Аминокислотахо ва нуклеотидхо дар махлул тасодуфан ба воситаи бандхои пептиди ва фосфиди эфири дар шакли занчири полимерхои калон ба хамдигар пайваст мешаванд. Хамин тавр, полипептидхо (сафедахо) ва полинуклеотидхо (КДН ва КРН) хо- сил мешаванд. Вакте ки як полимер хосил шуд, вай хосилшавии дигар полимерхоро метезонад. Полинуклеотидхо хангоми реак- сияи полимеризатсия ба сифати колаб хизмат карда, бо хамин рох пайдархамии нуклеотидхоро дар полинуклеотидхои нав муайян месозад. Масалан, полимери аз нуклеотидхои кислотаи полиуре- дили (ро1у Ц) иборат буда, барои синтези полимери аз нуклеотидхои кислотаи полиаденили (ро1у А) иборат чун колаб мебошад. Молеку- лаи нав гуё часпаки колаби ибтидои мебошад. Аз руйи гуфтахои Ч.Уотсон механизми нусхабардории колабии комплементари (хамдигарро пурра кардан) «зебо ва сода» аст.
Аник маълум нест, ки чаро махз уратсил, аденин, ситозин ва гуанин хамон харфхои алифбои генетики шудаанд, ки ахборро дар бораи хама чизи зинда чун рамз махфуз нигох дошта метавонад. Эхтимол ин тамоман тасодуфи аст ва дар чойи ин чор нуклеотид ди- гар нуклеотидхо шуда метавонистанд. Молекулаи КРН низ хосияти хоси химияви дорад, пайдархамии нуклеотидхо ва тарзи тобхурии молекуларо дар махлул муайян месозад, ки барои хар як пайдарха- мии нуклеотидхо хамгашти сесатхаи макромолекула хос аст.
Молекулаи КРН якзанчира буда, молекулаи КДН аз ду занчир иборат аст. Сохтори дузанчира кобилият дорад, ки чойхои осеб- дидаи яке аз занчирхоро баркарор кунад. Аз хамин сабаб КДН барои нигох доштан ва интикол додани ахбори генетики васои- ти боэътимодтар аст. Дар рафти миллионхо соли эволютсияи то- биологи ин кобилияти КДН-ро интихоби табии «пайхас намуд». Баробари пайдоиши системахои багоят мураккаб хосияти нигох доштани ахборро КДН кабул кард, сафедахо бошанд, катализа- торхои реаксияхо шудаанд, КРН бошад, вазифаи миёнаравиро дар байни КДН ва сафедахо нигох дошт.
Имконияти нигох доштан ва додани ахбор тавассути принсипи колабии дучандашави заминаи ба вучуд омадани генотип ва рам- зи генетики шуд, ки он чун сохтори бехамтои фазоии молекулахо (аналоги фенотип) гардид ва имконияти фаъолияти интихоби та- бииро барои холатхои мушаххаси макромолекулахо муайян кард.
Табиат механизми рамзи генетикиро «ёфт», дар бадали на кам аз миллиард сол микдори бешумори комбинатсияи гуногу- ни онро санчид. Бе чунин механизме, ки имкони ахборро нигох доштан дошт ва инчунин, мутатсия, ки маводро барои тагйирё- бии он таъмин мекард, хаёт хеч вакт дар хамон шакле, ки мо холо онро дар замин мебинем, пайдо шуда наметавонист.
Хамаи ин танхо фарзияхои ба хакикат монанде мебошанд, ки дар бораи роххои эхтимолии пайдоиши хаёт маълумот медиханд. Дар оянда кашфиётхои навро дар ин хусус интизор шудан мум- кин аст. Масалан, дар солхои охир мукаррар гардидааст, ки бак- терияхои маълуми чашмахои гарм, каъри укёнус, дар меъдаи баъ- зе хайвонхои кавшакунанда буда, фурубарандагони гази карбон, гидроген ва метанхоричкунанда (бактерияхои метанхосилкунан- да) бисёр аломати протобионтхоро нигох доштаанд.
Дар масъалаи пайдоиши хаёт дар Замин бисёр муаммохо то холо халли худро наёфтаанд. Оё хаёт аз дигар сайёрахо ба Замин омадааст ё дар хамин чо пайдо шудааст? Дар охири асри 20 ёфта- ни изи бозёфтхои прокаритхо (шояд сианобактерияхо) дар мете- оритхо нисбати фарзияи панспермия дар бораи пайдоиши хаёт, ки хануз дар асри 19 С.Аррениус пешниход карда буд ва онро
В.И.Вернадский (вай хаётро ходисаи абади шуморид) тарафдори мекард, боз таваччух зохир шуд. Дар замони хозира микробиолог Г.А. Заварзин низ ин фарзияро тарафдори мекунад.
Аммо агар ба назар гирем, ки дар солхои охир далелхои бисёре пайдо шудааст, ки гуё хама коинот 12-20 млрд. сол пеш 21 дар натичаи «таркиши калон» пайдо шудааст, он гох фарзияи панспермия низ муаммои пайдоиши хаётро хал намекунад, факат макони пайдошавии онро аз сайёраи Замин ба дигар чисмхои кайхони бурда, мухлати пайдошавии онро андаке кафотар меба- рад. Муаммои дигарро дар бораи пайдоиши хаёт ба таври бадеи Н.Н. Вороносов пешниход кард: «Таассуроте, хосил мешавад, ки баъди хунукшавии кишри Замин якбора дар сайёра хаёт пайдо шудааст. Гуё кифоя буд, ки ба сайёра гугирдчуби фурузонро баре- му дар он шуълаи хаёт пайдо шавад». На факат чихати химияви, балки чанбаи экологии пайдоиши хаёт низ мухим буд.
Хаёт якбора бояд дар шакли экосистемахо вучуд медошт.
Албатта, дар масъалаи пайдоиши хаёт саволхои чавобнаёфта хама вакт буданд ва мемонанд.
Масалан, оё мубодилаи биологи тавассути холати коатсер- вати гузашт ё аввал рамзи генетики пайдо шуд?
Барои чи баъзе элементхои нодир дар кишри Замин (молиб- ден, магний) дар мубодилаи биологи нисбат ба элементхои мукар- рари (силитсий, калсий) накши мухимтарро бозидаанд?
Ин гуна саволхо бисёранд ва онхо интизори чавоби худ хастанд. Аз чихати илми имкони таъсири мураккабшавии бай- нихамии заррачахои хурд ва молекулахо, ки ин ба пайдоиши макромолекулахои худидоракунанда оварда расонад, исбот шу- дааст. Имконияти пайдоиши хаёт аз моддахои гайриорганики, тавасути таъсири омилхои физикии мухит ва таъсири интихоби тобиологи аз нигохи илми аник имконпазир аст.
Е1 Саволхо барои санчиш:
- Фарки молекулаи КРН аз КДН дар чист?
- Коди генетики чи гуна пайдо шудааст?
- Кадом фарзияхои дигари пайдоиши хаётро медонед, накл кунед?
- Олим Р. Фокс пайдоиши хаётро дар кучо тасаввур мекард?
- Масъалаи аз дигар сайёра ба замин омадани хаётро кадом олимон пешниход кардаанд?
- Бе кадом механизм хаёт дар он шакле, ки мо холо дар замин мебинем, пайдо шуда наметавонист?