Главная / Илм / РЕЧАИ ХУКУКИИ ИХТИРООТИ МАХФЙ

РЕЧАИ ХУКУКИИ ИХТИРООТИ МАХФЙ

Тартиби хифзи хукукии ихтирооти махфиро санади мах- суси конунгузории ЧТ мукаррар менамояд. Дар робита ба мукаррароти мазкури конуни ихтироь, Конуни ЧТ «Дар бо- раи ихтирооти махфи» аз 21. 07. 2010с., № 624 кабул гардида- аст, ки муносибатхои молумулки ва шахсии гайримолумул- кии ба он алокамандро, бинобар офаридан, хифзи хукуки ва истифодабарии ихтирооти махфи дар каламрави ЧТ танзим менамояд.

Ихтирооти махфи – дорои маълумоти сирри давлатй буда, тибки тартиби мукаррарнамудаи конун махфи дониста меша- вад. Сирри давлати – маълумоти сохаи мудофиа, иктисодиёт, робитахои хоричи, амнияти давлати ва хифзи тартиботи хукуки мебошад, ки аз тарафи давлат хифз гардида, пахн кар- дани онхо ба амнияти ЧТ зарар расонда метавонад. Номгуи мушаххаси маълумоти дорои сирри давлатиро конунгузор му- каррар менамояд.

Идораи патентии ЧТ, ки макоми давлати оид ба хифзи ихтирооти махфи муайян шудааст, амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар сохаи хифзи хукукии ихтироотхои махфи таъмин намуда, аризахоро оид ба ихтироотхои махфи кабул мекунад, аз руи онхо санчиш мегузаронад, ба кайдги- рии давлатии ихтироотхои махфиро ба чо оварда, хуччатхои мухофизати медихад.

Идораи патентии ЧТ дар холати пешниходи ариза чихати гирифтани хуччати мухофизати ба ихтироот, ки дар асоси Конуни ЧТ «Дар бораи ихтироъ» сурат мегирад, кор- ро барои ошкор кардани маълумоти дорои сирри давлати ва махфи гардонидани дархостхои ин гуна маълумотро дар баргиранда, анчом медихад. Вазоратхо, кумитахои давлати ва идорахои маъмури барои маълумоти махфишавандаи худ хукук доранд ихтироотеро, ки дорои сирри давлати мебо- шад, махфи гардонанд ва тавассути макоми низоми махфи- яти худ ба Идораи патентии ЧТ бо аризаи чихати гузоштани мухри махфияти дахлдор ба онхо, пешниход намоянд.

Муаллифи ихтирооти махфи шахси вокеие хисобида мешавад, ки ихтирооти махфи бо мехнати эчодкоронаи вай офарида шудааст. Агар дар офаридани он якчанд шахсони вокеи иштирок карда бошанд, онхо хаммуаллифон хисоб мешаванд.

Хукуки пешниход кардани аризаро барои ихтирооти махфи муаллиф (хаммуаллифон) ва ё вориси хукукии у (он- хо), аз он чумла шахсе, ки ба ин хукук ба тарики гузашт со- хиб шудааст, дорад.

Хукуки додани ариза барои ихтирооти дорои маълумо- ти сирри давлати ва тибки Конуни ЧТ «Дар бораи ихтироъ» эчодшуда ба корфармо ва ё вориси хукукии он, аз чумла ба шахсе, ки ба ин хукук бо рохи гузашт сохиб шудааст, таал- лук дорад, агар дар шартномаи байни корфармо ва муалли- фи ихтирооти махфи тартиби дигар пешбини нашуда бошад. Аризаро мувофики Конуни ЧТ «Дар бораи ихтироъ» тартиб дода мешаванд. Тартиби баррасии аризахо ба ихтирооти махфи ва махфигардонии онхоро Идораи патентии ЧТ муа- йян мекунад. Хангоми муайян кардани хифзи хукуки ихти- рооти махфи шартхои патентпазирии ихтироъ, ки тибки ко- нуни зикршуда мукаррар гардидаанд, истифода мешаванд.

Бо назардошти хусусиятхои ба ихтирооти махфи хос, хангоми муайянкунии навгонии ихтирооти махфи дар като- ри маълумоти мувофики конуни зикргардида пешбинишуда, ба сатхи техники, бо назардошти аввалияти каблии он, ас- ноди зерин дохил карда мешавад: хуччатхои мухофизатии ЧТ ба объектхои махфии моликияти саноати; ариза барои додани хуччатхои мухофизатии объектхои махфии молики- яти саноати, ки аз тарафи шахсони дигар дар ЧТ пешниход шудаанд (ба гайр аз аризахои бозхондашуда); маълумоте, ки дорои сирри давлати буда, дар ВАО ва сарчашмахои дигари иттилооти ошкор карда шудаанд ва дар ЧТ барои шахсони хукуки ба ин маълумот ичозатдошта кабл аз пешниходи ав- валияти аризаи ихтирооти махфи, дастрас гардидаанд.

