Главная / Чамъият / САРСУХАНИ ХУКУКИ ИНСОН

САРСУХАНИ ХУКУКИ ИНСОН

Хонандагони азиз!

Шумо дар синфхои 8 ва 9 асосхои давлат ва хукукро омухта, дар бораи сохти давлатии мамлакати мо, ухдадорихо ва масъулияти хар як инсон ва шахрванд дар назди давлат ва чомеа чизхои бисёреро аз худ намудед. Дар ин соли тахсил шумо, чун дигар хонандагони синфхои болоии мактабхои тахсилоти умумии Точикистон, фанни нав—“Хукуки инсон”- ро меомузед.

“Хукуки инсон”… Шумо бо ин калимахо шояд бори аввал дучор намеоед. Онхо дар барномахои телевизион ва радио садо медиханд, дар сахифахои матбуоти даврй зуд-зуд ба чашм мерасанд. Конститутсияи (Сарконуни) мамлакати моро кушоед. Дар огози он шумо мехонед, ки “Хаёт, кадр, номус ва дигар хукукхои фитрии инсон дахлнопазиранд” (моддаи 5) ва андаке баъдтар боби алохидаро дар бораи хукук, озодй ва вазифахои асосии инсон ва шахрванд мехонед. Ба масъалахои риоя ва химояи хукукхои инсон бисёр созишномахои байналмилалй бахшида шудаанд. Вокеан, “хукуки инсон” чист? Ва чаро дар айни замон, сарфи назар аз фаркиятхои ичтимой, фархангй ва динй дар байни халкдои мамлакатхои гуногун хукуки инсон дар тамоми чахон чун яке аз мухимтарин сангхои махаки тамаддуни инсонй дониста мешавад?

Умедворем, ки китоби дарсии мо барои пайдо кардани чавоб ба ин савол ба Шумо кумак мерасонад.

Харчанд кисми зиёди китоби дарсй ба масъалахои хукукшиносй бахшида шудааст, тасдик кардан хатост, ки хукуки инсон танхо ба масъалахои конунгузорй ва истифодаи он дахл мекунад. Мафхуми хукуки инсон саршор аз акидахои амики фалсафию ахлокист. Асоси онро арзишхои ахлокие ташкил медиханд, ки аз хамаи динхои чахонй, ривоятхои кадимии халкхои гуногун, гояхои мутафаккирони гузашта, аз чумла точику форс сарчашма мегиранд.

Аммо дар дунё муносибат ба хукукхои инсон якранг нест ва ин зухурот пеш аз хама ба он сабаб арзи вучуд кардааст, ки ба чуз аз арзишхои умумии ахлокй дар хар чомеа арзишхои алохидаи танхо ба вай хоси дар раванди инкишофи пешинааш ташаккулёфта мавчуданд. Ба ин тарик, дар паси хар кадоме аз фаркиятхо дар муносибат ба   инсон хамеша фаркиятхо дар мукаррароти арзишй меистанд ва дарку фахмиши мохият ва сабабхои онхо барои хар касе, ки гамхорй ба Ватан – Точикистонро карзи худ мехисобад, басо мухим аст. Умедворем, ки китоби дарсии мо ба шумо дар муносибат ба ин масъалахо хирадмандй ва эхсоси масъулият меомузонад.

Эхсоси масъулиятшиносй боз аз он чихат басо мухим аст, ки хукукхои инсон хамеша махдуданд. Махдудиятхои махсус, масалан, дар холатхои офатхои табий, фалокатхои техногенй ва ё эпидемияхои калон норй карда мешаванд. Хатто дар ин холатхо хам дарачаи чунин махдудиятхо аз доираи мукарраркардаи конуни махсус берун буда наметавонад ва хукукхои нисбатан мухим набояд махдуд гарданд. Дар холати мукаррарй хам фаромуш кардан лозим нест, ки хукукхои инсон аз ухдадорихо дар назди чомеа ва давлат харгиз чудо нестанд ва барои мо дар байни ин ухдадорихо аз хама асосиаш вайрон накардани хукукхои дигарон аст.

Тасаввурот дар бораи    инсон ягон чизи тагйирнопазир нест, онхо якчоя бо пешрафти инсоният ташаккул ёфта буданд ва имрузу фардо низ инкишоф меёбанд. Шумо аз китоби дарсй батафсил мефахмед, ки он чй гуна ба амал омадааст ва баъд ба хулосаи мухиме меоед, ки хамаи инсон таксимнашаванда, вобастаи хамдигар ва ба якдигар алокаманданд. Амалишавии   инсон ба ташаккули шахсият вобастааст.

«Чавонон ба хаёти мустакилона кадам нихода, чои худро дар чомеа мукаррар кардан мехоханд. Дар пеши онхо интихоби касб, ба вучуд овардани оила, пайвастан ба чунбиши муайяни сиёсй ва нихоят, дарёфтани мавкеи устувори шахрвандй барин масъалахо пайдо мешаванд. Хамаи ин омилхое хастанд, ки шахсиятро ташаккул медиханд», – таъкид кардааст Президенти Ч^г^:к^^^ии Точикистон Эмомалй Рахмон дар мулокот бо чавонони мамлакат.

Фаромуш накунед: ояндаи Чумхурии Точикистон, пешрафту инкишофи минбаъдаи он чун давлати пуриктидори демократй, ки риоя ва химояи инсонро барои хама кафолат медихад, аз мавкеи фаъолонаи шахрвандию хаётии шумо вобастааст.

Китоби дарсй аз фаслхо, бобхо ва бахшхо таркиб ёфтааст. Ба истилохоти асосй дар матни китоб, саволхо, супоришхо ва машкхо барои корхои    ки дар охири хар бахш оварда шудаанд, таваччух намоед. Муаллифони китоб кушиш карданд, ки китобро барои омузиши шумо шавковар гардонанд. Муаллифон дар омузиши фанни “Х^^^уки инсон” ба шумо шавки саршору комёбихо хохонанд.

Инчунин кобед

meroj

Меърочи Паёмбар Мухаммад- сафари як шаба аз Масчиду-л-харом ба Масчиду-л-аксо

МУКАДДИМАИ ХИЧРАТ ба Ясриб (Мадина). Пас аз ходисоти Тойиф, Мухаммад интизори мавсими хачро мекашид, то …