Главная / Илм / Огози амалиёти чанги

Огози амалиёти чанги

Отряди эъзомии харбии Хисор 17-уми декабри соли 1920 амалиёти чангии худро бо сарварии Марсов аз Карши сар кард. Он дар аввал ба суйи Бойсун, ки дарвозаи Бухорои Шарки хисоб мешуд,харакат кард. 20-уми декабр дар агбаи Оккутал аввалин задухурди кисмхои аскарони сурхи отряд бо аскарони амир ба амал омад. Дар ин мухориба бригадаи сею- ми Дивизияи якуми савораи туркистони иштирок намуд. Ин бри- гада махсусан дар дараи кухии Бузголахона ба мукобилати сах- ти аскарони амир дучор гардид. Чанг агарчи кутохмуддат буд, курбонихои зиёд овард. Аз чумла сарвари отряд Марсов дар хамин мухориба халок гардид ва ба чойи у командири полки 16-уми савора Роганов иваз таъйин кард. Мухориба бо галабаи кисмхои аскарони сурх анчом ёфт ва онхо Бойсунро ишгол карда, дар он чо лагери худро чойгир намуданд.

Баробари забти Бойсун кисмхои аскарони сурх дар холати боз хам вазнинтар монданд, зеро 24-уми декабр дар хавзаи Ше- робод, Шахрисабз, Китоб, Яккабог ва Чирогчи ба мукобили тар- тиботи шурави шуриши халки сар шуд, ки дар он, мувофики баъ- зе маълумот, то 15 хазор нафар ахоли иштирок кардаанд. Аз ин пештар чунин шуриш дар Карки ба амал омада буд. Бинобар ин аскароне, ки бояд ба кумаки аскарони сурхи дар Бойсунбуда ме- шитофтанд, бо саркуб кардани он шуриш банд буданд. Хокими Бойсун аз фурсат истифода карда, маркази собики хукуматдории худро аз нав мухосира намуд, ки он 12 руз давом кард. Ба кумаки аскарони сурхи ба мухосира афтода аз Самарканд имдод фирис- тода шуд. Ин кувваи тозанафас дар рох шуришхои Шахрисабз, Китоб, Яккабог ва Чирогчиро саркуб карда, аввали январи соли 1921 ба Бойсун расид ва мухосираро рахна намуд. Баъди дар Бой- сун муттахид карда шудани тамоми кисмхои Отряди эъзомии харбии Хисор сарвари он В.М.Ионов таъйин гардид. Амалиёти минбаъдаи чанги дар водии Хисор мегузашт.

Вазъи мураккаби Бухорои Шаркиро ба назар гирифта, дар катори Отряди эъзомии харбии Хисор боз эъзомияи мустакили сиёсии Чумхурии Бухоро ва Кумитаи Марказии Хизби Коммуни- стии Бухоро оид ба корхои Бухорои Шарки ташкил карда шуд. Сарварии он ба ухдаи Саъдулло Турсунхочаев гузошта шуд. Ва- зифаи асосии эъзомияи нав – дар махалхои чудогонаи аз тарафи Отряди эъзомии харбии Хисор ишголгардида ташкил намудани кумитахои инкилоби ва барои ичрои вазифахо ба онхо расони- дани кумак ва гайра ба хисоб мерафт. Ба комиссияи сиёси хукуки органхои олиро дода буданд. Он фаъолияти органхои хокимияти махаллиро ташкил ва назорат мекард.

Инчунин кобед

565

Назарияи харочот: тахкик ва тавсифи он аз нигохи мактабхои мухталифи иктисоди

Захирахо (омилхо)-и иктисоди ба сифати унсури асосии харочоти истехсоли сурат гирифта, вобаста ба сатх ва …