Хамзамон, хангоми муайян кардани навгонии ихтироо- ти махфи, дарачаи махфиятнокии маълумотхои дорои сирри давлатии ба сатхи техника дохилшаванда набояд аз дарачаи махфиятнокии ихтирооти махфии арзшуда баланд бошад.

Хамчун коидаи умуми, аввалияти ихтирооти махфи аз руи санаи ба Идораи патентии ЧТ ворид шудани ариза мукаррар карда мешавад. Дар холатхои чудогона, аввалият бо тартиби зерин мукаррар карда мешавад: аз руи санаи во- ридшавии маводи иловаги, агар ин маводро аризадиханда то гузаштани мухлати 3 моха аз санаи гирифтани огохиномаи Идораи патентии ЧТ дар бораи имконнопазирии ба эътибор гирифтани маводи иловаги, бинобар мохияти ихтирооти ар- зшударо тагйирдиханда пиндошта шудан, ба сифати аризаи мустакил пешниход карда бошад; аз руи санаи ба Идораи патентии ЧТ пешниход шудани аризаи каблии ин ихтиро- отро маънидодкунандаи хамон як аризадиханда, агар ари- зае, ки аз руи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дер- тар аз 12 мохи баъди санаи пешниходи аризаи кабли ворид шуда бошад (дар ин хол аризаи кабли бозхондашуда хисо- бида мешавад); аз руи аризаи чудокардашуда аз руи санаи пешниходи аризаи аввали хамон як аризадиханда, ки дар он ихтироъ кушода шудааст, агар аризаи чудокардашуда ба Идораи патентии ЧТ то аз руи аризаи нахустин кабул шуда- ни карор дар бораи рад гардидан оид ба додани хуччати мухофизати, ки имконияти шикоят кардан аз болои он аз даст рафтааст ва дар холати мавчудияти карор дар бораи ба аризаи зикршуда додани хуччати мухофизати то рузи ба- кайдгирии ихтирооти махфи дар Фехристи давлатии ихти- рооти махфи ворид шуда бошад.

Агар дар рафти санчиш мукаррар карда шавад, ки ихти- рооти хаммонанд аввалияти якхела доранд, пас хуччати му- хофизати аз руи аризае дода мешавад, ки пештар фиристода шудани он ба Идораи патентии ЧТ исбот шудааст. Дар хо- лати мувофик омадани ин санахо бошад, агар созишномаи байни аризадихандагон холати дигареро дар назар надошта бошад, аз руи аризае муайян карда мешавад, ки раками ба- кайдгирии пештар додаи Идораи патентиро дорад. Санчиши аризахо ба ихтирооти махфи, ки махфи гардонида шудаанд, мутобики тартиби гузаронидани санчиши ихтирооти гайри- махфи, ки бо Конуни ЧТ «Дар бораи ихтироъ» мукаррар шу- дааст, бо назардошти хусусиятхои зерини баррасии ихтиро- оти махфи гузаронида мешавад: санчиши ариза ба ихтироо- ти махфи аз санчиши расми ва мохияти иборат мебошад; хангоми гузаронидани санчиши мохиятии ариза Идораи па- тентии ЧТ хукук дорад, ки кормандони макомоти дахлдори давлатиро чалб намояд; рохбарони макомоти давлати ухда- доранд, ки мутахассисони мазкурро бо шарти нигохдошти музди миёнаи мохона, чуброни рохкиро ва истикомат ба са- фари хизмати фиристонанд; санчиши мохиятии ариза, ки ба воситахои нави аслихаи харби, техникаи харби ва воситахои махсуси техники дахл доранд, баъд аз гирифтани хулосаи макомоти давлатии дахлдоре, ки номгуи онхоро Хукумати ЧТ муайян мекунад, гузаронида мешавад; харочотро барои гузаронидани санчиш макоми давлатие, ки онро махфи гар- донидааст, пардохт мекунад. Аз руи натичаи санчиши мо- хиятии ариза дар бораи эътироф кардан ва ё накардани объ- екти арзшуда хамчун ихтирооти махфи карор бароварда ме- шавад.

Идораи патентии ЧТ дар асоси карори худ оид ба эъти- роф намудани объекти арзшуда хамчун ихтирооти махфи, онро ба Фехристи давлатии ихтирооти махфии ЧТ дохил карда, ба муаллиф (ва ё муаллифон) хуччатхои мухофизати медихад. Маълумот оид ба ихтирооти махфи ба Фехристи давлатии ихтирооти махфии ЧТ дохил карда мешаванд.

