Главная / Чугрофия / РЕЛЕФ ВА СОХТИ ГЕОЛОГИИ ТОЧИКИСТОН

РЕЛЕФ ВА СОХТИ ГЕОЛОГИИ ТОЧИКИСТОН

 РЕЛЕФ ВА СОХТИ ГЕОЛОГИИ ТОЧИКИСТОН

Ба хотир оваред, ки релеф дар харитахои микёсашоп хурд чй гуна тасвир меёбад? Эрахои геологй ва даврахои онхоро номбар кунед.

Релеф. Точикистон сарзамини кухсор аст. Баландии мутлаки он аз 300 то 7495 м мебошад. 93 дарсади худуди Точикистонро куххо ва 7 дарсади онро хамворихо ишгол кардаанд. Такрибан 50 дарсади сатхи каламрави чумхури аз 3000 метр баландтар вокеъ гардида аст. Дар кисми шимолии Точикистон катор- кухи Курама ва кухи вайроншудаи Мугул, ки шохаи шимоли гарбии силсилакухи Тиёншон мебошад, чойгир шудаанд. Ин куххо назар ба дигар куххои Точикистон кадим ва паст мебо- шанд (куллаи Бобои об – 3769 м, куллаи Ахромшакл – 5621 м).

Дар байни каторкуххои Курама ва кухи Мугул аз шимоли гарб ва каторкухи Туркистон аз чануб хамии Фаргона – ганчи- наи Осиёи Миёна чой гирифтааст. Кисми гарбии води ба Точикистон мансуб аст. Гарбтар аз водии Фаргона Мирзочули точик доман пахн кардааст, ки пасттарин мавзеи чумхури ба шумор меравад (250-300 м).

Дар кисми марказии Точикистон силсила куххои Хисору Олой чойгир шудаанд, ки каторкуххои Зарафшон, Хисор, Ка- ротегин ва Олойро (кисми гарби) дар бар мегиранд (баландии онхо аз 5500 м зиёд аст).

Силсилакуххои Хисору Олой ба каторкуххои Точикистон кариб баробар чойгир мебошанд. Дар байни ин каторкуххо водихои Зарафшон ва Ягноб вокеъ гардидаанд. Водии За- рафшон, ки ба масофаи зиёда аз 200 км тул кашидааст, барои инкишофи кишоварзи шароити мусоид дорад. Дар ин води дарёхову суфахо бисёранд. Дар саргахи руди Зарафшон пи- ряхи Зарафшон вокеъ аст, ки аз чумлаи пиряххои начандон калони Точикистон мебошад. Дарозии он 250 км, бараш то 2 км ва масохати кисми асосиаш 4160 км2 аст. Дар сохили чапи руди Зарафшон кухи Фон кад кашидааст (куллаи баландаш Чимтарга – 5495 м).

Дар чануби гарби чумхури депрессияи точик-мавзеи паст, ки аз пуштакуххои начандон баланд ва хамихо иборат аст, чойгир мебошад. Каторкуххои чануби гарби Точикистон чихатхои хоси худро доранд. Онхо дар шимоли шарк зич буда, ба самти чануби гарб бодбезакшакл пахн мешаванд ва тадричан паст шуда, ба хамворихои рудхои Панчу Ому табдил меёбанд. Аз каторкуххои хурд – каторкуххои Вахш, Чилонтог, Каротог, Октог, Боботог ва гайра маълуманд. Дар байни каторкуххо водию хамворихои Хисор, Вахш, Кофарнихони Поён, Фархор, Кулоб, Ёвон, Дангара доман пахн кардаанд. Онхо дар балан- дихои аз 300-400 то 1200 м вокеъ гардида, катъи назар аз хурд буданашон (дарозиашон 25-110 км, барашон 2-4 км) махали асосии сукунати мардум ва дехкони мебошанд.

Дар кисми шаркии Точикистон силсилакуххои Помир до- ман пахн кардаанд. Каторкухи Академияи Илмхоро маркази ин силсилакуххо хисобидан мумкин аст. Баландии миёнаи ин каторкух зиёда аз 5000 м аст. Куллаи баландтарини он – Исмо- или Сомони (7495 м) на факат нуктаи баландтарини Точики- стон, балки нуктаи балантарини каламрави Иттиходи Дав- латхои Мустакил низ мебошад. Куллаи Исмоили Сомониро соли 1933 кухнаварди шурави Е.Абалаков фатх намудааст. Дар самти гарбии он каторкуххои Пётри Якум, Дарвоз, Ванч ва Язгулом чойгир шудаанд.

Силсилакуххои Помирро метавон ба ду кисм чудо кард: По- мири Гарби ва Помири Шарки.

