд.
Барои минтака афзоиши баланди табиии ахоли хос аст, аммо он дар хама кишвархо як хел нест ва дар Кипру Исроил аз хама паст аст.
Ахолии кишвархои истихрочкунандаи нафт дар минтакаи Осиёи Чанубу Гарби на танхо аз хисоби афзоиши табии, инчунин аз хисоби мухочират зиёд мешавад.
Маскуншавии ахоли низ дар минтака нобаробар аст. Кариб дар хама кишвархо аз нисф зиёди ахоли дар 15-20% каламрави онхо чамъ шудаанд. Нохияхои серахолии он сохили дарёхои Дачла ва Фурот, халичу бахрхо мебошанд. Дар мачмуъ дар минтака дарачаи урбанизатсия баланд аст, лекин ин барои хама мамлакатхои минтака хос нест.
Хушкии иклими кисми зиёди минтака боиси маскуншавии ахоли дар сохили бахру дарёхо шудааст.
Географияи хочагии халки минтака. Ахамияти иктисодии чахони доштани минтакаро захирахои бузурги нафти Арабистони Сауди, Кувайт, АМА, Бахрайн, Эрон ва Ирок муайян мекунад. Нохияхои асосии истихрочи нафт худуди кишвархое мебошанд, ки дар сохили халичи Форс чойгиранд. Аз чихати истихрочи нафт Арабистони Сауди дар чахон пешсаф аст (соле то 500 млн т). Кисми зиёди нафт хамчун ашёи хом ба кишвархои Аврупои Гарби ва ИМА содир карда мешавад.
Дар заминаи ашёи хоми махалли корхонахои металлургияи сиёх ва ранга бунёд шудаанд (Эрон, Туркия). Дар аксар кишвархо саноати бофандаги, косиби хусусан колинбофи ва чармгари, корхонахои истехсоли нурихои маъдани ривоч ёфтааст.
Яке аз сохахои мухимтарини хочагии халки минтака кишоварзи аст. Дар он мавкеи асосиро зироаткори ишгол мекунад. Дар тамоми минтака ин соха ба обёри эхтиёч дорад. Асоси зироаткориро рустанихои гизои – гандум, чав ва чуворимакка ташкил медихад. Дар кишвархои назди бахри Миёназамин меваю сабзавоткори, токпарвари ва парвариши дарахти зайтун ба рох монда шудааст. Кисми зиёди махсулоти ин сохахо ба хорич бароварда мешавад.
Дар сохаи чорводори гусфандпарвари (чун сохаи гушту пашм- диханда) бартари дорад.
Дар худуди минтака наклиёти автомобили, дар нохияхои истих- рочи нафту газ наклиёти кубури (хатти интиколи нафту газ) накши асосиро мебозад. Тавассути минтака роххои мухимтарини бахри байни укёнусхои Атлантик ва Хинд мегузаранд. Канали Суэтс, гулугоххои Хурмуз, Босфор ва Дарданел ахамияти бузурги иктисоди доранд. Бузургтарин бандархои бахрии минтака – Истамбул, Измир, Бейрут, Хайфа, Адан мебошанд.
Дар таксимоти байналмилалии географии кор симои минтакаро пеш аз хама нафт, газ ва содироти махсулоти кишоварзи тачассум мекунад.
Тафовутхои дохили. Минтакаи бузурги Осиёи Чанубу Гарби хеле гуногунтаркиб аст. Мамлакатхое, ки ба хайати он дохил мешаванд, аз чихати масохат, шумораи ахоли, шакли идоракуни, рушди иктисодию ичтимои аз хамдигар фарк мекунанд.
Дар кисми шаркии минтака ду кишвар – Эрон ва Афгонистон вокеъ шудаанд, ки кишвархои форсизабонанд. Ахолии Эрон ва мардуми тахчоии Афгонистон чун мардуми эронитабор сохиби тамаддуни бузурги кадим хастанд. Дар Эрон дигар миллату халкиятхое хастанд, ки онхо бо забони форси харф мезананд (курдхо, лурихо, балучхо, бахтиёрихо ва гайра). Дар кишвари Афгонистон, ки солхои тулони ба майдони мухориба табдил шудааст, дар чануб бештар пуштунхо (афгонхо), дар шимол точикхо, узбекхо, туркманхо ва хазорахо маскун шудаанд.