Ичозат ба маълумот оид ба ихтирооти махфии ба кайд гирифташуда ва шиносои бо онхо бо риояи талаботи хифзи сирри давлати, ки тибки Конуни ЧТ «Дар бораи сирри дав- лати» ва санадхои макоми ваколатдор оид ба хифзи сирри давлати мукаррарнамуда, сурат мегирад.

Ба аризадиханда чубронпули барои махфигардонии ихтироот дар хачм ва бо шартхои дар асоси созишномаи байни муаллиф ва корфармо муайяншуда ва инчунин ха- рочоти аризадиханда хангоми пешниход ва баррасии ариза дар бораи ихтирооти махфи пардохта мешавад. Санчиши зарурати нигохдории дарачаи махфияти муккарраршудаи ихтирооти махфи дар мухлатхои хангоми махфигардонии он муайянкардаи макоми давлатие, ки карори махфигардонии онро кабул кардааст, гузаронида мешавад. Чунин санчиш метавонад бо ташаббуси аризадиханда, муаллиф ё вориси хукуки у низ гузаронида шавад.

Карор дар бораи ошкор кардани ихтирооти махфи бо тартиби муайяннамудаи Хукумати ЧТ, бо пешниходи макоми давлатие, ки онро махфи гардонидааст, кабул карда мешавад. Оид ба кабул кардани карор дар бораи ошкор кар- дани ихтирооти махфи ба аризадиханда, муаллиф, инчунин Идораи патентии ЧТ барои хорич кардани ихтирооти махфии мазкур аз Фехристи давлатии ихтирооти махфии ЧТ хабар дода мешавад.

Аризадиханда дар мухлати 1 сол аз санаи ошкор карда- ни ихтирооти махфи метавонад ба Идораи патентии ЧТ ба- рои гирифтани хуччати мухофизати, ки тибки Конуни ЧТ «Дар бораи ихтироъ» пешбини шудааст, дархост фиристад. Хуччати мухофизати ба мухлати бокимондаи эътиборноки- аш, ки тибки меъёри конуни зикршуда, аз рузи пешниходи ариза ба Идораи патентии ЧТ дода мешавад.

Хуччати мухофизатие, ки ба ихтирои ошкоркардашуда дода шудааст, аз рузи пешниходи ариза дар бораи додани он эътибор дошта, барои дохил кардани ихтирои ошкоркарда- шудаи хифзшаванда ба сатхи техника аз рузи аввалияти он хангоми муайян намудани навгонии дигари ихтирооти гай- римахфи тибки конун асос мебошад.

Патент, ки ба ихтирои гайримахфи тибки Конуни ЧТ «Дар бораи ихтироъ» дода мешавад, дар холати додани па- тент ба ихтирооти хаммонанди ошкоршудаи аввалияти каб- лидошта беэътибор дониста мешавад. Сохибхукуки патенти бе эътибордонисташудаи ихтирои гайримахфи, ки истифо- даи онро то таърихи пешниходи ариза ё омода шудани он амали кардааст, агар чунин ихтироот новобаста аз муалли- фи (муаллифони) ихтирои ошкоршуда офарида шуда бошад, хукуки худро барои истифодаи минбаъдаи чунин ихтироот бе афзоиш додани хамаи он нигох медорад.

Муаллифи ихтирооти махфи дорои хукуки муаллифи мебошад, ки хукуки шахсии бегонанашаванда буда, бемух- лат хифз карда мешавад.

Хукуки истиснои ба ихтирооти махфи ва истифодабарии он дар тамоми мухлати махфигардонидашуда ба ЧТ, дар шахси макомоти давлатии онро махфигардонида, тааллук дорад. Истифодабарии ихтирооти махфи бояд бо риояи ни- зоми махфият барои маълумоти дорои сирри давлати тибки талаботи Конуни ЧТ «Дар бораи сирри давлати» ва риояи КЧ ЧТ амали гардад.

Истифодабарии ихтирооти махфиро аз тарафи шахсони дигар, агар он ба манфиати давлат бошад, макоми давлатие, ки онро бо риояи низоми махфият, тибки тартиби мухаррар- намудаи Хукумати ЧТ махфи гардонидааст, ичозат медихад. Ихтирооти махфи то ба анчом расидани мухлати махфигар- дони моликияти ЧТ хисоб мешавад.

Бахсхо оид ба ихтирооти махфи ба вучудомада аз чони- би суд дар мурофиаи пушида, барраси ва хал карда меша- ванд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузори дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иктисоди тахти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (кимат)-и неъматхову хадамот, манфиатнокии онхо …