Главная / Илм / РАВИШХОИ ТАФСИР

РАВИШХОИ ТАФСИР

Куръонро ба равишхои мухталиф тафсир кардаанд. Равиши нахустин дар тафсири Куръон тафсир ба манкул аст ва он хамон равиши тафсир дар асоси хадисхоест, ки аз забони Паёмбари ислом (с) накл шуда. Масалан, аз у пурсиданд, ки «Салатулвусто» дар ояти зер: 5^11 ^“^'(сураи Бакар, ояти 238) кадом аст? Фармуд: «Намози аср».Аз ин кабил тафсирхо зиёданд ва дар мачмуаи хадисхои сахехи шашгонаи ахли суннат ва китобхои ривояту ахбори шиъа аз онхо фаровон метавон пайдо кард. Дар «Сахех»-и Бухори боби махсусе барои чунин хадисхои сахех оид ба тафсири Куръон чудо карда шудааст. Чунин равиши тафсири Куръонро дар китобхои тарчумаи холи пайгамбар «Сиротуннаби» низ[1] метавон ёфт.

Ногуфта намонад, ки бо мурури замон дар заминаи тафсир ба манкул тафсирхои вазъи (яъне сохтаву калбаки) низ зиёд пайдо шуданд ва мухаддисон барои шинохти чунин ходисахои сахех аз хадисхои калбаки бисёр кушидаанд.

Дувумин равиши тафсири Куръони мачид тафсир ба ичтиход (ё тафсир ба раъй) мебошад. Дар ин равиши тафсирк муфассир (тафсикунанда) дар сурати ворид будан ба нозукихои забони араби-сарфу нахви он, донистани ашъор ва хитобахои арабии пеш аз ислом (ки давраи чохилия ном дорад) ва хамчунин бо доштани маълумот аз шароит ва асбоби нузули ояти Куръони аз пеши худ ичтиход мекард. Алиасгари Халаби бо истинод ба «Мукаддима»-и Ибн Халдун кайд намудааст, «ки бисёре аз сахоба монанди Ибни Аббос ва Ибни Масъуд оятхои куръониро ба хамин тартиб тафсир кардаанд».

Вале чунонки дар боло кайд шуд, мухолифони чунин равиши тафсир низ кам набуданд. Дар заминаи ин равиши тафсир низ тафсирхои зиёде ба миён омаданд, ки хар яке аз мавкеъи илми худ: нахви аз мавкеъ сарфу нахв, факех аз мавкеи масоили фикхи, файласуфу мутакаллим аз мавкеъи мактабу мазхаби фалсафии худ ба тафсири Куръон даст заданд. Нихоят баъзе масоили илмию мазхабиро на тобеъи авомири куръони, балки Куръонро тобеъи масоили хаётии худ карданд.

Дар хар сурат метавон гуфт, ки равиши тафсир ба раъй бештар ба пешрафти илм ва фалсафа кумак намудааст, чунки манбаъ ва масдари равиши аввал дар тафсир ахбор ва хадисхо ё ба тарзи кулли накли будааст вале манбаъ ва масдари равиши дувум, истинбот ва ичтиход ба раъйи шахси, яъне аз тарики мухокима, мукоиса ва мутолиъа бо истифода аз акли шахси бо таваччух ба манкулоти мавчуд берун кашидани маънист. Аз ин ру, манбаи равиши дувум акл аст ва онро равиши акли низ меноманд.

Яке аз равишхои маъруф равиши тафсири Куръон дар асоси манобеи исроилиёт будааст. Аз ин манобеъ аксари муфассирон истифода кардаанд. Чунонки маълум аст дар Куръон бисёр оятхое, аз чумла дар мавриди офариниши олам ва Одам, саргузашту киссахои пайгамбарон ва гайра хастанд, ки дар сарчашмахои исроилк: китобхои «Ахди кадим» ва «Ахди чадид» ва дигар манбаъхои дини яхудия ва насрония ба тафсили бештар чой доранд. Ин аст, ки муфассирон барои баёни оятхои куръони, ки гохе ба тарики мухтасар ё ишорае аз онхо ёд кардааст ба манбаъи исроилиёт руй меоварданд. Бисёре аз ин чунин муфассирон мусалмон худ каблан аз ахли китоб будаанд.

Ибн Халдун дар «Мукаддима» (с. 490-491) гуяд: бештари ин ахли китоб ахли Химяр буданд, ки хар чанд ислом оварда буданд, аммо дар бораи умуре, ки ба ахком шариъат марбут набуд, ба эътикоди собики худ боки монда буданд, ба вижа ривоёте, ки марбут ба огози офариниш, хаводиси кутуби мукаддас ва чангхо ва хунрезихо (малохим) ва чуз инхо буданд. Ва аз ин гурух, ба вижа Каъбулахбор, Вахб ибни Мунаббах ва Абдуллох ибни Салом дар тафосири исломй шухрат ёфтаанд.

Нихоят аз заруриёте, ки донистани он муфассири Куръонро лозим аст як зумра илмхои дигар аз кабили сарфу нахви арабй, усули калом, усули фикх, илми чадал ва фикх ва хадис ва ахбор ва ашъори араб (махсусан ашъори давраи чохилия) ва касасуланбиё ва чанд илми дигар аст.