Помири Гарбй релефи равшан дорад. Ба ин мавзеъ катор- куххои тегахояш тези барфпуш, дарахои чукур ва дарёчахои пуртугён хос мебошанд. Каторкуххо дар баландии 3800-4000 м аз сатхи бахр доман пахн кардаанд (баландии куллаашон ба зиёда аз 6000 м мерасад). Водихо дар баландии 1700-2500 метр вокеъ гардидаанд.

Помири Шарки хамчун суфакух дар баландихои 3500-4500 метр вокеъ гардидааст. Баландии нисбии каторкуххо 1-2 ки- лометрро ташкил менамоянд. Ин мавзеъ аз водихои тахт, дарёхои сустчараён ва кулхои шур иборат аст. Дар ин нохияи кухсор яхбандии бисёрсола хукмфармост.

Дар кисми шимоли Помири Шарки каторкухи Паси Олой тул кашидааст. Ин каторкух осмонбус буда, баландиаш дар кисми мобайн ба 6000 м мерасад. Куллаи аз хама баланди ка- торкух – Сино 7134 м аст. Тавассути агбаи Кизиларт (4280 м), ки дар каторкухи Паси Олой чой гирифтааст, рохи аз хама ба- ландтарини моштнгарди Помир мегузарад, ки он шахри Ушро бо маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон – Хоруг мепайвандад. Дар чануби каторкухи Паси Олой каторкуххои Музкул, Аличури Шимоли ва Аличури Чануби чойгир шуда- анд.

Релефи Точикистон «хусусияти зинави» дорад. Дар Точикис- тон минтакахои зеринро чудо кардан мумкин аст: хамвори, кухдоман, пасткух, миёнакух ва баландкух.

Минтакаи хамвори дар баландии аз 300 то 900 метр аз сатхи бахр вокеъ гардидааст. Хамворихо асосан чойхои васлшудаи водии дарёхо ё пастихои сербари байникухи (депрессияхо) буда, хамаги 7 дарсади масохати чумхуриро ташкил медиханд. Ба минтакаи кухдоман адир ва теппахо мансубанд, ки 900-1600 метр баланди доранд. Бисёр адирхо ба замини кишт табдил дода шудаанд.

Минтакаи пасткух дар баландихои аз 1600 то 2000-2300 м вокеъ гардида, дар он нишебихои ростфуромада (беш аз 35°) зинахои лучи харсанги ва дар баъзе чойхо китъахои хурди за- минхои лалми дучор мешаванд.

Ба минтакаи миёнакух (баландиаш 2300-3500 м) ёнахои сер- шоха бо водихои тагорашаклу бахшгоххои сербар, ки пиряххо ба вучуд овардаанд, хос мебошад.

Минтакаи баландкух хоси минтакахои каторкуххои Хисор, Олой ва Помир буда, дар баландихои зиёда аз 3500 м чой ги- рифтааст. Ин минтака нишебихои ростфуромада ва куллахои тез дошта, макони тарма ва пиряххо мебошад. Роххое, ки аз агбаи баландкуххо мегузаранд, факат дар мавсими тобистон кушода мешаванд.

Ба тарзи «зинави» иваз шудани релефи Точикистон на факат боиси гуногунии табиат (иклим, хок, наботот, хайвонот) ме- гардад, балки ба хочаги (бахусус, кишоварзи) низ таъсир мера- сонад. Алхол дар баробари хамворихо, кухдоман ва пасткуххо низ азхуд карда шудаанд. Дар ин чо кисми бештари ахоли со- кин шудаанд. Корхонахои асосии саноатию кишоварзи низ дар хамин чо чой гирифтаанд.

СОХТИ ГЕОЛОГИ

Релеф ва ландшафти хозираи Точикистон бо сохти геологии он зич алокаманд аст. Сарзамини Точикистон, кабл аз хама шакл гирифтани он чандин даврахои тулонии геологиро си- пари кардааст.

Дар раванди даврахои полеозой ва нимаи аввали кайно- зой (то ибтидои давраи неоген) худуди хозираи Точикистон борхо зери об монда, танхо дар ибтидои давраи неоген аз об озод шуд. Чинсхои полеозойи кадим ва мезозой тадричан ба бардошташави сар карданд. Дар натичаи баланд шудани сил- силакуххои асоси – Тиёншон, Хисору Олой дар байни онхо водихои Фаргона, Хисор, Вахш ва гайрахо ба вучуд омада, минбаъд бо тахнишастхои чараёнхои оби муваккатии аз куххо фуромада пур шудаанд.