Дар минтака давлати Туркия мавкеи махсус дорад. Шумораи ахолиаш зиёда аз 70 млн нафар буда, кишвари гуногунмиллати дуняви мебошад ва барои дохил шудан ба Иттиходи Аврупо номзад аст. Ин мамлакат дарачаи баланди рушди иктисоди дошта, дар катори Эрон ва Афгонистон бо Точикистон муносибатхои иктисодию фарханги дорад.
Накши асосиро дар иктисодиёти чахон кишвархои содиркунандаи нафт мебозанд, ки бузургтарини онхо Арабистони Сауди мебошад. Кашф кардани захирахои нафт дар асри ХХ боиси босуръат рушд ёфтани иктисодиёти ин мамлакат шуд. Дар хамин давра амали кардани накшаи азими бозсози вазъи иктисодии мамлакатро боло бурд. Дар таркиби саноат накши асосиро сохаи нафту химия мебозад. Пешрави дар сохаи кишоварзи низ суръат гирифтааст.
Нафт манбаи даромад ва шукуфоии босуръати кишвархои узви Ташкилоти Мамлакатхои Содиркунандаи Нафт (ОПЕК) – Эрон, Бахрайн, Катар, Кувайт, АМА шуд.
Барои давлатхои ин минтака дарачаи баланди тафовутхои рушди иктисоди хос аст.
Инро бояд дар хотир дошт!
Осиёи Чанубу Гарби минтакаи беназир бо тамаддуни исломи, ахолии гуногунмиллат, бузургтарин захираи нафт дар чахон аст.
Савол ва супориш.
- Бо ёрии атласу харитахо доир ба мавкеи иктисоди-географии минтакаи Осиёи Чанубу Гарби маълумот бидихед.
Инро ман медонам.
- Оё ин акида дуруст аст, ки давлатхои минтакаи Осиёи Чанубу Гарби таркиби ягонаи маданию таърихи доранд? Инро шарх дихед.
- Накши мавкеи географи, шароит ва сарватхои табииро дар пешрафти хочагии давлатхои минтака муайян кунед.
- Таркиби этникии ахолии минтака чи гуна аст?
Инро ман метавонам.
- Давлатхоро бо пойтахтхояшон нишон бидихед:
1) Туркия; 2) Арабистони Сауди; 3) Исроил; 4) Эрон;
а) Ар-Риёз; б) Истамбул; в) Техрон; г) Иерусалим:
- Хусусияти хоси хочагии минтака дар чист?
- Точикистон бо кадом давлатхои минтака робитахои иктисоди ва фарханги дорад?
- Дар харитаи контури давлатхои минтакаро бо пойтахтхояшон тасвир кунед.
- Яке аз давлатхои минтакаро тавсифи иктисоди-географи бидихед.
Оё медонед?
- Аз 30 кони бузурги нафти чахон 15-тои он ба хавзаи халичи Форс рост меояд. Кони нафти Гавар дар Арабистони Сауди 12 млрд тонна захира дошта, бузургтарин кони нафти чахон мебошад.
- Дар Аморатхои Муттахидаи Араб хар як сокини махалли хукук дорад, ки чор нафар коргари хоричиро барои кори кироя бигирад.
- Пойтахти Арабистони Сауди шахри Ар-Риёз дар дунё яке аз шахрхои бо суръати баланд рушдкунанда ба шумор меравад. Бинои вазоратхо, бонкхо, мехмонхонахо аз 8 то 9 ошёна баланд сохта шудаанд. Корхонахои саноати аз шахр берун чойгир буда, дар шароити биёбон кучахо хамеша сарсабзу шукуфонанд.
- Кишвари Фаластин имруз аз руйи баъзе нишондихандахои демографи дар чахон дар чойи аввал меистад. Дар сектори Газзах нишондихандаи таваллуд 52%о (промиле) буда, дарачаи миёнаи афзоиши ахоли 4,6% аст.
Хулоса. Минтакаи Осиёи Чанубу Гарби мавкеи васли иктисоди ва сиёси-географии се китъаи дунё: Африко, Аврупо ва Осиёро ишгол карДааст. Дар ин чо Ду Дини чахони – насрония, ислом ва дини миллии яхудия пайдо шудаанд. Шароити табиии минтака хеле номусоид аст: дар ин чо биёбонхо масохати калон доранд. Аз захирахои маъдани нафт мавкеи асосиро ишгол мекунад. Дар зери замини минтакаи Осиёи Чанубу Гарби 2/3 хиссаи захираи нафти чахон чойгир аст. Аксари давлатхои минтака узви Ташкилоти Мамлакатхои Содиркунандаи Нафт мебошанд.