Аломатхои фарккунандаи табиати минтака аз дигар мин- такахои китъаи Осиё кадомхоянд? Чаро барои ахолии ин минтака хусусиятхои монандии тархи руйи мугулию австралияги хос аст? Кадом мамлакатхои ин минтака ба кишвархои нави саноати дохил мешаванд?
Мавкеи географи, шароит ва сарватхои табии. Осиёи Чанубу Шарки худуди васеъро дар бар гирифта, дар каламрави он 11 кишвари сохибихтиёр бо масохати 4,5 млн км2 чойгир шудаанд.
Минтака аз ду кисм — материки (нимчазираи Хиндухитой) ва чазирави (галачазирави) иборат аст. Он ба бахрхои укёнуси Ором ва Хинд рохи баромад дорад. Тавассути кишвархои минтака мухимтарин роххои бахрию хавои мегузаранд. Дар киштигарди гулугохи Малака чун гулугохи Гибралтар ва каналхои Суэтсу Панама ахамияти мухим дорад.
Чойгир будан дар мухимтарин чоррохаи бахри, доштани захирахои гуногуни сарватхои табии, иклими мусоид яке аз сабабхои асосии ба ин минтака чалб шудани аврупоихо дар замони мустамликадори буд. Танхо кишвари Таиланд расман хамчун мамлакати сохибихтиёр байни Хиндустони Британия ва Хиндухитойи Фаронса ва чун минтакаи мобайни монда буд.
Кисми зиёди каламрави Осиёи Чанубу Шаркиро куххо ишгол кардаанд. Пастихо танхо дар водии дарёхо, нохияхои сохилии чазира ва нимчазирахо чойгиранд. Дар ин чо заминчунбихои зиёд рух медихад, зеро минтака дар хавзаи фаъоли зилзилави карор дорад.
Иклими минтака субэкватори ва экватори буда, рутубати солона то 3000 мм мерасад. Дар худуди он зуд-зуд бодхои туфони мевазанд. Кисми зиёди каламрави онро чангалзори хамешасабзи намноки тропики пушидааст.
Минтака пас аз Бразилия аз чихати захираи дарахтони киматбахо дар чахон чойи дуюмро ишгол мекунад.
Дар Осиёи Чанубу Шарки об фаровон аст, зеро онро шабакаи зичи дарёхо фаро гирифтааст. Минтака дорои захирахои зиёди сарватхои табии мебошад ва захираи калонтарини маъдани калъагию волфрами дунё дар ин чо чойгир аст. Ин хатти маъдандор аз Мянма то Индонезия тул кашидааст. Захирахои никел ва хроми чазирахои Филиппин низ ахамияти чахони доранд. Кариб дар каламрави тамоми кишвархои Осиёи Чанубу Шарки конхои металхои рангаю нодир мавчуданд. Дар Индонезия, Филиппин, Мянма ва Ветнам захирахои зиёди нафту газ мавчуданд.
Чойгиршавии географи дар чоррохаи роххои чахонии бахри, захирахои бойи сарватхои табии барои рушди иктисодиёти давлатхои минтака шароити мусоид фарохам оварданд.
Минтакаи гуногунмиллат. Таркиби этникии минтака нихоят гуногун аст. Дар он кариб 500 халку миллати тахчои ба кайд гирифта шудааст. Барои ахолии Осиёи Чанубу Шарки нажоди мугули ва австралияги хос аст (дар заминаи хамин хусусият онхоро баъзан ба нажоди хурди Осиёи Чануби чудо мекунанд).