Дар давраи палеозой дар худуди хозираи Точикистон чан- дин маротиба вулконхо оташфишони карда, массивхои чинс- хои кухии субвулкони (кристалли) ташаккул ёфтаанд. Бисёр конхои маъдан, ки дар кабати чинсхои палеозой хобидаанд, аз чисхои вулкони иборат мебошанд. Дар тахнишастахои дав- раи мезозой ва давраи сеюм кони маъданхо нихоят кам дучор омада, дар он асосан сарватхои зеризаминии гайримаъдани ва

 

сузанда бартари доранд. Аз ин ру, таърихи инкишофи геоло- гии худуди Точикистон якхела нест ва аз ин чихат онро ба 5 минтака таксим кардан мумкин аст.

Шимоли Точикистон нишебихои каторкухи Курама ва кухи Мугулро дар бар мегирад. Аввалин чинсхосилшавихо дар кисми хамвори рух додаанд. Каторкухи Курама ва кухи Мугул – шохаи Тиёншони Мобайни дар натичаи харакатхои текто- никии каледони пайдо шудаанд. Ин куххо аз вараксангхои полеозойи поён ва чинсхои вулкони иборатанд. Дар ин нохия тахшинхои даврахои мезозой ва кайнозой хеле кам дида меша- ванд.

Хамии Фаргона (депрессия), ки кисми гарбии он ба Точикис- тон тааллук дорад, дар шимоли шаркии чумхури вокеъ мебо- шад. Сатхи онро чинсхои аллювиали ва лёсии давраи чорум пушонидаанд. Пайдоиши хамии Фаргона ба даври мезозой мансуб аст.

Точикистони Марказй силсилакуххои Хисору Олой, яъне ка- торкуххои Туркистон, Зарафшон ва Каротегинро дар бар меги- рад. Аз чихати сохти геологи хар яки ин каторкуххо бо мачмуи чинсхои ба худ хоси полеозой аз якдигар фарк мекунанд. Дар даврахои мезозой дар худуди ин минтака харакатхои текто- ники авч гирифта, чинсхосилшавии алпи боиси пайдоиши ре- лефи хозираи он гардидааст.

Точикистони Чднуби Гарбй – пастии (депрессияи) Точикро дар бар мегирад. Ин пастии байникухи дар байни силсила- куххои Хисору Олой, Хиндукуш вокеъ гардидааст. Депрессияи точик асосан аз чинсхои кристаллии синни токембрий, вулко- нию тахшини, инчунин интрузивии полеозой таркиб ёфтааст.

Помир аз чихати сохти геологи ба геосинклинали алпи таал- лук дошта, аз 4 минтакаи тектоникии ба таври арзи кашолёфта иборат аст: минтакахои Шимоли, Маркази, Чануби Шарки ва Чануби Гарби. Минтакахои номбаршуда аз якдигар бо сохти геологии худ фарк мекунанд. Масалан, Помири Чануби Гарби аз вараксангхои кристалли, мармархои токембрий таркиб ёф- тааст. Худуди Помири Гарби бошад, серзилзила буда, дар он баъзан зилзилахои 8-9-балли ба амал меоянд.

Дар Точикистон амалиёти кухпайдошави ва ташаккули во- дихо холо хам идома дорад. Хамин амал дар кишри Замин харакатхои тектоникиро ба вучуд оварда, боиси заминларза мегардад. Точикистон аз чумлаи мавзеъхои серзилзилаи чахон аст. Дар ин чо заминларзахои харобиовар пас аз дахсолахо рух медиханд. Яке аз минтакахои нисбатан фаъоли заминларза аз гарб ба шарк ба самти Каротог-Файзобод – Обигарм – Рашт- Точикобод тул кашидааст. Дар хамин самт гармчашмахои бештар радиоктивии Хочаобигарм, Шамбари, Обигарм вокеъ гардидаанд. Заминларзаи сахт боиси афтодани куххо, фурома- дани тарма ва дигар ходисахои нохуш шуда, ба хочагии халк зарари калон мерасонад. Заминларзахои сахту харобиовар дар Каротог (1907), Сарез (1911), Хоит (1949), Исфара (1977), Кай- роккум (1986), Шарора (1989) руй додаанд. Аз хамин сабаб дар чумхури иморатхои серошёнаро кам бино мекунанд. Хангоми сохтмони объектхои саноати ва мардуми дар махали серзилзи- ла аз усулхои навтарини зиддизилзила (тахкурсии чукур, исти- фодаи сутунхо, чубкори) истифода мебаранд.

Инчунин кобед

МУНОСИБАТХОИ ИКТИСОДИИ УМУМИЧАХОНИ

Муносибатхои иктисодии умумичахонй аз системаи ало- кахои гуногуни иктисодиёти миллии мамлакатхои гуногун иборат буда, асосан …