Чунонки каблан ишора кардем тафсирхо аз чихати мавзуъ гуногунанд: бархе аз тафсирхо бештар чанбаи забонй, сарфию нахвй, баъзе адабй, бархе дигар ба масоили хукукй (фикхк) ва хикмату каломй таваччух кардаанд, баъзе таваччух танхо ба шарху баёни киссахо карда, дигаре таваччух ба умки Куръон, маънои ботинии он кардаанд. Хулоса, равишхои гуногуни тафсир мавчуданд, ки маъруфтарини онхо: тафсири Куръон ба Куръон, тафсирхои ичтиходи, тафсирхои мавзуи, тафсирхои татбики, тафсирхои асри, тафсирхои таърихи, тафсирхои фалсафи, тафсирхои адаби, тафсирхои каломи, тафсирхои фикхи, тафсирхои ирфони, тафсирхои ичтимои, тафсирхои илми, тафсирхои хидояти ва тарбияти мебошанд.[2] Тозатарин равишхо дар тафсири Куръон равиши тафсири мавзуи, тафсири асри, тафсири татбики ва тафсирхои илми мебошанд.

Ба навъи тафсири маъонк-таъвил, ки шинохти маънии ботинии оёти Куръон аст, чунонки гуфтем, ботиниён: ахли шиъа, исмоъилия ва ахли тасаввуф майл доштанд. Онхо дар хамин замина ахдофи сиёсии худро матрах намуда, ба василаи таъвили Куръон алайхи мухолифони худ мубориза огоз карданд. Аз ин ру, тафсирхо ба гайр аз сарчашмаи мазхабию дини, илохиётиву фалсафи, адабию фарханги будан, яке аз сарчашмахои идеологию сиёсии куввахову ахзоби мухолифи дохили исломи низ будаанд.

Тафсири Куръон хамчун илм то имруз низ ахамияти худро гум накардааст. Ва хануз эхтиёчи фаровон ба он вучуд дорад. Дар давраи нав ва навтарини таърихи мамлакатхои исломи, алалхусус аз давраи ба вучуд омадани нахзати ислохи ислом, тафсирхои зиёде бо таваччух ба муктазои замон, чунонки баъдан хохем дид, аз тарафи уламои ислом, навишта шудаанд ва хануз низ ин амал идома дорад.

Чунонки аллома Ахмади Дониш фармуда, «яке аз эъчози Каломи мачид ва хадиси Расули вахид ин аст, ки маонии максуда аз каломи муъчазнизоми илохи ва аходиси кудсии оёти хазрати рисолатпанохи мувофики замону макон дар хар вакте мустахрич ва мустанбит шавад ва то нафхаи сур чандон тафсир дар калом ва шарх дар хадис кунанд, ки маонии он дар замири хеч як аз муфассирин ва мухаддисини собик хутур накарда буд… ва он чи муфассирон дар баёни зохири алфозу маони ва атвори фасохат ва мавориди калом навиштаанд, ба кадри афхом ва мадорики худашон бошад ва бар хасби истеъдоди худи онхо бувад вагарна Куръон бас азимушаън аст. Маънии Куръони карим чунин нест,\ки\ махсус ба вачхе бошад ва дигар вачхро шомил нагардад. Ё ин ки ихтисос ба кавме дошта бошад, ё он ки мухтас ба холате танхо бощад, ё ихтисос ба вакте ва замоне, ё аклу маконе дониста бошад, зеро ки Каломи худои хамеша зинда аст ва монанди дарахт мева дорад, дар хар он самар медиход ба изни Худо».[3]

Шинохти Куръони Мачид чунонки дар матни иктибосшуда бармеояд то охирзамон, то садо додани сури Исрофил анчом напазирад ва дар хар замоне ва маконе мувофик бо ниёзхо ва талаботи он аз Куръон маънихои тозае истинбот шаванд, ки дар фикри муфассирони гузашта рох наёфта, гузар накарда буданд ва метавон гуфт наметавонистанд гузар кунанд, чунки шароиту муктазиёти он даврахо дигар буд. Имруз замоне расидааст, ки тафсирцои наве мувофик бо шароити замон ва муктазои он навишта шавад. Бехтар аз он чи Ацмади Дониш гуфтааст, дар бораи он ки Куръонро бояд тибки муктазои замон ва дар сатхи фахмишу дониши аср тафсир кард, касе нагуфтааст. Хуласа, маорифи исломи, ки дар Куръон мастур аст, бояд аз тирики тафсир вобаста ба муктазои хар давру замон берун кашида мешавад. Алалхусус имруз ниёз ба шинохти ахкоми сиёсию хукукии ислом, тафсиру таъвили он аз дидгохи ичтимоиву ахлокк, илмк, сиёск хеле зиёд аст ва ин худ ниёз ба мучтахидон ва муфассирони огоху ошно бо илми тафсирро такозо мекунад.

[1]       Ислам: Энциклопедический словар.-М.: Наука. 1991.с. 232-233

[2] Муфассал оид ба мохияти равишхои тафсир нигаред ба «Донишномаи Куръон ва куръонпажуцк». Ба кушиши Бацоуддин Хуррамшоцк. Чилди аввал «Дустони Ноцид», Тецрон, 1377, с.647-652

[3] Ахмади Дониш. Наводирулвакоеъ. Китоби 1- «Дониш»:Душанбе- 1988.с.31.

Инчунин кобед

d21f97d7

Тарз ва усулхои таъмин ва инкишофи муозинии фаъолияти фирма

Фаъолияти фирма нисбатан мураккаб ва бисёрчанба (истехсолй, ичтимой, тичоратй, бурунмарзй) буда, тахти услубхои бозор ва …