Танхо дар Таиланд ва Мянма кисми зиёди ахолии ба миллатхои калон мансуб зиндаги мекунанд, ки забони онхо дар ин кишвархо хамчун забони давлати кабул шудааст. Дар давлатхои дигар миллатхои гуногун бо шумораи кам зиндаги мекунанд. Масалан дар Малайзия аз нисф зиёди ахоли бо забонхои гурухи малайи харф мезананд. Ахолии Филиппин низ аз кавму миллатхои гуногун ташкил шудааст, ки хар кадом забони худро доранд. Дар Индонезия, ки аз хама кишвари серахолии минтака мебошад, миллату халкхои гуногун маскун шудаанд. Онхо барои муоширати байни якдигар забони малайиро кабул кардаанд ва он бо номи забони индонези хамчун забони давлати конуни шудааст. Ахолии аксари мамлакатхои минтака мухочирони кишвархои дигари Осиё мебошанд, бахусус кисми зиёдашонро чинихо ташкил медиханд. Таркиби динии ахолии минтака низ рангоранг аст. Ахолии махалли пайрави динхои ислом, буддоия, насрони (Филиппин), хиндуия ва гайра мебошанд.
Барои минтака гуногунии таркиби этники, чойгиршавии нобаробар, кам буДани хиссаи ахолии шахр хос аст.
Сохти хочаги. Давлатхои минтака мухлати тулони истехсол- кунандаи ашёи хом ва махсулоти кишоварзи барои мамлакатхои Гарб будаанд. Холо мавкеи аксари онхо тагйир ёфтааст. Бо шарофати дастовардхои иктисоди кишвархои Кореяи Чануби, Сингапур, Гонконг ва Таиланд аз истехсолкунандаи ашёи хом ва махсулоти кишоварзи барои кишвархои ба ном «Палангхои Осиё» ба мамлакатхои нави саноати табдил ёфтанд. Асоси ин раванд ру овардан ба истехсоли махсулотест, ки пештар аз дигар кишвархо ворид мешуд. Ба накша гирифтани истехсоли молу махсулоти содироти ва истифодаи технологияи пешкадам низ сабаби пешрафт шудааст. Дар баробари ин чалби сармояи хоричи омили дигари рушди иктисодии давлатхои минтака мебошад. Масалан Индонезия мавкеи худро хамчун содиркунандаи ашёи хоми минерали (нафт, гази моеъ, калъаги, никел, уран, тилло, нукра) ва махсулоти кишоварзии тропики (каучук, равгани нахл, чуби дарахтони минтакаи тропики, тамоку, кахва) нигох доштааст. Дар баробари ин сохахои саноати маснуотбарор, хусусан саноати бофандаги, либосу пойафзол, химияи маиши босуръат рушд кардаанд. Дар мамлакат сохахои илмталаб ва технологияи муосир- киштисози, самолётсози, нафту химия, махсулоти электрони дар холи рушданд.
Давлати хурди Сингапур дар рушди иктисоди рохи ба худ хосро пеш гирифтааст, ки дар махсусгардонии сохахо дар минтака ракиб надорад. Аз чумла сохахои технологию илмталаб, истехсоли компютер, дастгоххои электрони ва телекоммуникатсиони, оптикаи лазери рушд кардааст. Сохахои киштисози, таъмири киштихо, истехсоли дастгоххои пармакуни дар тунукобахои бахр барои истихрочи нафт, коркарди он низ хеле пеш рафтааст.
Сингапур дар холи хозир ба яке аз бузургтарин марказхои молиявии чахон табдил шудааст. Ин кишвар аз чихати шумораи бонкхо пас аз Лондон ва Ню-Йорк дар зинаи сеюм карор дорад.
Дар иктисодиёти хамаи мамлакатхои минтака (гайр аз Сингапур ва Бруней) кишоварзи накши мухим дорад. Кисми асосии онро заминдории минтакаи субтропики ташкил медихад, ки дар он шоликори мавкеи аввалро ишгол мекунад. Масалан дар Филиппин 90% замини хосилдех ва дар Индонезия аз нисф зиёди онро кишти ин рустани ташкил медихад. Аз кадим давлатхои минтака бо парвариши чой, кахва ва рустанихои дорувори машхуранд. Онхо ба бозори чахони равгани норгил (кокос), чавзи хинди ва канаби манилро мебароранд. Осиёи Чанубу Шарки бузургтарин нохияи парвариши дарахти каучук мебошад (аз нисф зиёди истехсоли каучуки табии дар дунё ба давлати Малайзия рост меояд). Чорводори суст таракки кардааст. Ахоли бештар дар сохили дарё ва бахрхо ба мохидори шугл дорад.
