Главная / Илм / Пайдо шудани намудхо чун натичаи микроэволютсия

Пайдо шудани намудхо чун натичаи микроэволютсия

Тагйирёбихои эволютсионие, ки дар дарачаи популятсия, дохили намуд ба амал меояд, микроэволютсия ном дорад. Раванди микроэволютсия ду шакл дорад: филетики ва намудхосилшави. Дар даври аввали намудхосилшави мубодилаи генхои байни ду популятсияи хамин намуд бархам мехурад, ки ин дар натичаи изолятсияи географи (куххо, дарёхо) ва г. ба амал меояд. Тавре маълум аст, пайдо шудани намуд, бешубха, аз махдудият (изолятсия) огоз меёбад. Зери таъсири фишори омилхои экологи дар дохили ареали намуд дар ин ё он популятсия тагйирпазирихои генотипи ба амал меоянд.

Баъзе мутобикшавихо дар як гурухи намудхо метавонад дар шароити муайян ба хосил шудани намудхои нав оварда расонад. Намуди нав метавонад аз як популятсия ё аз гурухи популятсияхои омехтае, ки дар гушахои ареали намуд чойгиранд, пайдо шавад. Чанд рохи пайдо шудани намуд маълум аст.

Пайдоиши намудхо, ки дар гушахои гуногуни ареал ба вучуд меоянд (яъне популятсияхо аз чихати мухит аз якдигар чудо шудаанд), намуДхосилшавии географи ё аллопатрики номида мешавад (аз юнони аллос – дигар, гуногун ва патрисватан). Дар мавриди дигар намуди нав имкон дорад дар дохили ареали намуди аввала пайдо шавад. Ин холатро намудхосилшавии симпатрики меноманд (аз юнонии сим – якчоя ва патрис – ватан).

Пайдошавии намуд манбаи ба вучуд омадани гуногуншакли дар табиати зинда аст. То даме ки фардхо аз популятсияхои гуногуни дохили намуд дар табиат байни хамдигар дурага мешаванд ва насли онхо кобилияти насл додан дошта бошад, намуд хамчун вохиди мустакил мемонад. Яъне то он даме ки му- бодилаи генхо байни популятсияхои дохили намуд вучуд дорад, намуд ягона аст. Аммо дар натичаи ба амал омадани фишори сахти изолятсия мубодилаи генхо метавонад канда шавад. Дар он вакт як кисми популятсия дар изолятсияи чинси монда, дар зери таъсири омилхои табии тагйирпазирихо ба амал меоянд ва онхо дар вакти вохурдан дурага намешаванд, ба ибораи дигар, онхо аз чихати генетики мустакил мешаванд.

66

Расми 3.23.

Накшаи пайДоиши намуД. Хар шохчаи алохиДа – популятсия.

А – зинаи огози намуД,

Б – лахзаи хануз баитмомнарасиДаи чуДошавии намуД,В – ду намуди нав.

Хамин тавр, намудхосилшави ду зинаро дар бар мегирад: пайдоиши изолятсияи чинси; дастгирии интихоби табии.

Ба вучуд омадани изолятсияи чинси дар байни кисмхои популятсияхои дохили намуд маънои аз як намуд пайдо шудани ду намудро дорад. Ин ходисаро бо накшаи расми 3.23 фахмонидан мумкин аст.

Хамин тарик, намудхосилшави чудо шудани намуди пеш ягонабуда ба ду ё чанд намуди дигар мебошад. Ба таври дигар, намудхосилшави ин чудошавии системаи кушоди генетики (популятсияхои дохили намуд) ба системаи пушидаи генетики аст. Намудхосилшави дар натичаи доимо амал кардани равандхои микроэволютсиони, масалан, мутатсия, изолятсия ва г., дар дохили намуд ба амал меояд.

Намудхосилшавии аллопатрики

Баъзан ин намудхосилшавиро намудхосилшавии географй низ меноманд. Дар намудхосилшави бо рохи аллопатрики ё географи намудхои нав метавонанд дар натичаи ба кисмхо чудо шудани ареали намуди пештара ба вучуд оянд. Мисолхои бо рохи аллопатрики намудхосилшавиро дар малаххо дидан мумкин аст. Малаххои сахроии Осиёи Маркази ба ду гурухи калон чудо мешаванд. Малаххои гурухи якум ареали васеи Авросиёро дар бар гирифта, дар биёбонхо, нимбиёбонхо ё даштхо хаёт ба сар мебаранд. Хамаи намояндахои ин гурух дар раванди эволютсия дар куххои Осиёи Маркази зернамудхои махсусро ба вучуд овардаанд. Гурухи дуюми намуди малаххо ба зернамудхо чудо шуда, ареалашон хеле махдуд аст ва куххои алохидаро дар бар мегиранд. Масалан, як зернамуд дар каторкуххои Зарафшон, дигараш дар каторкуххои Хисор ва кисми гарбии каторкуххои Дарвоз, сеюми дар кисми шаркии каторкуххои Дарвоз ва Пётри 1 вомехуранд. Дар ин зернамудхо, вобаста ба мухити зист, таркиби гизо ва иклим тагйироти морфологи ва физиологи ба амал омадааст. Зернамуд зинаи аввали хосил шудани намуди нав мебошад.

Барои намудхосилшавии аллопатрики вакти зиёд лозим аст, масалан, барои хосил шудани ягон намуди нав даххо ва садхо, хазорхо сол зарур мебошад. Махз дар хамин давраи тулони дар кисмхои чудобудаи ареали намуд хамон хусусиятхои биологие, ки ба мустакилияти чинси (репродуктиви) оварда мерасонанд, пайдо мешаванд. Агар монеахои аввала бартараф шаванду популятсияхои намуд бо хамдигар вохуранд, бордоршави ба амал намеояд.

Инчунин кобед

d21f97d7

Тарз ва усулхои таъмин ва инкишофи муозинии фаъолияти фирма

Фаъолияти фирма нисбатан мураккаб ва бисёрчанба (истехсолй, ичтимой, тичоратй, бурунмарзй) буда, тахти услубхои бозор ва …