Главная / Гуногун / САБК ВА ЗАБОНИ КУРЪОН

САБК ВА ЗАБОНИ КУРЪОН

Сабк ва забони Куръон яке аз мавзуъхои бахси илмию фархангк аст. Сабки Куръон на шеъри холис аст ва на насри одист. Шеър нест ба он маъни, ки вазну кофия надорад ва аз тахаюлоти шоирона ва муболигаву игрокхои хаёли орист. Дар айни замон насри одк хам нест чунки аз як хамоханги, мусики ва равони бархурдор аст. Дар мавриди насри Куръон бисёр навиштаанд. Онро насри мусаччаъ меноманд. Кабл аз ислом аъроб дорои жанрхои назми пешрафта буданд. Касидахои ошикона, тасвири табиат, шутур, асп ва гайра бо муаллакот дар адабиёти давраи Чохилия маъруф буд. Чунонки каблан ёдовар шудем мусобикаи шоирон дар касидасарок хангоми хаччи хонаи Каъба баргузор мешуд ва бехтарин касидахои голибро навишта бар девори хонаи Каъба меовехтанд.

Аммо то ба мо ягон асари насре, ки хампояи Куръон ё шабеху наздик ба услуби он бошад, нарасидааст. Мувофики тахкикоте, ки олимони гарби кардаанд сабки давраи аввали маккии Куръонро онхо ба дуову афсунхои кохинон шабохат додаанд. Ва аз ин тарик кушидаанд нишон диханд, ки зухури Куръон хеч эъчози тозае нест. Вале онхо чихати тасдики ин иддаъои худ хеч гуна намунае аз хамон афсуну дуохои кохинон намеоранд. Хатто мухаккики таърихи адабиёти араб И.М.Филштинский хеч бурхони чолибе дар тасдики то зухури ислом чой доштани насри мусаччаъи комил надодааст. Аз ин чунин натича мегирем, ки ё чунин насри бадеи вучуд надоштааст ё худ баъд аз пайдоиши ислом он аз байн бурда шудааст, то чизе шабехи Куръон набошад. Аммо гумони охирин мантикан бе асос мебошад, чун ки бо вучуди чой доштани муносибати манфии пайгамбар ба шоирон, ки хам аз Куръон ва хам аз хадисхо равшан аст, ашъори тоисломии аъроб бе хеч талафоте асосан пурра то ба замони мо омада расидаанд. Агар муносибати душманона нисбат ба осори адаби чой медошт, мебоист аввал осори шоирон нобуд карда мешуд.

Чунки мувофики хадисе, ки Филштинский бо иснод ба Абулфарачи Исфахони овардааст пайгамбар нисбат ба Имрулкайс-сардафтари адабиёти тоисломии араб гуж фармудааст, ки «Агар Имрулкайс сарвари хамаи шоирон аст, пас он сарваре ба суи чаханнам аст». Тибки ин хадис ва хадисхои дигар, ки маълуманд, мантикан мебоист пас аз галабаи ислом ба мукобили шоирон ва ашъори онхо юриш огоз мешуд, аммо чунин нашуд шеъри араб рушди бештар кард, хамчунин баъдан насри мусаччаъ низ дар адабиёти араб равнак пайдо кард. Бо ин мо гуфтани нестем, ки таъсир ва хусусиятхои забонию бадеии аъроби чохилия дар Куръон нест. Баръакс, онхое ки мехоханд аз ин рох барои радди Куръон ва хамчун китоби оди ироаву муаррифи кардани он замина омода кунанд, дари кушодаро мекубанд «чунки дар Куръон ба рушании том омадааст:

«Инно чаъално Куръонан ъарабиян лаъалакум таъакалун ва иннаху фи уммил-китоби ладайно ла-ъалийу хаким.\ Зухруф:3-4\

«Хамоно мо Куръонро хондани араби карор додем, то магар онро тааккул кунед ва ба тахкике, ки он дар Уммулкитоб (Лавхи махфуз сабт аст) назди мо басе баландпоя ва мухкам аст».

Худи хамин оят гувохи он аст, ки Парвардигор Куръонро аз «Уммулкитоб» ба забони арабк ва кавоиди марбутаи он ва барои фахму идроки аъроб мувофик бо сатхи шуури онхо нозил кардааст. Фикр мекунам, «арабиян» маънии танхо забони арабиро надорад, балки дар кобили пурраи араби, чи аз нигохи назму наср ва чи аз нигохи мувофик ба тасаввуроти оммиёнаву суннатии онхо буданро ифода мекунад. Табиист хам интихоби пайгамбар аз байни худи онхо ва хам араби фуруд омадани Куръон далолат ба вобастагии хеле наздик бо тамоми санъату суннатхои аъробро дорад. Чунки кабули дини нав дар асоси риояву хифзи меросият ва такя ба суннатхои он халку миллат имконпазир аст, на аз рохи тахмили чизе дар колибхои бегона. Ба хар сурат исбот он, ки санъати насри мусаччаъ ё дигар чихатхои сабкиву услубии Куръон дар хаёти фархангиву адабии аъроб чой доштанд ё надоштанд хеч чизе барои костани эътибори Куръон дода наметавонад.

Як чиз мусаллам аст, ки китобе бо ин умки маъни ва бо ин фарохдомани аз нигохи мухтавову мазмун дар таърихи тоисломии аъроб дар давраи Чохилия дида нашудааст. Эъчози Куръон дар он аст, ки поягузори он Мухаммад(с) на шоир, на файласуф ва хатто то давраи баъсат – огози пайгамбари хеч шугле чун рухонк ва ж кохинк хам надоштааст. Агар фаразан Куръонро офаридаи худи Мухаммад(с), на вахйи илохи бошад, дар ин маврид низ аз одами бесавод пас аз чил соли зиндаги, танхо зарфи 23 соли охири хаёташ фаввора задани ин хама ганчинаи маънави худ муъчиза аст.

Аммо дар мавриди услуби Куръон хаминро бояд гуфт, ки чунонки аз худи Куръон бармеояд, он натанхо ба забони араби балки то андозае мувофик бо суннатхои аъроб, анъанахои бадеиву фархангии он нозил шудааст. Аз ин ру, кушиши исломшиносони гарби аз рохи пайдо кардани решахои ичтимоию фархангии Куръон чихати беэътибор сохтани он хамчун як китоби осмони бесамар аст.

Куръон ба забони араб ва мувофик ба саликаву равони аъроб нозил шудааст, вале он сад дар сад айни он анъанаву колабхо набудааст, балки пояи баланду дастнорасе, як эъчозе дар он замина будааст. Услуби Куръон на шеър аст, ки шуарои араб мегуфтанд ва на он насри мусаччаъ аст, ки кохинон истифода мекарданд. Балки он забони хеле волои адаби, забони хоси чандпахлуи, моломол бо рамзхо ва истиорот (самбулики) дорои кишрхои мухталиф аст. Бо вучуди ин маънии заминиву истиоравии он хаёли ва гайривокеъи нестанд, балки вокек, таъаккули ва ботиннигаранд, яъне огох ва чавобгу ба ниёзхои объективк ва субъективии инсон мебошанд.

Инчунин кобед

МОЛИКИЯ

Моликия ки пайравони Имом Молик ибни Анас ал-Асбахи (732-795) буда, дар нимчазираи Арабистон ба вучуд …