Кишвархои минтакаи Осиёи Чанубу Шарки макони омезиши урфу одат ва анъанахои мардуми Аврупо, Амрико ва Осиё мебошанд. Ин чо дорою факир хамсояанд. Ба хамин сабаб хар як мамлакати минтака хусусияти хоси худро дорад.
Раванди интегратсия дар хайати мамлакатхои Осиёи Чанубу Шарки боиси ташкил шудани созмони АСЕАН – Ассотсиатсияи мамлакатхои Осиёи Чанубу Шарки) шуд, ки ба хайати он кишвархои Бруней, Ветнам, Индонезия, Камбоча, Лаос, Малайзия, Сингапур, Таиланд, Филиппин, Мянма дохиланд.
Хусусиятхои хоси рушди иктисодии кишвархои минтака дар охири асри ХХ ва аввали асри XXI гузариши босуръати зина ба зинаи кишвархои Таиланд, Малайзия ва гайра ба гурухи мамлакатхои нави саноати мебошад.
Инро бояд дар хотир дошт!
Осиёи Чанубу Шарки – минтакаи хатарноки сейсмики, дорои захирахои зиёди сарватхои табии, гуногунии таркиби этникии ахоли, мамлакатхои нави саноати аст.
Савол ва супориш.
- Аз руйи харитаи сарватхои табии муайян кунед, ки минтакаи Осиёи Чанубу Шарки аз кадом маъданхои табии бой аст?
Инро ман медонам.
- Минтака аз чихати захираи кадом намуди маъданхо дар чахон яке аз чойхои намоёнро ишгол мекунад?
- Ахолии Осиёи Чанубу Шарки кадом хусусиятхои хоси худро дорад?
- Сохахои тахассусии мамлакатхои нави саноати кадомхоянд?
- Кадом махсулоти озукавори дар кишвархои минтака чойи асосиро ишгол кардааст? Барои чи?
- Бигуед, ки кадом омилхо боиси рушди кишвархои минтака шудаанд? Инро ман метавонам.
- Дар харитаи контури кишвархоеро, ки ба минтака тааллук доранд, тасвир кунед. Кишвархои аъзои Ташкилоти Мамлакатхои Содиркунандаи Нафт (ОПЕК)-ро нишон дихед.
- Бо ёрии харита ва атлас давлатхои Филиппин ва Малайзияро тавсифи мукоисави бидихед.
Оё медонед?
- Мянма кишвари рохибхо (монаххо) аст.
- Бузургтарин океанариуми дунё дар Сингапур сохта шудааст.
- Дар кишвари Бруней соли 1929 аввалин кони бузурги нафт кушода шуд. Холо дар як руз 194 000 баррел нафт истехсол мекунад.
- Дар Индонезия зиёда аз 13000 чазира мавчуд аст.
Хулоса. Осиёи Чанубу Шарки аз кадим чоррохаи мухимми хаёти хисоб мешуд, ки тавассути он роххо ва тамаддунхои миллатхои гуногун ба хам мепайвастанд. Масалан тавассути чазирахои Индонезия маскуншавии Австралия ба амал омад. Кишвархои минтака мавкеи мувофики иктисоди-географии худро фаъол истифода мебаранд. Фурудгох ва бандархои Сингапур дар чахон бузургтарин мебошанд. Барои кишвархои Осиёи Чанубу Шарки хусусияти фарккунандаи сатхи зисти ахоли (сатхи нихоят пасти зиндаги дар Мянма ва баланд дар Сингапур) хос аст.